(Дар ҳошияи Изҳороти Президенти ҶТ дар бораи вазъи Афғонистон)
Изҳороти фавқулодаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон рӯзи 25-уми августи соли равон ҳангоми мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Покистон ҷаноби Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, тавре ки аз вокунишҳо ба он дар дохил ва хориҷи кишвар бармеояд, барои бисёриҳо, аз ҷумла сиёсатмадорон ва коршиносон, ғайримунтазира ба назар мерасад. Зеро онҳо одат ба он карда буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ дар сиёати хориҷии худ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, сарфи назар аз он ки ҳукуматҳои вақти ин кишвар ошкоро сиёсати такқавмии пуштунгароиро пеш гирифта, мақоми иҷтимоии тоҷикон, забон ва фарҳанги онҳоро маҳдуд сохта, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва низомии онро аз саҳнаи фаъолият дур ва ё террор мекарданд, ба хотири ҳифзи муносибати ҳасанаи ҳамҷаворӣ мадоро мекард. Ҳамзамон, иқрор бояд низ шавем, ки дар ин фосилаи бист соли охир сиёсати хориҷии мо нисбат ба Афғонистон дар сатҳи расмӣ на ҳамеша бо воқеъиятҳои он кишвар мувофиқат менамуд.
Вале дар асл Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввал муносибати худро нисбат ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо дарназардошти чанд омили бисёр муҳим, аз ҷумла сокини муқимии ин кишвар будани тоҷикон, ки тақрибан нисли аҳолии онро ташкил медиҳанд, ҷо доштани марказҳои асосии миллӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллати мо, аз қабили Ҳироту Балху Сиистон дар он, умумияти таърихию сиёсию динию, фарҳангию забонӣ ва ғ. ба таври аниқу дақиқ ва муносиб муқаррар карда буд. Зимнан, ҳеч кишвари дигари ҷаҳон, ба истиснои Эрон ва Ӯзбекистон, чунин имтиёзоти истисноиро дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сазовор нагардида буд. Ин ҳолати истисноӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми сентябри 2002) ба таври равшан дарҷ гардида буд. Ва яке аз сабабҳои аслии дар вақташ махфӣ шудани матни Консепсияи мазкур низ дар ҳамин буд. Маҳз дар ҳамин Консепсия, аз ҷумла таъкид гардида буд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки… дар оянда дар он ҳукумати фарогир дар заминаи сиёсӣ ва қавмӣ ташкил ёбад”.
Далели дигаре, ки Афғонистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз ҷойгоҳи вижаи худро дошт ва ҳамеша дар маркази диққати сардори Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт, ин аст, ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз пеш аз он ки воқеъаҳои фоҷеабори 11-уми сентябри 2001 дар Нюйорк рух диҳанд ва Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо ифротгароӣ дар Афғонистон таъсис ёбад, борҳо аз минбарҳои СММ ва дигар созмонҳои бонуфӯзи байналмилалӣ ва минтақаӣ кӯшиш намуда буд, ки диққати ҷомеаъаи ҷаҳониро ба таҳдид ва хатарҳое, ки аз режими «Толибон» сармезанад, аз ҷумла густариши терроризм, қоҷоқи маводи мухаддир, ифротгароии динӣ ва ғ. ҷалб бикунад. Вале, мутаассифона, ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин таҳдиду хатарҳо бепарво буд. Мо қонеъ аз он ҳастем, ки худи ҳаёт дурустии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба Афғонистон ба исбот расонд ва баъдатар бисёре аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва давлатҳои хориҷӣ ба ин “гуноҳи” худ иқрор шуданд. Чунончи, Сафири Норвегия дар ОБСЕ ҷаноби Кай Эди дар замина иброз дошта буд, ки “ҳоло бояд муқаррар намуд, ки кӣ ба кӣ ҳамроҳ шудааст? Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалӣ ва ё Иттиҳод ба Тоҷикистон, ки бо терроризм ва ҳамаи хавфу хатарҳое, ки аз Афғонистон таҳдид мекунанд, зиёда аз ҳафт сол аст, ки мубориза мебарад. Аниқтараш, ин мо ҳастем, ки ба тоҷикон пайвастем”.
Лозим ба таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори созмон додани Иттиҳоди кишварҳои ҳамзабон (Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) ҳам буд ва дар чорчӯби созмони мазкур тарафҳо ба тавофуқ ҳам расида буданд, ки Телевизиони муштарак ташкил шавад ва фаъол гардад. Мутаассифона, таассуби забоние, ки дар ҳукумати вақти Афғонистон дар баробари забони форсӣ (тоҷикӣ) мавҷуд буд, монеъи амалӣ гардондани он шуд.
Бинобар ин, нуктаҳои аслии Изҳороти рӯзи 25-уми августи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон, ки ба назари бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ғайримунтазира намуд, ҳама аз батн ва матни сиёсати аслии кишвари мо нисбат ба Афғонистон сарчашма мегирад.
- Бунёди ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳои муқими он кишвар, аз он ҷумла тоҷикон, ки зиёда аз 46%-ро ташкил медиҳанд;
- Тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми сазовор ва муносиби худро гиранд;
- Сохтори давлати оянда дар Афғонистон аз роҳи райъдиҳӣ ва бо дарназардошти мавқеъи тамоми сокинони он муайян карда шавад;
- Тоҷикистон ҳеч як ҳукуматеро, ки аз роҳи зулм, таъқиб ва бидуни ба эътибор гирифтани мавқеъи тамоми қавму миллиятҳои Афғонистон ташкил дода мешавад, эътироф нахоҳад кард;
- Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои таъмини сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон ба таври фаврӣ чораҳо андешад ва аз роҳи музокирот барои ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар мусоидат намояд. Дар акси ҳол бетарафии ҷомеъаи байналмилалӣ ба вазъи мураккаби Афғонистон ба оғози ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ хоҳад овард.
Сабабҳои Изҳороти қотеъона ва ошкорои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон, ба назари мо, инҳо метавонанд бошанд:
- Тасарруфи Афғонистон аз тарафи гуруҳи ифротӣ ва қавмгарои «Толибон», ки ба он ҳукумати такқавмии “сенафараи” Ғании хоин ва ёронаш заминасозӣ карда буданд. Инро иқрори Ашраф Ғанӣ пас аз фирораш дар ҳузури 50 нафар ҳамқавмонаш, ки дар Дубай намудааст, тасдиқ мекунад. Ин хоини бешараф бо як ифтихори ҷоҳилона чунин гуфтааст: “Кореро, ки ман кардам, на Амонуллохон тавонист, на Довудхон, на доктар Наҷиб! Ин аст, ки тамоми сарзаминро моҳирона ва оқилона аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Кандаҳору Ғазнию Бомиёну Урузгон, ба моликҳои аслиашон супурдам ва на бо дасти холӣ, балки бо қулурдуҳо (дивизияҳо), салоҳу муҳимот ва ин кори сода набуд! Даври аввали раёсатиҷумҳурӣ ҳам мехостам, аммо вақташ муяссар нашуд, даври дувум бо чанд ҳамфикри дигар, чун Муҳиб соҳиб, Фазлӣ соҳиб, Довудзай соҳиб, Стоникзай соҳиб ва ғ. ба натиҷа расидем, ки аз шарри Шимол – Рашид Дӯстум, тоҷик ва ӯзбак халос кунам, ки фақат як роҳ буд ва он ҳам ҳузури фотеҳу қотеи Толибону бас!”;
- Идомаи сиёсати қавмгароёна, хосса зиддитоҷиконаи таҳрики «Толибон» ҳангоми истилои самти шимоли Афғонистон;
- Даст кашидани «Толибон» аз ваъдаи ташкили ҳукумати муваққат бо иштироки густурдаи намояндагони нерӯҳои сиёсии дигар ва нияти сохтани Аморати исломӣ;
- Оғози ҷанги «Толибон» дар Панҷшер бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо сардории омири ҷавон Аҳмад Масъуд фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид, ки бо Президенти муҳтарами Тоҷикистон дӯстӣ ва ҳамкории наздик ва бародарона дошт;
- Дарки ҳамрайъӣ ва дастгирии баъзе аз кишварҳои минтақа ва дунё. Тасодуфӣ набояд бошад, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 2-уми сентябр дар Екатеринбург дар баробари равшан намудани мавқеъии кишавараш нисбат ба Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди «Толибон» дар дараи Панҷшер таъкид дошт, ки “дар ин маврид нақши муҳимро метавонад Тоҷикистон бозӣ кунад. Чунки муҳраи асосии нерӯҳои муқовимат дар Панҷшерро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд”.
Дар гармогармии Изҳороти рӯзи 25-уми августи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон худи ҳамон рӯз бо ташаббусҳои Президенти Шӯрои Аврупо ҷаноби Шарл Мишел ва Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон баргузор гардидани суҳбати телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон ва даъвати ӯ барои сафар ба Брюссел ва Порис гувоҳи равшани ин аст, ки онҳо бо мавқеъи ӯ мувофиқанд ва аз он дастгирӣ карданианд. Зимнан, Дабири кулли СММ низ 31-уми август дар мулоқот бо намояндагони кишварҳои “панҷгонаи” узви Шӯрои амнияти СММ аз зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид дошт ва ин умеди моро ба он бештар мегардонад, ки мавқеъи роҳбари Тоҷикистон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Вокуниши муғризонаи Ҳикматёри кӯрнамак ба Изҳороти 25-уми августи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз муқтазои табиати тоҷикбадбинӣ ва форсиситезиаш аст, на аз ақли солим. Ӯ буд, ки бо ҳукумати профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд фақат ба хотири тоҷиктабор буданашон ҷанг мекард. Ва ин ҳама ба ивази он ки ӯро дар вақташ Аҳмадшоҳи Масъуд аз марги роста наҷот дода, мақомоти Тоҷикистон замоне ӯро аз шарри «Толибон» паноҳ дода буданд.
Нашри ду фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани Раиси ҷумҳури вақти Ҷумҳурии исломии Афғонистон профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва вазири дифоъи вақти он кишвар, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 дар таърихи 2-уми сенябр ва ду ҳушдори охири ӯ: а) дар бораи қатъи барқи тамоми нуқоти Афғонистон ва б) равон кардани нерӯҳои вижаи низомӣ дар сурати то шаб дубора васл нашудани барқу мухобирот ва сабт шудани ягон покистонӣ дар миёни «Толибон»-и асир шаҳодат аз он медиҳад, ки азми Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар дифоъ аз ҷону моли ҳамтаборони худ дар Афғонистон ва манфиатҳои миллии онҳо қатъист.
Чунин сиёсат ва ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи қонунии ҳаммиллатони худ дар кишвари ҳамсоя дар вазъияти ҳозира, ки “Толибон” ба тамоми нерӯ ва имконоте, ки дар ихтиёр доранд, ҳамла ба Панҷшер карда истодаанд ва масъалаи буду набуди қавми тоҷик дар миён аст, комилан дуруст ва саривақтист.
Мо ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳаққу ҳуқуқи тоҷикони дунё барор мехоҳем.
Абдунабӣ Сатторзода,
профессор