Маро аз хонае, ки таваллуд шудааму фарзандонамро ба дунё овардаам, берун карданӣ ҳастанд…

Ман, Каримова Зумрат Бачабековна, аз рӯзи аввали сохтмони ҶДММ “Бозори Корвон” ба он саҳм гузоштам. Пас аз сохтмони ин ҷамъият, дар қисмати чоруми бозор нуқтаи савдо гирифтам. Инро шартномаи иҷоравӣ (таҳти № 308 аз 01.01.2001), ки соҳибкори инфиродӣ будан ва кору фаъолиятамро дар ин ҷамъият тасдиқ менамояд, гувоҳӣ медиҳад. Вале дар ин қисмати ҶДММ “Бозори Корвон” шаби  5.09.2012 сӯхтор ба амал омад. Дар ин сӯхтор ду мағозаи ман ва молҳои саноатӣ ба миқдори зиёда аз 180 000 доллари ИМА сӯхтанд. Аз ҷумла, мағоза ва маҳсулоти Каримов Маҳмадҳусейн ва дигар фурӯшандагон пурра сӯхтаву валангор гардиданд.

Ман барои рӯёнидани зарар дар ҳаҷми беш аз 180 000 доллари ИМА ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат кардам. Мутаасифона, Суди ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раёсати судя Мавлонзода А. ин парвандаро аз 25.04.2017  то 30. 06.2019 таҳти баррасӣ қарор дод. (Дар ин бора нусхаи шикояти кассатсионии ман аз 3.09.2019 маҳфуз аст). Прокуратураи генералии ҶТ аз 5.11.2015 бо имзои муовини якуми ин ниҳод Назарзода Ҳ.Н. аз санаи 10.10.2012 маро ҷабрдида эътироф кард.

Баъди ин ҳодиса бародари ман – Каримов Маҳмадҳусейн барои бартараф кардани хисороти расида аз ҶСП “Кафолатбонк” 350 000 сомонӣ қарз гирифт. Вале як моҳ қабл бинобар сабаби пурра напардохтани маблағи қарз ҶСП “Кафолатбонк” бидуни тасдиқу ризоият ва бардурӯғ омода кардани ҳалномаи суд, хонаи дар суроғаи н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Меҳробод бударо, ки ба гарав монда будам, бе огоҳӣ, бе ризоият, бе мувофиқа бесарпаноҳ кард. Хонаи маро ба шахси дигар фурӯхтаву 21 нафар аъзои оилаи маро, ки дар он зиндагонӣ доштанд, бесарпаноҳ намуд. Раисикунанда, судяи суди ноҳияи Рудакӣ Турсунзода дар муддати 15 дақиқа тақдири 21 нафарро ҳал кард.(Шикоятномаи ман, ки нусхааш маҳфуз аст,  аз 28.03.2020 дар 6 саҳифа пешниҳод шуда, ҳолати ин корро нишон медиҳад). Хонаи маро ба маблағи 75 000 сомонӣ фурӯхтаанд.

Барои хонаи истиқоматии аз падару модар ба мо меросмонда, “Кафолатбонк” моро ба суд кашид. Бо тақаллуб хулосаро ба нафъи худаш бурд. Ҳол он ки ариза оиди рад кардани судяи Суди ноҳияи Рудакӣ Турсунзода Шаҳло аз пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз 05.04.2021 мавҷуд асту нусхаи он ҳам маҳфуз аст. Инчунин, ариза оиди ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаи  ҷиноятӣ нисбати ман, ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2020 ва шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди н. Рӯдакӣ аз 19 майи соли 2021 дар ҳаҷми 10 саҳифа замима гардидаву нусхааш маҳфуз аст.

Аммо муовини Прокурори генералии ҶТ Талбакзода Д.С. бар хилофи моддаи 62-и Кодекси манзили ҶТ, бидуни гирифтани баёноти ман ва бе талаби аризаҳои ман ва хонахар – Раҷабова А.М. аз суди н. Рӯдакӣ, ки  маҳз дар бораи боэътибор донистани шартномаи тӯҳфа, гарав, хариду  фурӯши манзили истиқоматӣ аз 02.08.2021 ва аризаи Раҷабов А. оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ, қарор дар бораи тариқи маъмурӣ кӯчонидани ман аз 03.08.2021 қабул кардааст. Нисбати ин қарор ман дар бораи бекор кардани он ба Суди н. Синои ш.Душанбе аризаи шикоятӣ навишта, бекор карданашро талаб кардам. Вале суд бар хилофи моддаи 62-и Кодекси манзили ҶТ аз 7.09.2021 ҳалнома қабул кард.

Ҳамзамон, иҷрочии хадамоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Р.М. бидуни санади судӣ, аз набудани ман бохабар шуда, рӯзи 29.09.2021 қулфи дари ҳавлиро шикаста, вориди манзили истиқоматӣ мешавад ва молу амволи дар он ҷо бударо дар автомашина бор карда мебарад ва хонаро ба Раҷабов А.М. месупорад.

Хулоса:

Суди ноҳияи Рӯдакӣ шикояти маро дар бораи бекор кардани қарори маъмурӣ “дар бораи кӯчонидан” рад кард.

Бо таъйиноти Маҷлиси судӣ боздошти чораҳои таъмини даъво оид ба иҷрои қарори қарори даъвои иҷрои қарори маъмурӣ бардошта шуд.

Шикояти назоратии ман ба Раёсати суди шаҳри Душанбе дар бораи қонуншиканӣ дар суди зинаи аввал то ҳол натиҷа надодааст.

Хоҳони он ҳастем, ки мақомоти марбута моро бо оилаи 21 – нафараамон дар хонаи меросии падар ҳуқуқи зист диҳанд, маблағи қарзиро бошад, мо дар муддати муайян пардохт менамоем.

Агар не, пас бо 21 нафарро ба хотири манфиати як нафар дарбадару овора кардан бо чӣ меанҷомад?

Зумрат КАРИМОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here