Мусоҳибаи Раҷаб Мирзо бо вакили маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Сайидҷаъфар Усмонзода

– Ҷаноби Усмонзода, дар паёми соли гузаштаи худ Эмомалӣ Раҳмон ишора намуд, ки бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис ёбад. Дар ҳамин ҳол, бо гузашти беш аз шаш моҳ, ниҳоди нав то ҳанӯз фаъол нашудааст. Сабаби чунин дермониро дар чӣ мебинед? Шояд яке аз сабабҳо вобаста бошад ба заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин маврид? Оё ин мавзӯъ дар парлумони мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт?

– Яке аз сабабҳои асосии то ҳол таъсис наёфтани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Тоҷикистон, ба фикрам, асосан рабт мегирад ба қисми хароҷоти буҷа. Маҳз ин масъала, шояд имкон намедиҳад, ки ҳоло боз як сохтори дигар дар мамлакат ташкил шавад. Аз ҷониби дигар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020, таҳти №370 мақоми ваколатдор дар ин робита Вазорати рушди иқтисод ва савдо муайян гардидааст. Зимнан, дар ин вазорат шӯъбаи рушди иқтисоди рақамӣ барвақт ба фаъолият оғоз намуда, ваколати мазкурро ба зимма дорад.

– Дар сурати таъсис ёфтани ин ниҳод, ба фикри Шумо дар раҳбарии он бояд кӣ, яъне намояндаи кадом бахш бошад ва фаъолияти он бояд чӣ гуна сурат гирад?

– Фикр мекунам, вақте ваколати ин иқдомро ба зимма Вазорати рушди иқтисод ва савдо монданд, аллакай, маълум аст, ки такя ба кӣ ва кадом бахш хоҳад шуд. Мавқеи дуруст ҳам ҳаст. Зеро дар ин вазорат мутахассиони зиёде кору фаъолият доранд, ки мавзӯро дарк мекунанд, маълумот доранд. Аз сӯи дигар, аз мақомоти давлатӣ маҳз дар ин вазорат аз ҳама бештар ба барномасозӣ машғуланд, барномаҳои муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистонро таҳия мекунанд.

Инчунин, дар ин ниҳод мутахассисоне кор мекунанд, ки онҳо барномаҳои навро барои системаҳои компютерӣ, корхонаҳо, фурӯшгоҳҳо ва хизматрасониҳои зерсохтори ҳукумат роҳандозӣ менамоянд.

– Воқеан, дар тамоми дунё, дар заминаи рушди фановариҳои навин, мафҳуми “ҳуқуқи рақамӣ” пайдо мешавад ва вобаста ба он қонунҳои махсус қабул мекунанд. Тоҷикистон аллакай чанд санаде дорад, ки ба ин мавзӯъ рабт мегирад. Аз ҷумла, қонуни ҶТ “Дар бораи имзои электронии рақамӣ”, Консепсияи иқтисоди рақамӣ, барномаи давлатии пахши рақамии телевизион ва ғайра. Ба фикратон, барои ба воқеиятҳо наздиктар кардани қонунгузории Тоҷикистон мо ба кадом қонунҳои нав зарурат дорем, ё кадом қонунҳои мо ба тағйиру иловаҳо ниёз доранд?

– Дар баробари санаду қонунҳои номбурдаи Шумо феълан дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи хизматрасонии электронӣ» ва Консепсияи иқтисодии рақамӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, дар Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 вобаста ин масъала таъкиди зиёд шудааст, ки танзими иқтисоди рақамӣ аз он бармеояд. Дар дохили консепсия барномаҳое ҳастанд, ки асос барои таҳияи қонун мегарданд. Қонуни хос барои ин соҳа дар ҳолате таҳия мегардад, ки агар агентӣ таъсис ёбад. Хулоса, мутмаинам, ки бо ташкил шудани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ин мавзӯъ, аз ҷумла дар бахши қонунгузорӣ ҳам такони дигаре мегирад.

Инро ҳам набояд сарфи назар кард, ки зинаи аввали ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон аллакай роҳандозӣ шудааст. Хоса, дар сатҳи байни ҳукумати марказӣ ва вазорату идораҳою ҳукуматҳои маҳаллӣ. Зинаи дуюми он рабт мегирад байни вазорату идораҳою ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки фикр мекунам, ба наздикӣ онҳо ҳам фаъол мешаванд.

– Як масъалаи дигар, ки қонундонҳо дар ҳаллаш мушкил мекашанд, вуҷуд дорад. Дар қонунгузории анъанавӣ ин ё он қонун аксаран дар доираи ин ё он давлати мушаххас амалӣ мешавад. Аммо масъалаи макон ва замони вобаста ба ҳуқуқи рақамӣ, ки мантиқан ҳама дунёро фаро мегирад, чӣ гуна метавонад танзим шавад? Ин масъала, ба назаратон ҳамчун як вакили парлумон чӣ гуна метавонад ҳалли ҳуқуқии худро ёбад?

– Таври маълум, ҳар давлати соҳибистиқлол биниши худро дорад ва барои рушди ҳар бахш қонунҳои худро таҳия мекунад. Дар асоси ин қонунҳо муносиботи иқтисодӣ – иҷтимоӣ, ки ба дигар давлат вобастагӣ мегирад, шартномаву қарордод баста мешавад. Ин қарордоду шартномаҳо низ дар парлумон ба тасвиб мерасанд (ратификатсия мешаванд) ва баъд мавриди амал қарор мегиранд. Албатта, дар назардошт бо манфиатҳои милливу давлатӣ.

– Баҳс ва масоили зиёд вобаста ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар дунё ҳанӯз вуҷуд доранд. Дар мо аз як ҷониб онҳо дар қонунгузорӣ танзими худро пайдо накардаанд, ғайр аз ҳолатҳои вобаста ба терроризму экстремизм. Аз ҷониби дигар, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки одамонро, тавре мегӯянд “барои як лайк” муҷозот мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Россия ин мавзӯъ дар қонунгузорӣ ифодаи худро ёфтааст. Барои “лайк”, коммент ва постҳо мӯҳлати муайян муқаррар шудааст, ки танҳо бо гузашти онҳо муаллифон метавонанд муҷозот шаванд. Дар мо чунин нест. Хулоса, баҳс сари ин аст, ки як гурӯҳ мегӯянд шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба қатори ВАО дохил намуд ва масъулиятнок кард, баъзеи дигар мухолифанд. Шумо дар кадом қисмати ин ҷонибҳо ҳастед ва чӣ роҳи ҳал пешбинӣ менамоед?

– Ман ба ин назарам, ки набояд шабакаҳои иҷтимоиро беназорат гузошт. Ҳоло дар тамоми дунё онҳо дар бисёрии ҳолат бо сабабҳои маълум аз ВАО-и расмӣ пуртаъсиртаранд. Аз ин ҳолат ҳар гурӯҳи ғаразнок метавонад ба манфиати худ истифода намояд. Барои ҳамин вобаста ба ҳуҷумҳои иттилоотиву идеологӣ, ки аз ҷониби шахсони номаълум ё шаҳрвандони мо, ки зери идеологияи давлату ақидаҳои дигар афтодаанд, назорат бояд сурат гирад. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад хабарҳои бардурӯғ паҳн намоянду мардумро зидди давлат хезонанд, имиҷи давлатро паст созанд, ё хабарҳое паҳн намоянд, ки ба тафаккури насли наврас таъсири манфӣ мерасонанд. Барои ҳамин ба фикрам зарурат ҳаст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба қатори Воситаҳои ахбори омма дохил ва ба ин восита онҳоро пурмасъулият намуд. Аз ҷониби дигар, ҳарчӣ дар ҷомеа пайдо шуд, бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳам танзим шавад. Маҳз аз ин дидгоҳ ман ҷонибдорам, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба қатори ВАО бояд дохил намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь