Аз замони сафар ба Амрико дар бораи ин мавзуъ меандешидам. Ҳоло ба ин назарам, ки перомуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико навиштан кори осон нест. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳама чиз маълум аст, вале вақте ба умқи он назар мекунед, саволҳои зиёди бепосух пайдо мешаванд ва нигаристан аз зовияҳои гуногунро талаб доранд. Албатта даъвои амрикошиносӣ надорам, чун ин ришта дар кишварамон пажуҳишгарони худро дорад, гузашта аз ин, омодагии ҷиддӣ ва мушоҳидаи тулонии мавзуъро тақозо мекунад. Барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Амрико пажуҳиши сиёсат ва роҳбурди ҷаҳонии ин кишвар ниҳоят муҳим аст. Ҳоло дар Тоҷикистон амрикошиносӣ дар ҳоли ташаккул аст. То ҷойе иттилоъ дорам, дар мавзуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико се нафар пажуҳишгарони кишвар Аҳмад Саидмуродзода ва Некбахт Дороншоева дар риштаи сиёсатшиносӣ ва Абдуқаюм Мамадазимов дар риштаи таърих рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд. Пажуҳашгарони шинохтаи кишвар Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ ва Парвиз Муллоҷонов перомуни роҳбурд, сиёсат ва ҳузури Амрико дар Осиёи Марказӣ мақолаҳои арзишманд доранд. Ҳоло дар сохтори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ шуъбаи ИМА ва Конодо фаъолият дорад, ки кормандонаш ба пажуҳиши ин кишварҳо машғуланд. Солҳои охир доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов дар маҷаллаҳои соҳавӣ перомуни сиёсат ва роҳбурдҳои ин ду кишвар мақолаҳои илмӣ нашр карданд, ки хондани онҳоро тавсия медиҳам.

Пешакӣ зикр мекунам, ки мавзуи ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико замони сафари мо тақрибан матраҳ нашуд. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва коршиносону таҳлилгарони амрикоӣ вақти дидор бо гурӯҳи мо перомуни ҳамаи панҷ кишвар суҳбат мекарданд ва мавзуи ҳамкориҳоро бештар дар қолаби минтақаӣ матраҳ месохтанд. Он чизе, ки ҳоло дар шакли фишурда менависам, бештар мушоҳидаву бардоштҳои худам ҳастанд. Аз ин рӯ, “сахт” нагиред, чун фарогири тамоми мавзуҳои мубрам ва рӯзномаи кунунӣ нест. Баръакс, матнро ҳамчун муқаддимае барои пажуҳиши оянда бипазиред:

Якум, рӯзномаи кунунии Амрико барои Тоҷикистон дар Роҳбурди вижа муаррифӣ мешавад, ки зикраш дар боло рафт. Барои густариши ҳамкориҳо бо ин кишвар шояд лозим аст, ки чунин роҳкоре аз ҷониби Тоҷикистон низ таҳия гардад (дар самти ҳамаи қудратҳои калидии хурду бузург омодасозии роҳкорҳои алоҳидаи кишвар аз аҳамият холӣ нест, ки бештар мавзуи кори пажуҳишгарони сиёсати хориҷӣ аст). Дар Консепсияи барҳоли сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти “инкишофи муносибатҳои гуногунҷанба дар асоси татбиқи манфиатҳои мутақобилан судманд” ва “ҳифзи хусусияти шарикӣ” бо Амрико зикр мешаванд. Дар дидору гуфтугӯҳои роҳбарияти олии кишвар бо давлатмардони Амрико манфиатҳои Тоҷикистон дар самти ин давлат возеҳ баён шудаанд. Дар асоси “Роҳбурди миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, маъхазҳои дастраси илмию иттилоотӣ ва таҷрибаи зиндаи ҳамкориҳо – рӯзномаи кунунии Тоҷикистон дар самти Амрикоро метавон таҳия кард. Нуктаи мазкур ба нишондоди банди 2.8.-и Консепсияи барҳоли сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки рӯйкарди берунаи кишварро “сиёсати шаффоф ва қобили пешгӯйӣ” таъриф мекунад, комилан ҳамнаво аст. Гузашта аз ин, моҳияти сиёсати дарҳои бозро ба шарикони хурду бузург ва дуру наздик беҳтар муаррифӣ мекунад, дидгоҳу рӯйкарди ватании сиёсати хориҷиро ба мухотабони дохилию беруна ошно месозад.

Дуюм, сол ба сол шумораи донишомӯзон аз Тоҷикистон дар мактабҳои олии Амрико меафзояд. Шаҳрвандони кишвар аз тариқи гуногун: аз ҳисоби волидайни худ ва бурсияҳои донишгоҳҳои Амрико таҳсил мекунанд. Барои ба вуҷуд овардани тавозун дар самти муҳоҷирати таълимии ҷавонон лозим ба назар мерасад, ки ба тадриҷ шумораи донишомӯзон дар донишгоҳҳои Амрико боз ҳам зиёд гардад. Тавре маълум аст, муҳоҷирати таълимии ҷавонон захираи дусатҳаи неруи нарм аст: аз як ҷониб ватани худро дар кишвари будубош муаррифӣ мекунанд ва аз ҷониби дигар бо фарҳангу анъанаҳои кишвари мизбон аз наздик ошно мешаванд. Ҳоло тавозуни муҳоҷирати таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ то ҷойе таъмин нест ва ин ҳолат дар дарозмуддат ба авлавияти сиёсати хориҷӣ низ метавонад таъсир расонад.

Сеюм, муҳоҷирати аҳолӣ як падидаи ҷаҳонӣ буда, аз ҳамаи кишварҳои пешрафта ва рӯй ба рушд ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола таъдоди муайяни шаҳрвадони кишвар ба Амрико аз тариқи грин-кард ва ғайра барои зиндагии доимӣ кӯч мебанданд. Бинобар омилҳои хос, тавонмандиҳои инсонии муҳоҷирони ватанӣ дар Амрико аз кишварҳои дигари мизбони шаҳрвандони кишвар ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад. Аксари онҳое, ки ба Амрико рафтанд, дар Тоҷикистон низ инсонҳои комёб ва дар риштаи худ соҳибкасб буданд. Дар Амрико дар соҳаҳои гуногун: омӯзишу парвариш, пажуҳиш, тиҷорат, фанновариҳои муосир, хидмати давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматрасонӣ ва ғайра фаъолият доранд. Ҷомеаи тоҷикистониҳои Амрико дар дарозмуддат барои рушди устувори кишвар, ба вижа барои дастёбӣ ба фанновариҳои имрӯза ва ҳимояти роҳбурди беруна хидмати арзанда карда метавонанд. Дар ин самт, сабақгирӣ аз вазъи ҳамватанонамон дар Русия аз аҳамият холӣ нест, то тақдири онҳо бо тоҷикистониҳои муқими Амрико такрор нашавад. Лозим ба назар мерасад, ки аз равиши кори чиниҳо, ҳиндуҳо, арманиҳо ва ғайра бо ҳамватанони бурунмарзиашон таҷриба гирем, як роҳкорро барои дарозмуддат таҳия ва аз рӯйи он иқдом кунем.

Чорум, боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Амрико бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои даҳшатафкан мавзуи ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо ин падидаи номатлубро мубрам кардааст. Мутаассифона, миёни боздоштшудагон зодагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Тавре 9-уми марти соли 2024 роҳбари кишвар дар дидор бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин зикр карданд: “дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон ба таркондани худ даст задаанд”. Истифодаи абзории шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти интиҳорӣ аз ҷониби Шохаи Хуросони Доиш бештар паҳлуи хориҷӣ дорад. Чун ҷонибҳои муайян бо афсонабофию ривоятсозӣ аз тариқи расонаҳои мухталиф ин мавзуро бозтоб медиҳанд ва сиёсати роҳбурдии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо даҳшатафканиро хадшадор кардан мехоҳанд. Арзёбии ривоятҳои як соли охир нишон медиҳанд, ки омили ҳузури зодагони кишвар дар сафи гурӯҳҳои даҳшатафкан дар бозиҳои геополитикӣ васеъ истифода шуда, масъалаҳои навро ба сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд овардааст. Таҳлили мавзуъ, ба вижа ривоятҳои сохтусоз мешуда нишон медиҳанд, ки ҳадафи аслӣ эҷоди имиҷи манфӣ барои кишвар ва барои мо тоҷикон мебошад. Барои коҳиши таъсири эҳтимолию воқеии чолишҳои манфӣ барои сиёсати хориҷӣ ва тасвири зодагони кишвар лозим ба назар мерасад, ки ҳамкориҳо дар ин самт бо Амрико густариш ёбанд. Ҳамзамон, ҳимояти вижаи расонаии таҷрибаи муқовимат ба даҳшатафканӣ дар кишвар, натиҷаҳои ҳамоишҳои сатҳи баланди “Раванди Душанбе” ва бештар муаррифӣ кардани ривояту дидгоҳҳои ватанӣ барои мухотабони беруна аз аҳамият холӣ нест.

Панҷум, густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Амрико имконоти зиёдеро барои боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар ба вуҷуд меорад. Дар ин росто таъсиси донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, ё намояндагиҳои мактабҳои олии Амрико назди донишгоҳҳои кишвар дар риштаҳои гуногун аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дида мешавад ва барои ҳамин эҳтимоли татбиқаш низ вуҷуд дорад.

Шашум, аз миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ислоҳияи Ҷексон-Веник ба Қонуни тиҷорати Амрико дар аввали солҳои 2000-ум танҳо барои Қирғизистон бекор мегардад. Ҳамасола риояи ислоҳияи Ҷексон-Веник барои Қазоқистон ва Ӯзбекистон боздошта мешавад. Кишварҳои минтақа барои пурра бекор шудани риояи ин ислоҳия бо амрикоиҳо гуфтушунид мебаранд. Дар рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ин мавзуъ аз солҳои 2010-ум ба мушоҳида мерасад. Агар татбиқи ин ислоҳия нисбат ба Тоҷикистон пурра бекор шавад, як такони ҷиддие барои тиҷорати дуҷониба ва роҳ ёфтани тавлидоти ватанӣ ба бозори Амрико мегардид (шарҳи мавзуъ: Ислоҳияи мазкур соли 1974 дар авҷи рақобату садгузории мутақобилаи Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Конгресс ба тасвиб мерасад ва ҳавзаи татбиқаш бештари кишварҳои коммунистӣ буданд. Мувофиқи нишондоди ин ислоҳия кишварҳое, ки ба муҳоҷирати озоди шаҳрвандони худ монеа месозанд ё маҳдудияти маъмурӣ ҷорӣ кардаанд, бо Амрико тиҷорати озодро ба роҳ монда наметавонист. Амрико ба колоҳои воридотии чунин кишварҳо боҷи калон муайян кард. Бо фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди амал қарор гирифтани ин ислоҳия перомуни ҷумҳуриҳои собиқи он боқӣ монд. Дар чор даҳаи охир Конгресси Амрико аксарияти ин кишварҳоро берун кард, вале то ҳол барои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ бекор нашудааст. Азбаски Тоҷикистон барои муҳоҷирати шаҳрвандони худ аслан монеа намесозад ва ҳамчунин узви Созмони Ҷаҳонии Савдо аст, аз доираи амали ин ислоҳия берун мебошад).

Ҳафтум, тавре дар боло ишора шуд, пажуҳишгарони Амрико ба сиёсати барҳоли кишвари худ таъсири амиқ доранд. Густариши ҳамкориҳо бо андешакадаҳои амрикоӣ ва ниҳодҳои таҳлилии донишгоҳҳои амрикоӣ барои Тоҷикистон нафъи зиёд дошта метавонад. Масалан, аз рӯйи хабарномаҳои пайвастаи Барномаи Осиёи Марказӣ (The Central Asia Program – CAP)-и Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтон маълум мешавад, ки ҳамоишҳои вижаи таҳлилию фарҳангӣ бахшида ба Қазоқистону Ӯзбекистон зуд-зуд баргузор мешаванд. Ин барнома лоиҳаи махсусро барои Қазоқистон дорад ва аз рӯйи он таҳлилгарони ин кишвар ба Амрико сафарҳои омӯзишӣ анҷом дода, марҳилаи такмили ихтисосро мегузаранд. Ҳамзамон, дар худи шаҳри Вошингтон ҳудуди 500 андешакада ва дигар созмонҳои донишмандӣ (машваратӣ) ҷойгиранд. Густариш додани ҳамкориҳои ниҳодҳои пажуҳишӣ, таҳлилӣ ва таълимии кишвар бо андешакадаҳо ва донишгоҳҳои Амрико ба фоидаи илму пажуҳишу таҳлили ватанӣ буда метавонад. ҳамчунин, фурсатҳои зиёде барои эҷоди имиҷи мусбати Тоҷикистон пайдо мегардад.

Рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико шароити мусоидро барои татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишвар меофарад, фурсатҳои навро ба вуҷуд меорад ва инъитофпазирии онро тақвият медиҳад. Дар умум, ҳамкориҳои нек бо Амрико ба ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими худсолории кишвар дар дурнамои дарозмуддат мусоидат мекунад.

Шералӣ РИЗОЁН,

сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь