Ба таваҷҷӯҳи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба таваҷҷӯҳи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷистон Юсуф Раҳмон

Бо таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мо дар оила 5 фарзанд ҳастем, ки ҳама дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М. Муҳидддинов (пештара Шорс) хонаи 16  ба воя расида,  хонабардӯш шудем. Ман дар оила фарзанди чорумӣ буда бародар, ду апа ва  додар дорам. Додарам Фурқат Юнусов фарзанди хурдӣ бошад ҳам, соли 2000-ум  баъди вафоти модарам умуман падари танҳоямро нигоҳубин накард. Ҳамаи ҳамсояҳо шоҳид, ки  хонаам дар дигар ҷой бошад ҳам ба шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М. Муҳидддинов (пештара Шорс) хонаи 16 омада,  падарамро  то дами маргашон  пурра нигоҳубин кардам.

Додарам Фурқат падарамро зиёд зиқ карда умуман  нигоҳубин намекард. Аз ҳамин сабаб вақте соли 2000-ум модарам гузаштанд, падарам ҳанӯз чили модарамон набаромада, гуфтанд, ки “ман ин ҳавлиро ба номи ту ҳадя мекунам, аз додарат дилам пур нест”.

Сипас соли 2018 хонаро ба номи ман ҳадя карданд. Баъдан  васият карда буданд ки “додарат Фурқат на ба мо аҳамият доду на ба оилааш. Ӯ фарзанди маъюби гурӯҳи якум дорад, барои ҳамин маъюбиаш ту як хона харида ба онҳо сарпаноҳ куну баъд ин ҳавлиҳоро худат соҳибӣ намо”.

Падар,  ки бедарак буд, ба духтараш хона харида додам, аммо…

Падарам соли 2018 хонаро ҳадя карда соли 2019 вафот карданд.  Мувофиқи қонун амволе, ки ба шахс ҳадя мешавад аз лаҳзаи ин ашё ба имзо расидани ҳамин шартнома ТАНҲО ҳадягиранда молики ин ашё аст. Яъне ба манзиле, ки ба ман аз ҷониби падарам ҳадя шуд, ягон кас дахолат карда наметавонад ва танҳо ман молики он мебошам. Вале суд ғайриқонунӣ, беасос ба ин манзил додарамро маскун кард.

Додарам Юнусов Фурқат, ки бо падарам якҷо истиқомат мекард ва се кӯдак дошт доимӣ фарзандонашро нигоҳубин накарда, аз хона баромада мерафт. Бо вуҷуди он ки ӯ се кӯдак дошту яке аз онҳо маъюи гурӯҳи якум  мебошад.

Аз сабаби гум будани додарам аз соли 2020 то соли 2022 ман  2-уми марти соли 2021 бо тариқи нотариалӣ дар асоси шартномаи ҳадя дар микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд (маҳаллаи 8, хонаи 69, ҳуҷраи 19) хона харида ба номи духтари  ҷавобгар Фурқат Юнусов- Фарзона Юнусова ҳадя намудам.

Баъдан соли 2022 “Барои аз қайд баровардан ва  маҳрум кардан аз ҳуқуқи зист бинобар зиёда аз ду сол тамоман ба манзили меросӣ пайдо нашудани додарам, ба суд бо ариза муроҷиат намудам. Гарчанде ки зиёда аз 9 санад ба суд пешниҳод  намуда бошам ҳам, суд аризаи маро рад намуда, аризаи додарамро “оиди маскун намудан” қонеъ намуд.

Бояд махсус қайд намоям, ки ин  хонаи меросӣ ҳамагӣ се сотиқро ташкил намуда, аз ду ҳуҷра иборат аст ва суд додарамро ба ҳардуи ҳамин ҳуҷраҳо маскун кард. Баъдан ман бо аризаи нав оиди пайдо шудани ҳолатҳои нав, яъне ҳоло дар соли 2021  ман додарам ва аъзои оилаи ӯро бо манзил таъмин намудам (шартномаи ҳадя). Вале суд ин ҳолатро умуман ба инобат нагирифт.

21-уми апрели соли 2022 бо ҳалномаи ноодилонаи суди шаҳри Хуҷанд мани соҳибмулк бехона  мондам. Зеро 21-уми апрели соли равон суди шаҳри Хуҷанд дар ҳайати раисикунанда Рустамзода М. даъвои маро “Оиди марҳум кардан аз ҳуқуқи зист ба манзили истиқоматӣ” рад ва даъвои додарам Фурқат Юнусовро “Оиди аъзои молик эътироф намудан ва маскун каран ба манзили истиқоматӣ” қонеъ кард.

Додарам Фурқат як намояндаи ба қавли худаш “одами президент”-ро ёфта ноҳақ бошад ҳам дар мурофиаи судӣ ғолиб омад.  Намояндаи Фурқат- Расулова дар рафти мурофиаи судӣ   бо нишон додани чандин аксҳо, ки гӯё бо Пешвои миллат дӯстию рафтуо дошта бошад судяро тарсонд. Дар ҳар суханаш мегуфт, ки “агар кор ба манфиати мизоҷи ман ҳал нашавад то Президент мебароям”. Магар кори намоянда тарс додани судяҳост бо одамдорию одамбозӣ? Оё намоянда  ҳаққи аз номи Пешвои миллат гап заданро дорад? Ин ҳам дар ҳолест ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромади худ судяҳоро таъкид медоранд, ки шаффоф кор кунед, ки ҳаёту мамоти мардумро ҳал мекунед.  Пас куҷост шаффофият ва адолат?

Мӯҳтарам Ҷанобӣ Олӣ,  Шумо кафили ҳуқуқ  ва озодиҳои шаҳрвандон ҳастед. Дар асоси талаботи моддаи 5-и Сарқонунии ҶТ давлат  кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро ҳимоя менамояд. Вале дар ҳолати ман суди шаҳри Хуҷанд ба ҷойи барқарор ва ҳимоя кардани ҳуқуқҳоям маро аз манзили меросӣ маҳрум кард.

Бубинед, суди шаҳри Хуҷанд  ин 5 ҳолатро тамоман ба инобат нигирифт:-Якум: Даъвогар Юнусов Фурқат дар манзили ман зиёда аз  2 сол истиқомат надошт ва ин ҳолат бо далелҳои мушаххас ва санади ҳамсоягон тасдиқи худро меёбад. Дар асоси талаботи моддаи 51-и Кодекси манзили ҶТ агар шахс зиёда аз 6 моҳ дар манзили истиқоматӣ бе сабабҳои узрнок истиқомат накунад, ӯ ҳуқуқи зисти худро дар ин манзил гум мекунад.

Дуюм: Ман ҳанӯз 2-уми марти соли  2021 Юнусов Фурқатро бо манзили истиқоматӣ дар микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд (маҳаллаи 8 хонаи 69, ҳуҷраи 19) хона харида дода, пурра ба расмият дароварда будам. Вале ин ҳолат дар мурофиаи судӣ ба инобат гирифта нашуд.

Сеюм: Дар асоси  шартномаи ҳадя аз санаи 21. 06. 2018 манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри  Хуҷанд, кӯчаи Муҳиддинов, хонаи 16 танҳо ба ман тааллуқ дошта, молики он ман -Юнусов Муқим мебошам ва Юнусов Фурқат ба он ягон дахл надорад.

Чорум: Манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри  Хуҷанд, кӯчаи Муҳиддинов, хонаи 16  ҳамагӣ  аз ду ҳуҷра бо масоҳати 13,5 м. квв ва 17 м. кв иборат аст, ки суд ба ҳардуи он даъвогар Фурқат Юнусовро маскун кард ва худи ман соҳибмулки ин хона бехона мондам.

Оё додарам дар ду ҳуҷра маскун шавад ман дар болои бом зиндагӣ мекунам ё дар таги дарвоза? Суд пеш аз маскун кардан чаро ин ҳолатҳоро ба инобат намегирад? Ё аз тарси суханони таҳдидомези намояндаи 75-солаи ӯ, ки худро журналисту ҳамнишини Президент мегирад судяи суди шаҳри Хуҷанд аз худо неву аз одамдории намояндаи ӯ тарсид? Як бор ба ҷойи ман худашонро монда тасаввур мекарда бошад? Агар молик бошию имрӯз дар ҳарду хонаат даъвогари беасос омада маскун шавад, ҳолат чӣ мешавад? Охир кам нестанд ҳодисаҳои хунине, ки дар пайи ҳалномаҳои ноодилонаи судяҳо миёни аҳли оила сар задаанд. Оё Рустамзода оқибати ин ҳалномаашро андеша накард, ки “моликро аз хонаю дараш маҳрум карда даъвогарро дар ҳарду хона маскун кунам байни онҳо муноқишаю нофаҳмиҳо мешавад”. Бе ин ҳам додарам Фурқат пеш аз он ки ду сол гуму нопайдо буд мегуфтам, ки хона харида диҳам, қайдатро аз ин хона барорам. Таҳдид мекард, ки ин хонаю дарро оташ мезанам. Одаме, ки ошкоро хусуматашро ба бародари худ баён медорад, магар ҷойи нигаронӣ нест? Ё мисли дигар ҳодисаҳо кай  ягон нохушӣ ба миён оянд ба “ҳалномаро аз нав дида мебароянд?”

Панҷум-ба ҷойи хулоса гуфтаниям, ки суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогии маро умуман мавриди баррасӣ қарор надод ва оиди қонеъ ё рад намудани даъвои ман 19. 09 2022 бохабар шудам.  Аз ин сабаб суди шаҳри Хуҷанд меъёрҳои моддиро нодуруст маънидод ва татбиқ намуда, ҳуқуқу манфиатҳои маро оид ба манзил пурра поймол кард.

Баъди ин мурофиаи яктарафа ва ноодилона ягона умедам мақомоти болоӣ аст, ки ба доди мани ҳуқуқҳоям поймолгашта мерасанд ва ин қазияро аз нав дида баромада,  ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.

Бо умеди зиёд Юнусов Муқим Мухторович, сокини шаҳри Хуҷанд,  кучаи М. Муҳиддинов, хонаи 7

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь