ва сармоягузори аслии Тоҷикистон гардад

 Русия метавонад бо истифода аз ҳамаи роҳҳои баҳс дар мавриди тарҳҳои муштараки умедворкунанда мавқеияти собиқи худро ба унвони шарики аслии сармоягузори Тоҷикистон баргардонад. То соли 2017 сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистони асоситаринҳо буданд.

Рӯйдодҳои охирини дунёи модерни босуръат тағйирёбанда ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳоро бар он медорад, то дар робитаҳои худ бо соири кишварҳо таҷдиди назар кунанду мавқеиятҳои аз дастрафта дар ин ё он минтақаро бозёбӣ кунанд. Русия ба дунболи тағйири ҷаҳони якқутбӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар он талош мекунад, гегемонияи худро ҳифз кунад ва Маскав ин фурсатро дорад, то мавқеияти аз дастрафтаи худро ба унвони сармоягузори аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бозёбад.

Фаъолияти сармоягузории Русия дар даҳаи аввали асри нав дар Тоҷикистон фаъол буд, дар даҳаи дуюм сармоягузорони русӣ бо вуҷуди густурда будани зарфиятҳои ҳамкориҳои ду кишвар ба тадриҷ мавқеи худро бо бисёр омилҳо аз даст доданд. Бо дарназардошти ин ки бисёре аз тарҳҳои муҳими стратегии мавриди иҷро бо тавлиди санъатии Русияи гиреҳ хӯрдаанд, иқтисоди Тоҷикистон ба фанновариҳои нав ниёз дорад.

Дар моҳи оянда қарор аст, дар Владивосток ҳафтумин Форуми иқтисоии шарқӣ баргузор шавад, ки шиори он “Дар роҳ ба сӯйи ҷаҳони бисёрқутбӣ” мебошад. Тоҷикистон фурсати олӣ барои ёфтани шарикони нав дар платформаи бонуфуз ва муаррифии лоиҳаҳои ояндадори худро дорад, зеро бисёре аз кишварҳо дар ҳоли сохти занҷираҳои нави таъминот ҳастанд.

Рӯйдодҳои Форум ба таври анъанавӣ дар қолаби ҷаласоти панелӣ, мизҳои гирд, мунозираҳои телевизиюнӣ, ҳамҳориҳои тиҷорӣ ва гуфтугӯҳои тиҷории бахшида ба равобити Русия бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, баргузор мешаванд.

Имсол мавзуи аслии яке аз платформаҳои пешрафтаи иқтисодии Авруосиё мавқеи Русия дар сохтори ҷаҳонӣ бо таъкид бар ин воқеият аст, ки “алмоси таҳти фишор булӯр мешавад”, ки ин комилан бо равандҳои феълӣ дар сиёсати таҳримҳои ба истилоҳ “ғарби коллективӣ” дар робита бо иқтисоди Русия, мувофиқ аст.

Мавзуъҳои ин ҳамоиш, ки дар рӯзҳои 5 то 8-уми сентябр баргузор мешавад, гуногунанду Душанбеи расмӣ метавонад аз баҳс дар мавриди масоили марбут ба ҳамкориҳои Русия бо Чину Ҳинд баҳраманд шавад. Дар доираи ин чорабинии бузург, роҳҳои тавсеаи иқтисодӣ дар чорчӯби мушорикати бузурги Авруосиё ва нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаҳони дар ҳоли тағйир ба таври ҷудогона мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ширкаткунандагон ҳамчунин ин фурсатро хоҳанд дошт, ки таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони русро омӯзанд, бо хусусиятҳои бахшҳои иқтисоди Русия шинос шаванд.

Дар як ҷаласаи хосаи алоҳида тавозуни арзҳои ҷаҳонӣ дар шароити амиқтар шудани ихтилофҳо ва ҳамчунин нақши дороиҳои суннатӣ (тило) дар буҳрони молӣ баррасӣ хоҳанд шуд, ки ин барои ширкаткунандагони бахши моливу бонкии Тоҷикистон бисёр зарурӣ аст.

Дар ҳамоиши қаблӣ дар соли гузашта беш аз 380 қарордод ба арзиши 3,6 триллион рубл имзо шуд. Ба ин ҳуҷҷатҳое шомил мешаванд, ки маблағи онҳо сирри тиҷоратӣ нест.

Тоҷикистоне, ки манобеи бузурге аз маводи маъданӣ, потенсиали азими энергияи обиро бархурдор асту неруи арзони корӣ дорад, наметавонад мушкилоти иқтисодиро ба танҳоӣ ҳал кунад, аз ин рӯ, ба сармоягузорӣ, аз ҷумла ба сармояи инсонӣ ниёз дорад.

Русия то соли 2010 ба таври фаъол дар иқтисоди Тоҷикистони сармоягузорӣ мекард, аммо дар даҳаи дуюми асри бистуякум ин мавқеъиятҳо ба тадриҷ ба нафъи Чин аз даст рафт. Дипломатҳои рус фазои тиҷории номатлуб дар ҷумҳуриро далели аслии ин омил хонданд, аммо дар Душанбе коҳиши сармоягузории Русия дар кишварро ба итмоми тарҳҳои бузурги муштарак нисбат медиҳанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ба иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёдтар аз 2 миллион доллар аз Русия сармоягузорӣ шудааст.

Раиси ин идора Саъдӣ Қодирзода дар аввалҳои моҳи август гуфт, ки коҳиши сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон ба далели ба анҷом расидани чандин тарҳҳои бузург, ба вижа ба охир расидани бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, сохтмони маркази тиҷории «Созидание», ҳотели Hyatt Regency Dushanbe будааст.

Вай изҳори итминон кард, ки анҷумани муштараки сармоягузорие, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад, кори ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро ба сатҳи нав хоҳад расонд.

Ҳоло созмондиҳии занҷираҳои тавлид ва сохти муштараки байни ду кишвар, ки метавонад гоми муҳимме дар амиқтар шудани ҳамкориҳои иқтисодии байни Тоҷикистон ва Русия бошад, дар мадди авал меистанд. Ҳар ду тараф дар ҳоли баррасии имкони барқарории робитаҳо, ҷой додани фармоишҳо дар таъсисоти тавлидии Тоҷикистон, созмондиҳии корхонаҳои муштарак ҳастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба саноатисозӣ умед бастааст ва огоҳ аст, ки бидуни сармоягузории хориҷӣ кишвар наметавонад ба ҳадафи чоруми стратегии худ даст ёбад. Илова бар ин, мақомот дарк мекунанд, лозим аст сарчашмаҳои сармоягузорӣ диверсификатсия (муттанавеъ) шаванд, то аз технологияҳои чинӣ вобаста набошанд.

Бинобар ин, Душанбеи расмӣ ниёз дорад, то фаъолона рӯйи ҳамаи платформаҳои иқтисодӣ кор ва тарҳҳои умедворкунандаи худро дар онҳо пешбариву таблиғ кунад.

Комрон Сафаров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь