Дар таърихи навини миллати мо нуҳуми сентябр рӯзи фархунда ба ҳисоб меравад, зеро он рӯзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Истиқлолият ҳамчун рамзи озодию ягонагӣ мустақилият ва ба дасти хеш гирифтани сарнавишт мебошад. Он барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагӣ мебошад.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф кунанд. Соли ҷорӣ Истиқлолияти давлатии кишвари моро сӣ сол сипарӣ мешавад. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим меояд, ки фаъолиятро дар ҳама самту соҳаи хоҷагии халқ баҳри пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият ба роҳ монда, барои пешрафти кишвари азиз саҳмгузор бошем.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарчанд мушкилоту монеаҳо кам набуданд, вале бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрро гузошта, ба корҳои азими созандагӣ шуруъ намудем. Умед ҳаст, ки дар чанд соли оянда кишвари маҳбуби мо ба яке аз давлатҳои аз лиҳози иқтисодиву саноат пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Тавре ба ҳама маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ назди худ се ҳадафи муҳими стратегӣ гузошта буд, ки зина ба зина барои расидан ба онҳо пеш мерафт. Инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд. Хушбахтона, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмини рафтуомади мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳама минтақаҳои кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Хусусан, дар ин давра роҳсозӣ яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти олии кишвар буд, ки тавонист мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшад. На танҳо роҳҳои дохилӣ, балки роҳҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ низ бунёд гардиданд. Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани пулҳо аз самти Тоҷикистон ба тарафи давлати ҳамсоя – Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он ҷумла мебошад.

Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар беш аз 2000 километр роҳҳои автомобилӣ, 5 нақби автомобилгард, 3 нақби қаторагузар, 173 километр роҳҳои оҳан бунёд шудаанд. Инчунин, соли гузашта дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлат иншооти муҳими ҷашнӣ – нахустин роҳи сесатҳа дар Тоҷикистон дар маҳаллаи 82 ва назди беморхонаи “Қарияи боло” дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ҳадафи дигари Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд, ки хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ноил гардид. Бешубҳа, бунёди обанборҳои хурду бузург, бо шумули Агрегати аввали НБО «Роғун» далели расидан ба истиқлолияти энергетикист. Истиқлолияти энергетикӣ бошад, дар баробари ҳадафи стратегии мамлакат будан инчунин рушди иқтисодиёт, зиндагии осоишта, ташаккулу мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ дар ҳама самту соҳа ба шумор меравад. Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки умед дорем то чанд соли дигар ба ин мақсади олӣ низ ноил мегардем. Барои расидан ба саноати пешрафта, албатта кадрҳои соҳибтахассус, бомаърифат ва ватандӯсту донишманд лозим аст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо ёдовар шудаанд, танҳо кадрҳои баландихтисосу донишманд қодиранд, ки вазъи иқтисодии давлатро беҳтар гардонида, рушди саноатро боло баранд. Бовар дорем, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ, осоиштагиву ҳамдилӣ давоми як-ду соли оянда ба ин ҳадафи олӣ низ мушарраф мегардем ва Тоҷикистони азиз ба як кишвари пешрафта табдил меёбад.

Илова бар ин, соли 2021 мо 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро таҷлил мекунем. Ба ин муносибат иншооти гуногун, мактабу муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду бузург, таъмиру ифтитоҳи роҳҳо, нақбу пулҳо сохтаву мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки ҳамаашон моро боз ҳам хушҳол мегардонанд. Ин ҳама ободкориҳо ба хотири зиндагии осоиштаву босаодати халқи Тоҷикистон аст. Мардуми шарифи кишвар ҳам дар пайи ин ҳама ободкориҳо, албатта бо дасту дили гарм кору фаъолият намуда, ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо сари баланд ва хотири шод пешвоз мегиранд. Зеро таҷлили Истиқлолияти давлатӣ таҷлили иди миллии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Зебунисо САТТОРЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Вахш

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь