(андешае чанд дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар имтидоди соли 2023 фаро гирифтааст. Сарвари давлат дар муддати наздик ба сеюним соат атрофи масъалаҳои муҳим ва калидии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми имсола чанд мулоҳизаи хешро мухтасаран ироа медорам:

Якум. Давра ба давра ва марҳила ба марҳила боло бурдани музди меҳнати хизматчиёни низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмуъ, сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум аз вазифаҳои стратегию барномавии раҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат дар Паём таъкид карданд, ки аз якуми январи соли 2024  музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон, Сарвари давлат масъалаи аз 1-уми июли соли 2024 сӣ дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро тазаккур доданд. Илова ба ин, тибқи таъкидоти Сарвари давлат, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Ба ин тартиб, Президенти кишвар дар доираи Паём изҳор доштанд, ки аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ бесобиқа аст.

Дуюм. Самти маорифи ватанӣ дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор дошт ва дорад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи ватанӣ ва дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, дар раъси тамоми суханрониҳои Паёмии Сарвари давлат қарор дорад. Ҳанӯз дар Паёми  худ аз 23-юми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатсозии миллӣ ва пайванди мазмунию мундариҷавии сохтмони давлат ва ҷомеаро бо шахсияти омӯзгор мадди назар қарор дода, тазаккур дода буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад”. Ба ин маъно,

дар Паёми имсола ҳам масъала ва мушкилоти соҳаи маорифи ватанӣ ҳадафмандона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, Сарвари давлат дар ин замина ҷиддӣ фармуданд: “Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Сеюм. Сарвари давлат ба таъриху фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, дар тамоми суханронию дидору мулоқоташон ба гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин ҳам маълум аст, ки Сарвари давлат фарҳангро ба унвони “ҳастии миллат” эълом кардаанд ва ҷиҳати рушди ин соҳаи маънавиятсоз тадбирҳои судманд меандешанд. Ин аст, ки дар доираи Паёми имсола масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро матраҳ карда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Зимни ироаи Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Сарвари давлат афзуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Чорум. Сарвари давлат дар Паёми имсола рушди минбаъдаи саноати ватаниро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ унвон карда, дар ин замина тазаккур доданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла таъкид карданд: “Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд”. Ҳамчунин изҳор гардид, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд сомониро ташкил додааст.

Сарвари давлат дар заминаи сохтмони аср – НОБ-и Роғун, ки аз ҷумлаи  иншоотҳои бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад,  изҳор доштанд: “Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.» Дар идома Сарвари давлат афзуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.

Панҷум. Зимни иртибот гирифтан ба масоили ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад. Дар ин замина, дастур дода шуд, ки тамоми сохтори  мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Ба ин манзур Сарвари давлат фармуданд: “…аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.

Шашум. Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид. Дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, ки соли 2023 Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид.

Ҳафтум. Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паёми худ муқарраран таъкид мекунанд ва дар ин Паём ҳам масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ матраҳ гардид. Тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи миллӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Хулоса, Паёми имсола самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро фаро гирифта, ба сифати як барномаи муфассали  рушду тавсеаи миллӣ роҳро барои зиндагии шоистаю арзанда ҳамвор месозад.

Нодир НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь