“Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст”.

Эмомалӣ Раҳмон  

Модари тоҷик шахсиятҳоеро ба дунё оварда ва тарбият намудааст, ки дар ҷодаи илмию адабӣ ва таърихиву сиёсӣ бо корномаҳои худ исмашонро дар таърих бо хатҳои заррин сабт намудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар кадоме онҳо бо фазлу дониш, шуҷоату далерӣ ва бузургиву тавонмандии хеш шӯҳратёр гардидаанд ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошанд. Мардоне вориди майдон гардидаанд, ки ба кулли тақдири миллатро тағйир ва бо қарорҳои хеш роҳи ояндаи тараққиёти ҷамъияти инсониро муайян намудаанд. Куруши Кабир аввалин шуда, дар таърихи башарият низоми одилонаю инсонпарваронаро ҷорӣ намуд, ки давлатҳои мутараққии олами муосир акнун дар таҷрибаи худ истифода намуда истодаанд. Дар майдони набард фарзандоне ворид шуданд, ки зидди зулму истибдод, беадолатию нобаробарии иҷтимоӣ, беназмию бенизомӣ ва муҳимтар аз ҳама зидди истиллогарон мубориза бурда, дар баробари сиёсатмадорону доираҳои фарҳангӣ номҳои худро дар таърих сабт намудаанд. Ҳамаи шӯру ошӯбҳои саҳафоти таърихӣ маҳз барои решакан намудани султаи бегонагон дар сарзамини аҷдодӣ ва расидан ба давлатдории миллӣ будааст, ки намунаи олии он давлатдории Сомониён ва Тоҷикистони имрӯза мебошад.

Қаҳрамонон дар майдони набард буданду доираҳои илмию адабӣ барои пешгирии нуфузи фарҳанги бегонагон ва ҳифзи ҳуввияти миллию арзишҳои фарҳангии худ дар тарғиби ғояҳои сирф миллӣ пешқадам буданд. Зеро як халқ бо забон, урфу одат, расму русум ва фарҳангу маданият, ки бастаи арзишҳои миллиро ташкил медиҳанд, метавонад ҳастии худро нигоҳ дорад. Ва миллате, ки ба қадри ин арзишҳо намерасад, маҳкум ба нобудист:

Миллатеро рафт чун ойин зи даст,

Мисли хок аҷзои ӯ дарҳам шикаст.

Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динию мазҳабӣ (ҷаҳолат), тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ ва ғайра хидмат менамуд. Маҳз барои нигоҳдории фарҳангу маданияти худ ва барои ба наслҳои оянда интиқол додани онҳо, олимону адибони мо баъд аз истилои араб талошҳои зиёд намуданд, бо забони бегона муқовимат ва мубориза бурданд, яъне баргардон кардани осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора нахустин муҳаққиқи осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушод ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».

Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат бо асарҳои безаволи худ мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ, ҳимояи Ватан ва шарафи инсониро таҳким бахшидаанд. Ҳатто ба ҷабру ситами давр нигоҳ накарда намоянагони илму фарҳанг бо эҷодиёти худ мудом рӯҳи миллиро дар вуҷуди халқ парвариш медоданд:

Мулки Аҷам чу туъмаи туркони аъҷамист,

Оқил куҷо бисоти таманно барафканад?

Тан гарчи суву этмак аз эшон талаб кунад,

Кай меҳри шаҳ ба Отсизу Буғро барафканад.

Ҳамин тариқ, то ибитдои асри ХХ ҳар навъе ниёгонамон кӯшиш мекарданд, мавҷудият ва асолати худро нигоҳ доранд. Вале, ҳаводисҳои асри ХХ барои бисёре аз халқиятҳо ҳалкунанда буданд, хусусан барои миллати мо тоҷикон. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои миллат боз олимону адибон вориди майдон шуданд. Устод Айнӣ яке аз қаҳрамонҳои ин майдон буд. Нахустин асарҳои назмиву насрии устод, аз ҷумла «Марши ҳуррият» ва қиссаи «Одина», дар ташвиқу тарғиби рӯҳи миллӣ, бедорӣ, худогоҳии мардум нақши бузург бозидаанд:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид,

Муждагонӣ диҳед, эй асирон!

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Маҳз тарғибу ташвиқи озодӣ ва даъват ба худшиносию худогоҳии миллӣ дар эҷодиёти намояндагони илму фарҳанг буд, ки мардум барои раҳоӣ аз султаи бегонагон даст ба ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ заданд. Вале пас аз заволи салтанати хонадони манғитиҳо, боз миллати тоҷик ба фоҷеаи дигари аз ин ҳам бузургтар рӯ ба рӯ шуд. Авҷи ҳаракати сиёсии “Пантуркизм” мавҷудияти миллати мо ва фарҳангу маданияти моро зери хатар қарор дод. Маҳз сиёсати ҳамин ҳаркат буд, ки дар тақсимоти миллӣ – ҳудудии соли 1924 халқи тоҷик нодида гирифта шуд. Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар асараш “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926)  исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Бо овардани  намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рудакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурузон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Дуои модари Садриддин Айнӣ, ки ҳангоми нафасҳои охиринаш ба ӯ дода буд, мустаҷоб гардид. “Ба ҳазор дароӣ, писарам…”. Маҳз ҳамин дуои модар буд, ки имрӯз исми устод Садриддин Айнӣ бо асарҳои безавол ва хизматҳои шоистааш дар ташаккулёбии халқи тоҷик то абад дар хотираи таърихӣ нақш баст.

Дар баробари устод Айнӣ боз дар сиёсат мардоне ворид шуданд, ки барои бунёдӣ давлатӣ миллӣ бо ҷасорату нотарсӣ қадам задаанд. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур – яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон буданд. Маҳз садои синасӯзу ҷонкоҳи онҳо буд, ки пораи ночизе аз ҳудудҳои таърихии гузаштагонамон насибамон гардид. Талоши ҳамин гуна шахсиятҳои фидокору мардони майдон буданд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ нисбати миллати мо таҷдиди назар намуда, дар соли 1929 Эъломия дар бораи таъсиси ҶШС Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Модари тоҷик фарзанди хоксору ватандӯстеро бо номи Бобоҷон Ғафуров ба воя расонд. Инъикоси таърихи пурифтихори миллат дар шоҳасари худ “Тоҷикон” мардуми кишварро бо омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони хеш дар тӯли таърих, ба тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ даъват менамояд ва ба ин васила, ҷаҳониёнро аз нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ огоҳ менамояд.

5 – уми октябри соли 1952 модаре тифлеро ба дунё овард, ки дар оянда будану набудани мо ҳамчун миллати воҳиду том ба ӯ бастагӣ дошт. Тарбият ёфтан дар мактаби модар дар ӯ шахсияти қавииродаю собитқадам, далеру ҷасур ва нотарсеро шакл дод. Ӯ ҳамон нафарест, ки ҳангоми фоҷиаи миллӣ зуҳур намуда, ки гуфтаҳои зеринро ба субут расонид: “Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба кулли тағйир медиҳанд”. Дубора офтоб тобон болои миллати тоҷик дурахшиду таноби қудратро ба дасти худ гирифт:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Пас аз асрҳои тӯлонӣ дубора миллати тоҷик тақдири худро рақам мезанад. Бинобар ин: «Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёгони хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдорамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлату миллатамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем».

Идомаи мантиқии муборизаи ватанпарастонаи аҷдодонамонро дар фаъолияти нафароне, ки ҳоло ҷон ба каф гирифта барои нигоҳдории фазои сулҳу субот ва ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ нигоҳбонӣ мекунанд, дида метавонем. Маҳз ҳамин ифтихор аз гузаштаи таърихии худ ва арҷгузорӣ ба дастоварҳои ниёгони хеш аст, ки дар ин сарзамин боз мардоне вориди майдон шуда истодаанд, ки корномаҳои гузаштагонро такрор карда истодаанд.  Бидуни ҳеҷ қайду шарт ва суолу ҷавобе дар оғӯши марг хобидаанд.

Бинобар ин, гуфтаҳои зер бояд барои насли ҷавон панде гардад: “Мо на баҳри худ, балки баҳри Ватан зода шудаем”. Ё гуфтаҳои Президенти Амрико – Ҷон Кеннедиро метавон мисол овард: “Напурсед, ки Ватан барои шумо чӣ кор карда метавонад. Аз худ бипурсед, ки шумо барои Ватан чӣ кор карда метавонед”. Зеро, танҳо Ватан он чизеро дар бар мегирад, ки барои ҳама азиз аст.

Сангов Шерафган, коршиноси масоили сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь