Вазъи Афғонистон, ки бо бурун рафтани қувваҳои эътилофӣ, гуруҳи террористии “Толибон” тавонистаанд, дар як муддати кӯтоҳ ҳокимиятро ғасб намоянд, бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро такон дод ва онҳоро дар ҳолати шок гузошт. Аксар аз кишварҳои ҷаҳон сиёсат ва муносибаташонро дар баробари воқеъияти Афғонистон дар ҳолати номуаянӣ гузошта, ба вазъи ба амал омадаи ин кишвар тамоюлҳои гуногунро нишон доданд. Иддае аз онҳо ҳарчанд ба таври расмӣ ҳукумати “Толибон”-ро дар кишвари Афғонистон эътироф накарда бошанд ҳам, вале баъзе аз аломатҳо аз ҷониби онон ба амал бароварда шуд, ки аз омодаи ҳамкорӣ будан ба ин гуруҳҳо далолат мекард.

Мусалам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамсоягӣ ба кишвари Афғонистон қарор дошта, дарозтарин марзро бо ин кишвар дорад. Аз ин лиҳоз, вазъи дар ин кишвар бавуқуъпайваста, наметавонист Тоҷикистонро бетараф гузорад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ғасби ҳокимият дар Афғонистон ва сари қудрат омадани “Толибон”, мавқеи устувори худро баён намуда, ҳанӯз дар аввалин вохӯрие, ки бо вазири корҳои хориҷии Покистон – Қурайшӣ баргузор гардид, иброз дошта буданд, ки Тоҷикистон танҳо ҳукумати қонунӣ ва бо иродаи мардум интихобшуда, фарогири манфиати ҳамаи қавмҳову тамоми гуруҳҳои сиёсии дар ин кишвар бударо эътироф менамояд.

Минбаъд ҳамин гуна мавзеъгирии устуворро зимни нишасти сарони СҲШ дар Душанбе ва зимни суханрониашон дар Ассамблеяи СММ, ҳамчунин, ҳангоми сафари Аврупо иброз дошта буданд. Чунин мавзеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари илмӣ, сиёсӣ, ҳукуқӣ, миллӣ ва риояти ҳуқуқу озодиҳои инсон дуруст, саривақтӣ ва муҳиму устувор буд, ки гузашти анқариб се моҳ аз қудратро ғасб намудани Толибон дар Афғонистон воқеияти худро боз ҳам собит намуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат ҳамеша масъалаи сулҳу суботи  ҳамсоякишварро дар меҳвари суханрониҳои хеш қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки ҳанӯз дар нахустин суханронии худ аз минбари баланди СММ 30-уми сентябри соли 1993 Сарвари давлати тоҷикон вазъи Тоҷикистонро таҳлил намуда, воқеияти Афғонистонро чунин шарҳ дода буданд: «Мо қатъиян бовар дорем, ки дастгирии ҷидду ҷаҳди серзаҳмати роҳбарияти Афғонистон дар бобати барқарор намудани сулҳу оромӣ дар сарзамини машаққатдидаи Афғонистон нафақат ба манфиати ин мамлакат, балки ба манфиати тамоми сайёра мувофиқ мебуд. Замонҳое буданд, ки баъзе давлатҳо барои ҷанги Афғонистон маблағҳои зиёд харҷ мекарданд. Ба фикрам вақти он расидааст, ки дар ин ҷо ба барқарор кардани ҳаёти осоишта ёрӣ расонда шавад. Афғонистони ноорому номуътадил нафақат ба Тоҷикистон хавф дорад».

Бори дигар, ин андеша аз тарафи Пешвои миллат моҳи сентябри соли 1994 дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба тарзи зайл баён нкарда шуд: «Вазъияти ин мамлакат, ки ҷанги дохилӣ бар муносибатҳои ҷамъиятӣ ғолиб омадааст, ҷомеаи ҷаҳонро бепарво гузошта наметавонад. Муноқишаи Афғонистон хавфи ба миён омадани воҳидҳои ҷузъии ҷуғрофиро пеш меорад, ки дар оянда заминаи терроризми байналхалқӣ ва худсарона паҳн гардидани аслиҳаю маводи нашъаовар шуда метавонад. Вазъияти сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон вазъияти як минтақаи бузургро муташанниҷ мегардонад. Мо ҷомеаи ҷаҳонро даъват менамоем, ки проблемаи Афғонистонро ҷиддан мавриди муҳокима қарор диҳад. Бовар дорем, ки  коҳиши шиддати вазъияти Афғонистон ба ҳалли проблемаҳои байни тоҷикон низ таъсири мусбат хоҳад расонд».

Дар иҷлосияи панҷоҳуми Ассамблеяи Генералии СММ 24 октябри соли 1995 вазъи мутташаниҷи Афғонистонро таҳлил карда, дар бораи Афғонистон чунин изҳор намуда буданд: «Тамоюлҳои торафт авҷгирандаи шиддати вазъ дар ин ҷо на танҳо амнияти кишвари моро ба хатар мувоҷеҳ месозанд, балки дар онҳо раванди харобиовари буҳрони азиме ниҳон аст.

Мо ҷомеаи байналмилалиро даъват менамоем, ки ҳарчи зудтар ба барқарории сулҳ дар ин сарзамини ҷафокашида мусоидат кунанд. Ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон на фақат иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақа, балки амали самарабахши Созмони Милали Муттаҳидро  тақозо мекунад. Проблемаҳои рушди иқтисодии давлатҳои навтаъсиси аъзои СММ бо масоили амнияти ҳамагонӣ вобастагии амиқ дорад».

Талошҳои пайгиронаи худро нисбат ба қазияи Афғонистон Президенти Тоҷикистон идома дода, соли 1998 дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод намуданд, ки дар атрофи Афғонистон бо мақсади пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва саркӯбсозии терроризми фаромиллӣ «камари амният» ташкил карда шавад.

Вақте ба раванди мантиқии пайгирии кишвари мо аз вазъи кишвари Афғонистон таваҷҷуҳ менамоем, хоҳем дарёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо дар мавриди қазияи Афғонистон дар он мавқеъ буд, ки  «буҳрони Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва онро фақат бо роҳи ҳалли мусолиматомези сиёсӣ, бунёди ҳукумати фарогири сиёсӣ ва миллӣ бартараф кардан мумкин аст». Пешвои миллати тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон хоҳони бунёди Афғонистони боамну босубот ва дар ҳоли рушду пешрафта мебошад. Мавзеъгирии охирини Пешвои миллат нисбат ба қазияи Афғонистон аз ин собиқаи тулонӣ маншаъ гирифта, бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ин кишварро ҳамчун кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки беш аз 47 дарсади бошандагони онро тоҷикон ташкил медиҳанд, дониста, манфиатдори он аст, ки дар ин кишвар сулҳу субот ва оромиши бардавом пойдор гардида, ба як ҳамсоякишвари рушдкардаи амн табдил ёбад. Бо назардошти ҳамин нукта ва пешгирӣ аз бадтар шудани авзоъ дар ҳама нишастҳои ахир аз аъзои СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ даъват ба амал оварданд, ки ба қазияи Афғонистон расидагӣ намоянд ва нагузоранд, ки он ба як меҳвари ноамниву терроризими ҷаҳонӣ табдил ёфта дар он ба наслкушиву аз байн бурдани қавмҳову милллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон даст бизананд.

Мусаллам аст, ки “Толибон”, ки ҳоло ҳукуматро дар Афғонистон ғасб намудаанд, ҳамчун гуруҳи террористӣ дар сатҳи иддае аз кишварҳои ҷаҳон ва инчунин аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамчун гуруҳи террористӣ эътироф гардидаанд.

Тавре аз мадорики воқеъияти солҳои 90-и асри гузашта, ки дар кишвари Афғонистон рухдода бармеояд, “Толибон” тайи солҳои 90-ум дар ин кишвар ҳокимиятро ғасб намуда, бадтарин шеваҳои аз байн бурдани инсонҳоро ба миён оварда буданд. Онҳо тамоми анвои гуногуни санъат, мусиқӣ ва ҳамагуна унсури тамаддуниро нобуд сохтанд. Дар баробари ин, нисбати зиёиён, донишмандон ва тамоми нафароне, ки ба дидгоҳу рӯҳияи онҳо мувофиқ набуданд, муҷозоти сахттарин, яъне қатлро бо шеваҳои ваҳшонияти баланд, раво дида буданд. Ҳамчунин, занонро ба ҳошия ронда ин кишварро ба даврони ҷомеаи барбарӣ табдил дода буданд. Аз тарафи дигар, идеологияии интиҳории толибонӣ аз синни хурди тарбияи афрод онҳоро дар рӯҳияе мағзшӯӣ менамояд, ки худро дар малои ом таркондану аз байн бурдан, ки боиси марги дастаҷамъии ҳазорон ҳазор мегардад, ҳамчун як амали мусбӣ арзёбӣ карда мешавад. Ҳамин аст, ки ин гуруҳ дар 20 соли ахир садҳо таркишҳои интиҳорӣ анҷом додаанд, ки боиси марги ҳазорон ҳазор нафар гардидааст. Амалкардҳои солҳои 90-и қарни гузашта дар Афғонистон нишон додаанд, ки таассубият ва ҷаҳли мураккабу таҳаммулнопазирии “Толибон” то ҷое аст, ки онҳо ҳатто осори тамаддунии ҳазорон ҳазор сол пеш мавҷуд буда, яъне он чи ки ҳазорсолаҳо пеш аз Ислом мавҷуд будааст ва осори боқимонда аз он давронро таҳаммул карда наметавонанд. Далели ин гуфта пеш аз ҳама нобуд намудани намунаҳои ёдгории кӯҳантарин ҳайкалҳои Буддо дар Бомиёни Афғонистон аст. Ин гуруҳ ҳамин ёдгориҳоро, ки ба намунаҳои бузургтарин ёдгориҳои таърихии инсонияти ЮНЕСКО дохил карда шуда буданд, аз байн бурданд. Ин худ далели он аст, ки таассубият, нодонӣ ва ҷаҳолати толибонӣ то андозае баланд ва таҳаммулнопазир аст, ки онҳо ҳатто дарки арзиши осори таърихӣ ва таҳаввулу рушди тамаддуни башарро тасаввур карда наметавонанд.

Ғайр аз ин, ҳазорон мавриде ба назар расидааст, ки онҳо занонро бо фаҷеҳтарин шиканҷаву зулм тариқи сангсор карданд, ба дор овехтан, қатъи дасту пой, сӯзонидан ва интиҳор намуданду нобуд кардаанд, ки ҳамаи ин ҷиноят алайҳи башарият ва поймол намудани ҳуқуқи башару озодиҳои инсонист. Ҳамин аъмоли ғайриинсонӣ ва куштору шиканҷа, нобудии фарҳанг ва бо тариқи зурӣ дигар кардани ҳокимияти сиёсиро, ки боиси марги ҳазорон ҳазор мегардад, ба инобат гирифта кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ гуруҳи “Толибон”-ро гуруҳи террористӣ эътироф намуда, бар алайҳи онҳо чи аз назари идеологӣ ва чи аз назари сиёсӣ эътилофҳоеро алайҳи терроризм ба вуҷуд оварда буданд.

Дар эътилофи мазкур кишварҳои гуногуни ҷаҳон, шомил буда, ҳамчунин аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид низ қатъномаҳои муайян дар бораи мубориза ба “Толибон” ҳамчун гуруҳи террористӣ ба имзо расида буд. Табиӣ аст, ки дар ин мавқеъ як гуруҳе, ки тамоми умр ва даҳшатафканию ифротгароӣ ва аз байн бурдану куштор машғул бударо эътироф кардан, хиёнат ба арзишҳои башарӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба ҳуқуқи башар ва қонунҳои байналмилалӣ буд. Ҳамин аст, ки мавзеъгирии Пешвои тоҷикон дар нисбати вазъи бавуқуъпайвастаи кишвари ҳамсоя аз назари инсондӯстӣ, риояти ҳусни ҳамҷаворӣ ва риоёти муоҳидаҳои байналмилалӣ ва устувор будан дар мавқеи худу тасмимигирии озоди сиёсиро бо назардошти манофеъи миллӣ ба миён гузоштан, бори дигар шахсияти қавии сиёсиву фарҳангӣ будани он касро собит намуд.

Бо тағйири авзоъ дар Афғонистон баъзе аз кишварҳои манфиатдори ҳокимияти толибонӣ даъвои он доштанд, ки гӯё дар дарозои 20 соли ахир “Толибон” тағйир карда бошанд ва онҳо ба як гуруҳи муътадил ва оромишписанд табдил ёфта бошанд, ки  ин танҳо як хаёли хоме беш нест, зеро дар давоми се моҳи ахир, ки “Толибон” дар Афғонистон ҳокимият менамоянд, ҳаводиси ба вуқуъ омада нишон медиҳад, ки онҳо ҳеч тағйире накардаанд. Ҳамон навъе ки қаблан аз шеваҳои зӯриву қатлу куштор ва таҳаммулнопазирӣ кор мегирифтанд, ҳамон гуна амалкардро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. Онҳо ҳарчанд даъво доштанд, ки ба Кобул то ба вуҷуд омадани як ҳукумати фарогир ворид намешаванд, вале аҳдшиканона онҳо вориди Кобул шуданд ва ҳукумати аз тарафи мардум интихоботшударо чи дар сатҳи парлумон ва чи дар сатҳи ҳукумати иҷроия пурра салби салоҳият намуда, худашон якҷониба бе назардошти райъу хоҳиши мардуми Афғонистон ҳукуматеро ба вуҷуд оварданд, ки ин ҳукумат, танҳо аз “Толибон” ва қавми паштун иборат аст. Пас аз вокуниши иддае аз кишварҳову созмонҳо оиди таъсиси як ҳукумати ҳамашумул, “Толибон” иддао доштанд, ки як ҳокимияти фарогирро таъсис хоҳанд дод, аммо аслан ҳокимияте, ки ба вуҷуд оварданд, на аз лиҳози касбию ҳирфаӣ ва на аз лиҳози идоракунии сиёсӣ ва на аз нигоҳи қавмӣ амалан қобилияти идоракунии сиёсии ин кишварро надорад.

Ҳамин аст, ки онҳо баробари ворид шудан ба Кобул бар алайҳи ҳамаи он бовару тақозоҳое, ки аз ҷониби иддае аз кишварҳо дар нисбати “Толибон” ба вуҷуд омада буд, ки онҳо тағйир хурдаанд, мутаассифона, ин гуруҳ ҳеч тағйире накарданд ва давоми ин се моҳ онҳо ҳамон амалҳои хушунатомези ифротиву даҳшатафкании хешро дар саросари қаламрави Афғонистон идома дода истодаанд. Ҳоло “Толибон” ба ҳошия рондани занҳо ва онҳоро аз тамоми мақоми иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ канора ронда, ҳатто таҳсили занону духтаронро дар мадориси миёнаву олӣ тамоман манъ карданд. Тамоми анвои мусиқӣ, санъат, зебоипарастӣ ва амсоли инро, ки баромада аз табиати одамианд ва унсурҳои асосии фарҳанг низ ба шумор мераванд, дар Афғонистон мамнуъ эълон намудаанд. Ҳатто бурунрафти занонро бе шавҳаронашон ба кӯча манъ намудаанд. Саволе ба миён меояд, ки чӣ чизе аз “Толибон” тағйир карда бошад, ки баъзе аз кишварҳо дар лобалои эътироф ва барқароркардаи муносибат ба ин гуруҳи террористианд. Дар ин муддати фаъолият онҳо нишон доданд, ки ба ҷуз аз даҳшатафканӣ зурӣ ва чаповулию ғоратгарӣ ҳеҷ як амалеро, ки аз он умедвор шуд, ин гуруҳ тағйироти мусбии сифатӣ намуда бошад, вуҷуд надорад. Идеологияи инсонбадбинӣ ва бартарияти миллию қавмӣ гузоштаашон боиси он гардидааст, ки дар манотиқи тоҷикнишин ва қавмҳои ҳазораву ақалиятҳои дигар, гуруҳҳои мухолифро “Толибон” ба тарзи ваҳшиёна дастаҷамъӣ ба қатл мерасонанд, ки пайдо шудани қабрҳои дастаҷамъии кушташудагон дар саросари Афғонистон махсусан дар Панҷшер, Ҳирот, Андароб ва дигар минтақаҳои тоҷикнишин далели ин гуфтаҳоянд. Пас ҳамаи ин нишони он аст, ки “Толиб” ва идеологияи толибонӣ ҳеч гоҳ тағйире нахоҳад кард ва “Толибон” ҳеч гоҳ дар як паймон устувор нахоҳанд буд, зеро аз диди ҷаҳонбинӣ, касабият онҳо ба ҷуз аз тафаккури ифротӣ, таассубзадагӣ чизе дар худ надоранд. Аз ин рӯ, интизор шудан, ки онҳо тағйир мекунанд, ин танҳо як хаёле ва як саробе беш нест. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, то дар баробари ин гуруҳи террористӣ тасмими дуруст ва саривақтӣ бигиранд, вагарна вазъи ба вуҷуд омадаи Афғонистон буҳрони инсонӣ аст, ки дар пайи худ метавонад як фоҷеаи бузурги инсониро дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд оварад. Зеро то ба ҳол дар Афғонистон як ҳокимияти муқтадире, ки тавонад вазъро танзим кунад, вуҷуд надорад. Бечорагӣ, бадбахтӣ ва фақр дар ин кишвар бедод мекунад. Ин бенизомӣ як заминаи аз сар то сари ҷаҳон ҷамъ омадани гуруҳҳои террористии дигар ба марзи Афғонистон хоҳад гашт ва онҳо дар дурнамо метавонанд ба тамоми минтақаҳои Осиёи Миёнаву марзҳои Чин ва қаламрави манфиатҳои геосиёсии Русияву Эрон таъсири манфии худро гузошта, эҳтимолияти як бенизомии фарогир ва ҷангҳои минтақавӣ ба назар мерасад.

Бо далоили нуктаҳои дар боло ишора шуда, метавон бори дигар тасдиқ намуд, ки воқеан мавқеи Пешвои миллати тоҷикон бо тамоми таҳлилҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиву миллӣ, мавқеъгирии хирадмандона, инсондӯстона ва милливу воқеъӣ ва ҳақиқати бебаҳс будааст, ки инро таҳлили гузашти анқариб се моҳи ҳукуматдории “Толибон” тасдиқ менамояд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь