Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади  Шоҳиён

Ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Ё чӣ гуна Бахтиёр Оқилзода аз ваколати мансабиаш сӯйиистифода мекунад?!

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони баландмақоми идораҳои давлатӣ!

Бо нашри ин маводи матбуотӣ аз амалкарди ғайриқонунии пайдарҳами Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд қисса мекунам, ки се соли пеш шурӯъ шуда ва ҳамчунон идома дорад. Ӯ ва баъзе аз мансабдорони сатҳи баланди Ҳукумати вилояти Суғд мехоҳанд, аз роҳи ғайриқонунӣ моликияти қонунии мо рӯирост ба манфияти Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров – роҳбари ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён” – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тороҷ шавад. Онҳо бо ин роҳ меҳнати беш аз панҷсолаи моро барбод дода, мақсади азонихудкунии моликияти маро пеш гирифта, ба ман зарари калони иқтисодӣ расониданиянд.

Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд барои бо чунин шева тамом шудани баҳси судӣ, ҳоло ягон қонун ва қарору санадҳои  давлатиро ба назари эътибор нагирифта, балки бо истифода аз ваколати мансабиаш ҳалномаҳои то ин вақт қабулнамудаи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ғайриқонунӣ ва ба  таври маҷбурӣ бекор намудааст.

Ба маълумоти шумо – роҳбарони муҳтарами ниҳодҳои баландмақоми давлатӣ мерасонам, ки аз соли 2019 то ин вақт се ҳалномаи қонунии судӣ ба маҳзи дахолати муғризонаи Бахтиёр Оқилзода беасос бекор карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳалномаҳои қабулнамудаи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар санаҳои 4 июни соли 2019,  20 майи соли 2021 ва инчунин санаи 1 июли соли 2021 ҳолатҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бар зарари мо аз ҳисоби замини дар ихтиёрамон буда соҳиби замин гардидани Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуровро, ки хилофи қонунгузории замин ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аст, собит мекунанд. Аммо  ин ҳама қонуншиканиҳо ба маҳзи беэҳтиромиии судӣ ва сӯйиистифодакуниҳои мансабии Бахтиёр Оқилзода ба манфияти “МТ Суғдиён” аз эътибори судӣ соқит карда мешаванд.

Ваҷҳу асосҳои бекоркунии ҳалномаҳои судӣ ба мазмун ва моҳияти масъала мувофиқ нестанд, вале раиси Суди вилояти Суғд барои расидан ба мақсади ғаразноки худ, яъне ҳимоя намудани манфиати Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров аслан қонунҳои ҷории кишварро, ки  иҷрои онҳо барои ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро мебошад, сарфи назар мекунад.

Шитоби судии Бахтиёр Оқилзода чиро бозгӯй мекунад?

Ҳалномаи қонунӣ ва асосноки Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 4 июни соли 2019 дар бораи қисман бе эътибор донистани қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 07.01. 2019 таҳти № 01 аз тарафи Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.07.2020  бо гузориши шахсии Бахтиёр О. бекор карда шуда, ба баррасии нави судӣ ирсол гардидааст. Ҳол он ки қаблан бо таъйиноти судяи Суди вилояти Суғд шикояти назоратии директори  ҶДММ “МТ Суғдиён” рад шуда буд.

Аз матни таъинот дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ аз санаи 25 майи соли 2020 тартибдодаи Бахтиёр Оқилзода бармеояд, ки он пурра ва ҳатто калима ба калима бо матни шикояти назоратии роҳбари ҶДММ “МТ Суғдиён” монанд аст. Яъне бозгӯи он аст, ки шикоят ва пешбурди назоратӣ аз ҷониби як шахс ва он ҳам раиси Суди вилояти Суғд омода карда шудааст.

Айни ҳол оид ба ҳамин парванда санади судии нав зери назорати Бахтиёр Оқилзода бар муқобили мо қабул карда шуд.

Аз ҷониби дигар мавридҳои ба таври саросемавор қабул намудани шикояти назоратии такрории “МТ Суғдиён” аз ҷониби Бахтиёр Оқилзода ва инчунин, пеши худ ҷиҳати бекор кардани ҳалномаи қонунии Суди ноҳияи Б. Ғафуров далели амалисозии мақсади ғаразноки Мирзобахтиёр М. аз ҷониби раиси суди вилояти Суғд мебошад.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарои баландмақоми кишвар!

Ба ин тартиб ҳолатҳои дигари мавҷудбудаи баҳси судиро шарҳ медиҳам. Онҳо собит месозанд, ки чи гуна Мирзобахтиёр М. бо ҳаммаслаки худ Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд мехоҳанд моликияти қонунии моро рӯйирост аз они худ кунанд. Онҳо ду сол ба ин тараф барои иҷрои ин кор, ҳатто ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, судяҳои ин ноҳия ва ҳатто баъзе аз мансабдорони баландмақоми ҳукумати вилояти Суғдро барои ғасби рейдерӣ моил  намудаанд. Зеро арзу шикоятҳои ман дар муддати ин ду сол аз ҷониби роҳбарон ба назари эътибор гирифта намешавад ва масъулин барои бо  роҳи қонунӣ ҳал намудани муроҷиати ман ночор мондаанд.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла маводҳои парвандаи заминсозии вобаста кардани сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров маълум аст, ки қитъаи замин ба ман пеш аз вобаста намудани қитъаи замин ба ҶДММ “МТ Суғдиён” вобаста карда шудааст. Инчунин барои сохтмони истгоҳ бо нуқтаи савдо дар асоси қарор ва хулосаи дахлдори идораҳои давлатӣ замин ҷудо карда шудааст.

Иншоотҳои сохташуда аз як тараф барои гаштугузори бехатари сокинон аз шоҳроҳ, ки дар ду канори он бозорҳои бузурги фурӯши матоъ ва сарулибос воқеъанд, ҷойгир буда, аз ҷониби дигар, барои бо шуғл фаро гирифтани ҳудуди 300 сокинон ноҳия пешбинӣ шудааст.

Пас аз ин дар канори ин иншооти мо Мирзобахтиёр М. “ТМ Суғдиён” ашро  бунёд намуд. Аммо қабл аз ҷудо намудани қитъаи замин барои  сохтмони ин иншоот ҳатто розигии моликони дар атроф мавҷудбударо тибқи талаботи қонун ба даст наоварда, балки  худсарона ба сохтмони он шурӯъ намудааст.

Масъулони идораҳои дахлдори ноҳия, аз ҷумла Идораи замин дар бораи ин амали худсаронаи Мирзобаҳодуров М. бохабаранд ва дар мурофиаҳои судӣ инро зикр намудаанд. Аммо бо ин вуҷуд, баъди бунёди ин иншоот ҳукумати ноҳия замини дар истифодаи мо қарордоштаро мисли он ки “зани шавҳардорро боз ба нафари дигар никоҳ мекунанд” ибтидо ба таври иҷора ва баъдан ҳамчун истифодабаранда ба Мирзобахтиёр М. вобаста намуд. Ин амалкарди раиси ноҳияи Б. Ғафуров мутлақо ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии моро ҳамчун заминистифодабарандаи якумдараҷа аз чанд ҷиҳат поймол мекунад:

Якум: Қитъаи замини ба иҷорадодашуда ба Мирзобахтиёр М. дар болои гузаргоҳи зеризаминӣ мавҷуд буда, ин қитъаи замин дар асоси қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 02.05.2014 сол таҳти № 413 ба мо ва барои сохтани ҳамин гузаргоҳи зеризаминӣ ба масоҳати 1362, 40 м2  барои истифодаи бемӯҳлат ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин дар асоси қарори раиси ноҳияи  Б. Ғафуров аз санаи 05.09.2014 таҳти №738 ба ман аз ҳисоби заминҳои ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат барои васеъ намудани гузаргоҳи зеризаминӣ қитъаи замини иловагӣ ба масоҳати 281, 20 м2 ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 06.04.2016 таҳти №170 ба ман аз ҳисоби заминҳои роҳи  автомобилгарди Хуҷанд-Ғафуров, гардиши шаҳри Гулистон ба масоҳати умумии 0,47 га замин ҷудо карда шудааст. Дар навбати худ, ба ҳар яки ин қитъаҳои ҷудошудаи замин сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи заминро, ки ҳуқуқи истифодаи бемуҳлати онро фароҳам меоварад, дар даст дорам.

Дуюм: Мутобиқи моддаи 10 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ё якумраи меросии заминро доранд. Ин ҳолат тасдиқи он аст, ки ҳуқуқи истифодабарии ман барои ҳам замини гузаргоҳ ва ҳам болои он қонунан тасдиқ шудааст. Мутаасифона, дар Ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров айнан ҳамин қитъаи заминро аз санаи 28.09.2020 ба иҷора ва бо қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 12.10.2020 таҳти №514 бе розиги ман ҳамчун заминистифодабарандаи аслӣ  ба “МТ Суғдиён” вобаста намудаанд.

Сеюм: Ин дар ҳолест, ки ман ҳамчун заминистифодабаранда барои истифодаи ин қитъаи замин аз соли 2014 ба ин тараф андози давлатиро месупорам.

Ба амалҳои ғайриқонунии Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров  кӣ чора меандешад?

Мирзобахтиёр М. аз рӯзи бо роҳи ғайриқонунӣ ҳуқуқи истифодаи замини дар ихтиёри мо қарордоштаро пайдо намудан пайваста зарари худро ба ман мерасонад. Баъди ба таври ғайриқонунӣ ба иҷора гирифтани замин аз фурсати кӯтоҳ истифода намуда, нақшаи ғасб намудани моликияти маро дар пеши худ мақсад гузоштааст.

Ӯ нахуст трансформатори барқрасони гузаргоҳи зеризаминиро, ки барои насби он масъулини шабакаҳои “Барқи тоҷик” иҷоза додаанд, бе иҷозати роҳбарони ин идора худсарона канда, то имрӯз барои барқарор намудани он мамониат карда истодааст. Аз моҳи сентябри соли 2020 бо сабаби кандани трансформатор 300 соҳибкоре, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ фаъолият намуда, рӯзии худро дарёфт мекунанд, ба мушкили бебарқӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар бораи ин мушкили аз ҷониби Мирзобахтиёр М. ба вуҷудомада борҳо ба унвонии Ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров муроҷиат намудем, аммо то ҳол аз ҷониби роҳбарияти ноҳия амалан ягон чораи мушаххас андешида нашудааст. Тоҷирон аз сабаби канда шудани трансформатор ба мушкили бебарқӣ дучор шуда дар растаҳои кории худ азият мекашанд.

Мирзобаҳодуров М. инчунин, дар асоси шартномаи иҷора ва қарори дар боло қайдшуда барқасдона панҷараҳои атроф ва болопӯши зинапояи гузаргоҳи зеризаминиро канд ва амволи ба мо тааллуқдоштаро нобуд сохт.

Дар ҳоле, ки ин корҳо на дар матни шартномаи иҷораи замин миёни ӯ ва Ҳукумати ноҳия ва на дар қарори раиси ноҳия дарҷ нашудааст.  Бо чунин амалкарди хилофи қонун роҳбари “МТ Суғдиён” то имрӯз дар маҷмуъ ба мо 2, 5 миллион сомонӣ зарар расонидааст.  Оиди ҷуброни ин зарар мо ба суд муроҷиат кардем, ки боз ҳам бо таъсири Бахтиёр Оқилзода ва дигар шахсони мансабдори Ҳукумати вилояти Суғд то ба ҳол баррасӣ карда нашудааст.

Санадҳои судие, ки дар асоси аризаҳои мо аз ҷониби Суди ноҳияи Б. Ғафуров вобаста ба бартараф кардани мушкилиҳои дар боло зикршуда қабул гардида буд, зери таъсири Бахтиёр Оқилзода дар як лаҳза дар Суди вилояти Суғд бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз санаи 21.09.2021 сол ҳалномаи Суди ноҳияи  Б. Ғафуров аз санаи 01.07.2021 бекор карда шуда, парвандаи гражданӣ барои баррасии нав ба ҳамон суд дар ҳайати дигари судӣ ирсол карда шуд.

Чунин шитоби судии Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд муносибати дӯстона ва шарикиаш дар роҳи ғасбнамоии моликияти ман аз ҷониби Мирзобахтиёр М. -ро бармало мекунад. Онҳо барои чунин мақсади ғаразнок ва нопоки худ на қонуну қарор ва на санадҳои ҳуқуқиро эътироф намекунанд.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарои баландмақоми кишвар! Ба ҳамин тартиб баҳси судии мо се сол боз бо дахолати роҳбарони суд аз ҷумла, Бахтиёр Оқилзода –  раиси Суди вилояти Суғд кашол ёфта, танҳо ба манфиати Мирзобаҳодуров М. ғайриқонунӣ ҳал карда мешаванд.

Аз шумоёни муҳтарам хоҳиш мекунам, ки барои таҳқиқи холисона ва одилонаи судии баҳсҳои байни ман ва ҶДММ “МТ Суғдиён” таваҷҷӯҳ намоед. Дар чунин ҳол мутмаинам, ки додрасҳои баррасикунанда дар иҷрои рисолати мансабиву инсонии хеш мӯйро аз хамир ҷудо намуда, бо қабули санадҳои дурусту ҳаматарафа асоснок ба баҳси судии мо қонунан хотима мебахшанд. Ба азму ирода ва дастгирии шумоён умедвор ҳастам.

Бо арзи эҳтиром,

Каримов Далерҷон Раҳматҷонович –

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

чамоати Ҳ. Усмон, кӯчаи Фахрӣ 93

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь