Солҳои 30-юм ва баъдиҷангӣ колхозҳои тоҷикон дар доманаи силсилакӯҳҳои Туркистон, зери кӯҳсори Белесеник бисёр заминҳоро ихтиёран ба муассисаҳои кишоварзии қирғизӣ додаанд. Сабаб аз нигоҳи имрӯз содадилона менамояд – мехостанд аз сарбории андоз халос шаванд. Гап дар он аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таснифот ба қатори ҷумҳуриҳои зироаткор дохил мешуд, аммо Қирғизистон – чорводор. Дар оғози солҳои 30-юм дар Шӯравӣ бо ҳадафи зиёд кардани саршумори чорво хоҷагиҳои чорвопарвар, ки заминҳоро ҳамчун чарогоҳ истифода мебурданд, аз андоз барои замин озод карда мешуданд. Заминҳоро ба ҳамсояҳо дода, хоҷагиҳои тоҷикистонӣ ҳуқуқи дар онҳо чаро додани молҳояшро нигоҳ медоштанд. Яъне аз ин иқдом ҳеҷ бохте надоштанд. Танҳо акнун дарк мешавад, ки ин чӣ беандешагие буд. Имрӯз мо наметавонем умуман даъвои ин заминҳои қад-қади кӯҳҳоро кунем. Зиёда аз ин, бояд фикр кунем, ки чӣ тавр заминҳои боқиро аз ҳамсояи хира, ки иштиҳои носолимаш сол то сол  авҷ мегирад, ҳимоя намоем.

Боре як рафиқ зарбулмасали қирғизиро ба хотир овард: “Худаим бермеса, сартим берер”, яъне “Агар Худо надиҳад, тоҷик медиҳад”. Инҷо раҳмдил будани тоҷикон дар назар аст, вале зоҳиран қирғизҳои кӯчӣ масалро дигар хел дарк кардаанд: «Худо надиҳад, тоҷик ҳаст, аз ӯ кашида гирифтан мумкин». Ҳамсояҳои мо ба насиҳатҳои таърихии гузаштагонашон такя намуда, то имрӯз мувофиқи ҳамин шиор зиндагиашонро пеш мебаранд… Инро дар омади гап нақл кардам.

Хуб, меоем сари мавзӯъ. Чун сухан аз ҳудудҳо меравад, ба хотир овардани таърихи иваз намудани ду нуқтаи аҳолинишин – Ҷигдалик ва Самарқандак бамаврид аст. Дар Ҷигдалик, Санҷидзори имрӯза, тавре медонем, бештар қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Самарқандакро тоҷикон, эшонҳои аз Самарқанд омада таъсис додаанд. Кай ва чаро ба инҷо кӯчидани онҳоро намедонем. Тахмине ҳаст, ки инҳо нафарони аз лутфи ҳокимони Бухоро хеле пештар аз Инқилоби Октябр маҳрумшуда будаанд. Дар Самарқандак имрӯз низ авлоди эшонҳоро пайдо кардан мумкин аст. Боре иттифоқан як омӯзгорро дар шаҳраки Сомониён вохӯрдам, ки ба қирғизӣ олӣ суҳбат мекард. Суол кардам, ки аз куҷоед, гуфт, муддати мадид дар Самарқандак зистааст. Хешовандони ӯ ҳоло ҳам онҷо рӯз ба сар мебаранд. Онҳо аз авлоди эшонҳо ҳастанд. Дарвоқеъ, муносибатҳои тоҷикон ва қирғизҳое, ки дар Самарқандак зиндагӣ мекунанд, аз қирғизҳои Оқсой ва Коктош ба куллӣ фарқ доранд. Эҳтимол, аз он сабаб аст, ки инҷо қирғизҳои аз минтақаҳои дигар кӯчида омада, яъне «бегонаҳо» зиёданд. Самарқандакиҳо мисле ки худианд.

Самарқандак дар ҳақиқат пеш замини Тоҷикистон буд. Санадҳои таърихӣ ба он ишора мекунанд, ки ивази Самарқандак ба Ҷигдалик соли 1927 рух дод. Аммо ман шубҳа дорам, ки чунин бошад. Зеро ба гумон аст, Тоҷикистон ба ивази масоҳатҳои калони қисман барои кишоварзӣ созгор ба даштҳое, ки танҳо андак замини маскунӣ доштанд, розӣ шуда бошад. Ягон нимкосае ҳам инҷо бояд бошад.

Дар Ҷигдалик дар оғози солҳои 30-юм танҳо наздики бист қирғиз маскун буд. Эҳтимол, дар ин ҳудуд заминҳое буданд, ки баъди бунёди обанбори Қайроққум зери об мондаанд. Ман тахмин мекунам, ки иваз метавонист ба сабабҳои иқтисодӣ, яъне сохтмони НБО-и Қайроққум, ба дигар ҷой гузарондани роҳи Хуҷанд – Конибодом рӯй дода бошад. Маҳз зарурати бунёди роҳи автомобилгард метавонист Тоҷикистонро ба ҷустани роҳҳои иваз водор созад, зеро НБО барои ҷумҳурӣ хеле муҳим буд. Шояд лоиҳаи он ҳанӯз то замони ҷанг вуҷуд дошт, ҳарчанд неругоҳ танҳо соли 1957 сохта шуд.

Акнун суоле ба миён меояд: Ҷигдалик кадом ҳудудҳоро фаро мегирад? Мо аз таърихи пайдоиши як қатор нуқтаҳои аҳолинишини шафати роҳи Хуҷанд-Конибодом медонем, ки ҳеҷ кадом аз деҳаҳои имрӯз онҷо ҷойгир пеш вуҷуд надошт. Агар бархе вуҷуд доштанд, дар дарунтари ҳудуди Қирғизистон воқеъ мешуданд. Деҳоти Арка, Жаштик, Борбурдук ба ҳамин наздикӣ пайдо шуданд. Баъзеҳо васеъ гардида, дар солҳои 80-ум ва оғози 90-ум то лаби роҳ расидаанд. Шояд таҳти номи Ҷигдалик тамоми ҳудудҳо аз Қарақчиқум (Ҷаҳонзеб) то Қистақӯз (Хистеварз) дар назар буд? Шояд чунин бошад.

Аммо чизи дигар ҷолиб аст. То замоне, ки Ҷигдалик ва Самарқандакро иваз накарданд, ҳардуи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон буданд. Яъне тоҷикон ба хотири пас гирифтани заминҳое, ки дар замони коллективизатсия барои халосӣ аз бори андозҳо ба ҳамсоя доданд, ба Қирғизистон Самарқандакро бахшиданд. Ҳудуде, ки имрӯз дар он кони 1/2 воқеъ аст, ҳамин тавр ба ҳамсоя гузашт. Имрӯз агар ба харитаҳои Google назар андозем, метавонем бубинем, ки тамоми деҳаҳои қирғизии сари роҳи Хуҷанд-Конибодом, ки бо ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи мо ҳамсояанд, яъне Арка, Жаштик, Жани Жер, Борбурдук, Мақсат, Интернатсионал дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд.

Тавре дар харитаҳои Google мебинем, нуқтаҳои аҳолинишини Арка, Жаштик, Борбурдук, Интернатсионал дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Аммо Н. Мирсаидов бар он аст, ки Қирғизистон метавонад ба роҳбарияти Google фишор орад, то хатти марзи давлатҳоро ба манфиати ҶҚ тағйир бидиҳанд.

Кони 1/2-и шаҳри Шӯроб бошад ҳамчун воқеъ дар ҳудуди Қирғизистон ишора шудааст. Он, ки Коктош (Шахча), Оқсой (Тангии Ворух), Коктерек (Говсувор) таърихан заминҳои тоҷикон буданд, ҷойи баҳс нест. Охир сарҳад дар оғози таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон тариқи қуллаҳои камари шимолии силсилакӯҳҳои Туркистон мегузашт. Пеш марзҳои ҷумҳуриҳоро аз сабаби надоштани мутухассисон ва таҷҳизот барои чену андоза кардани хатҳои марзи байни ҷумҳуриҳо ҳамин хел ҷудо мекарданд.

Маълумоте ҳаст, ки имрӯз дар Қирғизистон талош мекунанд ба роҳбарияти Google барои тағйир додани харитаҳо таъсир расонанд. Арзномаи дастаҷамъӣ навишта, имзо ҷамъ мекунанд. Мегӯянд, дар ин низом Қирғизистон мутахассиси худашро дорад. Нашавад, ки боз дертар аз ҳамсояҳо аз хоб хезем ва инҷо ҳам натавонем аз манфиатҳои худ дифоъ кунем?

Имрӯз зарурате ба миён омадааст, тамоми маводе ҷамъ оварда шавад, ки то ба лаҳзаи ҷорӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ҳудудҳои мазкур ва аз ҷониби Қирғизистон ғасб шудани онҳоро собит месозанд.

Фаҳмидан лозим аст, ки оё воқеан кӯшишҳо барои таъсир расондан ба маъмурияти Google ҷой доранд. Пасон ба маълумоти онҳо бояд расонд, ки Тоҷикистон аз фишор ба сохторҳои байналмилалӣ бо ҳадафи ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ дар арсаи ҷаҳон огоҳ аст ва далелҳои хешро пеш бояд овард, ки қирғизҳо ҳеҷ асос барои даъвои ин хоку бумеро кардан надоранд, ки дар харитаҳои Google ҳамчун қаламрави Тоҷикистон қайд гардидаанд, зеро тарафҳо ҳанӯз санаде доир ба марз ба имзо нарасондаанд.

Аз харитае, ки аз GOOGLE-maps нусхабардорӣ шудааст, баръало аён аст, ки заминҳои моро кӣ ишғол мекунад. Алъон ин «ғасби хазанда»-и заминҳои тоҷикӣ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ ба роҳи Хуҷанд-Конибодом наздик шудааст, дар он мавзеъ иншоотҳои сершумор бунёд шудаанд, ки дар онҳо қирғизистониҳо кору зиндагӣ мекунанд. Чун аз иштиҳои ҳамсояи носерам бохабарем, пешгӯӣ метавон кард, ки даъвои навбатӣ аз соҳибӣ ба худи ин роҳ мешавад.

Неъматулло МИРСАИДОВ, шореҳи сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь