Мусоҳибаи таърихии фақид Бабрак Кормал бо маҷаллаи “Шпигел” 

Ишора: “Ман дар саросари давраи Кормал дар зиндон будам. Ба одамҳои дохили зиндон, посбонҳо хира мешудам. Ба ягона телевизиони дохили утоқи 250 – нафарӣ зул мезадам. Шоҳиди даҳшатҳои асре будам, ки ҳамаро ба ҷӯш оварда буд. Аммо ҳамвора як савол дар зеҳнам мечархид: оё ман воқеан бо афкор ва нигоҳи ин ҳукумати парчамӣ нисбат ба Афғонистон ва оянда аз тайи дил мухолиф ҳастам? Нидое аз руҳам боло меомад: На! 

 – Пас чаро ин ҷо ҳастам? 

Сӣ сол баъд ҳамон саволи ман посухе хокистарӣ пайдо кардааст… Ҳама – ин сӯи хат ва он сӯи хат – сипари бало будем. 

 (Раззоқи Маъмун) 

Бабрак Кормал, ки дар синни 62 ҳаёташ ба сар мебарад, ҳамзамон бо таҳоҷуми неруҳои Шӯравӣ дар декабри соли 1979, ба ҳайси раҳбари Афғонистони инқилобӣ зимоми умурро ба даст гирифт ва дар соли 1986 бо Наҷибуллоҳ таъвиз шуд, ахиран аз Маскав ба Кобул баргаштааст. 

Шпигел: Баъд аз ин ки аз қудрат барканор шудед, оё Шумо ба майли худ барои муддати чаҳор сол дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ намудед? 

Кормал: Ин интихоб ба иродаи ин ҷониб набуд. Ман фақат қурбонӣ ва сипари балои иштибоҳоти таърихӣ ва ҷуброннопазири таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон шудам.

Шпигел: Аммо ин шумо будед, ки ҳамзамон бо таҳоҷуми артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба қудрат расидед. Чӣ касе масъули ранҷи мардуми Афғонистон аст?

Кормал: Ҷанг дар Афғонистон бо таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравӣ, тавре ки иддао мешуд ба хотири ҳифзи сарҳадоти ҷануби Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ афтид, оғоз нагардид. Ин ҷанг бо кудатои шаҳзода Муҳаммад Довуд дар соли 1973 алайҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ оғоз гардид ва ин даргирӣ пас аз апрели 1978 бо қиёми ҳарбӣ таҳти номи сотсиалисм ва диктатурии пролетариат, ки бо равишҳои сталинистӣ иҷро шуд, шиддат гирифт. Аслофи ман қаблан аз Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 14 бор тақозои мудохилаи фаврии ҳарбӣ намуданд.

Шпигел: Вақте, ки шикасти ин сиёсат барои ҳамагон равшан шуд, пас чаро канорагирӣ накардед?

Кормал: Ман ҳамеша ва ба тарзи мусаммам мухолифи ҳузури неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Дар ҳар фурсат ман исрор доштам, ки артиши Шӯравӣ ҳар чӣ зудтар кишварро тарк намояд. Аммо ҳатто баъд аз истеъфои ман, шӯравиҳо барои муддати се сол боқӣ монданд.

Шпигел: Оё шумо нисбат ба зиндагиатон нигарон набудед?

Кормал: Ин барои як афғони ватанпараст оддист, то ба хотири меҳанаш ҷон диҳад. Бо ин вуҷуд, ман борҳо мухолифати хешро нисбат ба сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ эълом доштам.

Шпигел: Чӣ ангеза боис шуд, то Шумо аз Маскав баргардед? Оё мехоҳед то дубора ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар Афғонистон бипардозед?

Кормал: Ман мехоҳам то барои эҳёи сулҳ ва амният дар Афғонистон мубориза намоем. Орзу дорам то аз ҳокимият ва тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқи ақвому қабоил, арзишҳои демокрасӣ ва ҳуқуқи башар дар кишвар дифоъ намоем. Шахсан ҳеч орзуе барои худ надорам.

Шпигел: Ин таҳаввул дар вуҷуди Бабрак Кормал чӣ гуна воқеӣ аст, чун шумо дар гузашта пайрави интернатсионолисми марксисти будед?

Кормал: Бо вуҷуди режими тоталитар ва равишҳои сталинистӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ бар асоси докторини Брежнев, бар бисёре аз неруҳои мутараққӣ ва меҳанӣ дар ҷаҳон таъсиргузор будааст. Набояд фаромӯш кард, ки мардумони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамеша аз ҷунбишҳои озодибахши зиддиистеъморӣ ҳимоят намудаанд. Ин мабнои дӯстӣ бо Афғонистон буд. Илова бар ин, кишварҳои ғарбӣ, ба вежа абарқудрат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқаи зиёде ба кишвари мо надоштанд ва ин рӯйкард ҳамчунин тавозуни сиёсати хориҷии Афғонистонро мухтал кард.

Ба ҳар ҳол, ҳизби мо ҳаргиз ҳизби марксистӣ набуд. Мо демократҳои миллӣ ҳастем ва ба ислом эҳтиром гузоштаем.

Шпигел: Вақте, ки дар ин ҷо дигар тафовутҳои иделогӣ ва оштинопазир бо мухолифине, ки ҳанӯз бо ҷонишини Шумо Наҷибуллоҳ дар ҷанганд, нест, пас ҳама чиз ба хотири қудрат аст?

Кормал: Далели аслии тафовут мудохилоти таҳрикмези кишварҳои хориҷӣ аст. То замоне, ки ин мудохила идома меёбад, ҷанг давом хоҳад дошт. Ҳеҷ сиёсатмадори афғон наметавонд худро дар рухдодҳои гузашта табраа намояд. Барои дастёбӣ ба сулҳ мо ниёз дорем, то бар суннатҳои исломӣ миёнҷигарӣ барои поёни ин кашмакашҳо тамаркуз намуда ва қазоватро бар наслҳои баъдӣ вогузор намоем.

Шпигел: Оё шоҳи собиқ Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои истиқрори сулҳ ваффақ хоҳад шуд?

Кормал: Дар охирин даҳаи даврони ҳукмравоии ӯ ман муносиботи хубе бо вай доштам. Дар он замон ман барои муддати ҳашт сол узви парлумон будам. Бо вуҷуди иштибоҳоти пайравонаш, Афғонистон таҳти раҳбарии Зоҳиршоҳ, сиёсати хориҷии бетарафиро таъқиб менамуд, эҳёи иқтисод шакл мегирифт.

Имрӯз Зоҳиршоҳ метавонад нақши муҳимеро барои истиқрори сулҳ дар кишвар ифо намояд. Ин ваҷиба шомили масъулияти дигар шахсиятҳои либерал низ мегардад, ки дар табъид ба сар мебаранд. Онҳо бояд баргарданд. Замони он фаро расидааст, то интиқому кина, оташи кудурату ихтилофоти хурдро дафн намоем.

Неруҳои либерал ва демократ бояд бо ҳам муттаҳид шуда ва Афғонистонро ба сӯи оромиш савқ диҳанд.

Поён

Кормал: Мо бояд интиқом ва кинаро дафн намоем, 

“Шпигел” (Олмон), шумораи 38, соли 1991, 

Баргардон: Муҳаммад Ориф Ирфон (декабр, 2018, Лондон)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь