- Асрҳои XIX-XX – «Бозии бузург» ва XX-XXI – “Бозии бузурги нав“
Воқеаҳои имрӯзаро, ки дар арсаи геополитикӣ рух медиҳад, коршиносон “Бозии бузурги нав” унвон кардаанд. Чаро? Чунки пештар дар миёнаҳои асри XIX чунин бозӣ вуҷуд дошт. Чаро Бозии бузург? Дар он рақобати империяҳои Русия ва Бритониё барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дида мешуд.
Русия асосан ба вусъат додани тиҷорат манфиатдор буд – ба саноати рушдкунандаи Русия пахтаи Осиё зарур дониста мешуд. Ба Осиёи Миёна экспедитсияҳои тадқиқотии этнографӣ ва географӣ равона карда мешуданд, ки дар инкишофи илм дар минтақа саҳми калон гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сарони кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ тирамоҳи соли 2022 таҳдидҳои асосиро барои кишварамон, аз ҷумла ҷамъ омадани ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ва ғайраро номбар кард. Ӯ дар бораи зарурати ҳамкориҳои хадамоти вижаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои муайян кардани роҳҳои ҷалби ҷанговарон таъкид намуд.
Дар навбати худ, манфиати асосии Британияи Кабир дар Осиёи Миёна ин эмин нигоҳ доштани мустамликаҳои ҳиндуи худ аз ҳамлаҳои ғоратгарони афғон ва туркон ва аз ҳама муҳим, ба минтақа роҳ надодани Русия ба ҳисоб мерафт.
Вазъияти имрӯза ба ҳодисаҳои ду садаи пеш хеле монанд аст – Британияи Кабир ва ИМА боз талош доранд, ки “Бозии бузург”-ро оғоз кунанд ва барои муқобилӣ бо Русия нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ афзоиш диҳанд. Дар ҳамин ҳангом, агар ҳузури Русия ва Чин рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа, нигоҳ доштани субот бо назардошти арзишҳои фарҳангӣ ва урфу одатҳои онҳоро пешбинӣ кунад, кишварҳои Ғарб пайваста талош доранд, ки Осиёи Миёнаро ба минтақаи бесубот табдил диҳанд, зеро ин таҷрибаро аллакай дар Афғонистон хеле хуб ба кор бурдаанд.
Русия ва Чин низоми нави бисёрқутбӣ дар асоси эҳтиром ба истиқлолияти давлатҳои дигар, интихоби рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва модели сиёсиро ташаккул медиҳанд.
- Таърих ба гунае такроршаванда аст
Дар баробари ин, сиёсати хориҷии Русия ва Чин ба бунёди ҷаҳони одилонаи бисёрқутба нигаронида шудааст.
Таърих ба гунае такроршаванда аст: тавре дар асри XIX Ғарб дар симои Империяи Бритониё барои ҷорӣ кардани нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ бо Империяи Русия муборизаро оғоз кард, имрӯз низ чунин ҳолат мушоҳида карда мешавад.
Усулҳои асосии Ғарб ин таъсир расонидан тариқи амният аст. Аз ин рӯ, тавофуқотҳои низомӣ бо Қирғизистон баррасӣ гардида, бо баҳонаи “ҳифозат аз таҳдидҳо” кумаки низомӣ ба Тоҷикистон таҳмил карда мешавад. Вале барои Тоҷикистон таҳдиди асосӣ Афғонистон аст, ки онро маҳз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҷод кардааст.
Моҳи марти соли 1997 мушовири Амнияти миллии ИМА Самуэл Бергер эълон кард, ки Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба самтҳои афзалиятноки дипломатияи Амрико табдил меёбанд.
Ҳоло дар ин майдон се бозигар ҳастанд – Иёлоти Муттаҳида ва Чину Русия. ИМА.
Пас дар ин ҷо кадоме «кишвари абарқудрати» харобкунандаву ва кадоме бунёдкунанда аст?
- Оё дар Тоҷикистон ҳисси русбадбинӣ вуҷуд дорад?
Англия солҳои зиёд ба Русия дохил шудани Осиёи Миёнаро барои империяи худ хеле хавфнок меҳисобид.
Русия ва Тоҷикистон кишварҳои дӯст ҳастанд. Дар давоми таърихи чандинсолаи умумӣ ва бо назардошти ҳамкориҳои зич ва ёрии мутақобила дар ин бора набояд шубҳае ҷой дошта бошад. Эҳтимол шубҳае нест, вале шахсоне ҳастанд, ки аз ин розӣ нестанд ва мехоҳанд, хоҳиши худро ҳамчун ҳақиқат вонамуд созанд.
Бо назардошти он ки Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои зич доранд ва ба беҳбуди сатҳи зиндагии кишварҳо иқдом мекунанд, ин гуна иттиҳомҳо боварибахш ба назар намерасанд.
Ҷонибҳои “Бозии бузурги нав” дар асри ХХ1 на танҳо Русия ва Англияю Амрико, балки Чин, Туркия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон низ ҳастанд. Ҳоло ширкатҳо ва корпоратсияҳои трансмиллӣ манфиатҳои худро пеш мебаранд.
Дар ҳақиқат, дар худи Тоҷикистон низ мардуми кишвар нисбат ба Русияву русҳо муносибати хуб дорад. Дар ин ҷо ҳисси русбадбинӣ вуҷуд надорад, зеро кишварҳои мо дар як фазои тамаддунӣ зиндагӣ карда ва таърихи умумӣ доранд. Оё кишваре, ки чанд соле қабл яке аз фоҷеаҳои муҳим дар таърихи Тоҷикистон – Ҷанги шаҳрвандиро боздошта, имрӯз низ барои нигоҳ доштани ҳаёти осоиштаву ором дар минтақа кумак мекунад, душман шуда метавонад?
Ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар асри Х1Х яке аз воқеаҳои асосии таърихи Империяи Русия ба ҳисоб меравад, ки боиси тавсеаи назаррас ва таҳкими мавқеи геополитикии он дар минтақа гардид.
Азбаски ин робитаҳои таърихию фарҳангӣ қавӣ ҳастанд, Ғарб маҷбур аст, барои аз ҳамдигар ҷудо кардани кишварҳои мо аз василаҳои дигар истифода кунад, аз ҷумла таҳдид бо таҳримҳо барои напайвастан ба сиёсати зиддирусия ва ғайра. Оё ба мо чунин дӯстони таҳдидгар лозиманд?
- Кишварҳои ғарбӣ таърихи муштараки Русия ва Тоҷикистонро таҳриф мекунанд.
Соли 1865 Русия Хонигарии Хива ва дар соли 1873 Аморати Бухороро ба ҳайати худ ҳамроҳ кард. Соли 1881 бошад Туркистон низ ба Русия пайваст.
Дар ҷаласаи Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ президенти Русия В. Путин гуфт, муқобилони кишвараш саъй доранд, ки дар байни халқҳои бародари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ “фона зананд”. Кишварҳои ғарбӣ таърихи таҳрифшударо таҳмил мекунанд ва Русияро ҳамчун мустамликадори Осиёи Марказӣ (ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз) нишон медиҳанд.
Албатта Русияи подшоҳӣ низ мисли дигар империяҳо давлати мустамликадор ба ҳисоб мерафт, вале хусусияти муносибаташ бо мустамликаҳояш тамоман дигар буд.
Ҳиндустони Британия ба ғайр аз Ҳиндустони имрӯза заминҳои Покистон, Бангладеш ва Бирмаро дарбар мегирифт. Таҳкурсии асосии молиявии рушди иқтисодӣ ва шукуфоии Англия дар давоми ду аср аз ҳисоби даромадҳое, ки аз ин мустамликаи бузург ба даст меовард, таъмин карда мешуд. Албатта чунин далелро ҳар як англис низ худ эътироф мекунанд.
Дар асрҳои XVI-XVII Урал ба Русия дар шакли пӯсти қиматбаҳо даромад меовард, вале хароҷотҳоро қариб ки рӯйпӯш намекард. Русия ба ҳамаи ҳудудҳои баъдан бадастовардааш танҳо сармоягузорӣ менамуд. Дар бораи аз онҳо фоида гирифтан ҳам ҳоҷат ба фикр кардан ҳам надошт. Дар он солҳо “мустамликаҳо”-и Русия чоряк ё панҷяки андозеро, ки як сокини Русия мепардохт, медод.
“Дар ҷаҳони муосир ҳама босавод ва соҳибмаълумотанд, яъне ин асри Х1Х нест ва муносибати мустамликадорӣ дигар ба кор намеравад” – мегӯяд сиёсатшинос, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ Ниёз Мирзоев.
Дар замони Шӯравӣ тамоми ҷумҳуриҳо як иттифоқ буданд, на мустамлика. Ҳоло он иборае, ки гӯё мамлакатҳои сохибихтиёри мо мустамликаҳои Русия бошанд, як сафсата аст. Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бисёре аз бахшҳои иқтисодиёт ривоҷ медиҳанд, махсусан, маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия тақрибан чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Матлубаи Қ.