Эҷоду ҳамбастагӣ ва нақши созмону ҷамъиятҳо ва ҷаласаву маросимҳо   дар  ҳампайвандӣ ва ҳамгироии мардумони сайёра  ва ҷомеа ҷаҳон  хело муҳим  арзёбӣ мешавад. Ҳамаи он   барои эҳёву эҷоди пайвандҳои умумии башар таҳия ва барпо мегардад, то мардумони сайёра зери соябони озодӣ, ободӣ, оромӣ, хираду дониш ва ҳамкориҳои сӯдманд зиндагии худро софдилона идома диҳанд.

Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлол дар таърихи 9-уми моҳи сентябри соли 1991 чун кишвари озоду соҳибихтиёр муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуд.  Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои даврони Истиқлол ва сарзадани кашмакашиҳои таҳмилӣ ва тахрибӣ, мардумони бо хираду бо фаросат, фарзандони бо номусу бо орият ва роҳбарии Президенти ғамхору ҷасури миллат тавонист Ватанро аз ин вартаи ҳалокату даҳшат раҳонида, онро дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ гулгуншукуф намояд. Ҳамин ҳадафҳои олӣ ва донишмандона буданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои эҷоди ҳамкориву ҳамдилии мардумони кишвару ҷаҳон нақши созмонҳову ҷамъиятҳоро муҳим арзёбӣ карда, аз машваратҳои хубу ҳасанаи онҳо ба маврид истифода карданд.

Тоҷикистон дар Осиё мавқеи хос дошта, дар бисёре аз барномаҳои ҷаҳонӣ ташаббускор буда, меҳмону мизбони саммиту ҷаласаҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз ҷумла, СММ, САҲА, МҲТБО, СҲШ ва ғайра  буд ва боқӣ хоҳад монд.

Нақши олимону адибон, шоирону нависандагон, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар баррасии ин ё он масъалҳо ва кашфи мубрамияти онҳо хело муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар санаи 25-уми моҳи майи соли 2023 бо ташаббуси Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик” баргузор шуд, ки  ҳадафи асосии он ҷилавгирӣ аз хатару даҳшатҳо ва амну ҳифзи сарҳадот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар конфронси мазкур намояндагони зиёда аз сафоратхонаҳи муқими Тоҷикистон, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти Шарқи Миёна ва Наздик, аз ҷумла масоили мубрами минтақа ва муносибатаҳои Тоҷикистону бо мамолики Шарқи Миёна ва Наздик фаъолият мекунанд, иштирок карда, сӯханронӣ намуданд. Масоили мубраму печидаи Шарқи Миёна ва Наздик, аз ҷумла Афғонистон, Эрон,  кишварҳои арабӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози директори институт, Ёрмаҳмад Ниёзӣ қайд намуд, ки конференсияи имрӯза бешубҳа инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба муносибатҳои кишвар дар партави сиёсати дарҳои боз ҳамкориҳояшро идома медиҳад, нигаронида шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо чун муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ ташкил шуд ва аз марказҳои илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, кишваршиносиву минтақашиносӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Осиё, Африко, Аврупо ва Америка бо муҳаққиқону коршиносони соҳа фаъолиятҳои илмиву тадқиқотиро амалӣ месозад.

Ҳамин тавр, Институти мазкур низ бо роҳнамоиҳову ҳидоятҳои Директори он ва мудирону ходимони илмии худ дар шинохти геополитика ва масоили мубрами он нақшачорабиниҳои худро барои дӯстдорони илму маърифат пешниҳод мекунад, ки заминаи хубест дар дарку фаҳми илми сиёсатшиносии тоҷик дар даврони истиқлолият.

Дар кори конференсия ҳамзамон, муовини аввали АМИТ, коршиносону муҳаққиқонони дохиливу хориҷӣ ва ходимону олимон аз Институти Осиё ва Аврупо-и АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштикорчиён қайд карданд, ки мақсаду мароми конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту иҷтимоиёт, бехатарӣ мебошад.

Нигорандаи сатрҳо дар мавзуи “Назарсанҷиҳои геополитикии коршиносону муҳаққиқон ба минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик” сӯханронӣ карда, масоили мубрами минтақаро ба баррасӣ кашонд. Мавриди зикр аст, ки дар китобҳои луғат аз ҷумла, Википедиа- донишномаи озод мафҳуми геополитика чунин зикр гардидааст: геополитика  ё  сиёсати ҷуғрофиёӣ (географическая политика)  аз забони юнонӣ гирифта шуда, гео ба маънои- замин, политика ба маънои идоракунии умури давлатӣ ё ҷамъиятӣ) омадааст.

Ҳамин тавр, баррасиҳои коршиносон доктор Фаруқ Ҳаснат ва доктор Замурад Авон  дар рӯзномаи The Nation-и Покистон санаи 13-ум феврали 2021, 45 солагии аввалин рӯзномаи англисизабони Арабистони Саудӣ “Араб неюз” ва 45 руйдоди таърихӣ, маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи институти сулҳи Тода-и Токио ва  маҷаллаи “шуун-ал-шарқ-ул-авсат” (масоили Шарқи Миёна)-и маркази омӯзишии ОРСАМ-и Туркия барои огоҳӣ аз манотиқи масоили мубрами Шарқи Миёна ва Наздик  иқтибосҳо оварда, мубарамиятҳоро мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Тибқи сарчашмаҳо Ховари Миёна минтақаест, ки аз тангаи “бобул мандиб” то тангаи “дори донил” ва то риштаи куҳҳои Ҳимолой ва бандари Карочӣ воқеъ гардида, чун минтақаи стратегӣ аз назари ҷуғрофӣ ва энергетикӣ буда, дорои 56,6 % нафти курраи замин мебошад. Инҷо дар худ қавмиятҳои гуногунро аз ҷумла эрониҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, курдҳо, балучҳо, арабҳо ва барбариҳоро дар худ ҷой додааст. Баъзе муаррихон дар вожаи Ховари Миёна кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолиро низ шомил мекунанд.

Тибқи баррасиҳо “Баҳори арабӣ”  ё ба истилоҳи арабӣ: الربيع العربي, ба англисӣ: “arab spring” ва рӯсӣ “арабская весна” як силсила эътирозҳо, ошӯбҳо ва шӯришҳои мусаллаҳонаи зиддиҳукуматӣ буданд, ки дар авоили солҳои 2010 дар саросари ҷаҳони араб паҳн шуд. Дар асл он дар Тунис дар посух ба фасод ва рукуди иқтисодӣ оғоз ёфт. Натиҷаву санҷишҳо нишон медиҳад, ки «Баҳори  Араб»  тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд. Онҳо бо ин роҳ тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои Араб оғоз намуданд. Дасисаҳои  бозигарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои Араб, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия, Яманро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.

Дар ин зимн, Сверре Лодгаард ходими калони илмӣ ва собиқ директори Институти муносибатҳои байналмилалии Норвегия (NUPI) ва ходими калони илмии институти сулҳи Тода-и Токио масоили мубрами Шарқи Миёнаро ба таҳлил қарор гирифта, мақолае зери унвони “Геополитикаи Шарқи Наздик” дар Policy Brief No. 155 March 2023-и Институти сулҳи Тода, ки  як институти мустақил буда, ба пешрафти масоили ҷаҳонӣ ва сулҳу сиёсат ба нашр расидааст, масоили мубрами Шарқи Миёна, аз ҷумла ихтилофоти ИМА бо  Шарқи Наздик , пайдо кардани давлатҳои арабӣ роҳҳои ҷустуҷӯи нави шарикӣ, иштибоҳҳои геополитикӣ байни Шарқу Ғарб ба минтақаи ғарб, созишномаҳои нав байни Эрон ва ин кишварҳо бо доштани заминаи зарфияти бузург дар минтақа, зери таҳлилу баррасии муаллиф қарор гирифтааст. Минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик дар санаи 4 апрели 2018 аз ҷониби рӯзномаи “ArabNews “, ки аввалин рӯзномаи англисизабон дар Арабистони Саудӣ буда, бо шиори нав зери унвони “Садо аз минтақаи тағйирёбанда” то имрӯз масоили ҷаҳон ва хусусан Шарқи Миёнаро рӯзмарра инъикос мекунад. Рӯзнома дар даврони 45 солагии худ матлаберо зери номи “45 соли фаъолият бо 45 лаҳзаи хотиротӣ” дар минтақаи Шарқи Миёна ба таври муфассал нашр ва баён гардидаанд.

Дар ниҳоят метавон таъкид кард, ки минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик аз гузаштаи дур мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта, аз ҷониби ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла муҳаққиқони Туркия бештар сурат мегирад. Дар ин зимн, маркази омӯзишии ОРСАМ-и Туркия маҷаллаеро зери унвони “шуун-ал-шарқ-ул-авсат” (масоили Шарқи Миёна) ба нашр мерасонад, ки дар  нахустшумораи он мавзӯъҳои муҳими минтақа, ба хусус равобит миёни Туркия ва Миср, сабаб, натиҷа ва таъсирҳои созишномаҳои Шарқи Миёна ва интихоботи Ироқ соли 2021 ба чоп расидааст. Дар он мусоҳибаи ихтисосӣ бо профессор Фаронсиво Бергу низ омадааст, ки назарашро оиди мардумони Шарқи Миёна ва расидани онҳо ба ҳадафҳои  худ ба мурури   гузашти замон оварда шудааст.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва модели сулҳофаринии намунавии нодираш, метавонад ҳамкориҳояшро бо созмонҳои  байналмилалӣ ва кишварҳо таҳкиму тавсеа дода, минтақа ва ҷаҳонро аз хатарҳои мавҷуда ҷилавгирӣ намояд.

Хулоса, шинохт ва донистани стратегияи минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик ва ҳодисаҳои таърихӣ барои коршиносони соҳа муҳим арзёбӣ шуда, баррасӣ ва таҳқиқоти ҷудогонаи ҳар яке аз онҳо барои муҳаққиқон лозиму малзум мебошад. Бовари дорем, ки  бо баррасиҳои дурусту дарки масоили мубрам, метавон роҳҳои ҳалли мушкилотро пайдо карду  зиндагии осоиштаро бо истифода аз формулаи  “PEACE”-и мактаби сулҳофаринии Тоҷикиситони муосир маъхаз мегирад, ки ҳар ҳарфи он мафҳуми хоссе дорад, ки шарҳу тавсифи ибораи мазкур бо пешниҳоди камина ба таври зайл маънидод шудааст:

Promotion- тарвиҷу тарғиби сулҳу субот, Economization- сарфаҷуии иқтисодӣ, Activation – фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо,Cooperation- ҳамкорӣ, Elimination – маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ барои мардумони минтақа ва ҷаҳон фароҳам овард.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмӣ ва коршиноси минтақа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь