Чаро баъзе расонаҳо хизматчиёни давлатии категорияи сиёсиро бадном мекунанд?!
Албатта, на ҳар нафареро, ки аз тариқи васоити ахбори омма баромад мекунад ва ба истифодаи иттилоот дар расонаҳо сару кор дорад (бигзор таҷрибаи садсола ҳам дошта бошад), журналист (ва ё хабарнигор) гуфтан мумкин аст. Аммо мутаассифона, бо гузашти солҳо журналистони асилеро, ки дар васоити ахбори омма фаъолият мекунанд ва бо тамоми маъно журналистанд, хеле кам вомехӯрем.
Ин қабил журналистони асолатманду поквиҷдон ҳамеша мояи эҳтироми воқеиянд (на аз тарсе, ки мабодо танқидамон кунад) ва мухотаби ин матлаб нестанд. Мо ин ҷо тибқи як ишораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ кӯшиш мекунем оинаеро пеш гузорем, ки ҳар кас ба симои худ назар карда, он иллату зиллатҳоеро, ки ба чашм мерасанд, ислоҳ намояд.
Ҳамзамон, бо дарки таъкидҳои батакрори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо вазифадорем, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ дӯстро аз душман фарқ карда, бе ягон калавандагӣ манфиатҳои Ҳукумати конститутсиониро ҳимоя намоем.
Дар замони муосир бо дастрасӣ ба интернет ва эҷоди шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар касе чизеро хоҳад ба мардум пешниҳод мекунад. Яъне бо рушди технологияи иттилоотӣ барои беобрӯсозӣ дар шакли таҳқиру тавҳини элитаи сиёсӣ ва роҳбарони маҳаллӣ шароити бештар фароҳам оварда шуд. Диверсияи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотии хориҷӣ ва дохилии ба онҳо такякунанда нахуст аз раисони ҷамоатҳо чунон беобрукуниро оғоз карданд, ки дигар кам касон мехоҳанд дар идораҳои ҷамоатҳо ба кор раванд. Баъдан, ба роҳбарони ташкилоту муассиса ва бо андаки дигар “ҷуръат” пайдо кардан ба раисони шаҳру ноҳияҳо сахт “часпиданд”.
“Рэкети иттилоотӣ” – мафҳуми нав бо таърихи куҳан
Дар фазои иттилоотии байналмиллалӣ мафҳуми нави “Рэкети иттилоотӣ” (Information racket) пайдо шудааст. Вақте бори аввал ба ин мафҳум дучор омадем, ҳайрон шудем, ки “чунин ҳам мешавад?” Дар омӯзиши шарҳи ин мафҳум, дарк кардем, ки ҳам дар фазои иттилоотии Ғарб ва ҳам Шарқ чунин “рэкет”-ҳо фаъолияти густурда доштаанд. Усули корашон ҳамин аст, ки бо “танқидҳои сахт” дар асоси нақшаи пешакӣ якчанд мансабдори воқеан ҳам ноуҳдабароро, ки аз кор рафтан ва ё маҳбас шуданашон дер ё зуд аз тарафи худи давлат ногузир аст, сахт часпида, шармандатар карда, бо ин роҳ ба дигар мансабдорон “паём” дода, метарсонанд. Фазоро мусоид карда, баъди андак танқид мансабдорони боқимондаро ба он вомедоранд, ки худашон таклифи “дӯстӣ” намоянд. Ба истилоҳ ҳалқабаргӯшаш месозанд. Боқӣ сари ҳар чанд вақт аз сайдашон ба манфиати шахсӣ “хизмат”-ҳо талаб мекунанд, ки дигар ҳоҷат ба шарҳ нест. Мабодо, агар ҷойе саркашӣ кард ва ё дар расонидани “хизмат” кӯтоҳӣ намуд, фавран як ҷойи “нозук”-ашро ёфта, “зарба мезананд” то саропо ларзон-ларзон омада узр пурсаду “хизмат”-ро дучанд намояд. Дар акси ҳол, воқеан бо тӯҳмату бӯҳтон ва истифода аз тамоми усулҳои беобрӯкунанда, бо сӯистифода аз аудиторияи ғайбатдӯстдори васоити ахбори оммаи зери таъсирашон чунон шантаж ва ба қавли худашон “шармандааш мекунанд, ки ҳатто назди мардум баромада наметавонад.” Мансабдоре, ки солҳо таҷриба андӯхту давлат тарбияаш кардааст ва бояд қувваи зеҳниву ҷисмониашро барои хизмати халқу давлат сарф кунад, дар ҳоли карахтии равонӣ қарор мегирад ва пеши як иғвогар ба зону меафтад. Бо тасаввури чунин ранг гирифтани оқибати кор, дигар ноилоҷ сар мефароранд ва дар зоҳир ба ҳам дӯсту бародару рафиқ мешаванд. Вале ҳарду гурӯҳ ҳам мавқеи аслиашонро хуб дарк мекунанд, ки дур аз шарофати инсонист.
…Бигзор шабурӯз танқид кунанд, аммо хизматчии давлатӣ набояд дар пеши як ҳанноти иғвогар зону зада, зорӣ кунад, ки ба ҳар баҳое бошад, танқидаш накунанд. Зеро камбудиро ислоҳ карда, пеш бояд рафт! Агар матлаб бар пояи фитнаву дасисаву иғво ва аз сари кинаву адоват аст, бояд фавран ошкор карда, чора андешем. Тамаъҷӯйӣ ва ё талаби анҷоми кадом як кори ғайрирасмиву ғайриқонунӣ, ба ҳар баҳое набошад, бояд рад карда шавад, то ба халқу давлат хиёнат накунем. (Юсуф медонист, ки шантажи Зулайхо ӯро ба зиндон мебарад, аммо зиноро қабул накард ва хиёнат наварзид).
Дар маҷмӯъ, хизматчии давлатии бонангу номус ҳеҷ гоҳ имкон надиҳад, ки қурбонии шантажҳои чунин рэкетҳои иттилоотӣ гардад. Зеро чун “Бо гург дӯст шудӣ, оқибат худатро мехӯрад”
Дар таърихи адабиёти классикӣ борҳо қиссаҳоеро вохӯрдаем, ки кадом як шоир ва ё нависандаеро агар ҳоким бадраи зару хилъати неку медод, бо камоли иғроқ барояш як ё якчанд мадҳияи “олӣ” менавишт. Агар инъоме намедод, ҳатман ба номаш ҳаҷвия менавишт ва аз авҷи фалак ба хоки сиёҳаш “мезад” (“задан”, Яъне рэкетизми иттилоотӣ падидаи чандон нав ҳам нест. Аммо ин гуфтаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба адибони асилу бовиқори адабиёти классикии тоҷик мисли Сайидои Насафӣ, ки ба меҳнати ҳалол касби маош мекард, дахл надорад. Ё худ орифи шикастанафсе чун Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки гуфта буд:
Ба дандон рахна бар фӯлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан,
Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан…
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,
Ки бори миннати дунон кашидан.
Айб дар худи чунин соҳибмансабон ҳам ҳаст, ки гургро ба ҳавлии худ (яъне доираи наздикашон ва асрори хизматӣ) роҳ медиҳанд. Билохира, рӯзе мерасад, ки чунин шахсони зоҳиран “батадбир” ба ин гурги “дӯсташ” як тика гӯшт ҳам ёфта дода наметавонад. Он гоҳ гург дақиқан поси неъмати гузаштаро фаромӯш сохта, гургпарварро пора-пора карда, гушти баданашро хоҳад хӯрд.
Ин тамсил бори дигар собит месозад, ки манфиатҳои давлат бояд болотар дигар манфиатҳо, ҳатто дӯстиву бародариву устодиву шогирдӣ бошад.
Диверсантҳоро ошкор ва халъи силоҳ бояд кард!
Аз таҷрибаи давлатдориамон медонем, ки оғози солҳои соҳибистиқлолӣ баъди истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва авфи умумӣ бисёре аз ҷангҷӯён аз Афғонистон ба ватан баргаштанд. Гурӯҳи дигаре, ки дар кишвар буданд, бо истифода аз зӯри силоҳу аслиҳа ба мардум зулм намуда, ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар хизматчиёни давлатиро дар утоқҳои кориашон даромада таҳқиру латукӯб мекарданд.
Президенти кишвар дар чунин лаҳзаҳои ҳассос тадбири дурусту саривақтиро роҳандозӣ кард, ки боиси таъмини амнияту осудагии мардум гардид.Ӯ аз шахсони ғайринизомӣ даъват кард, ки аслиҳаву муҳимоти ҷангиро ихтиёран супоранд. Дар майдони муборизаҳои иттилоотӣ ҳам бояд чунин тадбирро ба таври васеъ амалӣ намоем, то ҳар як хизматчии давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо имкон пайдо намоянд, ки ба ҷойи асабонияту мазлумӣ дар назди як иғвогар ва “хизмат” ба ӯ, осуда кор карда, софдилона хизмати халқро ба ҷо оранд. Вагарна маҷбур мешаванд ногузир даст ба корҳои ғайриқонунӣ зада, ҳаққи мардумро гирифта, ба даҳони ҳамон “рэкет”-ҳо гузоранд ва ахиран баданашон ба дандони тези чунин гургсифатон пора шавад. Ин кори осон нест. Шояд бисёриҳо дар ин ботлоқ аллакай ғӯтида, батадриҷ фурӯ рафта истодаанд ва имкони баромаданро намебинанд.
Агар воқеан мехоҳем вазъиятро ислоҳ кунем, як сари хас ҳам метавонад дастгирамон бошад. Барои муваффақият дар ин самт бояд ҷасорати азхудгузарӣ, иродаи қавии сиёсӣ, дасту дили пок ва ба халқу давлат садоқату самимият дошта бошем. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ҳеҷ гоҳ дар пешорӯи ягон мушкилот рӯҳафтода набояд шавем. Зеро қувваи некӣ ҳамеша дар ниҳоят ғалаба мекунад.
Ҳамидиён ОРЗУ,
муовини раиси шаҳри Кӯлоб
Аз редаксия: Маводи мазкур дар шакли ихтисор нашр шудааст..