Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба прокурори генералии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба Шумо ҳамчун кафили сулҳу амнияти сарторсарии мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муроҷиат кардан мехоҳам. Зеро дигар ба ҳалли мунсифона ва беғаразонаи мушкили ба сарам омада бовар надорам. Ба Шумо маълум мекунам, ки падарам Муҳиддинов Тоҷиддин дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҷарбошӣ (ҳозира Зарнисор) манзили истиқоматӣ дошт. Ман дар он манзил таваллуд шуда, ба воя расида, оила барпо намудам. Илова бар ин, тӯли ин муддат дар таъмир ва ободонии манзилам саҳми зиёде гузоштам. Моҳи марти соли 1987 вобаста ба тақсимоти манзили мазкур аз ҷониби МБТИ-и шаҳри Ваҳдат се шиносномаи техникӣ ба номи мо се нафар фарзандон – Амриддин, Рустам ва Самандар Муҳиддиновҳо тартиб дода шуд. Тибқи шиносномаҳои техникии ба соҳибмулкон дар соли 1987 додашуда, қитъаи замини ба ман тааалуқдошта 0,22 га, аз Муҳиддинов Рустам 19,85 га ва тибқи қарори ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов, ба Муҳиддинов Самандар масоҳати 0,08 га вобаста карда шудааст. Падарамон 9. 02. 2009 вафот кард. Ӯ то вафоташ манзилҳои истиқоматии ба номи мо ҳуҷҷатшударо ба касе васият накарда буд, зеро ҳуқуқи васият кардан ҳам надошт. Гап сари он меравад, ки падарам то рӯзи маргаш дар манзили ба номи ман-Муҳиддинов Амриддин ҳуҷҷатгузорӣ шуда зиндагонӣ мекард. Баъди вафоти падарам соли 2010 бародарам Самандар ва ҷиянам Ҳабибулло нисбати бародарам Рустам бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани қарор, шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба суди шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд. Мутаассифона, бо ҳалномаи суд аз 1-уми октябри соли 2010 даъво қонеъ карда шуд. Гап сари он аст, ки бародарам Муҳиддинов Самандар бо маслиҳати пешакӣ бо котиби ҳамонвақтаи ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов-Қурбонов Ятим, ки ҳамсинфаш аст, аз номи марҳум падармон Муҳиддинов Тоҷиддин забонхати қалбакӣ омода ва ба суд пешниҳод карданд. Судяи вақти суди шаҳри Ваҳдат марҳум Қурбонов К. парвандаро баррасӣ карда, ба манфиати тарафи дигар ҳалнома қабул намуд. Ҳол он ки падарамон марҳум Муҳиддинов Тоҷиддин то замони маргаш ба мо фарзандон дар мавриди заминҳои наздиҳавлигии тааллуқдоштаамон ягон хел забонхат нанавишта ва ё васияте накарда буд. Маълум аст, ки забонхати мазкур баъди вафоти падарамон бо роҳи тақаллуб навишта шудааст. Мутаассифона, судяи марҳум Қурбонов К. ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби як ниҳоди расмии давлатӣ, яъне МБТИ-и шаҳри Ваҳдат ба мо додааст, ба инобат нагирифта, танҳо як забонхатро асос карда, қарору фармонҳои Президенти кишварро дар мавриди авф ва хусусигардонии молу мулк дағалона поймол карда, даъворо қонеъ кард. Ҳолати дигари ғайриқонунии рафтор кардани судяҳои шаҳри Ваҳдат он аст, ки дар ҳалномаи соли 2011 маро ҳамчун шоҳид гузаронидаанд, ки гӯё дар шоҳидии ман падарам марҳум Муҳиддинов Тоҷиддин манзили истиқоматии расман ба номам бударо ба наберааш Муҳиддинов Ҳабибулло васият карда бошад.
Ҳол он ки ҳамон замон ман шахсан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия, қарор доштам ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳам намегузоштам, ки хонаи ман ба каси дигар васият карда шавад ва шоҳид бошам.
Ҷаноби Олӣ, тибқи забонхат гӯё марҳум падарамон Муҳиддинов Тоҷиддин манзили истиқоматии бо ҳуҷҷат ба ман таалллуқдоштаро ба наберааш Ҳабибулло ва духтараш Қумрӣ васият карда бошад. Мувофиқи хулосаи судӣ-хатшиносӣ, имзои дар забонхат сабтшуда ба падари раҳматиамон тааллуқ надорад. Сарфи назар аз он ки бо дасти падарамон навишта шудани ин ҳуҷҷат тасдиқи худро наёфт, он танҳо як забонхат буда, қувваи юридикӣ надорад. Дар асоси шикояти кассатсионии бародарам Муҳиддинов Рустам ҳалномаи болозикр бекор карда шуд, аммо бо ҳалномаи дигари суди шаҳри Ваҳдат аз 30-юми марти соли 2011 даъвои мазкур дубора қонеъ гардид.
Бо ҳалномаҳои суди шаҳри Ваҳдат аз 1-уми октябри соли 2010 ва аз 30-юми марти соли 2011 даъвои даъвогарон Муҳиддинов Самандар ва Муҳиддинов Ҳабибулло дар ҳоле қонеъ карда шудааст, ки онҳо вобаста ба манзилҳои истиқоматӣ ва қитъаи замини дар истифодаашон қарордошта, ки ҳуқуқҳояшон нисбат ба онҳо маҳдуд гаштааст, ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаи соҳибмулкӣ надоштанд. Яъне, даъвогарон ваколати пешниҳоди чунин даъворо надоранд.
Ба ғайр аз ин, даъвогар Муҳиддинов Самандар баъд аз қонеъ шудани даъвояш нисбати ману бародарам Муҳиддинов Рустам охири моҳи ноябри соли 2019 боз ба суди шаҳри Ваҳдат бо даъвои навбатӣ муроҷиат кард. Ин маротиба даъвояш дар бораи бартараф намудани монеагӣ, оид ба кушодани роҳ, барои ворид шудан ба манзил буд. Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин даъворо тӯли чор моҳ баррасӣ кард, аммо натиҷаи баррасии даъвои мазкур ба мо то ҳанӯз номаълум аст. Шояд судя Камолзода С. ба даъвогар фаҳмондааст, ки ӯ бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи манзили баҳсӣ ваколати пешниҳоди даъворо надорад. Мувофики моддаи 322 КМГ ҶТ молик ҳуқуқ дорад аз бадастоварандаи ғайриқонунӣ молу мулкашро талаб карда гирад. Даъвогарон бошанд, ҳангоми пешниҳоди даъво молики манзили баҳсӣ маҳсуб намеёфтанд.
Аз ин сабаб даъвогарон Муҳиддинов Самандар, писараш Баҳодур, хоҳарам Қумрӣ ва писари хоҳари дигарам Сабзаев Ҳилолиддин нодурустии даъвоҳои қаблан пешниҳодкардаашонро пай бурда, ин навбат нисбати ман ва дигарон дар таърихи 6-уми апрели соли 2020, таҳти №1936, бо даъво дар бораи эътирофи далели ҳуқуқи соҳибмулкии марҳум падарамон нисбат ба манзилҳои баҳсии худсарона сохташуда ва тақсими мерос байни меросхӯрон ба суди шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд. Даъвогарон даъвоеро, ки мебоист соли 2010 пешниҳод мекарданд, соли 2020 пешниҳод намуданд ва даъвои онҳо ин навбат ҳам бо ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат, аз 18-уми марти соли 2021, бо вайрон кардани муҳлати баррасии парванда, қонеъ ва аризаҳои даъвогии муқобили даъво пешниҳодшудаи мо рад карда шуд. Аз ҳалномаи мазкур мо розӣ нашуда, аз болои он ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ овардем. Бо қарори зинаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 27-уми майи соли 2021, бе иштироки мо, ҳалнома бе тағйир ва шикояти кассатсионии мо беқаноат гузошта шуд.
Муҳтарам Президент, аҷибаш он ки кормандони Суди Олӣ бемасъулиятӣ нишон дода, дар даъватномаи суди марҳилаи кассатсионӣ барои 27-уми майи соли 2021 ба ҷои насаби даъвогар насаби одами тамоман бегона-Бураковро навиштаанд. Ба номи худи ман бошад, ягон хабарнома аз Суди Олӣ фиристода нашудааст ва мурофиаи судӣ бе иштироки ман баргузор карда шуд. Сарфи назар аз ваҷҳҳои дар шикояти кассатсионӣ овардашуда ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат, аз 18-уми марти соли 2021, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Зеро он бар хилофи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №14, аз 23-юми ноябри соли 2012, мебошад. Чунончи, тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътирофи далели ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба манзил яке аз шартҳо мавҷуд будани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мебошад. Ин дар ҳолест, ки падари марҳумам Муҳиддинов Тоҷиддин натанҳо сертификат, балки ягон ҳуҷҷате, ки соҳибмулкии ӯро ба замини наздиҳавлигии ман муайян мекарда бошад, надошт. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна мақомоти дахлдор метавонанд ба номи шахсе, ки даҳ сол қабл фавтидааст, сертификат омода намоянд.
Мувофиқи моддаи 246 қ.3 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи моликияти шахс ба иморати сохташуда ҳангоме эътироф шуданаш мумкин аст, ки агар қитъаи замини дар он иморат сохташуда ба молик барои идораи умрбодии меросӣ ва истифодаи доимӣ (бемуҳлат) дода шуда бошад. Оид ба ҷудо шудани қитъаи замин ба номи марҳум Муҳиддинов Тоҷиддин ягон санади асоснок вуҷуд надорад. Дар чунин ҳолат суд вобаста ба хусусияти даъво бояд аризаи онҳоро рад мекард ва ё қабул карда бошад, бе баррасӣ монда, ба онҳо мефаҳмонд, ки ҳуқуқ доранд дар бораи вобаста намудани китъаи замин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муроҷиат намоянд. Танҳо баъди вобаст шудани қитъаҳои замин ва дар ин асос гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ҳар кадоме ҳуқуқ пайдо мекард бо даъво дар бораи эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ аввал ба худи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва танҳо дар ҳолати истисноӣ ба суд муроҷиат мекарданд.
Муҳтарам Пешвои миллат, суди шаҳри Ваҳдат ҳангоми қабули ҳалнома маълумотномаҳои ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдатро ба манфиати даъвогарон баҳо додааст. Чунончи, дар яке аз маълумотномаҳои ҳамин ҷамоати деҳот, ки ба суд пешниҳод гардидааст, навишта шудааст: “Тибқи китоби хочагидорӣ №36\1194 0,22 га қитъаи замин дар суратҳисоб ба номи Муҳиддинов Ҳабибулло ба қайд гирифта шудааст. Дар маълумотномаи дигари ҷамоати деҳоти мазкур, аз 23. 02. 2019 №983 бошад, навишта шудааст, ки тибқи китоби хочагӣ ва варақаи шахсии №36\1194 0,22 га қитъаи замин ба номи соҳибҳона, яъне ман Муҳиддинов Амриддин ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аз рафти баҳсҳои мавҷуда ва санадҳои судӣ дида мешавад, ки суди шаҳри Ваҳдат нахуст дар қабули аризаҳои даъвогии даъвогарон дар бораи бекор кардани қарор, шаҳодатномаи қонеъгардонии молу мулк ва сертификати ҳуқуқии истифодабарии замин ба хатогӣ роҳ дода, ду маротиба ба манфиати даъвогарон ҳалнома қабул намудааст. Ин дар ҳолест, ки Сарвари давлат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар вохӯриҳо бо мақомоти судӣ таъкид менамоянд, ки судяҳо ҳаққи хато кардан надоранд.
Муҳтарам Президент, барои ман як чиз нофаҳмост, ки чаро раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин, ки даъвои мазкурро баррасӣ мекард, се маротиба тариқи суди сайёр ба макони баҳсӣ рафта, ҳамчун корманди идораи замин, қитъаҳои замини наздиҳавлигиро чен кард? Ё ин ки ҳолати дигари рафтори ғайриқонунии Камолзода С. он аст, ки тибқи қонунгузорӣ, судя бояд як маротиба ба хонаи машварат даромада, қарор қабул кунад. Аммо баррасикунандаи парванда Камолзода С. ду маротиба, бори аввал санаи 5-уми март ва маротибаи дуюм 18-уми марти соли 2021 ба хонаи машварат даромад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро Камолзода С. қонунро поймол карда, ду маротиба ба хонаи машварат даромад? Чӣ манфиат дошт? Ҳолати дигари нақзи қонун аз ҷониби Камолзода С. ҳамчун баррасикунандаи парванда он аст, ки пеш аз баровардани ҳалномаи судӣ мебоист моро шинос мекард, аммо ба дархостҳои зиёдамон, оид ба шинос шудан бо проколи судӣ, то ҳол ҷавоб надодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки санаи 1-уми октябри соли 2020, ҳангоме, ки бори сеюм суди сайёр бо иштироки раиси суд Камолзода С. барои чен кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ омаданд, писари даъвогар Муҳиддинов Самандар-Муҳиддинов Баҳодур ба ҷониби ҷавобгар Муҳиддинов Рустам, дар ҳозирии судя Камолзода С., табарро бардошта, таҳдид ба куштор кард, аммо аз тарафи судя Камолзода С. нисбат ба ҳолати мазкур ягон чора андешида нашуд. Аз ин ҷо маълум аст, судя Камолзода С. дар ин парванда манфиатдор буда, дар қабули қарор ва ҳалномаи судӣ бетараф нест.
Ҷаноби Олӣ, ба ин монанд амалҳои коррупсионӣ ва ғаразмандонаи бархе аз кормандони мақомоти судӣ ба системаи судии кишвар иснод оварда, боварии шаҳрвандони кишварро ба ҳалли қонунии парвандаҳо мекоҳонад. Аз ин рӯ, аз Шумо муҳтарам Президенти кишвар ва кафили сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хоҳиш менамоям, ки ба қазияи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намоед ва ҳақро ба ҳақдор бирасонед.
Бо арзи эҳтироми хос, Муҳиддинов Амриддин,
истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Зарнисор, хонаи №58