Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо изҳор доштааст, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷудо намудани маблағ барои рафъи гӯё пайомадҳои таҳримҳои зидди Русия кумак хоҳад кард. Аммо оё дар ҳақиқат Ғарб мехоҳад, ки ба кишварҳои мо кумак расонад ё онҳо мақсади дигаре доранд?

Дар охири соли 2022-ум маълумоте пайдо шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, созишнома оиди ҳамкориҳои низомӣ бо Қирғизистонро ба имзо расонад.

Кумаки хаёлӣ

Изҳорот дар бораи кумак барои рафъи пайомадҳои таҳримот  аз ҷониби ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элизабет Ҳорст моҳи июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи Кумитаи умури хориҷии палатаи намояндагони Конгресс садо дода буд. Ӯ афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоло имкони таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Ба гуфтаи Ҳорст, паёми Вашингтон ба ин кишварҳо “як алтернативае” ба робитаҳо бо Русия ва Чин мебошад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Амрико Энтони Блинкен гуфта буд, ки дар сурати қатъи ҳамкорӣ бо Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 25 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Аммо Ғарб фикр намекунад, ки дар сурати қатъи робитаҳои чандинасра бо Русия, кишварҳои мо ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дучор хоҳанд шуд. Савдо ва фарҳанг коҳиш ёфта, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, ки то 1/3 ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад, низ қатъ мегардад. Оё ИМА омода аст, ба муҳоҷирони мо бозори алтернативӣ пешниҳод кунад? Эҳтимол – не.

«Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишварҳои шарики Русия зарари аз таҳримҳо расидаро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа аз ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷорӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисодиёти ин кишварҳо низ зарба мезананд. Иёлоти Муттаҳида инро хуб дарк мекунад ва ваъда медиҳад, ки оқибатҳои онро ҷуброн хоҳад кард» – гуфт вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен.

Барои мисол ҳодисаи Украина ба хотир  меояд. Мо оқибатҳои манфии таваҷҷуҳи зиёди Ғарб ба Украинаро дида истодаем.

Саидҷаъфар Усмонзода – вакили парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки имрӯз ҷаҳон тағйир ёфта ва ба сатҳи дигари робитаҳои байнидавлатӣ гузаштааст: “Ҳоло дар ҷаҳон вазъият душвор аст ва ҳеч кас пешгӯйӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ воқеае рух медиҳад, махсусан дар чунин шароити мавҷудияти ихтилофҳо байни мамлакатҳо. Масалан, Украина бояд бо Русия дар арсаи сиёсӣ нуқтаи баҳамрасӣ пайдо карда ва фикри нигоҳ доштани сулҳро мекард, то шаҳрҳо ва ҷоддаҳояш зери тиру туфанг хароб намегардиданд. Роҳбари ин кишвар ба хотири ба истилоҳ, “ватандӯстии худ» сарзамини худро ба хок яксон намекард. Ман фикр мекунам, ки ин ватандӯстӣ нест – роҳбарияти Украина нисбат ба миллату кишвари худ зулму беадолатӣ  мекунад.

Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо манфиатҳои хаёлӣ ваъда медиҳад, вале ба фарқ аз Русия барои рушди кишварҳои мо нияти сармоягузорӣ карданро надорад.

Он чӣ ки Русия мекунад, сабабҳои худро дорад ва ин масъалаҳоро Ғарб бояд қаблан ҳал мекард, яъне то он даме, ки Русия маҷбур шуд барои ҳимояи манфиатҳои низомии худ амалиёти махсусро шурӯъ кунад. Албатта, агар кишварҳои дигар ҳузури низомии худро дар наздикии марзҳояш пурзӯр кунанд, Русия  маҷбур аст, манфиатҳои худро ҳимоя кунад, шаҳру деҳоти худро аз мушакҳо дифоъ намояд. Ҳамаи ин ба чунин оқибатҳои нохуш оварда расонд, яъне худи  Украина  ба ин вазъият роҳ дод. Агар мутахассисон сари ин масъала пештар андеша мекарданд, чунин ҳолат ба амал намеомад. Ҳар кас бояд ба кори худ машғул бошад, сиёсатмадор – ба сиёсат, ҳунарманд – ба ҳунармандӣ. Яъне, вақте ки шахси бесалоҳият ба сари қудрат меояд, аз рӯйи эҳсосоташ метавонад давлатро нобуд кунад, ки барои барқарор кардани он садсолаҳо лозим меояд.

27-уми июни соли 1997  дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумат ва ИНОТ ба имзо расид.

Сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Украина бесаводона ва беҳунарона аст. Дар натиҷаи ин сиёсат шаҳру ҷодаҳо хароб  шуданд, мардум ба азоб дучор гардида, қарзи хориҷии мамлакат аз ҳад зиёд шудааст. Аз ин рӯ, мо бояд бо тамоми мамалакатҳо  робитаи хуб дошта бошем, то ки бо оромиш ба сар барем».

Амният дар минтақа

Ғарб мавқеи ҳукмронии худро дар ҷаҳон аз даст додан намехоҳад. Ҷаҳон дар раванди бисёрқутбӣ шудан аст, ки ин ба Ғарб писанд нест. Аз ин рӯ, Ғарб барои нигоҳ доштани мавқеи худ боз ҳам шадидтар мубориза хоҳад бурд ва барои ин кӯшиш хоҳад кард, ки аз рӯйи нақшаи пештара вазъро дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дар тамоми Осиёи Марказӣ ноором кунад. Агар Тоҷикистон  сиёсати зиддирусии Ғарбро дастгирӣ намояд, эҳтимол танҳо манфиати яклаҳзаина ба даст орад, яъне он 25 миллион долларе, ки Ғарб барои 5 кишвари Осиёи Марказӣ ваъда карда буд, ба даст ораду халос.  Аммо баъд аз он, чуноне ки  қайд карда будем, бо таназзули иқтисодиёт,  паст шудани даромади аҳолӣ ва таҳдиди ҷиддӣ ба суботи дохилии кишвар дучор хоҳад гашт.

Русия на танҳо шарики стратегии Тоҷикистон, балки кафили асосии амният ва рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз ба шарофати Русия ҷанги шаҳрвандии бародаркӯш дар кишвари мо хотима ёфт.

Ҳоло Русия Тоҷикистонро аз таҳдидҳои террористии исломгароӣ ҳифз карда, барои рушди иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунад. Бе дӯст ва иттифоқчии содиқи худ (яъне бе Русия)  мо дар оянда тараққӣ карда наметавонем.

Дар соли 2023 Душанбе ният дорад, ҳаҷми гардиши мол бо Русияро то 2 миллиард доллар ва дар чанд соли оянда 3 баробар, яъне то 5 миллиард доллар афзоиш диҳад.

Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд: “Русия амнияти моро дар муқобили Толибон таъмин мекунад, яъне бо кумаки Русия мо артиши ҳирфаӣ ва аслиҳа дорем”.

Кишвари Амрико медонад, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёди низомиёни Русия ҳузур доранд ва аз ин рӯ, бо баҳонаи зарурати таҳкими марзҳо интиқоли маҳсулоти низомиро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

Дар бораи Русия

Тоҷикистон низ мисли Русия таҳримҳои Ғарбро барои азнавсозии (мутобиқ кардани) иқтисодиёти худ, афзоиши тиҷорати мутақобила ва беҳбудии некӯаҳволии шаҳрвандон истифода мекунад. Воридотивазкунӣ ва гузариш ба асъори миллӣ фаъолона ҷорӣ шуда истодааст. Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2022 18,3 фоиз афзуда,  1,4 миллиард доллари ИМА-ро  ташкил дод. Дар Тоҷикистон вобаста ба ин соҳа каме омори дигар, вале боз ҳам некбинонатар оварда шудаанд – афзоиши гардиши мол 23,7 фоиз,  яъне 1,7 миллиард доллар.

Ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият 130 миллиард рублро ташкил дод, дар бозори ҷумҳурӣ беш аз 300 ширкат бо сармояи Русия фаъолият мебаранд.

«Дар Украина гурӯҳе шахсеро ба сари қудрат оварданд, ки ҳам дар сиёсат ва ҳам дар давлатдорӣ комилан бесалоҳият мебошад. Барои идора  кардани давлат бояд тафаккури мардумро дониста ва кордон бошӣ, на ин ки бо гапи дигарон амал кунӣ ва шаъну эътибори тамоми халқро аз байн барӣ”, – мегӯяд Саидҷаъфар Усмонзода – вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Баръакси ин, Ғарб дар Тоҷикистон амалан ягон манфиатҳои иқтисодӣ надорад. Дар соли гузашта савдои мутақобила бо ИМА  ҳамагӣ 125 миллион доллар, бо Британияи Кабир — 6,2 миллион доллар ва бо тамоми давлатҳои Иттиҳоди Аврупо 405 миллион долларро ташкил дод. Сарфи назар аз ҳаҷми начандон калони тиҷорат ИМА ба фондҳои худ дар Тоҷикистон маблағгузориро идома медиҳад. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер изҳор дошт, ки дар соли 2022 тавассути USAID ба Тоҷикистон 40 миллион доллар ҷудо шудааст. Ин маблағ “барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун” ҷудо гардидааст. Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)  мустақиман аз ҷониби Департаменти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Миёни Тоҷикистону Русия чун ҳама гуна дӯстон, баъзан нофаҳмиҳо ба миён меоянд, аммо ба гуфти коршинос Саидҷаъфар Усмонзода, ҳалли онҳо мушкилие надорад: “Агар мо бо Русия масалан, дар масъалаи муҳоҷират баъзе нофаҳмиҳо дошта бошем, пас  ҳукумати мо бояд бо ин кишвар тамос гирад ва тариқи гуфтушунид ҳама масъалаҳои бамиёномадаро  ҳал намояд. Ба фикрам, ҳал кардани  ин масъалаҳо барои мо душворие надорад, зеро мо таҷриба ва таърихи тӯлонии муносибатҳоро доро мебошем. Дар ҳар кишвари ҷаҳон баъзе кормандони пулисе ҳастанд, ки рафтори номуносиб мекунанд – ин хислат аст ва пешгӯйӣ кардани он душвор мебошад. Вале ба хотири чунин ҳолати ҷузъӣ набояд муносибатҳоро вайрон кард. Ба ин масъалаҳо бояд оромона ва оқилона рафтор кард ва ман боварӣ дорам, ки роҳбарияти мо ба таври хирадмандона ин масъаларо якҷо бо ҳукумати Русия ҳал хоҳад намуд.”

ИМА ва пайравонаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо Русия бо ҷорӣ кардани “таҳримҳои дувум” таҳдид мекунанд.Таҳримҳо моро ба Русия ва Чин боз ҳам наздиктар мекунанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки таҳкими таҳримҳо  ба тақсим шудани ҷаҳон суръат бахшида, нуфузи Ғарбро дар бисёр кишварҳо  паст мекунад. Таҳримҳои дуюмдараҷа, ки ба муқобили ширкатҳои алоҳидаи кишварҳои мо ҷорӣ карда шудаанд, ба вазъи умумӣ таъсир намерасонанд.

Мехоҳам матлабамро бо суханони Саидҷаъфар Усмонзода дар мавриди аҳамияти равобит бо Русия ва мақоми забони русӣ ба анҷом расонам: “Имрӯз яке аз шарикони муҳими мо Русия аст ва мо бояд минбаъд низ равобитро бо ин кишвар  густариш диҳем. Қисми асосии аҳолии мо забони русиро хуб медонанд ва на танҳо дар муошират, балки онро дар илм, сиёсат ва фарҳанг истифода мебаранд, яъне мо бо ҳамин забон кору фаъолият мекунем. Дар кишвари мо забони англисиро асосан дар сатҳи гуфтугӯйӣ медонанду истифода мебаранд, на дар сатҳи илмӣ ва на давлатӣ. Вале забони русиро 90 дарсади аҳолӣ медонанд ва ё мефаҳманд, ки мо бояд дар ин заминаи мавҷуда кор кунем”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь