Оё Байден тавонист Президентҳои Осиёи Марказиро ҳавасманд гардонад?

Чанд рӯз пеш раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ню-Йорк дар нишасти С5+1 ҷамъ омаданд.

Оё рӯзномаи чорабинӣ бо манфиатҳои кишварҳои минтақа мувофиқат мекард ва равобити Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кадом самт аст?

Шавқи бемисл

Майдони муколамавии “Осиёи Марказӣ – ИМА”  ҳанӯз соли 2015 таъсис ёфта буд (нахустин мулоқот дар шаҳри Самарқанд баргузор гардида буд), баъдан мулоқотҳо дар сатҳи намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ барпо гардида ва аз шаҳодат медоданд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёде надорад. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ  дар мулоқоти нахустини худ ягон амали мушаххас ё лоиҳаи бузурге барои минтақаро пешниҳод накарда, танҳо бо суханронии хушку холӣ дар бораи “ҳамкорӣ ва якҷо амал кардан” иктифо намуд.

Нишасти “С5+1» эҳтимол ҷавобе ба нишастҳои мисли сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки дигар марказҳои қудратии  ҷаҳонӣ гардид: Ҳиндустон (январи соли 2022, ба тариқи онлайн), Иттиҳоди Аврупо (октябри соли 2022, Остона; июни соли 2023, Чолпон- Ата), Чин (майи 2023 сол, Сиан), Халиҷи Форс  ( июли соли 2023, Ҷидда).

Аммо аз аввали соли 2022 таваҷҷуҳи бемисли фаъолияти дипломатии ИМА ба Осиёи Марказӣ  ба назар мерасад – дар ин муддат теъдоди зиёди ҳайатҳои воломақоми Амрико ба минтақа  ташриф овардаанд, ки инро бешӯбҳа, бо тақвияти муқовимати Амрико бо Русия ва Чин, ки бо кишварҳои минтақа шарикии стратегӣ доранд, маънидод кардан мумкин аст. Нишасти охирро низ таърихӣ номидан мумкин аст, зеро дар он президенти Амрико Ҷо Байден ширкат дошт – қаблан ягон президенти Амрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ сари як миз нанишаста буд ва ё ба минтақао сафаре надошт.

Оё иштироки Ҷо Байден дар ин нишастро метавон нишонаи болоравии ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҷадвали авлавиятҳои сиёсати хориҷии ИМА арзёбӣ кард?

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» мегӯяд: «Албатта,  иштироки  президенти Амрико дар нишасти «Осиёи Марказӣ ва ИМА» – як тағйироти ҷиддӣ дар формати он маҳсуб меёбад.  Бо ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехост нишон диҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз  метавонанд натанҳо бо сарвари  Амрико, балки бо раҳбарони тамоми кишварҳои Ғарб иртиботи “мустақим” дошта бошанд ва ҳангоми иҷрои баъзе шарту талаботҳо  ба шарикии дарозмуддат бо Иёлоти Муттаҳида  умед банданд. Вале маълум аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида нақши ночиз доранд. Ин нишаст ба  иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рост омад ва метавон бо итминони комил гуфт, ки пас аз як ё ду сол чунин нишаст бо иштироки президенти Амрико баргузор нахоҳад гашт ва формати он боз  то ба сатҳи сардорони ниҳоди дипломатии ИМА поён хоҳад рафт.

“Ягон тағйироти ҷиддиро дар сиёсати  ИМА  дар минтақа интизор набояд шуд, зеро ин кишвар мисли қабл бо дили нохоҳам ба лоиҳаҳои иқтисодии  Осиёи Марказӣ  ҳамроҳ мешавад ва дар баробари ин,  кӯшиш хоҳад кард, то  дар фазои иттилоотии он фаъолона амал намояд” – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Чунин мулоқотҳо то кадом андоза зарур мебошанд? Албатта, заруранд, аммо барои муҳокимаи самтҳои ҳамкорӣ, муайян кардани афзалиятҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич муҳим мебошанд. Интизории ҷонибҳо аз мулоқот гуногун буданд: дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зарурати ҳалли сареи мушкилот дар Афғонистон мегуфтанд, президенти Амрико бошад аз зарурати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар  ин кишварҳо ҳадс зад».

Мавзӯи нишаст

Воқеан, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин нишаст аз нуқтаи назари манфиатҳои миллии кишварҳояшон муносибат карда ва аз ин рӯ, муаммоҳои  барояшон муҳимро ироа намуданд. Президенти Қазоқистон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пешниҳоди имкониятҳо барои ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои коркарди канданиҳои фоиданок, энергетикаи барқароршаванда ва саноати коркард таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон ин нишастро ҳамчун имконияти нав барои ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.

Гӯё дархости иштирокчиёни нишастро  оид ба ҳамкории нақлиётию логистикӣ дастгирӣ карда, Ҷо Байден пешниҳод намуд, ки  ҷиҳати ҷалби сармояҳо барои кушодани долони  байналхалқии нақлиётии Транскаспий – масире, ки бидуни дахли Русия, Чинро  тавассути Қазоқистон, баҳри Каспий ва Гурҷистон бо кишварҳои Аврупо мепайвандад, корҳоро  оғоз кунанд.

Сарвари Қирғизистон аз ҷолибияти сармоягузории минтақа  сухан карда, қайд намуд, ки Қирғизистон ба ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар соҳаи иқтисодиёти сабз, гидроэнергетика, технологияҳои иттилоотӣ, шуғл ва маориф, инчунин, саноати нақлиёту логистика манфиатдор аст. Содир Ҷапаров ҳамчунин, изҳори умедворӣ кард, ки Амрико дар масъалаи таҷдиди  қарзи хориҷӣ бо Қирғизистон ҳамкорӣ намояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи захираҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ва обшавии пиряхҳо суханронӣ кард. Сарвари Тоҷикистон ба масъалаҳои Афғонистон,  мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муҳиммияти ҳифзи марзҳои Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ ҳамчунин, хостори таҷдиди  низоми ҷаҳонии молиявӣ гардида ва ҳамзамон таъкид намуд, ки тадбирҳои дар ин самт андешидашуда  набояд ба афзоиши қарзи давлатҳо оварда расонанд.

Дар навбати худ Ҷо Байден бо ҳамтоёни осиёимарказиаш  дар мавриди он, ки чӣ гуна Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои минтақа «барои таҳкими минбаъдаи истиқлолият, шукуфоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон метавонанд, ҳамкорӣ кунанд» мубодилаи афкор намуд. Президенти Амрико махсусан ба масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ тамаркуз кард. Дар ин маврид бояд ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳеч гоҳ кишварҳои Осиёи Марказиро ба феҳристи кишварҳои демократӣ шомил накардааст ва онҳоро ҳукмфармо (давлати тоталитарӣ) медонад ва аз ин рӯ, худро ҳақ мешуморад, ки ба корҳои дохилии кишварҳо дахолат карда, ҳуқуқу озодиҳои мардумро ҳимоят мекунад.  Президенти Амрико кишварашро як намунаи демократия меҳисобад ва дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин масъала  махсус ишора намудааст.

Ба андешаи  баъзе коршиносон, ИМА дар оянда мехоҳад  дар Осиёи Марказӣ  блоки ҳарбии ғарбгаро  таъсис диҳад, ки  ба муқобили Русия ва Чин равона шуда бошад.  Дар ин росто ҷолиби қайд аст, ки дар арафаи нишасти «С5+1»  раиси кумитаи Палатаи болои қонунбарори  (Сенати) ИМА оид ба амнияти миллӣ  Гэри Питерс  ба  кишварҳои минтақа сафар кард.

Қобили зикр аст, ки бар хилофи пешгӯиҳои баъзе аз коршиносон, рӯзномаи нишаст ошкоро хусусияти зиддирусиягӣ ё зиддичинӣ, ба истиснои чанд нуқтаи алоҳидаро надошт.

Якуним сол боз намояндагони  ниҳодҳои дипломатии Амрико  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ташвиқот мебаранд, таҳдид мекунанд ва таҳримот ҷорӣ менамоянд, то ин ки кишварҳо равобити иқтисодии худро бо Маскав қатъ кунанд. Вале  ин кӯшишҳои онҳо натиҷа надода ва баръакс хавфи  дур кардани  минтақа аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро пеш меорад. Аз ин рӯ, имрӯз Амрико  саъй дорад робитаҳои худро бо минтақа ҳифз кунад. Бесабаб нест, ки масъалаи Афғонистон  яке аз мавзӯҳои асосии ин нишаст гардид, ҳамчунин, Вашингтон  фаъолона  хоҳиши  иштирок дар халли муноқишаи  марзии тоҷикону қирғизонро изҳор намуд.  Таъкид ба ёдоварист, ки вогузор кардани масоили амниятии минтақа аз  Русия ба  Амрико, заминаеро барои ноором кардани вазъ  ва вуруди исломгароёни радикалӣ фароҳам хоҳад овард.

Тағйироти нобаробар

Дар ин ҳангом, Амрико дар минтақа ҳеч гуна лоиҳаҳои бузургу муҳимми иқтисодиро амалӣ намегардонад. Ваъдаи Блинкен дар мавриди ҷудо кардани 25 миллион доллар ба кишварҳои минтақа барои пайвастан ба таҳримҳои алайҳи Русия мисли дигар ваъдаҳои молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хандаовар ба назар мерасад.

Русия ба фарқ аз ИМА,  нияти густариш додани ҳамкорӣ  бо Тоҷикистон дар бахши технологияҳоро дорад. Бонки рушди АвруОсиё  барои амалигардонии лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар давраи солҳои 2023 то 2026  650 миллион доллар ихтисос хоҳад кард.  Дар ин ҳангом асосан ба кори Фонди ҳамкории техникӣ ва Фонди ташаббусҳои рақамӣ такя (таваҷҷуҳ) карда мешавад.

Дар ин маврид метавон ҳаҷми муносибатҳои иқтисодиро дар мисоли муомилоти мол байни кишварҳо мисол овард. Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2022 18,3 фоиз афзуда, ба 1,4 миллиард доллар расидааст (маълумоти Хадамоти федералии гумруки Русия). Тақрибан 50 фисади савдои мутақобила бо асъори миллӣ сурат мегирад. Вале гардиши мол байни ИМА ва панҷ кишвари минтақа дар соли 2022 каме бештар, яъне 2 миллиард долларро ташкил дод, ки 78%-и он танҳо ба худи Қазоқистон рост меояд. Амрико барои шаҳрвандони минтақаи мо наметавонад чунин бозори кориро, ки дар Русия аст  ва яке аз омилҳои асосии некӯаҳволии мардум гардидааст, таъмин кунад.

Чунин ҳамкории фаъол бо Русия ба рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон мусоидат мекунад – сатҳи камбизоатӣ дар  кишвар аз 31 фоиз дар соли 2015 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёфт. Дар давоми панҷ соли охир даромади аҳолӣ 2,1 баробар афзуда, афзоиши миёнаи солонаи иктисодиёт бошад ба 7,3 фоиз расид.

Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ  созмонҳои минтақавӣ, аз қабили  СААД, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ, БРИКС  мавқеи назаррас доранд. Ин созмонҳо манфиатҳо ва ҳадафҳои ба ҳам мувофиқ  доранд, ки ин ҳама самаранокии фаъолияти онҳоро бештар мекунад  ва  моро водор месозад, ки дар бораи  ҳамгироии онҳо андеша кунем. Ба ин тартиб, чанде пеш Беларус пешниҳод кард, ки як нишасти умумии БРИКС – Иттиҳоди АвруОсиё – СҲШ баргузор карда шавад. Ҳоло вазорати хориҷаи Русия рӯи ин масъала кор карда истодааст. Вазорат қайд намуд, ки аъзои ин Иттиҳод дар мавриди “қобили қабул набудани маҳдудиятҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ ва чораҳои протексионистӣ” мавқеи умумӣ доранд ва ҷонибдори бунёди инфрасохтори мустақили молиявӣ, гузаштан ба пардохтҳо бо асъори миллӣ, маблағгузории муштараки лоиҳаҳо ва таъсиси иттифоқҳои технологӣ мебошанд.

Барои ҷамъбаст метавон гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бешубҳа ба тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ манфиатдор ҳастанд ва минтақа барои нигоҳ доштани мувозинат байни чанд маркази кашиш талош дорад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь