Дар ҳама давру замон таъмини амнияти ҷомеаву давлат муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Хусусан, дар маркази давлатдорӣ ҳифзу таъмини амнияти давлат бисёр муҳим мебошад. Чун ҳифзу устувории давлат ояндаи таъмини амнияти милливу амалишавии идеяҳои бузурги сатҳи миллӣ мебошанд. Бо кӯшишу ғайрат ва донишу хиради воло баъзе гурӯҳҳои этникиву миллӣ тавонистанд, ки дар асрҳои 20 ва 21 барои худ давлати алоҳидаи миллиро таъсис диҳанд. Бояд гуфт, ки дар раванди ташкилу ҳифзи давлати мустақил тамоми миллатҳои давлатдор заҳмату ҷоннисориҳои зиёд кардаанд. Дар ин роҳ ҳазорҳо ҳаммиллатони худро фидо намуданд, ки то соҳиби истиқлоли сиёсӣ ва давлати миллии худ гарданд.

Имрӯз низ зиёда аз ҳазорҳо гурӯҳу ҷамъиятҳои этникиву миллӣ кӯшиш доранд, ки бо ҳар роҳу воситае истиқлолият ва давлати миллии худро ба даст оранд. Мутаассифона, бинобар омилҳои гуногун дар замони муосир таъсиси давлати миллӣ бисёр ҳам мушкил ва ҳифзи он низ аз он ҳам мушкилтар мебошад. Чун бештари давлатҳое, ки дар дохили онҳо шумораи миллатҳои дигар зиёданд, тамому нерӯву таҷрибаи худро истифода менамоянд, ки ҳудуду давлати ягонаи худро ҳифз кунанд. Ҳатто, ин падида ба қатори ҳифзи манфиатҳои давлативу миллии онҳо дохил мегардад.

Дар баробари ин, хатарҳо ба давлатҳои миллӣ зиёд буда, баъзе доираву давлатҳои абарқудрат кӯшишу талошҳо доранд, ки ҷаҳони тақсимшударо аз нав тариқи фитнаву иғвоангезиҳои нав тақсим намоянд. Ҳамзамон, яке аз таҳдидҳои дигар ба устувории давлатҳои миллӣ ин ширкату созмонҳои фаромиллӣ ва хатарҳои ҷаҳонишавиву якқутбии ҷаҳон мебошанд. Яъне, имрӯз як қатор гурӯҳу созмонҳои махсуси ҷаҳонӣ кӯшиш доранд, ки бо фаро гирифтани ташкилотҳои байналмилалии худ ва пойбанди иқтисодӣ гардонидани давлатҳои миллӣ истиқлолияти сиёсии онҳоро зери хатар баранд.

Мавриди зикри хос аст, ки технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетии замони муосир низ макони тарғибу ташвиқи сиёсати якқутбии ҷаҳон зери чатри арзишҳои демокративу либералӣ гардида истодааст. Дар ин раванд дилхоҳ давлате, ки бо чунин арзишҳо огоҳ нест ва ё эҳтиром намегузорад, зуд аз ҷониби баъзе давлатҳои манфиатдор сулҳу осоиштагии давлатҳои миллӣ зери хатар меравад. Ҳамчунин, баъзе доираву давлатҳои қудратхоҳ барои ғорат кардани минтақаҳои аз назари сарватҳои табии ғаниро бо роҳу воситаҳои махсус ба бесуботиву нооромӣ бурда мерасонанд.

Бояд қайд кард, ки ба он минтақаву ҳудуде, ки доираҳои манфиатҷӯ чашм ало мекунанд, онҳо ҳам аз назари ҷуғрофиву стратегӣ ва ҳам назари сиёсиву иқтисодӣ бисёр муҳим мебошанд. Дар асоси таҳлилу тадқиқотҳои солҳои охир хулоса кардан мумкин аст, ки душманону бадбинон сарчашмаи эҳёи зиддияту бадбиниҳоро бо дастгоҳҳои иттилоотии замони муосир истифода менамоянд. Махсусан, имрӯз минбари калидии онҳо шабакаҳои интернетӣ ба ҳисоб мераванд. Дар инҷо аз тамоми усулу роҳҳо истифода намуда, давлатҳои миллии орому таррақикардаро ба доми оташу хунрезӣ ва даҳшат меандозанд. Барои амали намудани барномаву тарҳҳои геополитикиву геоиқтисодии худ телевизиону радио, сомонаҳои хабарии интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоии пурнуфуз ва каналҳои махсусии хабарии худро истифода бурда истодаанд.

Дар баробари ин, тамоми нерӯи зеҳнӣ ва пуливу молии худро низ истифода менамоянд. Барои ба мақсадҳои худ расидан ба шахсу гурӯҳҳои хос маблағҳои бузург ваъда ва ё ҷудо мекунанд, ки онҳо талошҳои худро дар ин самт истифода баранд. Аламовараш ин аст, ки дар ин роҳ бештар шаҳрвандони ҳамон давлатро, ки дар онҳо заррае ҳувияти милливу сиёсӣ намондааст, истифода мекунанд. Шаҳрвандони ҳамон минтақа бошанд, барои ба даст овардани миллионҳо маблағ аз падару модар, зану фарзанд ва ҳатто аз Ватану Миллату Давлати худ даст мекашанд. Ва ба онҳо аҳамият надорад, ки дар ин роҳ чӣ қадар ҳаммиллатони онҳо куштаву овораву дарбардар ва беватану бедавлат мегарданд.

Иброҳим Халилов, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь