Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Ба хотири мақому манзалати парчам ҳамчун рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди пояи бузурги парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба итмом расид. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳриДушанбе Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон буд, парафшон гардид.

Парчами давлатии Точикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буд, қадрдонии онҳо барои ҳар як шахрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Аюбзода Наҷмиддин Садриддин,

судяи Суди ноҳияи Шаҳринав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь