Ваҳдат… Оре, он бо сад душворию мушкилот ва печидагию саргумиҳои зиёд ба даст омад. Ваҳдат… Ана ҳамин вожа чун мафҳуми Ғалабаю Зафар дар гӯшамон зангӯла зад! Зангӯлаи шодӣ, зангӯлаи ҳастии нав ва эҳёи миллати тоҷик!

Бале, ба вақти баёни таҷаддуди миллат мо ҳамаро дар назар дорем, ҳама миллатҳои Тоҷикистон, ки аллакай онҳо дар фазои тоҷикона, бо обу ҳавои тоҷикона, бо шеъру суруд, оҳангу навои тоҷикона ба дунё омада, ба воя расида, ба камолот баромадаю кору зиндагӣ доранд. Бале, он русу қазоқ, қирғизу туркман, немису осетин, украину ӯзбек, яҳудию тотор, гурҷию арманӣ, озорбойҷонию турк, кореягию бошқир, чувашу чечен, лаҳистонию юнонӣ, арабу белорус, эстонию литвонӣ ва намояндагони дигар халқҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд ҳама тоҷику тоҷикистонӣ шудаанд. Бале, онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба диёрамон омада, сокин шуданд. Як гурӯҳи халқу қабила шояд ҳазорҳо сол пешу дигар намояндагони халқу миллатҳо шояд ҳамагӣ 50-60-сол пештар ба ин макон омадаанд. Яке дар натиҷаи ҳаракату кӯчиши мухталифи халқҳо вориди сарзамини паҳновари Ориё гашта, дигаре вобаста ба ҳаводиси мухталифи сиёсӣ ба мулки зарнисори тоҷикон омада, ҳаминҷо муқимӣ монданд. Оиладор шуданд, хонаву дари хешро соҳиб гашта, дар ҳар соҳае ба кору фаъолият сар карданд. Тоҷикистон оҳиста-оҳиста ошёни пурмеҳре барояшон шуду Ватан-модари азизашон гашт. Ҳама хушу хуррам зиндагӣ доштанду ваҳдате соҳиб буданд.

Ваҳдат, иттиҳоди халқу миллатҳо… Оре, фаромӯш намекунем, ки диёрамонро дар солҳои мудҳиши даврони ҷанги шаҳрвандӣ намояндагони халқҳои зиёд тарк карданд. Аммо ҳамаи онҳо бо чашми ҳасрату дили пурхун ва ҷигарҳои садпора. Охир, ҳар яке дар ин меҳани биҳиштӣ ватани аҷдодии худро пайдо карда, меҳру муҳаббати беандоза ба он доштанду ин кишвар низ ба онҳо ҳама чиро дода меҳробу қиблаашон гашта буд. Он айём ба муҳоҷират рафтану иҷборӣ тарк кардани шаҳрвандони Тоҷикистон домани фарохро гирифту он на танҳо дар доираи паҳновари Осиёи Миёна ва Қазоқистон маҳдуд шуд, балки тоҷикистониҳо то ба давлатҳои дури Осиёю Аврупо ва ҳатто то ба Амрикои ҷанубӣ рафтанд. Ин аст, ки ҳоло ҳам дар фазои фарохи интернетӣ, агар аҳамият дода бошем ба вақти ҷой додани як суруди тоҷикӣ, як манзараи зебои Тоҷикистон садҳо нафар аз ҳисоби миллатҳои ғайритоҷик, аммо тоҷикистониҳо ба он ҳамовозӣ карда, шарҳи кӯтоҳ ва паёмаки хешро чун як меҳрномае менигораду ҷой медиҳанд. Яке менависад, ки доғистонӣ мебошаду дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ин сароида, ин кӯҳандиёр барояш тамоми умр азиз мемонад. Дигаре мегӯяд, ки олмонисту ҳоло дар Олмон – он кишвари пешқадами аврупоӣ зиндагии шоиста ва рӯзгори хеле хуб дорад, вале ба ёди ҳамон пораи дилаш, ки Тоҷикистон номи шарифаш мебошад ҳамарӯза беқарор ҳасту аз комаш ҳамоно маззаи нони тоҷикӣ, ангуру анорҳои тоҷикӣ нарафта, борҳо дар ин муддат меҳмон шудаю аз пешрафтҳои ин диёр меболад. Савумӣ, яҳудиёни тоҷик ба ёди шашмақому савту навои тоҷикона, ба хотири гиромидошти дастархону ошхонаи тоҷикӣ ва забону маданияти мо дар шаҳрҳои пурҷамъияти Амрико ва дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон як гӯшаеро, як дӯконеро, як ошхонаю тарабхона ва ё маҳаллаеро бо номҳои «Душанбе»-ю «Истаравшан», «Кӯлоб»-у «Варзоб», «Ромит»-у «Камаров», «Боми ҷаҳон»-у «Роҳат», «Саховат» ва ё бо номҳои ғизоҳои мо: «Самбӯсаи тоҷикӣ», оши палав, шашлику чӯҷабирён ва ғ… номгӯзорӣ карда,  як навъ  хумор мешикананд.  Ҳамаи онҳо пайваста аз ҳолу аҳволи мо, аз вазъи диёр хабардор буда, аз суруду навоҳои тоҷикона ҳаловат мебаранд. Сӯҳбату гуфтушунид, ҷашну сури тоҷикӣ доранд…

Ёдам меояд, ки соли 2008-ум ба вақти тадқиқоти илмӣ дар китобхонаи машҳури ба номи Алишер Навоии ҷумҳурии Ӯзбекистон буданам, муовини директори ин муассиса, як бонуи кореягӣ буду ба вақти ошноӣ ва дидани шиносномаю ҳуҷҷатҳоям, нисбат ба дигар хориҷиён ба ман зиёдтар таваҷҷӯҳ кард. Он солҳо муносибати байни ду давлат низ чун имрӯза хубу рушдкунанда набуда, як қатор масъалаҳо ҳалношуда боқӣ монда буд.  Он зан аввал дар бораи оромию суботи кишварамон пурсон шуда, ҳеҷ бовар намекард, ки новобаста ба оне, ки он замон мо аллакай беш аз 10-сол ваҳдат доштему кишвар тинҷ мебошад ва ҳамкорию пешрафтҳо меафзояд, дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гаштааст. Вале чун бо қатъият як навъ маълумотҳои маро шунид, то ҷое ором гашт. Сипас маро ба утоқи кории хеш даъват намуду як пиёла чою як лаълӣ ширинӣ пешам гузошту худ нақл кард, ки як зумра хешу ақрабо, аз ҷумла хоҳару бародаронаш, ҳама кореягӣ дар заминҳои офтобию ҳосилхези ноҳияи Фархор, дар ҷануби диёрамон машғули пиёзкорӣ буданду солиёни зиёд инҷо кор карда, аз меҳмондорию инсондӯстии мардуми тоҷик бо муҳаббат сухан мекарданд. Машғули меҳнати худ будаю даромади хубе мегирифтанд. Вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар диёрамон онҳо ночору ноилоҷ Тоҷикистонро тарк карданд. Чанд сол дар ин кишвари ҳамсоя зистанд, вале инҷоро чун ватани дуюми хеш қабул карда натавонистанд ва боз ҳам аз инҷо қисман ба Русия ва қисман ба Корея рафтанд. Ҳоло ҳам ёди ширини диёри мо-Тоҷикистон мекунанду мехоҳанд боз баргарданд. Он зан инро гуфта, аз сулҳи мо, аз ваҳдати мо хурсанд шуда, ба ман барори кор хост.

Ханҷари ғамҳои миллат мерасад аввал ба ман,

Мешавад сад пора ҷисмам оҳу шеван мекашам.

То даме пайдо насозад ҷисми ман пайванди хеш,

Дард мехоҳам кашидан, дарди меҳан мекашам.

Ваҳдат… бале, ана ҳамин омили муҳими сарнавиштсоз буду ҳаст, ки мо дар якҷоягӣ бо дигар ҳалқу миллатҳо соҳиби ваҳдати комилтар мегардем. Ин аст, ки дар Тоҷикистон дигар халқу миллатҳо аз волоияти қонун бархурдор буда, ҳама баробар кору фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо ҷамъият-ҳои миллии худро дошта, бо давлатҳое, ки дар онҳо хешу наздиконашон зиндагӣ доранд, робитае доранд. Аз ин байн на ҳамаи онҳо Тоҷикистонро дар солҳои душвор тарк карда, ба он давлатҳо рафтаанд. Боз ҳам ёдам меояд, ки даҳ-понздаҳ сол пеш вақте, ки дар маҳаллаи бо ном 33-юми шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии дӯсту ҳамсабақам Субҳони Самад дар хонаи амаки ӯ меистодем, дар ошёнаи дуюми ҳамон бино, як марди ҳамон солҳо 40-45-солае мезисту ӯро Серёжа-амак гуфта, бо имкон ё ба наздаш мерафтем ва ё ӯ  ба наздамон омада, сӯҳбате мекард. Ӯ як марди олмонитаборе буду пештар дар соҳаи нафту газ кор мекардааст ва бо амаки ҳамсабақи мо акои Ҷунайдулло ҳамкору рафиқ буд. Агарчӣ ҳамсару фарзандони ӯ дар оғози солҳои пурошӯби 90-ум ба Олмон рафтаю ҳаёти осоиштаеро соҳиб гашта буданду ӯро чандин маротиба даъват карда буданд, вале ӯ нарафт. Ин амалаш ҳатто моро он солҳо дар ҳайрат монда буд. Охир, мушкилот хеле зиёд буд, соатҳо дар навбати нон будему нооромӣ ҳукмфармо буд, амниятро касе кафолат намедоду мо ҷавонон ба ояндаи нек на он қадар боварӣ дошта, ба мисли баъзе сиёсатмадорон фикр мекардем, ки Тоҷикистонро таърихи сиёҳу талхи имрӯзаи Афғонистон «насиб» мегардад, аммо Серёжа ба ояндаи диёр дилгарму некбин буд. Он замон ӯ чун аз зиндагонии ҳамсару фарзандаш нақл мекард мо боз ҳам дар шубҳа меафтодем, ки ин мард чаро зиндагии душворро тарк накарда, аз чунин имконияти мувофиқ истифода намекунад. Ёдам меояд, ки ҳамон айём, аниқтараш дар охири солҳои 80-уму оғози солҳои 90-уми асри ХХ баъди муттаҳидшавии Олмони федоролӣ ва Олмони демократӣ, ҳукумати Олмони муттаҳид, хусусан баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми олмониҳои берун аз ин давлатро даъват карда, барояшон шароитҳои хуберо фароҳам овард. Ҳазорҳо олмонӣ на танҳо аз Тоҷикистон, ҳатто аз кишварҳои орому осуда ва пешрафтаи наздибалтики Латвия, Литва ва Эстония ба Олмон рафтанд. Аммо на ин ҳамсояи мо!

Тибқи нақлҳои худаш бобояш, ки дар вақти ҶБВ асир афтода буд, ба Тоҷикистон, ба ҳудуди навоҳии Вахш афтода, ба корҳои сохтмонӣ сафарбар мешаванд, Ҳамин ҷо мемонаду баъдан ҳаминҷо ҳаёти хушу солимро соҳиб гашта, ҳаминҷо мефавтад. Фарзандонаш ҳамин ҷо таваллуд мешаванд, ба воя мерасанд, соҳиби касбу коре мегарданд. Ва дигар инҷоро тарк намекунанд… Ва ман… акнун бо гузашти солҳо мефаҳмам, ки ин Серёжа-амак чаро аз Тоҷикистон нарафт, зеро ҳаминҷо ӯро ватан ҳасту бо чашм кушодан ҳамин хиттаи сарсабзро дидааст. Ӯ чун як тоҷикистонӣ, ҳатто ба монанди як фарди тоҷик наметавонад, ки Ватан-модари ҷонашро партофта, ба дигар ҷой раваду оромгоҳи волидонро бе ҳимоя, бе назорат, бе як каф дуо гузорад. Серёжа-амак аллакай як тоҷикистонии воқеӣ буда, ӯ ба мисли ҳар як ватандор дар симои Тоҷикистон ватан дорад. Ҳоло ҳам баъзан мебинамаш, ки ё аз кор меояд  ва ё дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ибодатгоҳи масеҳие меравад. Бо ҳамсару фарзандонаш телефонӣ сӯҳбат мекунаду дар тамос аст, вале дигар ҳеҷ дар фикри рафтан ба хориҷи кишвар набуда, ҷигарбандонаш низ ба хабаргирӣ меоянду ӯро ҳамин хел, як меҳанпарасти тоҷикистонӣ эътироф мекунанд. Бале, ин ҳама аз ваҳдат ҳасту аз оромию сарҷамъӣ дар ин хиттаи биҳиштии мо – Тоҷикистон.

Бале, мо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай чун як мушти пурзӯр аз баракати ваҳдат муттаҳид ҳастему таърихи кунунӣ борҳо собит намудааст, ки дар сохтмони чандин корхонаю коргоҳ ва масалан нерӯгоҳҳо мо боз ҳам якҷоя ба бунёду анҷоми онҳо машғул шудаем. Ёд меояд, ки ҳанӯз дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузурге ба мисли Норак дар замони шуравӣ аз он кишварип паҳновар намояндагони халқу миллатҳои гуногун, аслан ҷавонони хунгарм, яке ронанда, дигаре муҳандис, савумӣ челонгару дигару дигар ба Тоҷикистон солҳои 60-70-уми асри ХХ омада, қисман инҷо монданд. Якеро ишқи пок, дигареро обу ҳавои муаттар, савумиро зебогиҳои диёр ва ҳамин тавр ҳамаи онҳоро Тоҷикистон ватани нав гашту барои фарзандонашон гаҳвораи хушеро бо шароитҳои хубе фароҳам овард. Ва инак дар сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯдаю Роғун мо ин анъанаи некро бо он сарҷамъию ваҳдат ва корҳои бузурги созандаи ҳамаи халқу миллатҳои ин кишвару давлатро бараъло дидем!

Бале, бори дигар мо ба андешаи ҳамон гурӯҳи сиёсатшиносону сиёсат-мадорон ҳамфикр мешавем, ки дар ҳақиқат ҳоло падидаи ваҳдати миллӣ, ки бо баёни он ваҳдати ҳамаи халқу миллатҳои Тоҷикистонро дар назар дорем, дар кишварамон дигар он мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи генералии рушди Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи Тоҷикистонро шакл дод ва муҳимтар аз он, қавитар гар­донид, ҳамчунин гузашта аз ин пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст. Таманно дорем, ки бигзор кишвар ҳама вақт ба пешрави-ҳои нав ба нав муяссар гардаду дар ин поя аз ҳама муҳим мо ваҳдати куллро соҳиб мебошем!

Сабзаалӣ Асозода 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь