Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддини Сайид

Даҳҳо нафари шинохта ва садҳо одамони одӣ дар суҳбатҳои гуногун ба мо гуфтаанд, ки дар шабакаҳои телевизионии кишвар барномаи дӯстдошта надоранд. Ба қавле ҳоло дар телевизиони мо барномае таҳия намегардад, ки аксар мардум нашри онро интизор шаванд, дархост кунанд, бубинанд.

Ин бисёр бад аст! Дар баробари даҳҳо сабаби ин муаммо, дар матлаби зер доир ба мушкиле мегӯем, ки ба фикрамон агар ҳал шавад, шумораи бинандагони воқеии телевизиони тоҷик зиёд мегардад.

Масъулин насли навро намешиносанд

70 фоизи аҳолии кишвар ҷавонон ҳастанд, вале далели раднопазир аст, ки масъулини шабакаҳои телевизионӣ барои ин насл барномаи мувофиқ ба ин замон, ба ин фаҳмиш, ба ин «тренд»-ҳо, ба ин чеҳраҳо ва ба ин қаҳрамонҳо таҳия намекунад. Яъне, факти раднопазирро рад карда, мегӯем, ки зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ шабакаҳои телевизионии ватаниро тамошо мекунанд.

Мушкил ин аст, ки масъулин то ҳол ба қувваи ҷавонон кам бовар доранд. Онҳо дар доираи қолаби муайян журналист гирифта, барнома таҳия мекунанд. Мушкил ин аст, ки масъулин нафаронеро, ки ҳоло бояд онҳоро истифода намуда, аудиторияашонро васеъ кунанд, гӯё, ки намешиносанд. Мушкил ин аст, ки масъулин барои хоҳишу табъи мардум кӯшиш намекунанд. Мушкил ин аст, ки масъулин бо иштироки «ТОП» блогерон, овозхонҳо, актёрон, коргардонҳо ва намояндагони касбу корҳои гуногун, ки мардум онҳоро дӯст медоранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд, ба ҳар суханашон эътимод доранд ва умуман миёни аҳолӣ маҳбубияти хосро касб кардаанд, барномаҳои гуногун таҳия намекунанд.

Бадбахтона, дар шабакаҳои телевизионии мо бо блогерони машҳур, ки обуначиҳояшон миллиону наздик ба миллион нафар аст, ҳеҷ барномае роҳандозӣ намегардад. Онҳоро дигар инкор кардан ба фоидаи кор нест, балки бояд эътироф кунем, ки мардум қабул кардаанд ва дӯст медоранд.

Барон, Сабринаи Назрӣ, Усмонҷон Мирзомуродов, Рафаел Гулов, Сафина Ғоибова, Илҳомҷон Фозилов, Шоира Пулатова, Диловар Сафаров, Ғолиб Мусоев, Юсуф Собиров ва даҳҳои дигар имрӯз дар «ТОП» ҳастанд. Садҳо ҳазор нафар онҳоро пайгирӣ карда, зери маҳсули эҷодашон «лайк» мегузоранду «комент» менависанду мубодила менамоянд.

Масъулин аз ин нафарони маъруф миёни ҷавонон бояд то андозаи бояду шояд истифода баранд. Модоме ки вазифаашон роҳбарӣ аст, бояд барномаҳое ташкил кунанд, ки ин нафарон аз равзанаи дигар худро нишон диҳанд, барои садҳо ҳазор кӯдаку наврасу ҷавон намуна шаванд, худро инкишоф диҳанд ва барои такмилдиҳии дигарон мусоидат кунанд.

Барои мисол, бо иштироки Барон ё Сабринаи Назрӣ ё Илҳомҷон Фозилов ва ё Ғолиб Мусоев метавон беҳтарин барномаҳои ангезадиҳанда таҳия кард, вале мутаассифона намекунем, зеро аз қолаби шахшуда баромадан намехоҳем.

Он чизе, ки блогерони мо дар саҳифаҳояшон таҳияву нашр мекунанд ва масъулин онҳоро дида, дараҷаи фаҳмишу истеъдоду малакаашонро муайян мекунанд, то андозае хулосаи мантиқӣ нест, зеро маҳсуле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад, кори як ё ду нафар аст, пас бешак метавон бо истифода аз маъруфияти онҳо барномаҳои ҷолиб омода кард. Шинохта ё худ ба қавле дар «ТОП» будани онҳо басанда аст, ки масъулини шабакаҳои телевизионӣ бо иштирокашон барномаҳои хубу диданӣ таҳия кунанд.

Чаро таҷрибаи дигаронро истифода накунем?

Ҳоло дар шабакаҳои телевизионии Русия барномаҳои зиёде пахш мешаванд, ки бо иштироки блогерон, тиктокерон, овозхонҳо, актёрон ва варзишгарони машҳури ин кишвар ҳастанд.

Масъулини телевизионҳои Русия дарк кардаанд, ки метавонанд шумораи аудиторияашонро бо иштироки намояндагони насли нав, ки хеле маъруфанд, зиёд кунанд.

Барои мисол, ҳоло дар шабакаи ТНТ барномаи «Вызов» пахш мегардад. Барномаи мазкур пурра аз ҷониби ҷавонон таҳия шудааст, вале мисли барномаҳои мо ҳамаи ҷавонон донишҷӯ ё ҳамаашон варзишгар нестанд, балки иштирокдорон аз ду табақа: олимони ҷавон ва блогерону овозхонҳо ҳастанд. Қоидааш ҳам бисёр ҷолиб аст. Як олими ҷавон ва як блогер ё овозхон аъзои як даста мешаванд ва ҳама супоришҳоро як ҷо иҷро мекунанд. Аксари супоришҳо мантиқӣ ҳастанд ва ба блогерон барои ҳалли масъалаҳо олимони ҷавон кумак мекунанд. Дар баробари ин, ба шарофати иштироки блогерон ҳам олимони ҷавон шинохта мешаванд ва ҳам телевизион шумораи бинандагону харидорони рекламаашро зиёд мекунад.

Ҳамчунин, бинандагон, хусусан обуначиҳои блогерон дарк мекунанд, ки дониш андӯхтан барои ҳама муҳим аст, чӣ машҳур бошед ё нафари одӣ.

Мисоли дигар, ҳоло дар шабакаи мусиқавии “МУЗ ТВ” барномаи «Битва поколений» пахш мегардад, ки овозхонҳои ду насл иштирок мекунанд. Як овозхони касбие, ки солҳои зиёд дар саҳна аст ва дигар овозхоне, ки нав ба соҳа омадааст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ шунавандагони зиёд дорад. Иштирокчиён бо навбат як сурудӣ, дар умум ҳар кадом чор суруд мехонанд ва онҳоро шаш ҳакам, 3 нафар намояндаи насли нав ва 3 нафар намояндаи насли калонсол доварӣ мекунанд. Калонсолон ғалатҳои ҷавононро мегӯянду ҷавонон роҳҳои ба «тренд»-ҳо дохил шудани калонсолонро.

Ин барнома барои ҳарду насл муфид аст, зеро мухлисони яке бо дигаре шинос мешаванду он яке хатоҳояшро мефаҳмад. Ҳатто барои телевизион ҳам дар масъалаи аудитория ва реклама фоидаовар аст.

Барномаи дигари машҳур, ки шабакаи ТНТ бо иштироки блогерону варзишгарону сарояндагон ташкил кардааст, ин «Звезды в Африке» мебошад. Дар он ҷо ҳам масъулин кӯшиш кардаанд, ки намояндагони ду наслро бо ҳам оранд ва бо истифода аз онҳо кори худро то андозае пеш баранд. Онҳо кӯшиш кардаанд, ки фалсафаи чӣ гуна хӯрдану зиндагӣ кардану чӣ гуна ғолиб шуданро нишон диҳанд.

Мо ҳам агар хоҳем бо иштироки блогерону ҳунармандони машҳури фазои маҷозӣ барномаҳои диданӣ омода карда метавонем, вале намехоҳем!

Насли навро қабул ва роҳнамоӣ кунем

Хуб мешавад, ки насли ҷавонро бо ҳама каму косташон қабул кунем. Агар гӯем, ки Барон рэпи «Чиба-чиба» хонд, Рафаел дар рекламае тарзе вонамуд кард, ки либос надорад, Ғолиб Мусоев бо баъзе саҳнаҳои ҳаҷвиаш худро аз меъёр зиёд сода нишон медиҳад, Усмонҷон Мирзомуродов мардумро ба усули худ насиҳат мекунад ва ғайраҳо, пас бояд онҳоро аз равзанаи дигар нишон диҳем. Кӯшиш кунем, ки обуначиёну ҳаводоронашон бартариҳои дигарашонро донанд ва албатта, аудиторияи воқеии шабакаҳои телевизиониамонро зиёд кунем.

Дар баробари ин, бачаҳоро ба телевизиони давлатӣ ҷалб кардан, ҳам барои аудитория хуб аст ва ҳам ба ҳамаи онҳо ангеза мешавад. Ангезае, ки дилхоҳ вақту замон дар бари мардум меистанд ва дар дилхоҳ муборизаҳои иттилоотӣ бе дудилагӣ иштирок хоҳанд кард.

Аз ҷониби дигар, сафи харидорони реклама дар шабакаҳои телевизионӣ меафзояд ва шароити иқтисодии идораву кормандонашон хубтар мешавад.

Умед мебандем, ки масъулин болои идеяҳои нав фикр хоҳанд кард.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь