Таърихан дар суннати давлатдории тоҷикон рамҳзо ҳамчун баёнгари қудрату тавоноӣ, ҳастӣ, муттаҳидӣ, таъриху фарҳанг истифода мешуданд. Инро таҳлили як қатор сарчашмаҳои таърихӣ ва натиҷаи ҳафриёти зиёди бостоншиносӣ шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол расман бори аввал дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, соҳиби парчами худ шуд. Аммо то қабули парчам дар як муддати кутоҳ чорабиниҳои зиёд ва баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ дар байни масъулин сурат гирифтааст. Барои маълумоти бештар зарур аст раванди ҳодисаҳоро ба таври мухтасар аз ибтидо мавридитаҳлил қарор бидиҳем.

Бо мақсади ҳарчӣ зудтар қабул намудани шаклу намуди рамзҳои давлатӣ аз 28 июни соли 1991 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамзамон, ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардид. Барои натиҷагирӣ аз кори ин озмун комиссияи вижае таҳти роҳбарии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик, Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт. Аз рӯи навиштаи рӯзноманигори шинохта Н. Муъминов, ки бевосита шоҳиди ҷараёни кори комиссия буд, бо ташаббуси рассоми халқии ИҶШС Суҳроб Қурбонов гуруҳи кории комиссия дар ҳайати рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон А. Заневский, санъатшинос Лариса Додихудоева, рассомон Н. Игнатушина ва М. Саидалиев таъсис дода ба онҳо омода намудани ангораи парчам ва нишони давлатиро супориш доданд.

Аз рӯи нақли рассоми тоҷик Маҳмадулло Сайдалиев, ки худ иштирокчии озмун буд, ба комиссия беш аз дусад намунаи корҳои эҷодӣ аз тарафи зиёда аз 60 нафар рассомон, ки миёни онҳо ҳатто донишҷӯёну хонандагони мактаб ҳам будааст, пешниҳод гардид.

Натиҷаи кори комиссия дар ҷараёни Иҷлосияи XVI мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар озмун кори рассоми тоҷик Маҳмадулло Сайдалиев бештар ба дигарон писанд омад. Он тарҳи парчами имрӯзаи Тоҷикистон буд. Аммо нафарони алоҳида он ҷо пайдо шуданд, ки инро қабул намудан нахостанд. Дар вақти қабули лоиҳаи зикршуда, доир ба рангҳо  байни нафарони алоҳида баҳсҳо сурат гирифта, баъзеҳо ҳатто пешниҳод намуданд, ки ранги сурх аз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлати коммунистҳо бардошта шавад. Бинобар навиштаи Н. Муъминов «Онҳо ба ҷои ранги сурх ранги ҷигарӣ ё қаҳвагиро пешниҳод мекарданд. Ҳатто нафаре аз иштирокчиёни озмун, ки худ номзади илм буд дар Академияи илмҳо кор мекард, аз рангҳои ҷигарӣ, сафед ва сабз байрақ сохта дар майдони «Шаҳидон» онро барафрохта буд». Бо ин амал бархе нафарон мекӯшиданд идеологияи давлатҳои дигарро пиёда созанд.

Дар Иҷлосия, махсусан, рӯзҳои 21, 23 ва 24 доир ба рамзҳо, аз ҷумла парчами давлатӣ баҳсҳо зиёд мешавад. Хушбахтона дар ҷараёни ин баҳсу муҳокимарониҳо нафарони огоҳ аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба монанди олимон: А. Мухторов, М. Осимӣ, Ф. Тоҳиров, Л. Додихудоева ва дигарон дахл намуда, кори комиссияро аз хатари чунин суханону пешниҳодҳои по дар ҳавою эҳсосотӣ эмин нигоҳ доштанд. Рӯзноманигор О. Латифӣ аз ҷонибдор будани Б. Ғафуров аз се ранг: сурх, сафед ва сабз дар парчами соли 1953 ёдоварӣ намуда, иштирокдорону мухолифони ранги сурхи парчамро мутмаин намуд, ки қабули он ҳеҷ хатареро эҷод намекунад.

Аз рӯи нақли рӯзноманигор Отахон Латифӣ ҳангоми таҳияи тарҳи охирин парчами ҶШС Тоҷикистон дар соли 1953  котиби якуми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров рассом М. Шликовро ба ҳузури хеш даъват намуда, атрофи намуди парчами нав суҳбат мекунанд. Дар ин мулоқот Б. Ғафуров ба рассом мефаҳмонад, ки интихоби рангҳои сурх, сафед ва сабз мувофиқтар аст, зеро ин рангҳо ба таърихи қадимаи тоҷикон иртибот дорад.

Тасвири тоҷ, ки ҳам дар парчам ва ҳам дар нишон гузошта шуда буд яке аз мавзуҳои дигар баҳс буд. Мулло Ҳайдар Шарифзода, вакил аз шаҳри Кӯлоб дар баромади хеш қайд менамояд, ки бояд ба ҳафт ситораи тоҷ ситораи ҳаштум, бо далели он, ки гӯё биҳишт 8 дарвоза дорад, илова шавад. Дар суҳбати хеш, муаллифи аслии тоҷ рассом Маҳмадулло Сайдалиев бо камина (4 январи с 2019) қайд намуд, ки дар ибтидо ин пешниҳод қабул гардид. Аммо, бо гузашти як ё ду рӯз нишони ҳаштум бардошта шуд.

Тоҷ дар ибтидо шакли мавҷро дошт. Аз ин рӯ, баъзе вакилон нисбати он эътироз намуданд. Аз ин сабаб, бо маслиҳати рассоми намоёни тоҷик Зуҳур Ҳабибуллоев аз тарафи рассом М. Сайдалиев ба шакли имрӯзааш тасвир карда шуд. Рӯзи 24 ноябр дар баромади хеш раиси комиссияи озмун академик Муҳаммад Осимӣ тарҳи парчамро бори дигар муаррифӣ мекунад. Пас аз ин, боз муҳокимарониҳо идома меёбад. Ҳикмат Шарифов, вакил аз шаҳри Кӯлоб ба гузоштани тоҷ дар рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам муқобил баромад. Ҳангоми муҳокимарониҳо ӯ иддао намуд, ки тоҷ вақте ба рамзҳои давлатӣ гузошта мешавад, ки роҳбари давлати мо шоҳ бошад. Ҳабибулло Табаров, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ховалинг бошад, пешниҳод намуд, ки дар як гӯшаи парчам тасвири куҳ ворид шавад, зеро Тоҷикистони мо 93 фоизашро куҳистон ташкил мекунад. Роҳбари комиссия М. Осимӣ ба сухан баромада арз доштанд, ки мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, тарҳи парчами давлатӣ бояд хело содда бошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ онро таҳия карда шавад.

Дар ҷараёни ҳама баҳсу мунозираҳо Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба коршиносону вакилон таъкид мекарданд, ки сари ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд. Зеро рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва гузашта аз ин, он дар худ ормонҳои таърихӣ ва фарҳангу ниёгони қадимаи моро таҷассум намояд.

Дар рафти муҳокимарониҳо аз ҳисоби вакилону меҳмонон нафарони дигар, ба монандӣ: Зулфиқор Абдусатторов, Қурбон Тӯраев, Абдумаҷид Достиев, Тоҳири Абдуҷҷабор, Отахон Латифӣ ва дигарон, иштирок намуданд. Бо мақсади боз ҳам тӯл накашидани доманаи баҳсҳо Абдумаҷид Достиев дар баромади хеш қайд намуд, ки мо бояд айни замон ин тарҳи рамзҳои давлатиро қабул намоем ва агар дар оянда зарурат шавад ба он дигаргунӣ ворид мекунем.

Пас аз ин, худи ҳамон рӯз вакилони Иҷлосия якдилона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қабул гардид. Аҷибаш дар он буд, ки ҳамаи вакилону меҳмонон, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо, нишону парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлолро якдилон он рӯз эътироф намуданд. Ходими сиёсию давлатӣ, Ҳикматулло Насриддинов дар асари ёддоштии хеш «Таркиш» аз ҷараёни қабули рамзҳои давлатӣ ёд оварда, вобаста нуқтаи назари мо чунин менависад: «Аз ҳама муҳимаш он буд, ки ҳар ду тараф ҳам мухолифин, ҳам саркардаҳои ҷабҳаи миллӣ дар атрофи як парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон, ки сесия онҳоро қабул ва тасдиқ кард, ҷамъ омададанд. Ҳама гурӯҳҳо бо чашмони пуроб парчами нави Тоҷикистонро бӯсида қасам ёд карданд, ки минбаъд баҳри эътидоли вазъи сиёсии он мубориза мебаранд». Аз ҳамин ҷо, парчам чун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ба раванди ба ҳам омадани миллати парешоншуда ва давлати ба порчаҳо тақсимшуда, ибтидо бахшид. Дар назди парчами навин савганди сулҳ ёд кардани афроди алоҳида башорат аз ин медиҳад.

Бояд қайд намоем, ки расман муаллифони нахустин Парчами давлатии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллаев, Александр Заневский, Лариса Додхудоева, Наташа Игнатушина, Маҳмадулло Сайдалиев эътироф шудаанд, аммо тавре дар боло ишора намудем дар ин кор нақши рассоми тоҷик Маҳмадулло Сайдалиев бештар ба назар мерасад. Раванди омода намудани аввалин рамзҳои давлатии Тоҷикистон – парчам ва нишонро ӯ дар мусоҳибаи хеш бо рӯзноманигор М. Эгамзод ҳанӯз моҳи декабри соли 1992 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошта буд. То ба имрӯз аз чунин мавқеъгириҳои Сайдалиев касе аз ҳамкорону коршиносон эрод нагирифтааст, ки ин албатта эътирофи мавқеи ӯ мебошанд. Ҳамзамон дар охирин суҳбати хеш Сайдалиев бо муаллифи ин сатрҳо (4 январи соли 2019) ба ин масъала дахл карда, таъкид намуд, ки то ҳанӯз намунаи корҳои омоданамудаашро бо худ нигоҳ медорад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст соҳиби Парчами давлатии хеш ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ гардид. Дар чунин шаклу намуд пазируфта шудани парчами мо ягон зарра иштибоҳ набуда, балки он ифодагари таъриху фарҳанг ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори нишон ва суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва аз лиҳози ҳуқуқӣ чӣ тавр муносибат намудан бо  парчами давлатӣ дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муаян гардидааст.

Хушбахтона, бо шарофати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябрро чун «иди парчам» ҳамасола таҷлил карда шавад. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ноябри соли 2009, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ тавассути ворид намудани тағйирот ба қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рӯзи 24 ноябр чун рӯзи «иди парчам» муқаррар гардид.

Минбаъд ҳамасола халқҳои Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Кирдугори пок ва истиқлолияти давлатию сарварони закӣ иди парчамро бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил менамоянд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ чун рамзи давлатдорӣ ва нишонаи зиндагии шоистаи мардуми мо мебошад. Ҳақ ба ҷониби Перезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Ифтитоҳи манораҳои парчаму нишон дар шаҳри Душанбе ва маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат як навъ ҳидоят ба ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанг, нангу номуси миллӣ мебошад. Бо назардошти вазъи ҳасоси ҷаҳони муосир моро мебояд дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои боз ҳам боло бардоштани парчамамон талошҳои мардонаю хирадмандонарро пиёда кунем.

Маҳмудов Давлатшоҳ,

омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь