Коршиносон ва руҳониёни тоҷик фатвоҳои уламои машҳури олами исломро оид ба зиёрати хонаи Худо шарҳ доданд.

 

Дар арафаи маросими ҳаҷи соли ҷорӣ аз тарафи бархе аз уламои исломӣ даъватҳое барои таҳрими он садо медиҳанд. Ал-Ғариёнӣ – муфтии Либия ва яке аз муҷтаҳидони бузурги исломӣ аз мусулмонони ҷаҳон даъват кардааст, ки мавсими Ҳаҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Афзун бар ин, Ал-Ғариёнӣ ҳушдор додааст, ки ҳар касе, ки ҳоло ҳаҷ меравад, ба ҷойи савоб гуноҳ мегирад.

Аммо ин даъват ва фатвои муфтии Либия бо он ки дар саросари олами ислом вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст, ба бовари бештари андешамандон ва таҳлилгарон, ангеза ва ҷанбаҳои сиёсӣ дорад. Дар ҳоле, ки анҷоми маросими ҳаҷ яке аз панҷ рукни ислом аст ва дар сурати доштани шароит ва имконот иҷрои он фарз ба ҳисоб меравад.

Бештари ҳамсуҳбатони CABAR.asia эътироф карданд, ки наметавонанд дар мавриди ин масъала, ки ҷиддӣ ва ниҳоят нозук аст, изҳори андеша намоянд. Онҳо гуфтанд, ки донишмандоне амсоли Содиқ Ал-Ғариёнӣ ва Имом Юсуф Ал-Қарзовӣ, ки ӯ ҳам дар соли пеш ҳамчунин фатвоеро содир карда буд, аз муҷтаҳидони бузурги имрӯзианд, ки бидуни мадрак (санад) ва далели қуръонӣ наметавонанд ҳамчунин даъват ва фатвое содир бикунанд, вале аз тарафи дигар, зиёрати хонаи Худо барои бандае, ки зарфияти онро дорост, ҳатмист.

Парвиз Муллоҷонов – таҳлилгари тоҷик дар як суҳбат бо CABAR.asia гуфт, ки дар воқеъ фатво ва даъвати ҳам муфтии Либия ва ҳам Шайх Қарзовӣ ва бархе аз донишмандони Ал-Азҳари Миср ангеза ва мабдаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи Муллоҷонов, ин донишмандон аз мавзеъгириҳои сиёсии Арабистони Саудӣ дар баробари бархе аз кишварҳои арабӣ назири Баҳрайн ва Яман дар ин авохир ва ҳамчунин иртиботи ҳасана ва танготангаш бо Исроил ва Амрико ба шиддат норозианд: “Зиддият миёни Арабистони Саудӣ ва Қатар ба тамоми олами ислом таъсир мекунад. Бархе олимон боварӣ доранд, ки Арабистони Саудӣ ба таври ғайрирасмӣ бо Исроил ҳамкорӣ мекунад ва дигар тарафдори фаластиниҳо нест. Зимнан, Арабистони Саудӣ барои шоҳони имрӯзаи ин кишвар, бад-ин ҷиҳат, ки ҳам Каъбаи мусалмонон ва ҳам қабри пайғамбар дар шаҳри Макка ва Мадина аст, як имтиёзи бузурги руҳӣ ва маънавиеро додааст. Мавҷудияти Хонаи Худо – Каъба ва маросими зиёрат аз он боиси обрӯ ва нуфузи Саудӣ дар олами исломӣ аст. Аммо аз тарафи дигар ин маросим боис ва мунҷар ба даромади бузурги ин кишвар мешавад. Азбаски, ба андешаи ин донишмандон, саудиҳо манфиатҳои ҷомеаи исломиро ҳимоят намекунанд, рафтани  мусулмононро ба ҳаҷ дигар раво намеҳисобанд. Ба андешаи онҳо саудиҳо даромади ҳаҷро барои ҷанг ва барангехтани низоъ миёни мусулмонон корбурд мекунанд».

Ал Ғариёнӣ – муфтии Либия ҳам ошкоро дар тавҷеҳи даъват ва фатвои худ гуфтааст: “Далели аслӣ барои ман барои таҳрими ҳаҷ дар ҳоли ҳозир ин боварам аст, ки Риёз (пойтахти Арабистони Саудӣ) даромади ҳангуфте аз хидмат ба миллионҳо зоирини мусулмон дарёфт мекунад. Ва ин боиси хариди силоҳ ва идомаи таҷовуз алайҳи Яман мешавад ва ба таври ғайримустақим Сурия, Либия, Тунис, Судон ва Алҷазоир. Мақомоти Саудӣ ҳамчунон ба ҳимоят аз режимҳои диктаторӣ ва ё неруҳои маҳаллии иртиҷоии (мухолифи пешрафт) худ идома медиҳанд. Пулҳои мо кӯмак мекунад, то саудиҳо муртакиби ҷиноят алайҳи бародарони мусалмони мо шаванд”.

Ба бовари бархе дигар аз донишмандони тоҷик, даъвати нарафтан ба ҳаҷ ва ё таҳрими он дар солҳои қаблӣ ҳам садо додааст.

Арабистони Саудӣ, ки аз тарафи хонаводаи Малик бин Салмон ва фарзанду набераҳои ӯ идора шуда, як давлати салтанатӣ ва сирфан теократӣ аст, ҳамвора барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мешавад. Дар ин кишвар ҳамоно ҳукми қатл дар мазҳари ом ба иҷро дароварда мешавад.

Чанде қабл бозрасони СММ ба натиҷа расиданд, ки қатли ваҳшиёнаи Ҷамол Хошуқҷӣ – рӯзноманигори мунтақиди ин хонавода дар сафорати Саудӣ дар Истамбул бо дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди шоҳ рух додааст. Тайи панҷ соли ахир Арабистони Саудӣ, ки бо Яман дар ҳоли ҷанг қарор дорад, дар куштори ғайринизомиҳо тавассути бомбҳо муттаҳам мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки солона барои анҷоми маросими ҳаҷ ва зиёрати қабри пайғамбар 2 миллиону 300 ҳазор мусалмон сафар мекунанд. Ва гуфта мешавад, маблағе, ки аз ин ҳисоб ба даст меояд, аз 15 то 17 миллиард долларро ташкил медодааст. Барои мисол дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Саудӣ 6 ҳазор зоир сафар мекунад, ки маблағи сафари як ҳоҷӣ наздик ба 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аммо дар ин миён бархе дигар аз таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки Арабистони Саудӣ ба унвони бузургтарин содиркунандаи нафт ва низ муҳраи муҳими минтақа наметавонад ба дунболи манофеи худ набошад. Ин таҳлилгарон муътақиданд, ки ҳамчунин фатвоҳо ҷиҳати коҳиши теъдоди ҳоҷиён ва ҳамин тавр ворид кардани зарари иқтисодӣ ба Саудӣ коромад нестанд.

Иршод Сулаймонӣ – таҳлилгари тоҷик бар ин ақида аст, ки гарчанде сиёсатҳои Саудӣ ба шароити феълии ҷаҳон созгор нест, ин кишвар ҳамоно ба дунболи манофеи худ меравад. Ба назар мерасад, ки бо ҳамчунин даъват ва фатвоҳое тавонист рӯи сиёсатҳои ин кишвар ва ба вижа муносиботи он бо ҷаҳони ислом асар гузошт: “Агар ҳадаф аз ин гуна даъватҳо таъсир гузоштан рӯи тасмимҳои ин кишвар бошад, фикр намекунам бисёр муассир воқеъ шавад. Зеро Подшоҳии Саудӣ ҳимояти қудратҳои бузурги ғарбӣ, монанди ИМА-ву Конодо ва бозингарони аврупоиро ба ҳамроҳ дорад. Аз сӯи дигар, агар ҳадаф асаргузории иқтисодӣ бошад, тавонмандии иқтисодии Саудӣ дар ҳоли ҳозир хеле болост ва ин кор таъсири каме мегузорад”.

Ин таҳлилгари тоҷик дар идома илова кард, ки ҳаҷ як фаризаи илоҳӣ аст ва як василаи такмили имону бовар барои мусалмонон ва маҳрум сохтан аз он кори ботадбире нахоҳад буд.

 

Домуллои тоҷик: Шоҳони Саудӣ фардо дар назди Худо худашон посух хоҳанд дод

Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишмандони динии тоҷик мегӯянд, ки масоили эътиқодии мардум, аз ҷумла ҳаҷ, набояд ба абзори сиёсӣ табдил дода шавад. Зеро сиёсӣ шудан ё кардани ҳаҷ ё вориди бозиҳои калони минтақаию геполитикӣ кардани ҳаҷ хатароти бузурге метавонад дошта бошад.

Як тан аз домуллоҳое, ки розӣ шуд бидуни бурдани ном суҳбат кунад, тасдиқ кард, ки мавзеъгириҳои Саудӣ дар баробари кишварҳое мисли Яман ва Баҳрайн боиси нороҳатии мусалмонон аст.

Ба вижа дар ин авохир, ки ҳам Қатарро зери таҳрим қарор дода, бархе аз кишварҳои арабиро алайҳи он басиҷ кардааст ва ҳам бо Эрон ихтилофоти худро бо такя ба пуштибонии Амрико бештар ба намоиш гузоштааст, мавқеи Саудӣ мояи нороҳатиҳо ва норизоиятиҳо дар ҷаҳони ислом шудааст.

Аммо, домуллои тоҷик афзуд, ки ҳамаи ин моҷароҳо ва ё ҷараёнот наметавонад ва набояд сади роҳи маросими ҳаҷ, ки ҳукм ва фаризаи илоҳист, бишавад. Вай гуфт, ки ҳаҷ аз аркони ислом ва фарзҳои ислом аст, ки барои бандаҳои дорои тавон ва қудрат он ногузир аст ва онро наметавонад бандае ба чолиш бикашад.

Бо ин ҳама қарор аст нахустин ҳайати зоирони хонаи худо аз Тоҷикистон 25-уми июл парвоз кунанд. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон 20 нафар аз ходимони ҷамъиятии ин кишвар имсол ройгон ба зиёрати хонаи худо мушарраф хоҳанд шуд. Тайи даҳ соли ахир корҳои омодагӣ ба маросими ҳаҷ ва тамоми раванди онро танҳо Кумитаи дини Ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

Ин матлаб дар доираи силсилагузоришҳои CABAR.asia, ки бо ҳадафи огоҳии ҷомеа аз гуногунии фазои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд, омода шудааст. Муаллифони ин матолиб қасди тарғиби ҳеҷ дину мазҳаберо надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь