Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Нусха ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон,

Нусха ба Суди Олии ҶТ

Аз номи сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Шевченко хонаи 111, ҳуҷраи 21, Эсанова Наргис Маҳмадовна.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, қазияеро, ки ба сари оилаи ман омадааст,  дар доираи ваколатҳоятон баррасӣ карда, адолатро барқарор кунед.

Масъала он аст, ки судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мехоҳанд маро ки манзили истиқоматиамро соли 2005 аз соҳибмулк  Қодиров Комил харида будам дар он зиёда аз 17-сол мешавад бо аҳли оилаам зиндагӣ дорам ба кӯча бароварда партоянд. Худ муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буда дар мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорам. Собиқаи кории 26- сола дораму муаллимаи категорияи олӣ мебошам. Насли наврасро зери сиёсати пешгирифтаи давлатамон тарбия мекунам.Соҳиби 4 фарзанд, фарзандонамро баҳри ватандӯстӣ, вафодорӣ, инсондӯстӣ тарбия карда ба воя расонида истодаам. Духтарам Давронова Фарангис, ҳуқуқшинос, мухбири газетаи “Азия Плюс”, писарам Давронов Абдураҳмон курсанти курси 3-и Донишгоҳи ҳарбии Санкт Петербурги Федератсияи Россия, 2 нафари дигар фарзандонам Давронов Абдураҳим ва Давронова Мадина толибилманд. Шавҳарам Гадоев Зариф собиқ корманди Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ хизмат карда, ҳоло дар ширкати хориҷӣ кор ва фаъолият дорад.

Соли 2005 манзили истиқоматиамро аз соҳибмулк Қодиров Комил харидорӣ кардем. Бо пули ёрдамкардаи падарам, ки 2000 доллари ИМА буд. Падарам худ муаллим ҳастанд, собиқаи кории 62- сола дошта ҳоло ҳоҷӣ, нафақахӯр даврони пирӣ ронда истодаанд. Дар шоҳидии падарам бо шоҳид Гулов Каромат, ки пулро он кас доданду шоҳид Гулов бо дасти худаш ин маблағҳоро ба Қодиров Комил додааст. Манзили мазкур вақти хариданам бе дару тиреза буду ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ набуд. Онро то имрӯз 3 бор таъмири капиталӣ  кардем. Соҳибмулк Қодиров К. 2000 доллари ИМА-ро гирифта, забонхат барои падарам Эсанов Маҳмад ба номи шавҳарам Гадоев.З дода, ваъда кард, ки ӯ ҳоло ба Федератсияи Россия меравад, нафақаашро дуруст карда дар муҳлати 1- моҳ ҳуҷҷатҳоро , ки дар дасти оилааш Султонгулова Джамила шаҳрванди Русия будааст, гирифта мебиёраду аз қайди қонунӣ мегузаронад. Ин ваъдаи охирон буд. Қодиров Комил, ки миллаташ бошқирд буд, худаш дар ҳузури шоҳидон пулро гирифтааст. Ҳамаи ҳамсояҳо аз ин қазия бохабар буданд. Ҳамин тариқ баъди калиди хонаро гирифтан, худамон то фурудгоҳ бо чизҳои ҳамроҳбурдааш гусел карда, ӯро интизор бо ҳуҷҷатҳо будем.

Моҳҳо, солҳо гузаштанд аз Қодиров К ва оилааш Султонгулова хатту хабар набуд. Суроғаашонро ба мо маълум намекарданд ва ба алоқа намебаромаданд. Ман ҳам аз сабаби муайян набудани ҷои истиқомати онҳо ба ягон ҷо муроҷиат намекардам. Вақте ки манзилро гирифтам, ҳамаи андозу пардохтҳои коммуналиро, ки аз соли 2002 хусусӣ гашта буд, қарздор буд, супоридам. Аз номи худаму шавҳарам шартномаро баста  20-сол мешавад ҳамаи онҳоро дар назди мақомоти дахлдор ба иҷро расонида истодаем. Султонгулова Джамила ба ин манзил ягон ҳуқуқу уҳдадорӣ надорад. Соли 2015 соҳибмулк Қодиров Комил аз Руссия ба шавҳарам ба алоқа баромада хабар медиҳад, ки ӯ дар назди оилаи мо гунаҳкор будаасту оилааш Султонгулова Джамила ӯро аз манзил рондааст вай алоҳида зиндагӣ дораду оилааш ҳуҷҷатҳоро надодаасту онҳо қалбакӣ будаанд, ӯ меояду манзилро ба номи ман мегузаронад.Ҳамин тариқ шахсе, ки манзилро фурӯхтаасту пули аҳли оилаи маро гирифтааст, дигар ба алоқа набаромад.

Аз аввали соли 2020 бизнеси манзили мо сар шуд.Соли 2020 ба манзили мо шаҳрванди Руссия Алиев Рустам Бобоевич пайдо гашта ба ман, ки дар хона будам, вохӯрда талаби 32000 доллари амрикоӣ кард, ки гӯё охирон ваколатнома доштаасту соҳиби манзил мебошад. Ман эрод овардам, ки зиёда аз 15-сол истиқоматкунандаи ин манзил буда, онро аз Қодиров Комил харидаам ва баъд рақамҳои телефони шавҳарамро додам, ки бо ӯ вохӯрад. Баъди вохӯрӣ бо шавҳарам Алиев Р. бохабар мешавад, ки мо манзилро аз Қодиров К харидаем. Аз оилаи Қодиров К, Султонгулова Джамила мефаҳмад, ки Қодиров К соли 2016 вафот кардааст ва ӯ манзилро мақсади дуюмбора фурӯхтан дорад. Мегӯяд, ки аз судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон одамонеро ёфтааст ва ту ҳеҷ чизро барқарор карда наметавонӣ. Пас аз он Алиев Рустам ба нарх мондани ин хона даромада дари бизнесро кушода кард ва аз 32000 долларӣ сар карда бо се вохӯриаш нархи манзилро ба 1 000 000  русӣ овард, ки шавҳарам талаби онро кард, ки ба суд диҳад.Соли  2021 Алиев Рустам дар намояндагии Султонгулова Джамила моҳи январ моро бо аҳли оилаамон оиди кӯчонидан аз манзиламон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аризаро қабул карда судя Нурализода С., баррасии онро ба истеҳсолоташ қабул кард. Санаи 7-уми октябри соли 2021 ҳалномаи ғайриқонунӣ баровард, бо ҳалномааш ба кӯча бехонаву дар кард, ки дигар манзили истиқоматӣ надорем. Дар баррасии кори шаҳрвандӣ шаҳрванд Алиев Рустам гум шуду дар байн шаҳрванди Руссия адвоват Умарова Т., бо ваколатномаи нав пайдо гашт, ки мо фаҳмидем ӯ бо даъват  (“заказной”) омадааст.Аз болои ин ҳалномаи ғайриқонунӣ шикояти кассатсионӣ оварда санаи 15-уми марти соли 2022 коллегияи суди шаҳри Душанбе оид ба корҳои шаҳрвандӣ таҳти раискунанда Холиқмуродзода Д.,судяҳо Ҳафиззода Т., Ҷобирзода С., ин ҳалномаи ғайриқонуниро бекор карда парвандаи шаҳвандиро барои баррасии нави судӣ дар ҳайати дигар суд ирсол карданд. Санаи 10-уми майи соли 2022 баррасии қарори суди кассатсиониро ба тариқи назоратӣ судя Раҷабзода С., дида баромада таъиноти оид ба рад намудани ирсоли парвандаи гражданӣ баровард. Парвандаи шаҳрвандӣ ба суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Парвандаи шаҳрвандиро барои баррасии нави судӣ судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарофзода қабул кард.Оиди баррасии нави судӣ моҳи июни соли равон ба ҳузури судя Шарофзода  моҳи август изҳор кард, ки парвандаро баррасӣ мекунад. Мо фақат онро маълум карданӣ будем, ки кадом судяи суди Олӣ кори моро талаб кардааст. Баъдан дар ҳузури Шарофзода  ҳозир шудем, ки кори шаҳрвандиро баррасӣ мекунад.Охирон  ҷавоб гардониданд, ки Суди Олӣ боз кори шаҳрвандиро талаб карданд.Шавҳарам ба қабули Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта оиди ин ҳолат хабар доданд ва онҳо дар қабул ваъда доданд, ки ба шумо маълумот мерасонем, лекин ягон хабар дода нашуд. Дар ҳозира мо баъзе далелҳоро муайян кардаем, ки баъдтар расонавӣ мекунем.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз се нафар судяҳое, ки кори шаҳрвандиро дар коллегияи суди шаҳр баррасӣ карданд, ҳоло бо фармони Шумо ду нафарашон судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштаанд. Оре савол ба миён меояд, ки судяҳо Холиқмуродзода ва Ҳофиззода бесавод буданд? Шумо онҳоро ба вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  мекунеду қарори қонунӣ қабулкардаи онҳоро судяҳо Ализода  Ш  ва Кенҷазода мехоҳанд бекор кунанд.Аз ин рӯ роҳи дигар намондааст, хоҳиш дорам ҳуқуқҳои шаҳрвандии маро бо аҳли оилаамон, ки аз тарафи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол карда шуда истодааст, чораи қонунӣ андешед.

Дурустии суханони ман дар он аст, ки  бофта ва дурӯғи Султонгулова Джамила муайян ва ошкоро аст.То соли 2016 то марги шавҳараш Қодиров К., ки гӯё бо ӯ зиндагӣ кардааст бохабар буд, ки шавҳараш Қодиров К., бо талаби ӯ ин манзилро фурӯхтааст.Қодиров К., санаи 25-уми сентябри соли 2016 вафот мекунаду ҳамчун шахси бесоҳиб ба хок супорида мешавад. Султонгулова Джамила аз ин бехабар моҳи июли соли 2019 аз марги Қодиров К.  бохабар шуда тибқи хатти вафот аз 26.07.2019 сол таҳти №898513 аз ҷониби мақомоти САҲШ-и шаҳри Қазон аз марги Қодиров К. нақшаи дуюмбора фурӯхтани манзили фурӯхташударо кашида одамони ба ин бизнес алоқаманд бударо дарёфт карда ба сари оилаи ман ин қазияро овардааст, ки аз тарафи судҳои мо ғайриқонунӣ дастгирӣ карда шудааст.

Аз ин рӯ хоҳиш дорам, бинобар он ки мо бо сиёсати пешгирифтаи шумо ва давлатамон ҳаммаслак ҳастем моро ва аҳли оилаамонро тарки Ватан нагардонед, зеро мо шаҳрвандони вафодори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем.

Бо Эҳтиром,

Эсанова Н,М

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь