Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23 – юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ва­тан ва кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ киш­вари азизи Соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшон­тарин арзишҳои тамаддуни бузур­ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

Агар ба саҳифаи 32 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст.

Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 32 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумӯъ ёфтааст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гуруҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирузӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳварӣ мутааллиқ ба Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд. Истиқлолияти миллию давлатӣ ҳодисаи бошарофат аст.

6 – уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда, ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳила ба марҳила меафзояд. Ҳарчанд эъмо­ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.

Мо метавонем танҳо бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давла­тро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 кишвари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими киш­вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки месозад ва эҷод мекунад то ба ола­миён нишон диҳад, ки дари хонааш барои ҳама дӯстон кушодаю чеҳрааш хандон, меҳмондӯст асту дӯстию сулҳ шиори ягона­аш. Халқи мо мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин гардондаанд. Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.

Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият иф­тихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 32 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Ху­довандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизи арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодаем, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созан­дагиву ободкории миллату давлат дар да­сти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватана­мон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем.

Дар даврони 32 – солагии Истиқлоли­ят мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 32 сол халқамон ба шарофати меҳнати бу­нёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофа­ти сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва­ри азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо купрукҳои боҳашамат сохта ба ис­тифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра­вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то­беъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё­на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпакараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 32 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам руш­ду нумӯъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.

Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду ну­мӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонони зодаи Истиқлолият барои обо­дии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.

Фархунда Қурбонова,

мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣи

Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь