Раисони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷайҳун, Шаҳритуз, Хуросон, Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон зимни нишастҳои матбуотияшон вобаста ба дороияшон маълумот доданд. Аксари онҳо дороии худро як хона ва як мошин мегӯянд. Раиси ноҳияи Хуросон бошад, изҳор дошт, ки ҳардуи инро ҳам надорад.
Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом 30-юми июли соли ҷорӣ зимни нишасти хабарии мақомот гуфт, ки ҳоло ҳеҷ дороӣ надорад. Раис ҳамчунин шарҳ дод, ки ӯ як хона доштааст ва онро ҳам бо арзиши 110 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. «Ҳатто мошини шахсӣ ҳам надорам»,- гуфт ӯ ва илова кард: «Аммо ният дорам, барои худам як хона бигирам».
Рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дороии раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффорро масъулони мақомоти ноҳия танҳо як манзили истиқоматӣ гуфтанду халос. Раиси ноҳия дар идома гуфт, “мо ҳамасола тибқи талабот ҳамаи дороии худро дар эъломияе, ки ба нозироти андоз пешниҳод мекунем, нишон медиҳем”.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз низ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфта буд, ки дороияш як хонаву як мошин аст. Дар идома ӯ шарҳ дод, ҳамон мошине, ки дороиаш буд, фурӯхтааст ва ҳоло мошин ҳам надорад.
Раҳимзода Сафар – раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ мисли ҳамтоёни дигараш дорои худро як хона ва як мошин гуфт. “Дар ноҳияи Ҷомӣ бошад, иҷоранишин ҳастам”,- илова кард ӯ.
– Ҳар як сол мо то якуми апрел оид ба дороии худ маълумот пешниҳод мекунем,- гуфт Саидзода Ҷамшед – раиси ноҳияи Ёвон ва афзуд, ки “ман рондани мошинро нағз намебинам ва аз ин рӯ, то ҳол мошини шахсӣ нагирифтаам. Аз соли 2000 ба ин сӯ, тақдир баландӣ кардааст, дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунам ва мошини хизматӣ ва ронанда дорем, дигар ҳоҷати харидории мошин нест”. Ӯ афзуд, ки “ба номи ман як манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ 89 мебошад”.
Раиси шаҳри Леваканд Давлатзода Зарина дар яке аз нишастҳои матбуотиаш оид ба дороии худ чунин гуфта буд: «Ман як хона ва як мошин дорам, дар шаҳри Левакант бошад, иҷоранишинам».
Дурустии иттилои манзурнамудаи ин раисонро имкони санҷидан нашуд, аммо корбарони шабакаҳои интернетӣ дар зери хабарҳои марбут ба ин мавзуъ нобоварӣ иброз карда, мегӯянд, ки баъди ба мансаб расидан дороиҳои онҳо бамаротиб меафзояд.
Тибқи Конвенсияи Созмони Миллаи Мутаҳид “Бар зидди коррупсия” аз соли 2003, ки онро Тоҷикистон низ дар соли 2008 эътироф кардааст, бояд кишварҳои узв дороиҳои шахсони мансабдорро ифшо кунанд. Аз ин хотир, мансабдорони тоҷик низ вазифадор шудаанд, ки то 1-уми апрели ҳар сол эъломия дар бораи дороиҳояшонро ба мақомоти андоз пешниҳод мекунанд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”