Пӯшида нест, ки ҷанги иттилоотӣ имрӯз яке аз воситаҳои муассир дар муқобили қудратҳои ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар баробари ин, ин ҷанг ба ғайр аз интишори иттилооте, ки обрӯи ин ё он кишварро мерезонад, ба ҷомеа бо усулҳои нармтар таъсир расонида, оқибати хеле сангин ба бор меоварад.

Осиёи Марказӣ, ки мавқеи муҳимми стратегӣ ва геополитикӣ дорад, аз ин рӯ, дар он манфиатҳои қариб тамоми қудратҳои пешрафтаи ҷаҳон ва бархе аз кишварҳои дигар бархӯрд мекунанд. Пеш аз ҳама, бадном кардани Русия, таблиғ барои пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия, хуруҷи кишварҳо аз СААД ва СҲШ мебошад.

Пас аз оғози амалиёти низомии махсус дар Украина таваҷҷуҳи Аврупо ба Осиёи Марказӣ хеле густариш ёфт. Дар бораи сафари ҳайатҳои воломақоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба минтақа пайваста хабарҳо нашр мешуданд. Дар тӯли чанд моҳи соли 2022 мансабдорони ғарбӣ, дар муқоиса бо чанд соли гузашта ба Тоҷикистон ба маротиб бештар ташриф оварданд.

Ба ақидаи коршиносон барои худи Тоҷикистон нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ дар ин вазъ беҳтарин мавқеъ аст, зеро манфиатҳои ин кишвар бо манфиатҳои Русия хеле печида мебошанд.

Олим Ширинов, блогер ва муаллифи гурӯҳе дар телеграмм дар бораи амалиёти махсуси низомӣ чунин мегӯяд: “Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз тарғиби сиёсати зиддирусӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Кӯшишҳо ҷой доранд, вале ҳамаашон ноком мешаванд.”

Блогер, муаллифи як шабакаи телеграмм оид ба амалиёти низомии махсуси Русия Олим Ширинов дар мавриди он, ки оё таблиғот ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ё не, чунин мегӯяд: «Дар маҷмӯъ таблиғ дар сиёсати хориҷии давлат як абзори маъмулист, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мешавад. Инро дарк карда, мо бояд ҳамеша дар бораи манфиатҳои худи Тоҷикистон фикр кунем. Ҳама гуна кӯшиши ба мардуми тоҷик талқин кардани ғояҳое, ки метавонанд онҳоро ба инкори Русия ва фарҳанги русӣ водор созанд, таъсири манфӣ дорад. Ҳама гуна кӯшиши бадном кардани гузаштаи давлатдории тоҷикон (ки он давраи Шӯравиро низ дар бар мегирад) таъсири манфӣ дорад. Ҳамчунин, амалҳое, ки барои аз ҳам ҷудо кардани халқҳои дар Тоҷикистон зиндагикунанда нигаронида шудаанд, низ таъсири манфӣ доранд.

Агар Русия, тибқи Стратегияи амнияти миллии ИМА, «таҳдиди мустақим ва ҷиддӣ барои низоми озод ва кушоди байналмилалӣ» бошад, пас Чин аз лиҳози қудрати иқтисодӣ, низомӣ ва технологӣ рақиб дониста мешавад.

Ғарб ҳамчун як такягоҳи капитализми ҷаҳонӣ танҳо ба захираҳо ва бозорҳои фурӯш ниёз дорад, яъне ба вай Тоҷикистони муосир, соҳибмаърифат ва соҳибистиқлол даркор нест.

Пас аз соли 2014 Русия муҳимияти дар атрофи худ муттаҳид кардани кишварҳои ҳамсояро дарк карда, иқдомҳои муҳиммеро пеш гирифт, ки барои ба ҳам наздик кардани халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона карда шудаанд. Вобаста ба Тоҷикистон – ин кӯмакҳои башардӯстона, афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, бунёди мактабҳои нав дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ғайра мебошад. Ин ҷо бояд зикр кард, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони мо мақоми душаҳрвандӣ доранд ва ҳамчунин, боз зиёдтар аз он мардуми мо пайваста барои кор ба Русия сафар мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо фарҳанги ин кишварро аз худ мекунанд, ки ин дар навбати худ як омили муттаҳидкунанда мебошад. Ин ҳама симои мусбати Русияро дар зеҳни тоҷикон мустаҳкамтар менамояд».

Қобили зикр аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Осиёи Марказӣ на танҳо чун ҳампаймони Русия, балки шарики як кишвари абарқудрати дигари ҷаҳонӣ – Чин низ, ки дар стратегияи сиёсати хориҷии Амрико ин ду кишвар ҳамчун кишварҳои ба назорат ва боздошти бештар ниёздошта қайд шудаанд,  таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

Пас, маълум аст, ки ҷанги иттилоотӣ тавассути муколамаҳои сиёсие, ки таблиғоти муайянро дарбар мегиранд, сурат мегирад.  Ҳамзамон усулҳои наонқадар ошкор, вале амиқтари таъсиррасонӣ вуҷуд доранд, ки маъмулан «қувваи нарм» номида мешаванд. Ин ташкилотҳо расман дар назди худ чунин вазифаҳо, аз қабили дастгирии демократия, ҳимояи ҳуқуқи инсон, рушди маориф, ҳалли мушкилотҳои иҷтимоӣ ва экологиро мегузоранд, вале воқеан онҳо ба мушкилотҳои маҳаллӣ чандон дахл намекунанд ва дар аксари мавридҳо рӯзномаи сарпарастонро пеш мебаранд.

Дар ҳар як кишвар созмонҳои зиёди ғайритиҷоратӣ ва бунёдҳои гуногун вуҷуд доранд, ки фаъолияти онҳоро созмонҳои масалан, NED (Фонди миллии дастгирии демократия), Фонди Сорос ва ғайра маблағгузорӣ ва идора мекунанд.

Олим Ширинов дар бораи чунин созмонҳои ғайритиҷоратии ғарбӣ ба ин назар аст: «Кори онҳоро бо аспи троянӣ муқоиса кардан мумкин аст. Дар назари аввал ба шумо амсилаи зебо,  замонавӣ, муд ва бо технологияи баланд пешниҳод мекунанд, вале ғояи асосии онҳо –  ба тафаккури шумо ҳоким шудан ва озодона амал кардан аст. Ҳадафи асосии онҳо таъсир расонидан ба низоми сиёсӣ ва сохтори дохилии давлат бо кӯшиши тарғиби арзишҳои ғарбӣ аст».

Дар асл, кишварҳои НАТО дар кӯшиши расидан ба ҳукмфармоии ҷаҳонӣ аз захираҳои «қувваи нарм» истифода мебаранд, ки ба тағйироти ҷиддӣ дар дохили кишварҳо ва ивазшавии ҳокимияти сиёсӣ аз поён дар натиҷаи эътирозҳо мусоидат мекунанд ва он «инқилоби ранга» ном гирифтааст. «Инқилоби булдозерӣ»-и соли 2000-ум дар Сербистон, «Инқилоби садбаргӣ»-и соли 2003 дар Гурҷистон, «Инқилоби норанҷӣ»-и соли 2004 дар Украина, «Инқилоби лола»-и соли 2005 дар Қирғизистон, «Баҳори арабӣ»-и солҳои 2010-2012, «Евромайдон» дар Украина дар соли 2013, ки барои тақвият бахшидан ба ихтилофҳои дар ҷамъият вуҷуддошта, дастгирии ҳизбҳои зиддиҳукуматӣ ва ба ҳаракат даровардани руҳияи зиддиҳукуматӣ чандин миллиард  маблағгузорӣ кардааст.

Ва ин лоиҳаҳо оид ба ивази ҳокимият тавассути шабакаи васеи расонаҳои таблиғотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳаракатҳои ҷавонон амалӣ карда мешаванд. Гузашта аз ин, дар ҳар яке аз ҳолатҳои дар боло зикршуда ҳамон як «дастур» истифода мешавад: ҷалби шумораи зиёди одамон ба намоишҳо тавассути паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн кардани хабарҳои дурӯғ, ки боиси эътирози оммавӣ мегарданд. Дар баробари ин, намоишҳои эътирозӣ на ҳама вақт бо роҳи осоишта анҷом ёфта, ба задухӯрдҳои хунин ва ё ҷангҳои васеъмиқёс мубаддал мешаванд – масалан, дар натиҷаи «Баҳори араб»  тақрибан ним миллион нафар  кушта шудаанд.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва механизмҳои мавҷудаи танзими созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон онҳо  тавонистанд,   чораҳо  пайдо кунанд ва фаъолияти худро пеш баранд. Ҳамчунин, созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ  тавассути гузаронидани мизҳои мудаввар бо олимон ва ё рӯзноманигорон, иҷрои барномаҳои мухталиф,  бо мустақар будан дар хориҷ дар кишвар фаъолият мебаранд.

Дар кишварҳои ИДМ муносибат ба ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ аз нуқтаи назари қонунгузорӣ хеле фарқ мекунад: агар дар Қирғизистон, Қазоқистон ё Арманистон таъсис додани чунин ташкилотҳо ниҳоят осон бошад, пас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қайдкунӣ ва маблағгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ манъ аст.

Дар Тоҷикистон Аврупо ба таълим ва бозори расонаӣ такя мекунад, ки ин имкон медиҳад як насли комил бо ҷаҳонбинии муайян тарбия карда шавад.

Мисол, ин пешниҳоди омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ тавассути созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки барномаҳои муфиди таълимӣ, дарсҳои видеоӣ ва лексияҳо ба ғайр аз ҳадафҳои таълимӣ ба худ тамоюли нозуки идеологӣ ва маводҳои дорои иттилооти муфиди сиёсибударо дар бар мегиранд.

Муҳимтар аз ҳама аудиторияи асосии нуфузи Ғарб ҷавононе мебошанд, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии зиндагӣ наметавонанд вазъро аз нигоҳи интиқодӣ баҳо диҳанд ва ба осонӣ ба нақшаҳои  моҳиронатарҳрезишуда дода мешаванд. Ин ҳам ба ҷалби онҳо ба эътирозҳо ва ҳам ба кори нозуктари системавӣ тавассути таълим дахл дорад: грантҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Аврупо дода мешаванд, ки дар он ҷо ҷавонон дар бораи ҳаёти хубу зебои Ғарб дилбастагӣ пайдо мекунанд. Ва баъдан ба ватан баргашта,  кӯшиш мекунанд, ки ба дӯстони худ, ки мехоҳанд дар Русия рушд кунанд, таъсир расонанд.

Усулҳои паҳн кардани таблиғоти харобиовар зиёданд, аз ин рӯ, барои кишварҳое, ки мехоҳанд истиқлолияти худро нигоҳ доранд, муҳим аст, ки системаи самараноки муқовиматро ба ин «қувваи нарм» ташкил диҳанд. Ин ба ҳузури роҳбароне, ки ба манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд, ба ташаккули системаи самараноки идоракунӣ ва блоки боэътимоди қудратӣ, инчунин, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои дуруст ва ватандӯстӣ дахл дорад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь