Ҳар кӣ дар арсаи сиёсӣ ва давлатӣ устуворона қадам бардошта, унвони бошарафи “арбоби сиёсию давлатӣ”-ро соҳиб гардида, беғаразона дар хидмати халқу миллат камари ҳиммат бармебандад, ҳамеша мавриди писанд ва эҳтироми мардумӣ қарор мегирад. Албатта, дар таърихи муосири сиёсию иҷтимоӣ ва мадании миллӣ бо зиёд шахсиятҳое мисли устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абдулқодир Муҳиддин, Чинор Имом, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли инҳо дучор меоем, ки дар вазъу ҳолатҳои ҳассосу душвор ҷон бар каф дар саргаҳи хатару таҳдидҳо қарор гирифта, дар роҳи озодию истиқлол ва раҳоӣ аз мушкилоту мусибатҳо ҷоннисорию фидокорӣ карда, хидмати халқу миллатро адо намудаанд. Ин аст, ки мардум ба фарзандони содиқи худ ҳамеша арҷ гузоштаву мегузорад. Аммо ин нукта ҳам мусаллам аст, ки на ҳама муддаиёни арсаи сиёсию давлатӣ ва маданӣ аз уҳдаи тайи масиру мароҳили мушкилписанди хидматгузорӣ бурдборонаю фидокорона мебароянд. Ба ин маънӣ, танҳо ангуштшумор нафароне будаву ҳастанд, ки аз рӯйи виҷдон ва садоқату муҳаббати мардумӣ хидмат ба халқу миллату меҳанро рисолати виҷдонию иҷтимоӣ ва сарафрозӣ дониста, дар ин раҳ умрфарсоӣ кардаву мекунанд.

Дар феҳристи арбобони сиёсию давлатие, ки умре барои муваффақона анҷом додани рисолати сиёсию давлатӣ талоши фаровон кардаанд, Шукурҷон Зуҳуров қарор дорад. Дар зимн, Шукурҷон Зуҳуров аз се ду ҳиссаи умри хешро сарфи хидмати сиёсию давлатӣ карда, ба сабаби ташаббусоту ибтикороте, ки аснои анҷоми вазифаи хидматӣ дар умури сиёсию иҷтимоию ва иқтисодию фарҳангӣ анҷом додааст, миёни мардуми ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст.

Ростӣ, бо ин арбоби сиёсию давлатӣ ва шахсияти маданӣ аз наздик ошно нестам. Аммо дар бораи донишу маърифат ва фаросату дирояти мунҳасир ба фарди ӯ аз забони мардуми маҳаллӣ ҳанӯз дар синни мактабӣ зиёд шунида будам. Гузашта аз ин, замони донишҷӯйӣ ва фаъолияти минбаъдаи ҳирфаию эҷодӣ баъзе лаҳазоте иттифоқ афтода, ки аз ҳузури вай дар маъракаҳо ва нишасту маҳфилҳои сиёсию фарҳангӣ истифода намуда, аз суҳбатҳои ихтисосии самимию муфидаш баҳра бурдаам. Ин аст, ки дар ҳошияи зодрӯзи мавсуф (Шукурҷон Зуҳуров 15 апрели соли 1954 таваллуд шудаанд) матлабе иҷмолӣ омода кардам, ки он хусусияти ҷашнӣ дошта, маҳсули бардоштҳои фардии банда дар ростои шинохти ин симои сиёсию мадании миллӣ мебошаду бас. Ба чанд нукта дар ин замина таваҷҷуҳ мекунем:

Якум. Марҳилаи нахустини ошноии мо бо исми Шукурҷон Зуҳуров айёми талабагӣ дар муҳити мактабӣ иттифоқ афтод. Дақиқан, феврали соли 1987 ҳини мулоқоти хонандагони мактаби миёнаи умумии №4-и ноҳияи Панҷ бо як қатор фаъолони Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳия (ҳоло Шурои деҳоти Озодагон) аз исми Шукурҷон Зуҳуров минҳайси шахсияти бонуфузи маданӣ-маърифатии минтақа ном бурда шуд. Махсусан, муаллими собиқадори мактаб, Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ шодравон Давлатёр Азизов дар бораи мавсуф суханҳои хубу ҷолибе гуфт ва мо-хонандагони вақти мактаб аз таърифу тавсифҳо нисбат ба ин шахсияти ҳанӯз он замон овозадори минтақа ғоибона ихлос пайдо кардем. Ногуфта намонад, ки муаллимони собиқадори вақт Давлатёр Азизов, Аҳтамшоҳ Авазов, Манзаршоҳ Сияров, Пайикшоҳ Одинаев, Сӯфӣ Сафаров (ки имрӯз миёни мо нестанд, ёдашон бахайр) дар мактаби миёнаи умумии №4 тайи ҷараёни дарсҳо ва ҳангоми чорабинию маҳфилҳо дар бисёр маврид Шукурҷон Зуҳуровро ба сифати беҳтарин хонандаи вақт ва ҳамчунин, овозадортарин кадри минтақа мисол мезаданд ва мо-хонандагонро дар пайравӣ ба ӯ ташвиқу тарғиб менамуданд. Дар ин миён, устоди фанни таърихи мактаби мо Давлатёр Азизов аснои дарс ва баъзан дар доираи маҳфилҳо аз аёми муҳассилӣ ва сатҳи донишу биниши Шукурҷон Зуҳур зиёд ҳарф мезад ва моро ташвиқ мекард, ки хубу аъло хонему мисли ин гуна шахсиятҳои варзидаи минтақаӣ обру ва нуфузи ноҳияро боло бубарем. Ба сухани равшантар,  ин чеҳраи идорию маданӣ миёни насли мактабии давр ҳамчун улгу ва намунаи беҳтарини шахсияти сиёсию маданӣ то он дараҷа нуфузу эътибор дошт, ки мо-мактаббачагони вақт барои иттилооти зиёдтар касб кардан доир ба ин шахсияти номдори минтақа ба суроғи нафарони миёнсолу солманди деҳоту музофот мерафтем.

Гап дар ин буд, ки он замон ҷомеа нисбат ба ашхоси саршинос ва нуфузманди минтақаӣ эҳтироми хоссе дошт. Аз як тараф, аз минтақаи дурдасти мо Шукурҷон Зуҳуров барин шахсияти матраҳ ва кадри лоиқу сазовор тарбия ёфтан ва, аз тарафи дигар, дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеъу мақоми шоиста пайдо кардани ӯ, воқеан, боиси сарфарозии мо буд. Ба ин тартиб, мо аз тариқи ҷомеаи мактабӣ ва нафарони саршиноси қишри омӯзгории ноҳияи Панҷ, аз ҷумла ҳайати омӯзгории мактаби миёнаи умумии №4, ки устод Шукурҷон Зуҳуров он ҷо таҳсил карда буд, нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми асри бист нисбат ба шахсияти матраҳи сиёсию маданӣ ва кадри ҷавони ояндадори ватанӣ Шукурҷон Зуҳуров иттилоъи зарурӣ пайдо кардем.

Дуюм. Марҳилаи дувуми ошноии мо бо исми ин арбоби сиёсию мадании номӣ аз шиносоӣ бо намояндагони хонаводагӣ ва ҷомеаи табории ӯ оғоз шудааст. Банда феврали соли 1992 дар мактаби миёнаи умумии №25-и ноҳияи Панҷ чанд моҳе муаллимӣ кардам. Мактаби мазкур дар деҳае воқеъ шудааст, ки хешу ақрабою ҳамтаборони Шукурҷон Зуҳуров сукунат доранд. Онҷо буд, ки бо ҳамтаборони мавсуф Содиқ Зуҳуров (бародари Шукурҷон Зуҳуров, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар мактаби миёнаи умумии №25 ба сифати муовини директор фаъолият мекард), бобои Зуҳур (падари Шукурҷон Зуҳуров), бобои Маҳмуду акои Амрулло (амакҳои Шукурҷон Зуҳуров) ва дигарон ошно шудам ва аз ин тариқ аз муҳити хонаводагию қабилаӣ ва ҳавзаи тарбиятии ин чеҳраи сиёсию давлатӣ камобеш огоҳ гардидам.

Хушбахтона, охири солҳои навади асри гузашта – мавсими тобистонӣ бо тақозои заруратҳои иҷтимоию корӣ тасодуфан бо падари устод Шукурҷон Зуҳуров бобои Зуҳур сари замини хоҷагии дастҷамъии деҳаи ҳамсоя дучор омада, шоҳиди суҳбати сарироҳие бо ҳузури эшон шудам. Дар суҳбат чанд кишоварзе  ҳам ширкат дошт. Аҷиб ин аст, ки дар як суҳбати ба истилоҳ, сарироҳӣ бо ҳузури бобои Зуҳур, ки новобаста ба солмандӣ ва бознишастагӣ бардамона ва пурҳарорат суханронӣ мекард, зиёд чизҳоро омӯхтам. Аз ҷумла, аз он суҳбати сарироҳии бобои Зуҳур тамаркузи мавзуӣ; маҳорати суханварӣ; андешаронии мантиқӣ; таҳаммулпазирии фардӣ; ҳунари баҳсороӣ ва гӯш карда тавонистани мусоҳиб барин мушаххасоти ахлоқию эҷодиро, ки махсуси муҳиту ҳавзаҳои илмию маданӣ мебошад, ёд гирифтам. Бобои Зуҳур бо ҷамъи мусоҳибон, ки аз табақаи кишоварзу барзгари минтақа таркиб ёфта буд, хеле ором, ботамкин, роҳат, мулоҳизакорона ва дар айни замон бо шӯру шавқ атрофи масъалаҳои таърихи гузаштаи миллӣ, сарнавишти халқи тоҷик дар мароҳили гуногуни таърихӣ ва шеваи давлатдориҳои бостонӣ сухан мекард ва таваҷҷуҳи шунавандагону ҳозиронро беихтиёр ҷалб менамуд. Он ҷо эҳсос кардаму дарёфтам, ки ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров дар чӣ муҳити солими тарбиятие камол ёфтааст ва хислату сифатҳои ахлоқӣ-ҳувиятие назири оромтабиатӣ, хуштакаллумӣ, фасеҳбаёнӣ, ҳозирҷавобӣ, доноӣ, хирадмандӣ, одамшиносӣ, озодагӣ, озодманишӣ, сиёсатмадорӣ ва самимияти инсониро аз кӣ ва кадом хонаводае ба мерос гирифтааст. Дар воқеъ, бобои Зуҳур як шахсияти воҳиди фарҳангӣ ба назар расид ва то имрӯз он суҳбати сарироҳиро ба ёд меовараму афсус мехурам, ки дигарбора имкони мулоқот бо он солманди баруманди музофотиро пайдо накардам (ёдаш бахайр).

Сеюм. Мароҳили баъдии ошноии мо бо шахсияти Шукурҷон Зуҳуров ба солҳои дуҳазору даҳум-ҳабдаҳум рост меояд, ки эшон вазифаи пурмасъули Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш доштанд ва баъзан бо масъулияти давлатӣ, муқтазиёти хешутаборӣ ва иштирок дар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ба ноҳияи Панҷ ташриф меоварданд. Дар яке аз чорабиниҳои фарҳангии музофотӣ, ки бо ҳузури намояндагони табақаҳои сиёсию мадании минтақа охири моҳи марти соли 2017 дар саҳни идораи Шӯрои деҳоти Озодагони ноҳия сурат гирифта, зиёда аз як соат идома ёфт, мо шоҳиди суҳбати ҷолиби Шукурҷон Зузуров гардидем. Онҷо буд, ки аз наздик бо ин чеҳраи сиёсати давлатдории миллӣ ошно шудам. Ҳарчанд ки устод Шукурҷон Зуҳуров кам фурсат доштанд ва зиёд сухан накарданд, аммо тавонистанд, ки минҳайси сиёсатмадори варзида сари масоили мубрами рӯз ҷиддӣ тамаркуз намуда, аз ҳозирону иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки аз тариқи фаъолнокию ибтикороти рӯзмарраи иҷтимоию маданӣ дар рушди давлатдории дунявӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ саҳми муносиб бигузоранд. То он замон (27 марти соли 2017) аз тариқи телевизион суханрониҳои Шукурҷон Зуҳуровро шунида, вале аз наздик тарзи гуфтору такаллуми ӯро ба мушоҳида нагирифта будам. Ин буд, ки дар доираи он мулоқот худ аз худ мушаххасоти ахлоқӣ, ҳувиятӣ, сиёсӣ ва мадании ин сиёсатмадор, минҷумла: оромишу тамкини фардӣ; тарзи либоспӯшӣ; диди баланди эстетикӣ; тариқаи суҳбатороӣ; шеваи такаллуму гуфтори зебои адабӣ; шинохту дарки воқеиёти сиёсию ҳассосиятҳои замонӣ; эҳсоси набзи бозиҳои геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ; фаҳмиши мантиқии бархурдҳои тамаддунӣ; дидгоҳи миллӣ ва мавқеъгирии давлатӣ буруз карданд ва шахсияти матраҳи сиёсию маданӣ будани ӯро ба намоиш гузоштанд. Хеле роҳату зебо ва бо меҳру муҳаббат аз муҳану миллату давлат сухан мекард ва ҳамагонро ба масири ватанпарастию меҳандӯстӣ даъват менамуд. Дар  ҳар як вожа, таркиб, ибора ва ҷумлаи Шукурҷон Зуҳуров меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва инсонпарвариро мушоҳида кардан мумкин буд. Гузашта аз ин, ҳангоми мулоқот вежагиҳои сириштӣ-ҳувиятии ӯ монанди оромтабиатӣ, отифати фардӣ, соҳибмаърифатӣ, ҷозибаи раҳбарӣ, таҷрибаи сиёсӣ ва ҷаҳоншиносии Шукурҷон Зуҳуров, ки симои як шахсияти фарҳехтаи миллӣ-ватаниро ба намоиш мегузоранд, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб менамуд ва ҳамин тур, соате аз ҳузури ин марди сиёсию маданӣ хуб лаззат бурдем. Баъди он мулоқот ҳисси ифтихори мо аз вуҷуди чунин чеҳраи матраҳи сиёсии ҷумҳурӣ, ки таҳти раҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳо дар хидмати давлатӣ буда, даҳ сол (2010-2020) ҳокимияти қонунгузории мамлакатро мудирият кардааст, боло гирифт ва аз будани чунин нафари саршиноси сиёсию фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ифтихор кардем.

Чаҳорум. Хулоса, шахсияти Шукурҷон Зуҳуровро, ки чандбуъдӣ аст, метавон аз чанд зовияву самт баррасӣ кард: аз зовияи як мутахассиси комёби соҳаи заминсозӣ ва муҳандисӣ; аз зовияи арбоби муваффақи сиёсиву давлатӣ; аз самти як намояндаи номдори қишри маданӣ ва билохира аз зовияи як намояндаи сазовори миллӣ. Дар ҳар самту ҷабҳае Шукурҷон Зуҳуров муваффақ будааст. Мавсуф бо такя ба донишу маърифат ва фаросату дирояти хеш пас аз хатми мактаби миёнаи умумии №4-и ноҳияи Панҷ ба Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Маскав дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз бомуваффақият ба итмом мерасонад. Ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ва маҳоратҳои инфиродӣ тадриҷан ба як шахсияти саршиноси идорӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва мадании давр табдилаш медиҳанд. Ба зиндагинома-биографияи иҷмолии Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳ мекунем: номбурда 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Маскавро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст. Дар вазифаҳои муҳандис – заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, бозрас-инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва омода намудани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Панҷум. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳассосиятҳои замонӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳампаҳлу бо раҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими раванди сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат будааст. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Шашум. Шукурҷон Зуҳуров дар рушди умури парламентӣ саҳми муносиб гузошта, ҳангоми ифои вазифа дар симати вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 – 2000), дар тарҳ, таҳия ва баррасии лоиҳаҳои қавонину барнома ва стратегияҳои давлатӣ фаъолона ширкат варзидааст. Ӯ 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст (2010-2020). Ҳамчунин, дар ин давра вазифаи Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон низ иҷро кардааст.

Ҳафтум. Ҷомеа ба шахсиятҳои фарҳехтае мисли Шукурҷон Зуҳур ҳамеша ниёз доштаву дорад. Чун вожаи “фарҳехта” (соҳибмаърифат, донишманд, шахсияти фарҳангию маданӣ)-ро дар нисбати шахсияти Шукурҷон Зуҳур истифода кардем, мебояд ба шарҳи иҷмолии он пардохт. Ин вожаи калидӣ ва мафҳуми зебои форсии тоҷикӣ ба шахсиятҳое тааллуқ мегирад, ки ба лиҳози фикрӣ, сиёсӣ, маданӣ ва инсонӣ бартару болотар аз дигаронанд, аммо ҳеч гоҳ худро болотару бартар намеҳисобанд. Донишманди иронӣ Куруши Ирфонӣ дар  заминаи шарҳу тафсири мафҳуми мазкур (фарҳехта) бар ин ақида аст: фарҳехта касест, ки бо истифода аз усул ва шеваҳои истидлол, гуфтугӯ, муколима, баҳсу мунозира, нақду интиқод инсонҳои дигарро барои ҳамкорӣ даъват мекунад (ниг.: Ирфонӣ, Куруш. Равоншиносии иҷтимоии истибдодзадагӣ (Пажӯҳишии равоншинохтӣ бар чистии нофарҳехтагии иҷтимоӣ). -Лос Анҷелос: Интишороти Анҷумани забон ва фарҳанги иронӣ,  1389 (2011). С.19). Ба ин маъно, фарҳехтагӣ аслу асоси шукуфойӣ, пешравӣ, рушду тараққӣ ва рифоҳу ободии инсон ва дар маҷмуъ, ҷомеа аст, чаро ки инсони фарҳехта бо истифода аз усул ва равишҳои суҳбату муколимоти созанда, нақду баррасиҳои ихтисосӣ, баҳсу мунозироти муътадили илмию эҷодӣ ва талошу ибтикороти инсонӣ гурӯҳҳои дигарро ба ҳамкорӣ даъват мекунад ва дар ин миён аз қудрати фикрӣ ва андӯхтаҳои илмию фарҳангии онон истифода мебарад.

Ба назари мо, мафҳум-истилоҳи тавсифию ситоишии “фарҳехта” (соҳибмаърифатӣ, донишмандӣ, сатҳи баланди маданӣ), ки чанд соли ахир дар сатҳи такаллумӣ ва муҳити гуфторию катбӣ зиёд истеъмол мешавад, ба шахсияти Шукурҷон Зуҳуров ҳамхонӣ дорад, чаро ки мавсуф тайи фаъолияти иҷтимоӣ, идорӣ, маъмурӣ, раҳбарӣ, сиёсӣ ва маданӣ ҳаргиз нафареро пойинтар аз худ надониста, баръакс, барои ба вуҷуд овардани шароити мусоиди ҳамкорию ҳамшарикӣ, муколимаю тафоҳум ва дӯстию ҳамбастагӣ талош варзида, то имрӯз дар ин ҷода ҳадафмандона ва фаъолона ҳаракат мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, зодрӯзи як тан аз фарҳехтагони ватанӣ – Шукурҷон Зуҳуровро шодбош гуфта, барояш сиҳатӣ, тандурустӣ, хушҳолӣ, болидахотирӣ ва осоиши рӯзгорро таманно мекунем. Воқеан:

Васфи ту кунад ҳарфу забону сухани мо,

Номи ту бувад зеби ҳазор анҷумани мо.

Фахрам ба яқин дар ҳама ҷо з-он ки ту ҳастӣ

Аз ҷумлаи фарҳехтагони Ватани мо!

Нозим НУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь