Низомҳои сиёсии динӣ агарчи даъвоҳояшон ин аст, ки бо рӯи кор омадан ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ метавонанд як ҷомеаи ормонӣ ба вуҷуд оваранд, аммо дар асл ҳар кадоме бо омадани худ баръакс, ҷомеаро ба дӯзахи рӯи замин табдил медиҳанд ва инсонҳоро дар як маҳдудаи маънавию сиёсӣ қарор дода, қудсияти дину оин ва боварҳоро аз байн мебаранд ва бе шакк бовармандиро ба як қудрати қоҳири саркӯбгар табдил медиҳанд.

Гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсие, ки бо даъвии дину ойин аз роҳҳои гуногун бар сари қудрат меоянд, аз лиҳози амалкард, аксаран ба ҳам монанданд. Пас аз ғасби қудрат онон тамоми ҷанбаъҳои ҳаёти инсонҳоро мавриди бандубасти идеологии худ қарор медиҳанд. Онҳо  фарҳанг, маънавиёт, ҳуқуқ, тарзи зиндагӣ ва урфу одату рафтори аҳли ҷомеаро мехоҳанд яксонсозӣ намоянд. Ба тамоми буъдҳои зиндагӣ маънӣ ва рамзҳои динӣ медиҳанд ва бо ин роҳ мехоҳанд тамоми воситаҳои рӯзгори одамонро зери назорати худ карор диҳанд. Аслан дину бовармандӣ то замоне ки ба сиёсат табдил меёбад, он ҳамчун як омили муқаддас барои инсонҳо аст, вале пас аз оне ки ба сиёсат шуд, ӯ тамоми озодӣ ва муқаддасоти диниро аз инсонҳо салб мекунад ва ба як гузинаи манфиатҷӯии гурӯҳҳои сиёсӣ бадал мешавад. Он дигар на ҳамчун як омил саодату хушбахтӣ, баръакс ба як омили дунёбезорӣ, маҳдудкунанда, саркӯбгар ва тамомиятхоҳ табдил меёбад. Ҳоло дигар ин ҳамон вазъест, ки бо номи аморати исломӣ толибон дар кишвари Афғонистон ба вуҷуд овардаанд.

Ба назар мерасад, аслан даъвое, ки гурӯҳҳои гуногуни исломгаро аз вуҷуди як “исломи ноб” ҳарф мезананд, ҷуз афсона чизе беш нест. Зеро таҷриба нишон додаст, ки низомҳои сиёсии бо номи ислом бунёдшаванда, ки ҳар кадоме даъвои “исломи ноб” мекунад, гоҳе ки ба қудрат мерасад, аз навъи исломи пешин, ки онро мавриди риоят нашудани исломи ноб маҳкум карда буданд, ҳеҷ тафовуте надорад. Метавон ин вазъро дар аксари равияҳое, ки бо номи сохтани як ыомеаи исломи ноб, қудратро дар минтақаҳои гуногуни Ховари Миёна ва Афғонистон ба даст гирифтаанд, мушоҳида намуд. ДИИШ дар Сурияву Ироқ ва Толибон дар Афғонистон, ҳамон даъвоеро пеш меоваранд, ки гӯё ҳамагӣ ба хотири як исломи ноб ҳокимиятҳои пешинро аз байн бурдаанд ва як ҳокимияти наве ба миён овардаанд, ки дар асоси чорчӯбаҳои динӣ фиқҳӣ ва суннатӣ қонунгузориашро бунёд намуда бошад. Онҳо аз ҳамон амалкардҳое кор мегиранд, аз қабили сангсор намудан, буридани дасту по, ба қатл расонидани ғайри аҳли китоб, яъне дигарандешону бовармандони мазҳабҳо ва динҳои дигар, ҳамчунин ҷиззия гирифтан аз онҳое ки ба бовару эътиқоди онҳо ҳамоҳанг нестанд, инчунин ба ҳошия рондани занон аз амалкардҳои иҷтимоӣ. Чунин равандро метавон пас аз ба қудрат расидани аксари даъвогарони низоми сиёсии динӣ ба осонӣ мушоҳида намуд. Яъне агар онҳо то ба қудрат расидан, даъвоҳои гуногуне пеш меоваранд, вале ҳангоми ба қудрат расидан дигар шабеҳи ҳам амал мекунанд, ки хеле ба ҳам монанданд. Аз ҷумла, поён бурдани синну соли издивоҷ, мамнуъияти фурӯши машруботи алкулӣ, ҳиҷоби иҷборӣ  ва аз фазои иҷтимоӣ баргирифтани тамоми зебоиҳое, ки дар онҳо симои занон таҷассум ёфта бошад, манъ кардани таҳсилоти занон, мунсариф кардани онҳо аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ба ҳошия рондани эшон, пурра динӣ намудани раванди таҳсилот, аз барномаҳои таълимӣ берун кардани он илмҳое, ки барои ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии воқеӣ ва илмӣ кӯмак мекунанд, ба назар мерасад. Навъҳои муҷозоти ҳамсонеро аз қабили шаллоқ задан ва дар малои ом дор задан, сангсор кардан, инчунин, аз кӯдакон истифода намуда, онҳоро бо роҳи мағзшӯӣ ба ҷанг ва интиҳорӣ шудан табдил додан, яке аз шеваҳои асосии онҳо мебошад. Гуруҳе ҳам агарчи дар ибтидо даъвои он пеш меоваранд, ки гӯё мардумсолоранд ва аз озодии баён дифоъ меварзанд, вале дар воқеъ пас аз қудрати сиёсиро ба даст гирифтан, аввалин корҳоеро, ки анҷом медиҳанд, ин зиндонӣ кардани хабарнигорон ва нобуд сохтани онҳо аст. Дар фаҳмиши ин нафарон мусодира кардани амволи мухолифон, мунфаҷир кардани онҳое, ки ба идеологияи ин гурӯҳ созиш надоранд, поймол кардани ҳуқуқи аққалиятҳо аз шеваи асосӣ ва дуруст маҳсуб меёбад. Чунин амалкардро метавон ҳам дар толибони Афғонистон ҳам дар ДИИШ ва ҳам дар дигар гурӯҳҳои бо номи ислом ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ таъсисдода ба мушоҳида гирифт.

Дар ин маврид агар кишварҳои дорои низомҳои дигари сиёсӣ, махсусан низомҳои дунявию мардумсолорро нисбат ба кишварҳое, ки дар онҳо низоми исломӣ ҳоким аст, аз лиҳози озодӣ ва саодату рифоҳи зиндагӣ мавриди муқоиса қарор диҳем, миллионҳо боварманди мусалмон он ҷо зиндагӣ доранд, ки онҳо дар осоиштагӣ бидуни хушунат ва зӯроварӣ аз роҳи ақлу хирад, истеъдоди фитрӣ ва бидуни тарс бовару эътиқоди хешро анҷом медиҳанд. Вазъашон ҳазорон бор беҳтар аз он амалкардҳоест, ки дар кишварҳои низоми сиёсии динӣ сурат мегирад. Ҳоло агар ба вазъи Афғонистон назар афканем, ба дасти гурӯҳҳои толибонӣ, ки даъво аз бунёди аморати исломӣ доранд ва пояи аслии қонунгузориашон шариат аст, имрӯз зиёда аз 20 млн. нуфуси инсонҳоро зери асорати худ қарор дода, чунин ба назар мерасад, ки гӯё ин теъдод мардум гирифтори бандагӣ ва ғуломӣ бар дасти ин гурӯҳи террористӣ  бошанд. Ҳоло шурӯъ намуда аз оддитарин рафтори ҳар фард, то тарзи зиндагиву масоили хонаводагиш зери заррабини толибонӣ қарор дорад.

Ба ин нигоҳ накарда, аксар аз ҷараёнҳои дигари сиёсии ислом даъво пеш меоваранд, ки амалкардҳои толибонӣ ва ё ДИИШ -ӣ берун аз амалкардҳои исломӣ бошад. Воқеъият ин аст, ки вақте низоми сиёсӣ маншаъи қонунгузориаш на зарурияти иҷтимоӣ ва зиндагии инсонҳо, балки асосҳои динӣ ва фиқҳӣ қарор мегирад, ки онҳо ҳазорон сол қабл ба вуҷуд омада шояд барои ҳамон шароит мувофиқ бошанд, вале ба шароити имрӯзаи зиндагии башар ҳеҷ мувофиқат надоранд, ҳамин гуна тарзи бархӯрд ба вуҷуд меояд. Зеро зиндагонии башар вобаста аз пешрафтҳои илмӣ, фанноварӣ ва ҷаҳонбинӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир ва дигар шудан қарор дорад, аммо динҳо ва боварҳо ҳамон асосҳоеанд, ки ҳазорон сол қабл навишташуда ва ҳеҷф гоҳ тағйире нахоҳанд кард.

Ба ин нигоҳ накарда, аксари гурӯҳҳои сиёсие, ки даъвои қудратро барои сохтани як низоми сиёсии динӣ доранд, то расидан ба қудрат аз ду гуна роҳ истифода мебаранд. Иддае то ба қудрат расидан аз худ нимоде месозанд, ки гӯё онҳо ба мардумсолорию тамоми ҳуқуқҳои башар арҷ мегузошта бошанд ва таблиғоти густурдаеро ба роҳ мемонанд, ки гӯё асли ормонҳои башарро дар худ ҷой дода бошанд. Гӯрӯҳҳои дигар аз роҳе истифода мебаранд, ки тавассути созмон додани гурӯҳҳои ҷангию ҷиҳодӣ ҳокимиятро ғасб менамоянд ва тариқи зӯран аз байн бурдани ҳокимияти пешин, ҳокимияти навро роҳандозӣ месозанд. Вале баъди ба қудрат расидан ҳарду гурӯҳ низ аз амалкардҳои якхела кор мегиранд. Чунин ба назар мерасад, дар ҳар гуна дини сиёсишуда, ки он ба маҳзари қудрат табдил меёбад, навъи ҳокимият ҳокимияти тамомиятхоҳ мегардад. Зеро бо сохтани як ҳокимияти динӣ дигар ҳуввияти фардӣ, аз ҷумла ҳуввияти бовармандиаш, ки бояд аз диди маънавӣ ва арзишҳои фитрияш дуруст шуда бошад, гирифта мешавад ва он ба ҳуввияти умумии аз тарафи ҳокимияти сиёсӣ барномарезикунонидашуда табдил меёбад. Агар дар ҳуввияти фардӣ касе ҳаққи инро надошта бошад, ки дар бобати чигунагии бовар фардро дастур диҳад ё манъ намояд ва ё ин бовари ӯро мавриди иҳонату паст задан қарор диҳад, пас вақте он ба сиёсат табдил меёбад, сиёсати динӣ ба чигунагии бовар дастдарозӣ мекунад. Тамомиятхоҳони динӣ касоне ҳастанд, ки худро дар мартабаи аз ҳама болотар ва ҳатто дар мақоми эзидӣ (наъузамбиллоҳ) тасаввур менамоянд ва онҳо тамоми амалкардҳои зиндагии як инсонро новобаста аз хоҳишҳои худи ӯ аз номи Худо роҳандозӣ мекунанд ва дар ҳоли ба ин меъёрҳои аз ҷониби онҳо муқарраршуда мувофиқат накардаанд, афродро мавриди озору шиканҷа, қатлу сангсор ва дор задан қарор медиҳанд.

Масъалаи дигаре, ки аксаран дар тамоми равияҳои сиёсии исломгароӣ рӯи кор меояд, ин бунёди як давлати фаромиллӣ, ё ба ибораи дигар, императории исломи ҷаҳонӣ бо номи “хилофат” аст, ки гуруҳҳо ва давлатҳои муайяни ҷаҳон ба хотири расидан ба қудрати ҷаҳонӣ онро дар сар мепарваранду аз он ҳимоят менамоянд. Идеяи хилофат низ яке аз ҳадафҳои бунёдӣ ва ба ҳам тавъами аксари гуруҳҳои исломгарост. Он ба ҳайси як давлати фарогири ҷаҳонӣ алайҳи ҳама гуна арзишҳои миллӣ, фарҳангиву тамаддунӣ нигаронида шудааст. Яъне ба вуҷуд овардани як низоми сиёсии якранг дар ҷаҳон, ки меҳвари онро бояд дин ва бовар ташкил диҳад, аслан ғайримантиқӣ ва ғайриақлонӣ аст. Зеро фарҳанги ҳар миллат бо пайвастагӣ ба унсурҳои ҷойи зист (ҷуғрофиёи зист), тарзи бароварда кардани ниёзҳои моддӣ, шароити муайяни иқлимӣ ва тарзи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ба вуҷуд омадааст ва аз ҷумла, анвои гуногуни боварҳо, тарзи қабули ҳодисаю воқеаҳо низ ба омилҳои зикршуда алоқаи ногусастанӣ доранд. Ҳамин аст, ки фарҳанги мардумони гуногун, арзишҳои он, маънавиёт ва тарзи тафаккур аз ҳам фарқ мекунад. Дар баробари ин, рушди ҳамешагӣ ва дар тағйиру такомул будани инсону ҷомеаи инсонӣ ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, ки тарзи зистан ва кадом навъи арзишҳоро пазируфтан ё напазируфтанро ба шакли зӯроварӣ бар сари инсонҳо бор кунад. Худи арзишҳо ҳам чизҳои  мутлақ ва тағйирнопазир нестанд. Онҳо низ вобаста аз навъи ҷаҳонбинӣ, навъи ҷомеа, тарзи зиндагӣ ва дигаршавии тарзи истеҳсол ва бароварда кардани ниёзҳои моддии инсонҳо вобастаанд.

Дар идеологияи аксар равияҳои исломгаро ин нукта возеҳ таҷассум ёфтааст, ки онҳо дар роҳи ҳақанд ва ҳар касе берун  аз дидгоҳ меъёрҳо ва роҳи онҳо бошад, он роҳ ботил аст, бо чунин даъво хешро муваззаф медонанд, ки бояд барои ба роҳи “ҳақ” овардани мардумон аз воситаҳои гуногуни шиканҷадиҳӣ истифода намоянд. Ҳамчунин, даъвои дигаре, ки пеш меоранд, ин аст, ки саодати зиндагонии башар дар сохтори низоми сиёсии динӣ аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар тамоми кишварҳое, ки исломгароён қудратро ба даст мегиранд, аслан инсонҳоро на ба саодати дунёӣ, балки зиндагониро барои мардуми он кишвару минтақа  мисли ҷаҳаннами динӣ месозанд. Онҳо бо тафаккури таассубию хурофотии хеш мехоҳанд мардумонро ба даврони ҳзорсолаҳо қабли зиндагии инсонӣ, ба замони барбарияту бардадорӣ бибаранд. Аз тарафи дигар, дар идеологияи аксари ин равияҳо мухолифат ба дониш, хирад ва озодиҳои фардӣ вуҷуд дорад. Яъне дар ин низомҳо инсон наметавонад худ тавассути ақлу хирад ва таҷрибаҳои собитшудаи тамаддуни инсонӣ чигунагии зистан ва хушбахтию саодати хешро роҳандозӣ намояд, балки ӯ вазифадор аст, ҳамон меъёрҳое, ки аз ҷониби тамомиятхоҳони низоми сиёсии динӣ муқаррар гардидаанд, бечунучаро иҷро намояд.

Хулоса, ҳамаи низомҳои сиёсии динӣ агарчи даъвоҳояшон ин аст, ки бо рӯи кор омадан ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ метавонанд як ҷомеаи ормонӣ ба вуҷуд оваранд, аммо дар асл ҳар кадоме бо омадани худ баръакс, ҷомеаро ба дӯзахи рӯи замин табдил медиҳанд ва инсонҳоро дар як маҳдудаи маънавию сиёсӣ қарор дода, қудсияти дину оин ва боварҳоро аз байн мебаранд ва бе шакк бовармандиро ба як қудрати қоҳири саркӯбгар табдил медиҳанд.

Нуқтаи дигари мусалам ин аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои зайл, агарчӣ номҳои гуногун доранд, вале ҷавҳари бунёдӣ, идеология ва амалкардҳояшон шабаҳи якдигаранд. Аз ин рӯ, набояд ба маккориву популистӣ ва фиреби суханбозиҳо барои сохтмони як ҷомеаи биҳишти адн ҳарф задани пайравони ин ҳизбу ҳаракатҳо дода шуд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь