Дар моҳи рамазон шавқу иштиёқи мардум ба омӯзиши аркони ислом ва таълиму тарбияти динии фарзандон бештар мешавад. Аз як сӯ, рӯзаву таровеҳ ҳамагонро зиёдтар ба омузиши ислом ва фармудаҳои он таҳрик медиҳад, аз суи дигар, ходимони дин, домуллоҳо ва имомхатибон зимни мавъизаҳои худ волидайнро ба тарбияти дурусти исломии фарзандон аз рӯи мазҳаби суннатии ниёгон даъват мекунанд, ки ин ҳам дар тасмими волидайн асар мегузорад.

Саодат, як зани сокини Хуҷанд аст, ки мегӯяд, нахустписари 12 – солаашро  асосҳои ислом омӯзониданист. Ӯ мегӯяд, ки ӯву шавҳараш мехоҳанд писарашон аркони ислом ёд диҳанд. Саодат муаллимаи мактаб аст, шавҳараш дар Русия мардикорӣ мекунад.  «Ман ҳар рӯз, ба ғайр аз якшанбе кор меравам ва бисёр вақт бегоҳ хона меоям. Диламон аз писарамон пур. Аммо хавотир мешавем, ки вақти холиашро беҳуда нагузаронад, ба мобилу тамошои интернет одат накунад. Беҳтар, ки ба ҷойи ин бо ислом шинос шавад, калимаи шаҳодат, дуо, хондани Қуръонро ёд гирад»  -мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи ӯ, беҳтар буд худаш ё шавҳараш ба фарзандашон аркони ислом омӯзанд. Аммо дониши кофии динӣ надоранд. «Бародарам аз имоми масҷиди маҳалла пурсидаанд, он кас гуфтаанд, ки дарс намедиҳанд. Чунки иҷозатнома надоранд.  Агар ташкил шавад, хабар медодаанд.»  – афзуд ӯ.

Ин ҳамсуҳбатамон ва мисли ӯ падару модароне, ки мехоҳанд фарзанди худро таълими исломӣ бидиҳанд, ба саволҳое посух меҷӯянд, ки фарзандони хурдсоли онҳо дар куҷо, назди кӣ, чи тавр метавонанд таълими динӣ бигиранд?

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба ҷуз Донишкадаи олии исломии   ба номи Имоми аъзам дар шаҳри Душанбе дигар ягон мадрасаи исломӣ фаъол нест.

Давлати Тоҷикистон «таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.» Вале ин таълим «хусусияти дунявӣ», яъне – ғайридинӣ дорад. Таъмини ин тарзи таълимро таълимро қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бар дӯши муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии кишварро гузоштааст.

Дар мактабҳoи кишварамон фанҳои динӣ таълим дода намешавад ва мадрасаҳои диние, ки аз ибтидои солҳои 90 то аввалҳои даҳсолаи дуюми садаи 21 боз буданд,  дигар фаъолият надоранд.

Дар мактабҳои миёнаи кишвар танҳо ба хонандагони синфи 9 ҳафтае 1 соат фанни «Таърихи дин» медиҳанд. Вале ин фан хонандагони Тоҷикистонро, ки  бар пояи омори расмӣ, беш аз 90 дар сади аҳолӣ мусалмон мебошанд, танҳо маълумоти умумӣ дар бораи динҳо медиҳад.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузории кишвар «ҳаққи таълими динии кӯдаконро танҳо ба падару модарон додааст.»

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин масҷидҳои марказии ҷомеъ ва ҷомеъ низ ҳуқуқ доранд дар назди худ гурӯҳҳо таъсис дода, таълими асосҳои исломро ба роҳ монанд. Вале дар ҳоли ҳозир ин кор амалан ба роҳ монда нашудааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, «на ҳама масҷидҳои ҷомеъ имконот ва зарфияти  фароҳам кардани шароити таълим аз рӯи стандартҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро доранд».

Қаблан падару модарон метавонистанд кӯдакони худро дар назди рӯҳониёни маҳаллӣ, мадрасаҳо ва масҷидҳои ҷомеъ таълими исломӣ диҳанд.

Соли 2011 шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иҷоза дода буд дар масҷидҳои ҷомеъ таълими кӯдакони аз 7 сола болоро дар  давраи таътили тобистонии онҳо ба роҳ монанд. Ин амал ба хотири таъмини бехатарии кӯдакон, пешгирӣ аз беҳудагузаронии вақти онҳову танҳову беҳуда дар кӯчаҳо  гаштанашон маънидод мешуд.

Аммо соли 2018 пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» давлат масъулияти таҳсилоти диниро бар дӯши худ гирифт ва  таълими диниро дар масҷиду мадрасаҳо ва рӯҳониёни маҳаллӣ бе иҷозати расмӣ манъ намуд.

Ҳусейнхон Охунҷонов, сармутахассиси шуъбаи дини ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар шарҳи дастрасии кӯдакон ба таълими динӣ гуфт, касе таълим дода метавонад, ки иҷозаномаи кумитаи динро дошта бошад. Ба таъкиди ӯ, қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таълими динии кӯдакони аз синни 7 то 18 – соларо дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат медиҳад. Он ҳам бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда.

Вале барои бе иҷозати қонун дарси динӣ додан қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ кардааст.

Бар пояи маълумоти вазорати корҳои дохилӣ, соли гузаштаи 2022 дар кишвар 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор гардида, омилони ин кор, нисбат ба афроди беиҷозати расмӣ машғул ба таълиму тадриси динӣ, падару модароне, ки уҳдадорияҳошонро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суди шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол кардаанд.

Масъулони умури дин вилояти Суғд мегӯянд, дар ин минтақа ҳанӯз ягон шахс  иҷозаномаи расмии машғул шудан ба таълими динии кӯдаконро надорад.

Ба таъкиди Ҳусейнхон Охунҷонов, сармутахассиси шуъбаи дини ҳукумати шаҳри Хуҷанд, падарону модароне ҳам, ки мехоҳанд фарзанди худро ислом омӯзанд, бояд иҷозаи расмии давлатро барои ин кор дошта бошанд. Зеро мумкин аст «онҳо дониши динӣ надошта бошанд ва ақидаву фикру ҷаҳонбнии кӯдакро вайрон кунанд.»

Масъулияти таълиму тарбияти дурусти фарзанд, аз ҷумла таълими динии онҳо бар дӯши волидайн вогузор шудааст. Ҳуқуқшинос Фаррух Ҷунайдов мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон ба падару модарон ҳақ надодааст фарзанди худро аз омузиши динӣ манъ кунанд. Вале уҳдадориҳое дар ин роҳи таълиму тарбияти фарзанд бар дӯши онҳо гузоштааст.

Ҳамин тавр, Моддаи 9 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайнро уҳдадор мекунад «ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд.» Дар банди дигари ин Модда аз волидайн талаб мешавад «ба иштироки фарзанд дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд.»

Ба ақидаи Ҳусейнхон Охунҷонов, сармутахассиси шуъбаи дини ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ин тартибу қоидаҳои қонунӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани ақидаву фикру ҷаҳонбинии кӯдакон ва ҷилавгирӣ аз раҳгум задани онҳо зимни таълиму тарбияи ғайрирасмии динӣ таҳия шудаанд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, беҳтарин роҳ барои падару модароне, ки мехоҳанд ба фарзанди худ асосҳои дини исломро биёмӯзанд, истифода аз адабиёти диниест, ки аз ташхиси Кумитаи дин гузашта, бо иҷозаи ин ниҳод ба нашр расидааст.  Дар аввали ҳар як китоб аз ташхиси давлатии диншиносӣ  гузаштани он дарҷ гардидааст.

Саодат, мусоҳиби авваламон мегӯяд, дар миёни ин ҳама масъулият ва  уҳдадориҳое, ки қонунҳои кишвар барои таълими динии фарзанд бар дӯши ӯ гузоштаанд, андешаманд мондааст. Ба қавли ӯ, беҳтар мебуд фарзандашро бо аркони дини ислом муаллимон ва донишмандони ин соҳа шинос мекарданд. Баъди дарс ё рӯзи истироҳати писараш. «Он вақт хотири ману шавҳарам ҷамъ мешуд, ки фарзандамон дониши дуруст мегирад, ба роҳи каҷ намеравад ва ақидааш вайрон намешавад.» – мегӯяд ӯ.

 Маъсуми Муҳаммадраҷаб, махсус барои «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь