Як сол пеш  ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Остона ва имсол дар Бишкек  баргузор гардид. Сарони кишварҳо кадом масъалаҳоро баррасӣ намуданд ва имрӯз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар кадом самтҳо ба роҳ монда шудааст – кӯшиш мекунем, ин мавзӯро дар ин матлаб матраҳ намоем.

Ҷаласа дар Остона

ИДМ яке аз самтҳои  ҷаҳони бисёрқутбӣ буда, дорои иқтидори бузурги захиравӣ мебошад. Ба давлатҳои ИДМ қариб 30 фоиз захираҳои гази табиӣ ва ангишт, 20 фоиз нафт, 36 фоиз уран, 20 фоиз тилло ва 13 фоиз заминҳои корам рост меояд. Дар нимсолаи аввали соли 2023 гардиши мол байни кишварҳои ИДМ 20,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (19,8 миллиард доллар) 4,4 фоиз зиёд аст. Савдои мутақобилаи Тоҷикистону Русия дар ҳамин давра 9,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 997,4 миллион доллар расидааст.

Қирғизистон соли 2023 раисии ИДМ-ро ба уҳда дорад (ҳамраисҳо Русия ва Қазоқистон).

ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва эътибори бузург дорад, аз ин рӯ, ҳамасола нишасти сарони давлатҳои Иттиҳод баргузор мегардад. Соли 2022  ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев чунин қайд карда буд: «Ба шарофати фаъолияти муштараки кишварҳо як қатор ташаббусҳои муҳим, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нигоҳ доштани робитаҳои зичи фарҳангиву гуманитарии кишварҳои мо, инчунин, баланд бардоштани иқтидор ва нуфузи байналмилалии Иттиҳод нигаронида шудаанд, амалӣ карда шудаанд.  Дар шароити душвори геоиқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими иқтидори иқтисодии Иттиҳод ва пеш аз ҳама ба татбиқи муқаррароти Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030   зоҳир карда мешавад».

Сарони давлатҳо нақши Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ-ро, ки то имрӯз беш аз 600 санадҳои ҳуқуқӣ, тавсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро қабул кардааст, баррасӣ намуданд. 18 санади расмии ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва васеъмиқёси кишварҳои Иттиҳод нигаронидашуда, аз ҷумла санадҳо дар бахши гуманитарӣ, санадҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия,  терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025 ва ғайра ба тасвиб расиданд.

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ ва дигар иттиҳодияҳои ҳамгироӣ – СААД ва СҲШ, ки ба онҳо  кишварҳои пасошӯравӣ шомиланд, густариш медиҳанд.

Иштирокчиён  Созишнома  дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии роҳбарони мақомотҳои интихоботиро имзо карданд. Масъалаи ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ низ аз мадди назари сарони кишварҳо дур намонд.

“Ин як сӯҳбати самимӣ ва ошкоро буд. Ҳамаи мушкилотҳо, ки мутаассифона, дар фазои Иттиҳод вуҷуд доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, вале хоҳиши муштараки  ҳалли ин мушкилотҳои дардовар эҳсос  карда мешуд”, – хулоса кард Тоқаев.

Ҷаласа дар Бишкек

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек 13-уми октябри соли 2023 баргузор гардид. Дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2024, аз ҷумла лоиҳаҳои муштарак дар бахши ҳамкориҳои саноатӣ ва ҳамчунин, ҳалли мушкилотҳои молиявӣ ва экологӣ баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, муносибатҳо дар ҷаҳони бисёрқутбӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба озодии пайравӣ ба дин зоҳир карда шуд. Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят  бадастомада ва маблағгузории терроризм  қабул гардид. Инчунин, Созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ ва изҳорот дар бораи дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ба имзо расид. Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангӣ дар соли 2024 эълон гардид.

Шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳи дуруст ва мантиқии таъмини рушди устувору пешравии Тоҷикистон ва мардуми он мебошад.

Ниёз Мирзоев, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки  ин гуна чорабиниҳо барои тамоми кишварҳои ИДМ муҳимманд: “Роҳбарони кишварҳо масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ ва таҳкими амният дар қаламрави ИДМ-ро вобаста ба рӯйдодҳои ахир дар Шарқи Наздик  баррасӣ мекунанд.  Муҳим он аст, ки масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амният, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақшаҳои оянда баррасӣ карда шуданд. Чунин чорабиниҳо ба муносибатҳои байни кишварҳои ИДМ такони нав мебахшанд. Хурсандиовар аст, ки ҳамаи кишварҳо дар мавриди бисёр масъалаҳои байналхалқӣ ҳамфикрию муттаҳидӣ нишон дода, мавқеи ягона ва наздик  доранд. ИДМ инкишоф ёфта истодааст ва ҳамаи кишварҳои узви он пурқувваттару мустаҳкамтар мешаванд. Фикр мекунам, дар оянда кишварҳои моро рушду шукуфоӣ интизор аст. Ҷаҳони муосир ба сӯйи ҳамгироӣ ҳаракат мекунад, ин дар дигар иттиҳодияҳо – БРИКС, СҲШ ва ғайра низ ба амал меояд. Барои ҳалли мушкилотҳои глобалӣ мо бояд кӯшишҳо ва имкониятҳои молиявии худро муттаҳид кунем. Аз ин рӯ, мо ҳамасола аз чунин нишастҳо тасмимҳои муфиду заруриро интизорем».

Воқеан, ба масъалаҳои амният таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронии худ дар мавриди зарурати пурзӯр кардани талошҳои муштараки кишварҳои ИДМ дар мубориза бо таҳдидҳои террористӣ чунин таъкид намуд: “Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои қонунигардонии  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028  маҳз ба ҳамин равона карда шудаанд.

Дар ҷаҳон 258 миллион нафар ба забони русӣ ҳарф мезананд. Аз рӯйи шумори сайтҳо бо забонҳои гуногун забони русӣ дар ҷойи дуюм, яъне пас аз забони англисӣ қарор дорад.

Владимир Путин зимни суханронии худ аз кӯшишҳои фишороварӣ ба тамоми шарикони Русия изҳори нигаронӣ кард.

Нақши Тоҷикистон

Дар ИДМ Тоҷикистон ба масъалаҳои амният ва ҳамкориҳои саноатӣ бо шариконаш дар Иттиҳод таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар мавриди ин нишаст чунин мегӯяд: “Вазъият дар ҷаҳон муташанниҷ мешавад: Русияву Украина, Фаластину Исроил ва Афғонистон. Вазъият дар ин давлатҳо ба субот дар ИДМ  низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, мамлакатҳои мо бояд мавқеи худ ва ҷонибдори кӣ буданашонро  муайян кунанд. Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки Ғарб ба Русия чӣ гуна муносибат мекунад ва ё ҷаҳон чӣ гуна тақсим шудааст, ки ё аз Фаластин, ё аз Исроил пуштибонӣ мекунад.

Таҷрибаи  баргузории солҳои мавзӯӣ  дар ИДМ аз соли 1999 амал мекунад.

Дар ин рӯзҳо, дар баробари мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ  дар Қирғизистон тамринҳои ҳарбии СААД гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки масъалаҳои амният дар мадди аввал қарор доранд. ИДМ ва СААД бояд қарорҳое қабул кунанд, ки ба манфиати  кишварҳои узви Иттиҳод, инчунин, рушд ва амнияти онҳо  нигаронида шуда бошанд”.

Русия ва Тоҷикистон саъй доранд, то соҳибихтиёрии иқтисодӣ ва  молиявиро дар ИДМ ба даст оранд. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ низ ҷараён дорад. Дар доираи Соли забони русӣ дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти  унвони «Нақши забони русӣ дар ҳамгироии башардӯстонаи кишварҳои ИДМ» баргузор гардид. Тибқи маълумотҳо «Индекси мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон», ки аз ҷониби Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин таҳия шудааст, забони русӣ дар рӯйихати 12 забонҳои пешсафи ҷаҳон  дар ҷойи панҷум қарор дорад: он аз забонҳои арабӣ, португалӣ, олмонӣ пеш гузашт, вале назар ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ ва фаронсавӣ дар зинаи поёнӣ қарор гирифт.

Дар доираи масъалаҳои башардӯстона тасмим гирифта шуд, ки соли 2024 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли ҳаракати ихтиёрчиён», соли 2025 «Соли 80-солагии Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – «Соли сулҳу ваҳдат дар мубориза бар зидди натсизм»  ва соли 2026 ҳамчун «Соли ҳифзи саломатӣ» эълон карда шавад.

“Мо  хуб дарк мекунем, ки ин на танҳо ба ИДМ, балки ба ҳамаи шарикони Русия дахл дорад – онҳо кӯшиш доранд, ба ҳама фишор оваранд,  тарсонанд, аз болои касе ҳукмфармоӣ кунанд” – Владимир Путин.

Ягон соҳае нест, ки дар он кишварҳои ИДМ лоиҳаҳои умумӣ надошта бошанд. Раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Шӯрои кайҳонии ИДМ барои соли 2024 интихоб гардид. Ҳамаи аъзоёни Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ оид ба кайҳон ба тарафдории ӯ якдилона овоз доданд. Шӯрои кайҳонии ИДМ – як мақоми ҳамоҳангсоз оид ба ташаккул ва амалигардонии барномаҳои байнидавлатии кайҳонӣ, инчунин, истифодаи инфрасохтори кайҳонӣ барои иҷрои барномаҳои байнидавлатӣ ва мустақил мебошад.

Дар Бозиҳои II-и кишварҳои ИДМ, ки аз санаи 4 то 14-уми август дар Беларус баргузор гардид,  мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ дар байни 22 кишвари иштирокчии ин мусобиқаҳо мақоми 8-умро касб кард.

Соҳаи тиҷорат низ тадриҷан афзоиш ёфта, рушд мекунад: 8-уми июни соли 2023 сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ Созишнома дар бораи савдои озод дар бахши хизматрасонӣ, таъсис, фаъолият ва сармоягузориро ба имзо расониданд. Созишнома боиси ба таври мутақобила кушода шудани бозорҳои кишварҳои аъзои ИДМ гардида, ба афзоиши сармоягузориҳои мутақобила, густариши робитаҳои истеҳсолӣ, ташаккули занҷирҳои нави арзиши иловагӣ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин нишаст дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев эълом дошт, ки Тоҷикистон дар соли 2025 раёсати (раисии) ин созмонро бар уҳда хоҳад дошт.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь