4-уми июл дар Қазоқистон нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба анҷом расид, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуд. Мавзӯи нишасти навбатӣ «Тақвияти муколамаи бисёрҷониба – кӯшиш барои сулҳ ва рушди устувор» буд. Мо тасмим гирифтем, дар бораи натиҷаҳои ин нишаст бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов суҳбат кунем.

Соли 2023 харитаи роҳ барои тадриҷан зиёд кардани ҳиссаи асъори миллӣ дар пардохтҳои мутақобила байни кишварҳои узви СҲШ ба тасвиб расонида шуд. Ҳиссаи рубл дар амалиётҳои содиротии Русия бо кишварҳои СҲШ аз 40% гузашт.

Тавваҷуҳ  ба бехатарӣ

Созмони ҳамкориҳои Шанхай то ин нишаст 9 давлати қитъаи Авруосиёро муттаҳид мекард, ки дар ин кишварҳо тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. 25 фоизи ММД-и ҷаҳонӣ ва 15 фоизи савдои ҷаҳонӣ ба ин кишварҳо рост меояд. Пас аз ин нишаст, ба шарофати ба Созмон пайвастани  кишвари даҳум – Беларус, нуфузи Созмон боз ҳам бештар гардид.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов  дар мавриди хулосаву қарорҳои асосии дар ин нишаст қабулшуда чунин қайд намуд: “Пеш аз ҳама, СҲШ бо мақсади мубориза бурдан бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ таъсис дода шуда буд, яъне ҳадафи асосии ин созмон таъмини амнияти минтақа мебошад. Панҷ давлат бо фикри муттаҳид кардани кӯшишҳо дар мубориза бо ин падидаи зараровар соли 2001 иқдоми таъсиси чунин як созмонро пеш гирифтанд, яъне он замон «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфт.

Тавре аз рӯзномаи ҷаласаи ин созмон маълум мегардад, имрӯз низ барои кишварҳои узви СҲШ масъалаи амният ҳамчун масъалаи асосӣ боқӣ мемонад. Созмон дар тӯли таърихи беш аз бистсолаи фаъолияташ ба “даҳгонаи Шанхай” табдил ёфт – дар нишасти охирон Беларус низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шуд.

Пеш аз ҷаласа президенти Қазоқистон дар мусоҳибаи худ қайд намуд, ки кишвараш бо пешниҳоди коркарди ташаббуси умумии СҲШ оид ба ваҳдати ҷаҳонӣ ва сулҳи одилона баромад кардааст. Ҳамчунин, президенти Русия Владимир Путин қаблан ёдовар шуда буд, СҲШ яке аз сохторҳоест, ки ҳукумати Русия мехоҳад онро ба лоиҳаи ниҳоят бузурги нави худ оид ба бунёди як низоми тақсимнашавандаи амнияти Авруосиё ҷалб кунад.

Дар ин нишаст дар шаҳри Остона ҳамчунин, роҳбарони кишварҳое, ки ба  Созмони ҳамкориҳои Шанхай шомил нестанд, аз қабили Туркия ва Қатар, иштирок доштанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи таъмини низоми нави амнияти Авруосиё барои СҲШ аз ҳама муҳим  аст (дар авлавият қарор дорад). Иштироки Туркия дар нишасти СҲШ  аҳамияти калон дорад, зеро имрӯз масъалаи таъмини амният дар Қафқоз, Ховари Миёна ва ҳавзаи Баҳри сиёҳ бисёр муҳим аст ва нақши Туркия дар ҳалли ин масъала  низ ниҳоят бузург аст.

Дар ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба асъори миллӣ доллар ва евроро фаъолона иваз мекунад. Тақрибан 80 фоизи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Русия ва Тоҷикистон бо рубл ва сомонӣ, инчунин, байни Русия ва Чин бо рубл ва юан анҷом дода мешавад.

Дар ҳошияи СҲШ ҳамчунин, мулоқоти президентони Туркия ва Русия баргузор гардида, дар рафти он дар қатори дигар масъалаҳо вазъ дар Сурия низ баррасӣ карда шуд. Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар дар минтақа нақши миёнаравро бозида, ба тарафдории мустаҳкам намудани сулҳ баромад мекунанд. Иштироки ин давлатҳо дар ин нишаст аз он шаҳодат медиҳад, ки СҲШ ба сӯи бунёди як низоми бузурги амниятӣ пеш меравад”.

Фаридун Усмонов ҳамчунин, таъкид намуд, ки Тоҷикистон низ дар таъмини амният нақши муайян бозида, бар зидди терроризму ифротгароӣ мубориза мебарад: “Афғонистон барои СҲШ воқеан як мушкили дохилиминтақавӣ ба ҳисоб меравад, зеро тамоми кишварҳои ҳамсояи он, ба ҷуз аз Туркманистон, узви СҲШ мебошанд: Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон. Ҳамаи ин кишварҳо ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдоранд, зеро ин маънои таъмини амнияти кишварҳои СҲШ ва тамоми фазои Авруосиёро дорад. Аз ин лиҳоз, ба ҷаласаҳои СҲШ кишварҳое, ки Афғонистонро дастгирӣ мекунанд, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Туркманистон фаъолона ҷалб карда мешаванд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ташаккули низоми амниятӣ дар минтақа ногузир аст ва бояд дар ояндаи наздик ҳал карда шавад”.

Дар нишасти СҲШ дар шаҳри Остона сарони давлату ҳукуматҳои 16 кишвар ҷамъ омаданд, аз ҷумла: Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Муғулистон, Озарбойҷон, Қатар, АМА, Туркия ва Туркманистон.

Ба андешаи Фаридун Усмонов, имсол дар шакли рӯ ба рӯ баргузор гардидани нишаст бисёр муҳим буда, зеро роҳбарони давлатҳо имкон доштанд рӯ ба рӯ нишаста, масъалаҳои гуногунро баррасӣ кунанд: “Нишасти соли гузашта қисман дар шакли фосилавӣ – бо иштироки баъзе кишварҳо дар шакли видеоконфронс баргузор гардида буд. Бисёр масъалаҳо дар паси парда баррасӣ карда мешаванд ва ин қисмати нишаст низ бисёр муҳим аст. Барои Тоҷикистон густариши минбаъдаи робитаҳо бо кишварҳои узви СҲШ ва таъмини амният яке аз самтҳои авлавиятноки асосӣ маҳсуб меёбад. Мо ба барқарории сулҳу субот дар кишварҳои СҲШ, инчунин, решакан кардани терроризму ифротгароӣ манфиатдорем ва мехоҳем, ки кишварҳои мо ба рушди муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Нақши СҲШ дар арсаи байналмилалӣ тақвият меёбад. Илова бар ин, ҳузури Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ин нишаст аҳамият ва мавқеъи ин созмонро дар сиёсати ҷаҳонӣ, инчунин, аҳамияти равандҳои минтақавӣ ва қарорҳои аз ҷониби роҳбарони давлатҳо қабулшударо собит мекунад”.

Ҳамкории иқтисодӣ

Тоҷикистон таҳкими ҳамгироиро дар доираи иттиҳодияҳо, ба монанди СҲШ, бахусус дар самти ҳамкорӣ бо Русия фаъолона ҷонибдорӣ мекунад. Ин барои таъмини соҳибихтиёрии иқтисодии кишвар ва боло бурдани некӯаҳволии мардум дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ, чолишҳои глобалӣ ва «ҷангҳои гибридӣ»-и аз ҷониби Ғарб тарҳрезишуда мусоидат менамояд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов: “Бо далели ҳамсоя будани Тоҷикистон бо Афғонистон, ки тӯли чандин даҳсолаҳо ин кишвар манбаи бесуботӣ ва паҳншавии ифротгароӣ мебошад, вазифаи таъмини сулҳ дар минтақа барои мо боз ҳам муҳимтар мегардад”.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай беш аз 3 миллиард долларро ташкил дод, ки ин аз афзоиши назарраси ҳамкориҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳад. Дар 5 соли охир гардиши мутақобилаи мол байни кишварҳои СҲШ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст (аз 336 миллиард доллар дар соли 2019 то 490 миллиард доллар дар соли 2023). Равобити иқтисодии байни кишварҳои аъзои СҲШ боз ҳам муҳимтар ва мутақобилан судмандтар гардида, ба рушди иқтисодӣ ва суботи кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

«Дар ҷаласа масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бояд таъкид кард, ки кишварҳои СҲШ шарикони асосии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд. Соли 2023 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон тақрибан 8,4 миллиард долларро ташкил дода, ҳудуди 45 дарсади ин муомилот ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд. Ин нишондиҳандаи бузург аст. Дар бахши кишоварзӣ низ 90 дарсади муомилоти моли Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд. Дар ин росто, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ барои Тоҷикистон аҳамияти калон пайдо мекунад.

Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ба режими обии худи ҷумҳурии мо ва кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон таъсири калон мерасонад. Пиряхҳо то 80%-и оби дарёҳои Зарафшон ва Амударёро таъмин месозанд, ки барои соҳаи кишоварзӣ ва обтаъминкунии минтақа ниҳоят муҳим аст.

Тоҷикистон ба густариши равобити иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа, аз қабили Чин, Русия, Қазоқистон, Эрон ва Ҳиндустон, ки узви СҲШ мебошанд, манфиатдор аст. Тоҷикистон бо ин давлатҳо робитаҳои ҷиддии иқтисодӣ барқарор кардааст ва ҳиссаи назарраси сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон маҳз ба ин кишварҳо рост меояд. Мо ба иштирок дар долонҳои нақлиётие, ки аз кишварҳои минтақа убур мекунанд, инчунин, ба таъсиси як занҷири ягонаи логистикии нақлиётӣ манфиатдорем, ки он ба рушди тиҷорати фаромиллӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон ҳамеша худро ҳамчун як кишвари боз, ки мехоҳад бо кишварҳои минтақа барои рушди равобити иқтисодӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ монад, муаррифӣ мекунад”, – таъкид намуд, коршинос Фаридун Усмонов.

Ташаббусҳои дигар

Дар нишасти сарони СҲШ дар Остона ба ҷуз аз ҳалли масоили амниятӣ ва иқтисодӣ стратегияи рушди ҳамкориҳои энергетикӣ то соли 2030 қабул гардид, ки бо ташаббуси Қазоқистон таҳия гардидааст. Ин стратегия ҳамчун замина барои лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетикии кишварҳои узви СҲШ хизмат карда, ба ҳамгироии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Душанбе ба рушди ҳамкориҳои энергетикӣ бо Русия, Чин ва Ӯзбекистон манфиатдор буда, ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Стратегияи нав на танҳо барои беҳтаркунии амнияти энергетикии Тоҷикистон, балки барои мувозинаткунии захираҳои обӣ дар минтақа, ки махсусан барои нигоҳ доштани субот ва рушди кишоварзӣ муҳим аст, мусоидат хоҳад кард.

Дар шароити ташаккули тартиботи нави ҷаҳонӣ нақши иттиҳодияҳои минтақавӣ бо иштироки Русия меафзояд. Ин иттиҳодияҳо ба «марказҳои нави нерӯҳои»  ҷаҳони бисёрқутба табдил ёфта, ба рушди ояндаи кишварҳои аъзо ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ин кишварҳо мусоидат  мекунанд.

Дар масъалаи амнияти энергетикӣ ва тақсимоти захираҳои обӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ дар солҳои наздик -таъмини амнияти иқлимӣ хоҳад буд. Ин ташкили системаи муҳофизат аз хатарҳои физикӣ ва гузарандаро дар назар дорад, ки бо тағйирёбии иқлим вобастаанд. Хатарҳои иқлимӣ – зиёд шудани ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво, аз қабили обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои шадид, инчунин, обшавии пиряхҳоро дар бар мегиранд. Солҳои охир обшавии зиёди пиряхҳо мушоҳида карда мешавад. Тибқи маълумотҳои коршиносон, тӯли чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шудааст. Масалан, яке аз пиряхҳои калонтарини кишвар – пиряхи Федченко мебошад, ки тайи чанд соли охир беш аз ду километри мукааб яхи он об шудааст. Дар маҷмуъ ҳаҷми умумии пиряхҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 850 километри мукаабро ташкил медиҳад, вале интизор меравад, ки то соли 2050 ин рақам то 50% коҳиш ёбад. Ин тағйиротҳои иқлимӣ метавонанд ба амнияти иқтисодӣ ва энергетикии кишварҳои узви СҲШ таъсири калон расонанд.

Барои мубориза бурдан бо чолишҳои дар боло зикршуда, кишварҳои СҲШ ният доранд, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак таҳия кунанд, ки ба сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба шароити нав равона карда шудаанд. Дар ин самт табодули таҷриба ва технологияҳо байни кишварҳои узв аҳамияти калон дорад, зеро он барои бунёди системаҳои боз ҳам устувортар ва муассиртари идоракунии захираҳои табиӣ ва инфрасохтори энергетикӣ имконият фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, СҲШ аҳамияти худро ҳамчун як бозингари асосӣ дар арсаи байналмилалӣ на танҳо дар соҳаи амният, балки дар масъалаҳои рушди устувор ва амнияти иқлимӣ тақвият медиҳад.

Натиҷаҳои ин нишастро ҷамъбаст карда, метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба дурнамои рушд дар доираи СҲШ хушбин аст ва кӯшиш мекунад, ки ҳамкориҳои иқтисодиро бо кишварҳои минтақа густариш диҳад. Ин ҳамкорӣ дар мустаҳкам кардани робитаҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҷанбаи муҳим мебошад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь