Дар ҷаҳони муосир низомҳои давлатдорӣ гуногунанд; аз рӯйи мансубият ба эътиқод-дунявӣ ва  динӣ табақабандӣ гардида, инчунин низомҳои дунявӣ гунаҳои худро доранд, амсоли демократӣ, тоталитарӣ ё худкома, шоҳӣ ё шоҳаншоҳӣ (императорӣ), амирӣ ва ғайра.

Ҳар яке аз давлатҳои ҷаҳон мутобиқи Конститутсияи худ низоми давлатдорӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба арзишҳои демократия пайваста арҷ мегузорад. Озодиҳои динӣ ва эътиқодии аҳолии мамлакат аз ҷониби давлат таъмин мегарданд. 98 %- и аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд ва озодона фаризаҳои дини мубини исломро иҷро менамоянд.

Ҳоло  дар кишвар садҳо масҷид амал мекунанд. Дар баробари ин, давлат барои фаъолияти динҳои дигар, насронӣ, католикӣ ва яҳудӣ  низ шароит фароҳам овардааст. Бояд гуфт, ки калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, ки далели таваҷҷуҳи роҳбарияти Тоҷикистон ба озодиҳои динӣ ва демократии ҷомеа мебошад.

Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар тавассути васоити дурӯғпарокании хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби кишвар ва роҳбарияти он сангандозӣ намуда, дастовардҳои замони истиқлол, раванди ободонӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Онҳо демократияи Тоҷикистонро бо мамолики Амрико ва кишварҳои Аврупо муқоиса карда, давлати озод, ҳуқуқасос ва демократӣ будани онро зери шубҳа мебаранд. Чунин ашхос  ба демократия ва арзишҳои давлатҳои демократӣ мутобиқи доираи  мафкураи худ баҳогузорӣ менамоянд. Ба онҳо маълум бод, ки демократия ба маънои томаш дар ҳеҷ давлати ҷаҳон мавҷуд нест, зеро он нисбӣ аст. Онҳое, ки Амрикоро намунаи беҳтарини демократия медонанд, магар саркӯбии сиёҳпӯстон, пароканда намудани эътирозгарони интихоботи президентро дар соли 2020 аз хотир баровардаанд?

Интихоботи охири президенти Амрико, ки бо тақаллуб олуда буд ва моҳҳо ба дарозо кашид, магар демократӣ буд? Чаро кишварҳои ҳомии демократия дар мавриди тақаллубҳои густурдаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ  садо баланд накарда, аз ғайридемократӣ будани он ҳарфе нагуфтанд?  Бале, онҳо ҳаргиз дар ин хусус чизе намегӯянд, зеро худи онҳо ҷонибдори номзаде буданд, ки бояд “пирӯз” мегардид. Барои кишварҳои ҳомии демократия,  демократия не, балки манфиат муҳимтар будааст. Яъне агар интихобот ба манфиати онҳо набошад, он ғайридемократӣ арзёбӣ гардида, ба он ҳазору як гуноҳро зам намуда бар ин васила аз номи демократия шур бармеангезанд. Амсоли интихоботи соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаффоф буд, вале чун дархӯри манфиатҳои баъзе давлату гурӯҳҳо набуд, аз ҷониби кадом як созмони “Хонаи озодӣ”  “ғайридемократӣ” унвон шуд, аммо мардуми кишвар дубора собит намуд, ки интихоботи Тоҷикистон демократӣ ва шаффоф сурат гирифтааст.

Ба ҳамин монанд метавон интихоботи президенти Белорусро мисол овард, ки то ҳол мавзӯи баҳси кишварҳову созмонҳои ҳомии демократия қарор гирифтааст.

Дар Амрико, Итолиё, Олмон ва Фаронса тайи як соли охир даҳҳо намоишҳои эътирозӣ бо бархӯрди шадиди полис анҷом гирифт, даҳҳо нафар дастгир гариданду мегарданд, вале матбуоти “озод”- и демократӣ дар ин маврид “муҳри хомӯшӣ” ба лаб задаанд. Аммо дар мавриди воқеаҳои Русия, Белорус, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, поймол гардидани арзишҳои демократия дар Тоҷикистон шабакаҳои ҳомии демократия шабу рӯз ҷор мезананд. Бубин, тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷост….

Дар Амрико то ҳол ҳуқуқи сиёҳпӯстон поймол мегардад, полиси ин кишвар бадтарин амалҳои ғайриинсониро дар ҳақи сиёҳпӯстони Амрико раво мебинад, ҳамасола даҳҳо нафари онҳо чун авбош, қонуншикан ва саркаш аз ҷониби полис кушта мешаванд, вале мақомоти ин кишвари демократӣ ҳамаи инро нодида мегиранд. Ҳамагон шоҳиди онем, ки кишварҳои ҳомии демократия бо баҳонаи барҳам задани низоми кишварҳои худкома ва бунёди ҷомеаи демократӣ ба сари мардуми Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Лубнон чӣ рӯзҳои сахтеро оварданд. Дар ин кишварҳо ҳамарӯза даҳҳо тан кушта мешаванд, бар асари инфиҷор нафарони зиёд захм мебардоранд, миллионҳо нафар хонабардӯш ва ё фирорӣ гардиданд, ки ин натиҷаи демократӣ намудани низоми ин кишварҳо мебошад.

Як меъёри демократия озодии баён, сухан ва расонаҳо маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода дар замони истиқлол дар тамоми соҳаҳои мамлакати мо  дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад. Масалан, маҳз дар  давраи истиқлол пояи ҳуқуқии инкишофи ВАО ба вуҷуд омад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сензура мамнуъ буда, ҳар кас метавонад ақидаи худро озодона баён намояд. Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи ВАО, қонунҳо дар соҳаи матбуот, телевизион ва радио, табъу нашр ва ҳуқуқи муаллиф ҳама ба асосҳои констутсионӣ мутобиқ гардонида шуда, ба меъёрҳои демократӣ ва озодии сухан мутобиқ гардонида шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» принсипҳои нави фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистонро муайян кард, ки инҳоянд:

– воқеънигорӣ;

– ҳақиқатнигорӣ;

– ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;

– озодона иброз намудани фикру ақида;

– эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;

– қатъиян риоя намудани одоби касбӣ.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»,  «Дар бораи табъу нашр»,  «Дар  бораи   телевизион    ва радиошунавонӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ» «Дар бораи иттилоот» «Дар бораи ҳифзи итттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муносибатҳои вобаста ба иттилоотро танзим менамоянд. Қонун ва санадҳои дар замони истиқлол қабулгардида, агар аз як тараф, барои дар низоми нав фаъолият намудани ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда бошанд, аз ҷониби дигар, аз миён рафтани яккаҳизбӣ боиси он шуд, ки ҳизбу созмонҳои нав арзи ҳастӣ намоянд, шаклҳои нави моликият зуҳур кунанд. Зеро демократия, ки рукни асосияш озодии расонаҳо аст, ба гуногунандешӣ роҳ кушод. Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 376 рӯзнома, аз ҷумла 112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла 114 адад давлатӣ ва  131 адад ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 49 телевизион, аз он 13-то давлатӣ ва 33-тоаш ғайридавлатӣ,  32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22-то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.

Дар Тоҷикистон низоми сиёсӣ бар мабнои бисёрҳизбӣ бунёд шудааст. Ҳоло дар кишвар 8 ҳизбҳои сиёсӣ ва  созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ озодона ширкат менамоянд. Феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазор созмони ҷамъиятӣ аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ грант дарёфт менамоянд ва фаъолияти онҳо озод аст. Аммо дар Россия чунин ташкилотҳо ҳамчун “агенти хориҷӣ” шинохта шуда, фаъолияти онҳо зери назари мақомоти қудратӣ қарор дорад. Ин ҳам як бартарии ҷомеаи демократии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон собитқадамона роҳ ба сӯйи демократия мегирад. Демократияе, ки созанда аст, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон қадр доранд, на демократияе, ки бар пояи манфиат бунёд гардида бошад. Маҳз раванди демократӣ будани ҷомеаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон онро рушд бахшид, бунёдкорӣ хислати оммавӣ касб кард ва мисоли барҷастаи он дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беш аз 25 ҳазор иншоот нишон аз бунёдкории сартосарӣ ва ободонии оммавии минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон мебошад. Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф самти муҳимтарини сиёсати давлати демократии Тоҷикистон ва роҳбарияти он буда, дар мабнои он маориф самти афзалиятноки ҷомеа эълон гардидааст. Тайи 30 соли истиқлол дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода супурда шудааст. Муҳимтарин нукта ин аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат мактаби омӯзишу парвариш сифатан нав гардид, инқилоби маънавӣ равиши тоза касб кард, маориф ба низоми ҷаҳонии таҳсилот пайваст, омма ба сӯйи ҷомеаи донишмеҳвар қадами созандаву устувор гузошт. Ҳамаи ин аз баракати истиқлол, демократия ва бунёди ҷомеаи донишмеҳвари дунявӣ мебошад.

Суоле ба миён меояд, ки магар барои кишвари мо барин давлатҳо демократияи дурӯя ва дорои меъёри дугона зарур аст?! Ҳаргиз не! Ҳар фарди солимақл метавонад хулоса барорад, ки демократия ҳокимияти халқ аст, дар чунин низом меҳвар ва идоракуни низом мардум мебошад. Пас ҳама чиз барои халқ ва бояд дар хидмати халқ бошад.

Амиралии Муртазо

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь