Туркия мехоҳад, номи Осиёи Миёнаро ба Туркистон табдил диҳад, ки дар бораи ин тағйироти ҷиддӣ  чанде пеш Вазорати маорифи миллии Туркия эълон нашр кард. Ҳоло сухан дар бораи барномаҳои таълимии мактабҳо меравад, яъне ин истилоҳ дар китобҳои дарсӣ истифода хоҳад шуд, вале ин тағйирот стратегияи иттиҳоди туркиро, ки Туркия фаъолона амалӣ карда истодааст, идома медиҳанд. Равобити Туркия бо кишварҳои минтақа аз рӯйи кадом самт пеш меравад? Дар ин бора бо коршинос Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

Робитаҳои ноустувор

Тавре коршинос қайд мекунад, равобити Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар даврони истиқлолияти ин кишварҳо наметавон устувор номид: “Туркия ҳанӯз аз солҳои ҳаштодум кӯшиш мекунад, ки бо тамоми кишварҳои минтақа робитаҳои наздик барқарор кунад. Ин мавқеъ дар доираҳои ҳукуматии Туркия гоҳ-гоҳ тақвият дода мешавад, вале баъзан, баръакс.

Умуман,  робитаҳои Туркия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли 33 соли охир ба монанди “теппаи амрикоӣ” – гоҳ боло мераванд,  гоҳ қариб пурра қатъ мешаванд, чуноне ки соли 1999 муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилае ворид гардиданд, ки онро ҳатто тақобул номидан мумкин аст. Аммо имрӯз мо шоҳиди эҳёи ин робитаҳо мебошем. Туркия ҳамчун яке аз шарикони асосии Ӯзбекистон ба иқтисодиёти ин кишвар фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар тарафи чап ва рости ӯ президенти Ӯзбекистон Мирзиёев ва президенти Озарбойҷон Алиев нишаста буданд, ки ин аз ҷониби Туркия як ишорае буд ба он, ки робитаҳо ба кадом самт равона карда шудаанд ва ба кадом кишварҳо такя карда мешавад.

“Ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии кишварҳои мо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, дигар иқдомҳое, ки Туркия нисбат ба Тоҷикистон пеш мегирад, то барқарор шудани режими қаблии бидуни раводид самараи дилхоҳ нахоҳад дод” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Дар маҷмуъ Туркия дар Осиёи Марказӣ нақши шарики калидиро дар самти ҳамбастагии мазҳабӣ мебозад. Ҳамчунин, барои Туркия кишварҳои минтақа, ба истиснои Тоҷикистон, аз нигоҳи миллӣ-таърихӣ кишварҳои бародар маҳсуб меёбанд, зеро қисми зиёди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи халқҳои туркнажод тааллуқ доранд. Гузашта аз ин, дар Туркия даъво доранд, ки аҷдодони онҳо ба ин қаламрав аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд, яъне онҳо худро авлоди халқҳои ин минтақа мешуморанд. Дар Туркияи имрӯза теъдоди зиёди шаҳрвандони ӯзбек, тотор, туркман ва қирғизнажод зиндагӣ мекунанд – яъне робита бо Осиёи Марказӣ ҳамеша вуҷуд дошт”.

Алтернативаи Русия нест

Чунин ақидае вуҷуд дорад, фаъол шудани Туркия дар Осиёи Марказӣ ба он вобаста аст, ки ин кишвар мехоҳад Русияро аз минтақа берун кунад ва шарики асосӣ дар масоили иқтисодиву амниятӣ гардад (ҳамчун шарики асосӣ дар масоили иқтисодӣ ва амниятӣ ҷои Русияро гирад). Вале ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, ин назарҳо воқеъбинона (дурандешона) нестанд: “Туркия имрӯз чунин мақсадҳоро надорад, зеро имконот ва сатҳи рушди иқтисодии худро хуб дарк мекунад – яъне ин кишвар барои ба танҳоӣ чунин бори гаронро кашидан ва муҳаррики (қувваи пешбарандаи) минтақа будан, аз ҷумла кишварҳои минтақаро барои зуд ба ҷараёни рушди фаъолонаи иқтисодию сиёсӣ гузаштан дастгирӣ кардан имконият надорад.

Қарзи хориҷии Туркия дар соли гузашта 10% афзоиш ёфта, ба 500 миллиард доллари рекордӣ расидааст, ки ин 44,7% ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир сатҳи таваррум ба 70% расидааст.

Бинобар ин, аз ин ҷиҳат Туркия  алтернативаи Русия нест, балки як унсури иловагии дастгирии сатҳи умумии рушди минтақа мебошад. Ҳамчунин, ба ҷуз аз фаъолияти Туркия дар Осиёи Марказӣ, хоҳиши табиии Эрон ва ҳамчунин, Чинро низ барои фаъол будан дар минтақа бояд ба назар гирифт. Ҳамин тариқ, ин кишварҳо дар мувофиқа бо ҳамдигар ва шояд дар якҷоягӣ бо Ҳиндустон метавонанд барои минтақа муфид бошанд.

Ҳама кишварҳои номбаршуда, ба истиснои Туркия, узви СҲШ ва БРИКС мебошанд, аз ин рӯ, дар пасманзари ҳамкории фаъоли кишварҳо дар доираи ин созмонҳо, Туркия ба танҳоӣ нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ тавсеа дода наметавонад. Муҳим аст, ки Туркия дар танҳоӣ не, балки дар шарикӣ бо Эрон, Ҳиндустон, Чин ё Федератсияи Русия амал кунад, то ки мавқеи худро бо мавқеи ин кишварҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқат кунонад”.

Шарикони низомӣ

Агар иқтидори иқтисодии Туркия барои кишварҳои минтақа ҳамчун шарики пешсаф ночиз бошад, пас шояд ин кишвар метавонад дар масоили таъмини амнияти минтақа пешсаф шавад? Солҳои охир ҳамкориҳои низомии Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шиддат гирифтаанд – Туркманистон яке аз харидорони асосии силоҳи туркӣ мебошад, ба Қирғизистон Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин, лавозимотҳои ҷангӣ ва муҳофизатӣ дастрас мекунад, Қазоқистон бо Туркия барои истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини туркии ANKA  шартнома бастааст.

Гардиши моли байни Тоҷикистону Туркия дар соли 2023 500 миллион доллар ва бо Русия 1,8 миллиард долларро ташкил дод. Аз аввали соли 2024 Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 5,8 миллион доллар ва Русия 714 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки соли гузашта Туркия ба Тоҷикистон барои хариди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин 1,5 миллион доллар ихтисос додааст. Инчунин, 62 ҳазор доллари дигар барои таълим додани низомиёни тоҷик дар марказҳои омӯзишии Туркия ихтисос дода шудааст. Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, ҳамкориҳои низомии кишварҳои мо барои таъмини амният чандон муҳим нест: “Шартномаҳои низомӣ ба маблағи миллионҳо ва ҳатто даҳҳо миллион доллар чандон муҳим нестанд ва манзараи воқеии ҳамкориҳоро инъикос намекунанд.  Туркия имрӯз маҷмааи ҳарбӣ-саноатии худро фаъолона инкишоф дода, силоҳ истеҳсол мекунад, ки онро кишварҳои Африқо, Шарқи Наздик, инчунин, Украина, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ харидорӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, гуфта наметавонем, ки Туркия имрӯз як бозингари бузург дар бозори ҷаҳонии силоҳ аст, вале артиши Туркия яке аз артишҳои пуриқтидори ҷаҳон ба шумор меравад.

Барои Тоҷикистон шарики асосӣ дар соҳаи амният Русия аст ва ҳеҷ кишваре наметавонад дар ин самт ҷои ӯро бигирад. Ва Туркия инро хуб дарк мекунад: аслиҳаи Туркия бо аслиҳаи Русия рақобат карда наметавонад, инчунин, дар масъалаи таъмини амнияти Осиёи Марказӣ имкониятҳои хеле маҳдуд дорад, аз ин рӯ, дар ин масъала минтақа танҳо ба Русия ва СААД, ки қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он шомиланд, такя хоҳад кард. Хоҳиши Туркия барои дастрас кардани силоҳ ба Тоҷикистон ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо сабабҳои  тиҷоратӣ дорад, яъне тавсеа додани бозори фурӯш барои худ”

Қобили зикр аст, ки барои Тоҷикистон ҳамкориҳои низомӣ бо Туркия боз аз он ҷиҳат шубҳаовар аст, ки ин ду кишвар дар мавқеи худ вобаста ба муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳам мувофиқ нестанд: мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди Туркияро барои иштирок дар ҳалли ин низоъ ҷонибдорӣ накард ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳокон Фидан, ҳангоми сафари кориаш ба Душанбе дар моҳи январи соли ҷорӣ, худдорӣ кард.

“Ваҳдати туркӣ”

Сарфи назар аз надоштани имкониятҳои бузурги иқтисодӣ ва низомӣ, Туркия кӯшишҳои худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ дар самти гуманитарӣ равона карда, ба мансубияти умумии ин кишварҳо ба гурӯҳи халқҳои туркнажод тамаркуз менамояд. Ғояи муттаҳид кардани кишварҳои туркӣ дар зери роҳбарии худ, махсусан бо ба сари қудрат омадани Раҷаб Тайиб Эрдуғон фаъолона таблиғ карда мешавад. Ҳамин тариқ, соли 2021 дар Истамбул Созмони кишварҳои туркӣ таъсис ёфт. Дар доираи ин созмон стратегияи “Диди ҷаҳони туркӣ-2024» қабул карда шуд, ки на танҳо ҳамкориҳои иҷтимоию башардӯстона, балки ба роҳ мондани робитаҳо дар дигар соҳаҳоро низ пешбинӣ мекунад.

“Мо паҳлӯ ба паҳлӯ талош хоҳем кард, то замони ояндаро ба даврони туркҳо табдил диҳем ва диди худро дар бораи “Асри турк” то Созмони кишварҳои туркӣ тавсеа диҳем.” – мегӯяд президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

Дар доираи стратегияи таҳкими робитаҳо дар ҷаҳони турк, барои кишварҳои созмон китобҳои ягонаи дарсӣ таҳия карда шуданд: «Таърихи умумии турк», «Адабиёти умумии турк» ва «Ҷуғрофиёи ҷаҳони турк». Илова бар ин, моҳи сентябри соли ҷорӣ Комиссияи Созмони кишварҳои туркӣ дар мавриди таҳияи алифбои умумии туркии иборат аз 34 ҳарф тасмим гирифт, ки акнун бояд дар ҳар як кишвари узви ин созмон ҷорӣ  карда шавад. Аз ин рӯ, дар китобҳои дарсии туркӣ табдил додани номи Осиёи Марказӣ ба Туркистон (“сарзамини туркҳо”) – ин иқдомест, ки ҳамчун саҳми назаррас дар ҷаҳони туркӣ нишон дода мешавад.

Дар ин ғоя (консепсия) барои Тоҷикистон низ мавқеи муайян пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз он, ки мардуми мо ба гурӯҳи халқҳои туркнажод тааллуқ надоранд, Туркия кишвари моро бар асоси наздикии мазҳабӣ дар ҷуғрофиёи “Тӯрони бузург” ҷой додааст (шомил кардааст).

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Тасмими таъсис додани Созмони кишварҳои туркӣ бо хоҳиши наздик шудани Туркия ба Осиёи Марказӣ вобаста аст, аммо дар доираи ин созмон ихтилофоти зиёд вуҷуд дорад.  Масалан, дар мавриди истифодаи алифбои лотинӣ – на ҳама кишварҳои ҷаҳон имрӯз аз он истифода мебаранд. Илова бар ин, дар Туркия забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ ё тоториро ҳамчун забони алоҳида не, балки лаҳҷаҳои забони туркӣ меҳисобанд, ки ин аллакай нишондиҳандаи ихтилоф аст. Илова бар ин, дар фурудгоҳи Истамбул то ҳол шаҳрвандоне, ки ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон сафар мекунанд, дар минтақаи бақайдгирӣ аз тафтиши (назорати) махсус мегузаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти Туркия нисбати шаҳрвандони мо нигарониҳои муайян доранд. Нуқтаи муҳимми дигар ин аст, ки дар тӯли даҳсолаи охир теъдоди зиёди сиёсатмадорони мухолифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври анъанавӣ Туркияро ҳамчун кишвари иқомати муваққатӣ интихоб мекунанд ва Туркия дар ин масъала онҳоро пуштибонӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар муносибатҳои байни кишварҳо дар доираи Созмони кишварҳои  туркӣ на ҳама чиз ҳамвор аст. Бо вуҷуди ин, Туркия фаъолияти худро идома медиҳад, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мекунад ва робитаҳоро дар самти тиҷоратию иқтисодӣ густариш медиҳад.

Ва он, ки дар китобҳои дарсии туркӣ номи ин ё он минтақаро иваз кардан мехоҳанд, кори дохилии Туркия аст. Вале маълум аст, ки Осиёи Миёнаро ҳеҷ гоҳ Туркистон ном намебурданд: шояд қисмҳои алоҳидаи он чунин ном доштанд, вале тамоми минтақа не. Зимнан, Туркия бо истифода бурдани ин гуна номҳо, метавонад на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Чинро низ ба муқобили худ  барангезад. Оё ин гуна муносибат бо стратегияи умумии сиёсати хориҷии Туркия мувофиқат мекунад? Инро, албатта, туркҳо беҳтар медонанд, вале чунин иқдомҳо аз нуқтаи назари бисёр давлатҳо қобили қабул нест. Худи номи “Тӯрони бузург” низ нодуруст аст: дар Туркия зери ин мафҳум кишварҳои ҷаҳони туркиро дар назар доранд, вале дар асл Тӯрон сарзамини тоҷикон аст”.

Дар ҷамъбаст, чунин хулоса бармеояд: идеологияи «Тӯрони бузург»-ро ҳоло фақат ҳамчун як бозӣ ва изҳороти рӯякӣ, ё ин ки ҳамчун стратегияи амалисозии манфиатҳои Туркия баррасӣ кардан мумкин аст. Оё ин «бузургӣ» бар пояи баробарҳуқуқии ҳамаи кишварҳои туркӣ асос меёбад ё не, ин савол шубҳаҳоро ба бор меорад.

Соли 1992 президенти вақтии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буд, ки аз истилоҳи “Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон” ба фоидаи мафҳуми “Осиёи Марказӣ”, ки тамоми кишварҳои пасошӯравии ин минтақаро фаро мегирад, даст кашем. Ин истилоҳ ҳоло дар ВАО истифода мешавад. Аммо, аз нигоҳи илми ҷуғрофиё, Осиёи Марказӣ як минтақаи хеле бузургтар аст, ки ба ҷуз аз Осиёи Марказӣ Муғулистон ва қисмати ғарбии Чинро дар бар мегирад. ЮНЕСКО низ бо ин матлаб ҳамфикр аст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь