Номуайянии афзоянда дар пасманзари бесуботӣ дар ҷаҳон, ки аз фишори Ғарб бармехезад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи афзоиши талошҳо барои рушди ҳамгироии минтақавӣ, таҳияи механизмҳои муассири ҳамкориҳо дар соҳаи амният бо мақсади ба ҳадди ақалл коҳиш додани хатари таҳдидҳо ба равандҳои геополитикии давомдор дар минтақаро ба миён меорад.

Масъалаи таъмини амният ва рушди босуботи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки се кишвараш узви комилҳуқуқи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошанд, бештар ба вазъи низомию сиёсии Афғонистон, ки Тоҷикистон бо он наздики 1400 километр марзи муштарак дорад, вобаста аст.

Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар нишастҳои сарони ин созмон, ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ узви комилҳуқуқ ҳастанд, аз ҳамтоёнаш даъват кардааст, ба аҳамияти таҳкими ҳимояти марз бо Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии минтақаи СПАД низ ҳаст, таваҷҷуҳ кунанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯлонитарин марз аст. Тоҷикистон ягона кишвари узви СПАД аст, ки бо Афғонистоне, ки якуним сол шуд Толибон дар он ҷо дар сари қудратанд, марзи муштарак дорад. Бо иваз шудани қудрат дар вилоятҳои шимолии ин кишвар, ки тақрибан 50 сол боз аз ҷангҳо ранҷ мебурданд, гуруҳҳои мухталифи террористӣ фаъол шудаанд, ки ин на танҳо таҳдид ба Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст.

Ин ҷунбиш, ки таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба далели тамоюли ифротгароӣ-террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ аст. Душанбе ба фарқ аз ҳамсояҳои худ дар минтақа ҳеҷ гоҳ бо ҳукумати нави Кобул робитаи сиёсӣ барқарор накардааст, вале равобити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва башардӯстонаро бо мардуми Афғонистон наканда, интиқоли нерӯи барқро ба ҳамсояи ҷанубии худ идома дод ва созмонҳои байналмилалиро бо долонҳои нақлиётӣ барои интиқоли борҳои башардӯстона таъмин кард.

Бо омадани ҳукумати нав дар Кобул таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ то охири соли 2021, то замоне ки расонаҳои байналмилалӣ ба таблиғи мавзуи сар задани даргириҳо миёни Русия ва Украина шурӯъ карданд, ба Афғонистон ҷалб буд.

Моҳи январи соли 2022, тӯли чанд ҳафта таваҷҷуҳи матбуот ба рӯйдодҳои Қазоқистон, ки СПАД бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев нерӯҳои посдори сулҳи худро ба ин кишвар овард, ҷалб карда шуд.

Раванди вуруд ба ҳайати СПАД ба Қазоқистон дар пасманзари гирдиҳамоӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ки фаъолони шаҳрвандӣ ба эъзоми низомиёни қирғиз ба қаламрави ҳамсояи шимолӣ мухолифат карданд.

Ин гирдиҳамоӣ дар Бишкекро бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ (Радио Аззатик), «Настоящее время» (шабакаи телевизионии русизабони аз ҷониби Радиои Озодӣ бо иштироки “Садои Амрико” таъсисёфта) ба таври ҷиддӣ инъикос кард. Ҳарду расонаро Конгресси ИМА маблағгузорӣ мекунад.

Илова бар ин, ин эътирозҳо, ки шиорҳои аслии онҳо “ СПАД, даст аз Қазоқистон бардор”, “СПАД қалбакӣ аст!”, “СПАД Русия аст!”, “Русия таҷовузкор аст!” буд, аз ҷониби созмонҳои маҳаллӣ, ба истилоҳ, ВАО-и мустақиле, ки аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, фаъолона инъикос мешуданд.

Маълум аст, ки аксари фаъолони маданӣ, ки дар ин тазоҳурот ширкат доштанд, кормандони созмонҳои ғайриҳукуматие буданд, ки дар варақаҳои дастнависҳои кишварҳои ғарбӣ бо вожаи пурмазмуни “грант” пардапӯшона номнавис шудаанд. Гузашта аз ин, иғвогарони гирдиҳамоӣ иддао карданд, ки СПАД тарҳи Владимир Путин, президенти Русия, аст, аммо бехабаранд, ки ин созмон беш аз 30 сол боз вуҷуд дорад ва он аз худи тазоҳуркунандагон хеле қадимитар аст.

Бевосита худи рӯйдодҳои Қазоқистон, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, аз ҷониби тамоми расонаҳои ҷаҳон низ фаъолона инъикос гардид. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 2 дарсади навиштаҳои расонаҳои хабарии кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ дар бораи рӯйдодҳои январ дар Қазоқистон ба нақши нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар бузургтарин давлати Осиёи Марказӣ, ки аз захираҳои нафт бой ва як аз таъминкунандагони асосии гандум дар минтақа аст, баҳои ҳаққонӣ дода шуд.

Тибқи пажӯҳиши ” Осьминог-5″, ки аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” анҷом шудааст, дар маҷмуи хабару маводи таҳлилӣ дар ин мавзуъ 41 дарсад манфӣ ва 57 дарсад бетараф буданд.

«Соли 2022 барои СПАД соли таҳаввулоти бузург буд, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нав ва инчунин имкониятҳоро ба вуҷуд овард. Дар тамоми фазои пасошӯравӣ низ номуайянии ҷиддие ба вуҷуд омадааст, ки онро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, зеро равандҳои қаблан тасаввурнашаванда ва тамоюлҳои ба ҳам таззоддошта ба амал меоянд. Шояд дар ояндаи наздик шоҳиди буҳронҳои нав, низоъҳои хунин ва нооромиҳои нав дар ин фазо бошем, ки бешак таҳкими амниятро таҳақуқ мебахшанд”, – мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён.

Сиёсатшинос дар мақолаи худ барои вебсайти Central Asian Analytical Network (CAAN) чанд омилеро қайд мекунад, ки боиси ихтилофҳо дар соли гузашта дар Созмон шуданд.

Аз ҷумла, дар сиёсатҳо ва бархӯрдҳои кишварҳои узви СПАД дар мавриди дарки ҳукумати нав дар Афғонистон ва ҳамчунин саркашии аъзоён аз баргузории тамринҳои муштарак дар қаламрави худ ва ширкат дар он дар як кишвари узви СПАД тафовут вуҷуд дорад.

Қирғизистон баъди амалҳои таҷовузкоронааш алайҳи Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта аз мизбонии тамринҳои муштараки «Нерушимое братство – 2022», ки моҳи октябри соли гузашта ба нақша гирифта шуда буд, даст кашид, тамринҳои “Марз-2022″-ро, ки дар ҳамон моҳ дар Тоҷикистон баргузор шуд, нодида гирифт.

Моҳи январи соли 2023 сарвазири Арманистон Никол Пашинян эълон кард, ки кишвараш Ситоди муштараки СПАД-ро ба таври хаттӣ огоҳ кардааст, ки дар ин вазъ Ереван “баргузории тамринҳо дар Арманистонро номуносиб мешуморад. Ва ин машқҳо ҳадди ақал имсол дар Арманистон баргузор намешаванд”.

Ситоди муштарак пешниҳодҳоро дар бораи имкони баргузории тамриноти муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД-ро дар соли 2023 дар қаламрави кишварҳои дигари узви ин созмон баррасӣ мекунад ва Кремл гуфтааст, Арманистон “шарики хеле наздик”-и Русия аст ва Маскав гуфтушунидро, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки ҳоло хеле мураккабанд, давом медиҳад.

Ҳама равандҳое, ки тайи як соли охир дар доираи СПАД ҷараён доранд, дар Ғарб ҳамчун як ҳушдор барои амалкард ба хотири боло бурдани дараҷаи ихтилоф ва амиқтар задани фона дар равобити кишварҳои узви ин созмон арзёбӣ шуданд.

Воқеаҳои муҳим барои Арманистон, ки дар даҳ рӯзи охири моҳи январи соли 2023 ба вуқӯъ пайваст, шаҳодати ин аст.

Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо тасмими фиристодани як ҳайати ғайринизомӣ ба Арманистон барои назорат бар марзи ин кишвар бо Озарбойҷонро тасвиб кард, дар ҳоле ки намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Қафқози Ҷанубӣ ва бӯҳрон дар Гурҷистон Тойво Клаар аз Ереван дидан кард, то “ба созиши ҳамаҷонибаи Арманистону Озарбойҷон мусоидат кунад”. Илова бар ин, Арарат Мирзоян, вазири корҳои хориҷии Арманистон, бо дабири кулли NATO Йенс Столтенберг барномаҳои кунунии ҳамкорӣ бо Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ кардааст. Маълум нест, ки ин нақшаҳо чист, аммо бо назардошти бархӯрди кунунии Ғарб ва Русия, метавон тахмин кард, ки ин тарҳ нуктаҳои дур кардани Арманистон аз Маскав ва аз ҳама иттиҳодияҳои бо иштироки Русияро низ дар бар мегирад.

Матбуоти ғарбӣ ва матбуоти минтақавӣ то ҳол инро тарғибу тасдиқ мекунанд, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шубҳа доранд, ки Русия нақши худро ҳамчун кафили амнияти соҳибихтиёрии ин кишварҳо аз сар мегирад.

Дар муҳите, ки Ғарб аз ҳар гуна фишангҳо истифода мекунад, то ба муттаҳидони Русия зарар расонад, ҳифзи бетарафӣ ва идомаи сиёсати чандбардорӣ дар шароити феълӣ мушкилтар мешавад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки барои ин амр лозим аст, нақш иттиҳодҳои байнидавлатӣ, ки ба давлатҳо муҳофизати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар баробари таъсирот хориҷӣ медиҳанд, афзоиш ёбанд.

Маълум аст, ки беҳбудии иқтисодӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ барои Ғарб, ки то охир принсипҳои ҷаҳони якқутбаро пуштибонӣ мекунад ва фишор болои кишварҳои минтақаро афзоиш хоҳад дод, манфиатовар нест.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён муътақид аст, ки феълан набуди баёнияи дақиқ дар бораи СПАД дар фазои расонаӣ “як қатор мушкилотро ба вуҷуд оварда, барои Созмон бартариҳоро низ ба вуҷуд меорад”. Ба бовари ӯ, “бо вуҷуди ҳама лаҳзаҳои мусбат ва на чандон мусбат, СПАД бояд тасмим бигирад, ки оё хатти умумии хатарҳо ва таҳдидҳои воқеӣ риоят хоҳанд шуд”.

Комрон Сафаров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь