Матлаъ

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, 23-юми феврали соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад. Дар тӯли 30 соли фаъолияти хеш, Артиши миллии мамлакат имтиҳоноти сахту сангинро паси сар намуда, имрӯз ба як нерӯйи тавоною пуриқтидор табдил ёфта, дар минтақа ва ҷаҳони муосир мавқеи муҳимро касб намуд.

Воқеан ҳам, Артиши миллии мо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазъияти бисёр вазнину мураккаби сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Бо вуҷуди он ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бе ягон заминаи моддӣ-техникӣ бунёд гардид, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони ҳирфаӣ ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир, муҳиммоти ҷангӣ таъмин буда, ба нерӯйи муназзами дорои ҷузъу томи замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комили миллӣ талош варзидаанд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Марҳилаҳои Артиши миллӣ

Ба андешаи рушанфикрону таҳлилгарони Вазорати мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар тӯли 30 соли фаъолияти худ се даврро паси сар намудааст:”Даври аввал, ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ.

Даври дуюм. Марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ.

Даври сеюм. Бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии он мебошад”.

Навъҳои қӯшун

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад, яъне Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал, ки ҳар яке аз рӯйи низомномаи худ амал намуда, дар ҳифзу ҳимояи марзҳои заминию фазоии кишвар нақши муассир доранд.

Омодабошии ҷангӣ

Мусаллам аст, ки аз рӯзҳои нахусти таъсисёбии Артиши миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани ҳолати омодабошии баланди ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Албатта, як бахши муҳимму зарурии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ фаро мегирад. Ин аст, ки пайваста хизматчиёни ҳарбии мамлакат ҷиҳати сайқал додани донишу таҷриба бо ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия мустақар дар Тоҷикистон дар машқгоҳҳои гарнизонҳои Суғду Хатлон машқҳои васеи низомиро доир менамоянд. Ҳамзамон, пайваста омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбии мамлакат санҷида мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмат, бори нахуст дар таърихи Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони “Марз-2021” омодабошии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарии мамлакат бо теъдоди 230 ҳазор нафар ва бо баровардани техникаву муҳиммоти вазнини ҷангӣ дар як вақт бо бонги хатари ҷангӣ хезонда шуда, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии мамлакат баҳои баланд дода шуд.

Мукаммалгардонии афсарони ҳирфаӣ

Пӯшида нест, ки солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар масъалаи норасоии афсарони касбӣ нигаронкунанда буд. Вале тадриҷан бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи  Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омӯзиши курсантон дар муассисаҳои ҳарбии мамлакат ва хориҷ аз он ва ҷиҳати  пуррагардонии афсарони касбӣ диққати махсус дода шуд. Имрӯз бошад, ҷузъу томҳои Артиши миллӣ бо мутахассисони касбӣ таъмин гардидаанд.

Занон ва артиш

Пас аз ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбарияти олии мамлалкат нисбат ба занон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин аст, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ занону модарон дар ҳама сохторҳо кору фаъолият мекунанд.

Аз ҷумла, занони тоҷик пайравӣ аз қаҳрамонзанҳо, амсоли Томирису Гурдофарид ва дигарон карда, имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд.

Пӯшида нест, ки занону модарон қувваи бузурги ҷомеа ва тарбиятгару насли созандаи ватананд. Тамоми бузургони олам дар домони сабзи модар ба камол расида, арзи ҳастӣ карда, тамоми сайёраро нигаҳбонӣ намудаанд.

Нақши зан дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созандакорӣ аст, албатта, нақши модариро мебозаду Ватанашро чун фарзандонаш ҳимоя менамояд.

Ҳеч як паҳлавоне, рӯинтане наметавонад беш аз зан мудофеи Ватан бошад. Занон ҳам офаранда ҳастанд, ҳам нигоҳдорандаву ҳифзкунанда ҳастанд ва зимомдорандаи ҷаҳонанд.

Бояд зикр намуд, ки хизмати ҳарбӣ масъулиятноку заҳматталаб аст. Занону модарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, дар баробари ин, боз мудофеони Ватанро тавлид намудаву ба воя мерасонанд.

Заҳмату талош, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватандӯстонаи занону модарон, нақши онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ эҳсос мегардад.

Истодагарӣ ва ҳолати рӯҳӣравонии хизматчиёни ҳарбӣ

Яке аз самтҳои муҳими ҳар давлат, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолии берунию дохилӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятист, ки бар зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ вогузор карда шудааст.

Албатта, вазифаи аз ҳамаи муҳими ҳар хизматчии ҳарбӣ ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияту суботи давлату миллат ва ҳифзи оромии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи интихоби ҷавонони солими синни даъватӣ аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ, обутоби ҷисмонӣ, таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳарвақта беш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. То имрӯз ҳеч гоҳ хизматчиёни ҳарбӣ ақибнишинӣ накарданд ва дар оянда низ чунин амали ноҷавонмардонаро нахоҳанд кард.

Ҳолати руҳияи ватанпарастии афсарону сарбозони мо дар сатҳи баланд ва фарқкунанда аз дигар кишварҳо аст. Имрӯз Артиши Тоҷикистон нерӯи пурқудрати заминиву ҳавоӣ дошта, хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама ҳолат бар зидди ҳуҷумҳои ногаҳонӣ истодагарӣ карда метавонанд.

Коршиносони масоили сиёсиву ҳарбии дохилию хориҷӣ дар мавриди ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ба хоки Тоҷикистон ва муборизаи хизматчиёни ҳарбиро ба таври мусбат арзёбӣ менамоянд. Дар ин маврид, Сайфулло Сафаров, шореҳи масоили сиёсии кишвар дар як суҳбати ихтисосӣ гуфта буд: “Артиши мо барои ҳама гуна ҳуҷумҳои ногаҳонӣ омода аст ва метавонад, ки аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, бо сарбаландӣ бароянд”.

Рӯзномаи артиш-ҳамқадами артиш

Воқеан ҳам, дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳониро ҷангҳои иттилоотию ядроӣ нигарон намудааст. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни ҳарбӣ нақши рӯзномаю телевизон бағоят бузург аст. Маҳз ҳамаи ин талошҳо буд, ки соли 1993 рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Вазорати мудофиа таъсис дода шуда, моҳи апрели соли 1997 барномаи “Сарбози Ватан” аз тариқи телевизион пахш гардида, то имрӯз бо ҳамин ном дар телевизиони Тоҷикистон пахш мегардад.

Мебояд гуфт, ки рӯзномаи «Ҳомии Ватан»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами Артиши миллӣ буда, нахустшумораи он санаи 10-уми декабри соли 1993 ба ду забон, тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми чаҳор саҳифа бо теъдоди панҷ ҳазор нусха рӯйи чоп омадааст.

Ҳамзамон, имрӯз аз ҷониби Вазорати мудофиа се барномаи ҳарбӣ бо номҳои Сарбози Ватан, Ҳомиёни Тоҷикистон ва Ҳомиёни Ватан дар телевизионҳои Тоҷикистон, МД “Ҷаҳоннамо” ва Душанбе HD  ба намоиш гузошта мешавад.

Эътимод ба артиш ва хизматчиёни ҳарбӣ

Боиси сарафрозист, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба артиш, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмуъ, онҳое, ки дар ҳимояи Ватананд, эътимоди бениҳоят зиёд дорад. Дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ мушоҳида шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятиро мегузорад. Мардум низ ба артиши худ эътимоду эътиқод доранд. Ҳамчунин, шаҳрвандони кишвар ҳимоятгари манфиати худашонро ҳамавақт эҳтиром мекунанд.

Албатта, дар замони зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳо ба кишварҳо, хусусан ба Осиёи Миёна мушоҳида мегардад. Мутаассифона, имрӯз Осиёи Миёна ба майдони рақобати геополитикии кишварҳои абарқудрат барои талоши манфиатҳо табдил ёфтааст. Ҳамзамон, таҳдидҳои гурӯҳҳои экстримистию террористӣ бо дахолату пуштибонии пасипардагии бархе аз давлатҳои абарқудрат идома дорад, ки эҳтимоли ноором сохтани суботи сиёсӣ ва ҳамҷавории давлатҳои минтақа мебошад. Аз ин рӯ, давлатҳои минтақаро зарур аст, ки дар ҳалли мушкилоти минтақа ҳамдигарфаҳмиро дар мадди аввал гузоранд. Дар навбати аввал, барои таъмин намудани сулҳу субот нақши хизматчиёни ҳарбӣ бузург арзёбӣ мешавад.

Илова бар ин, Сарфармондеҳи Олии кишвар дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».

Дар ҳақиқат, имрӯз Артиши миллии мо дар шароити кӯҳистон таҷрибаи ҷангиро дорост ва садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷоъу тавоное дорем, ки дар сурати сар задани таҳдид ба амнияти давлату кишвар бар зидди душманони ғаддор муборизаи беамон бурда, намегузоранд, ки нохалафу бадкешу бадтинате пой ба хоки кишвари мо гузорад. Умед аст, ки сисолаҳои дигар низ Артиши миллӣ мо ҷиҳати таъмини амнияти давлату кишвар камари ҳиммат баста, ҳифзкунандаи Истиқлолу озодӣ хоҳанд буд.

Азимҷон БАДАЛОВ,

капитани мустаъфӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь