10 сол  пеш, 15 сентябри соли 2013 дар ҷараёни сафари корӣ Пешвои миллат ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, дар маркази он яке аз хиёбони зебоеро бо муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ба истифода додаю онро ба номи ин абармарди миллат номгузорӣ кардаву қайд карда буданд:

 

“Бо ифтитоҳ гардидани муҷассамаи Спитамен чеҳраи таърихии ӯ, бахусус дар назди таърих ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамчун намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ аз нав зинда гардида, майдони муҷассамаи ӯ ҷойгоҳи ҳамойиши дӯстон, макони таблиғи корномаҳои диловариву оини ватандорӣ ва садоқат ба Ватан хоҳад буд. Имрӯз мо ба хотири таъмини абадияти номи ин қаҳрамони халқамон ва шинохти чеҳраи Спитамени бузург ҳамчун абармарди муҳофизи Ватан, муҷассамаи ӯро дар яке аз гӯшаҳои зебои ноҳия ифтитоҳ намудем”.

Аммо вазъи ҳозираи ин хиёбонро дар аксҳо бо чашми худ бубинед. Зинапояҳои шикаставу фарсуда, дарахтони аз беобӣ хазонгашта, партове, ки ба мисли хазони тирамоҳ рӯйи заминро пӯшонидаанд.

Ҷойҳои нишаст тамоман шикаставу хароб гаштаанд. Бар замми ин, дар ин боғ таҳпӯшҳои мардона низ дида мешавад, ки ин шармовар аст. Наход, ки як боғи фарҳангӣ, ки дар дохилаш  муҷассамаи як қаҳрамони таърихии миллат, қомат афрохтааст, ба чунин ҳол гирифтор бошад?

Масъулин ба куҷо менигаранд? Баъди истифодаи ин боғ аз ҷониби Президенти кишвар, ба чунин ҳол овардани он магар  фиреб кардани Президенти кишвар нест?

Суратгузоришҳои тозаи моро аз шаҳри Хуҷанд, – маркази вилоят интизор бошед!

“Фараж”.

   

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь