Ба раиси Суди олии ҶТ, Ш. Шоҳиён
Нусха: Ба Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз номи шаҳрванд Каримова Гулнисо
Мелибоевна, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати Акрам Ҳасанов, деҳаи Аҷам
Санаи 04.01.1977 дар деҳаи Аҷам (пештара «Қизил Байроқ»)-и ҷамоати Акрам Ҳасанов (пештара колхози Ленин ва баъдан Меликмуродов) таваллуд шудаам. Мактаби №62-и деҳаи номбурдаро хатм намудам. Дар ин давра ба шавҳар низ набаромадам ва ҷойи истиқоматамро низ иваз накардаам. Дар хоҷагии Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав аз соли 1999 то соли 2007 ҳамчун аъзои хоҷагӣ кору фаъолият намудам.
Тибқи маълумотнома дар бораи музди меҳнат (даромад) барои таъмини нафақа, таҳти №125 аз 01.06.2023, ки Бойгонии байниидоравӣ оид ба ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ноҳияи Шаҳринав пешниҳод намудааст, солҳои 2000, 2006 ва 2007 ҳамчун колхозчии бригадаи №1-и хоҷагии деҳқонии И. Меликмуродов музди меҳнат гирифтам.
Падарам Каримов Мелибой низ солҳои зиёд дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош”-и ноҳияамон низ ҳамчун аъзои хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намудаанд. Номбурда солҳои 2004-2005 бемори вазнин шуда, санаи 10.01.2012 аз олам чашм пӯшид ва аҳволи зиндагиамон дар ин мӯҳлат бениҳоят вазнин шуд.
Ҳамон солҳо ман барои кӯмак гирифтан ба роҳбари хоҷагии “Меликмуродов” – Аюбов Наҷмиддин муроҷиат намудам ва ҳамчунин бо аризаам хостам саҳми заминамро аз хоҷагӣ гирам. Вале номбурда кам-кам кӯмак карду саҳми заминамро надод. Онҳо ба ман тариқи шифоҳӣ ҷавоб доданд, ки дар китоби хоҷагии деҳқонии “Меликмуродов” ба қайд гирифта нашудаам. Пасон фаҳмидам, ки ҳангоми ҷудо намудани қисме аз саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Меликмуродов” ва ташкил намудани хоҷагии алоҳидаи деҳқонӣ бо номи “Ҳоҷиюлдош” онҳо дар рӯйхати ҳарду хоҷагӣ ному насаби маро пурра нанавишта, танҳо “Каримова А.” қайд намудаанд. Аз ҷумла, дар Протоколи маҷлиси хоҷагии деҳқонии “И.Меликмуродов”, таҳти №20 аз 02.05.2006 оиди муҳокимаи аризаи Ҳазратқулов Зиёдулло дар банди 3-юми протоколи мазкур омадааст, ки “Бинобар сабаби ба хоҷагии навташкил гузаштанашон аз хоҷагии деҳқонии “И. Меликмуродов” озод карда шаванд: 1.Ҳазратқулов Зиёдулло, 2. Ҳазратқулов Ю., 3.Меликова Ф., 4.Бекова Х., 5.Ҳазратқулов М., 6.Сафарова С., 7.Каримова А., 8.Бобоева О., 9. Ҳазратқулова Д., 10.Ҳазратқулова Н., 11.Каримов М.” Дар Замимаи ҳамин протокол низ рӯйхати саҳмдорон дар алоҳидагӣ оварда шудааст, ки котиби хоҷагӣ Юсупова Б. ҳам дар протокол ва ҳам дар рӯйхат имзо кардааст.
Бо Қарори Раиси деҳоти ба номи А.Ҳасанов аз 31.07.2006, таҳти №37 “Дар бораи додани розигӣ ба шаҳрванд Ҳазратқулов Зиёдулло ва аъзоёни он барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ” розигӣ дода шудааст ва ҳамон рӯйхати дар боло қайдшуда бо ному насаб, рақами қайд ва саҳми заминашон сабт ёфтааст. Вале номи “Каримова” ба пуррагӣ навишта нашуда танҳо “А” навишта шудааст. Рақами қайд бошад, “Қизилбайрақ», №2 суратҳисоби № 59, саҳифаи 84” навишта шудааст. Саҳми замин бошад, 0,27 га. қайд ёфтааст.
Дар асоси Қарори мазкур ва пешниҳоди Кумитаи замини ноҳияи Шаҳринав Қарори Раиси ноҳияи Шаҳринав, таҳти №131 аз 26.09.2006 “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрванд Ҳазратқулов Зиёдулло барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷиюлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи И. Меликмуродов” ба тасвиб расидааст.
Бубинед, ки дар дафтари баҳисобгирии хоҷагӣ №2, саҳифаи 84, суратҳисоби №59 ному насаби падари аъзои хоҷагӣ Ҳазратқулов Мурод бо рӯйхати аҳли оилааш қайд ёфтааст.
Дар дафтари баҳисобгирии хоҷагӣ таҳти №8, суратҳисоби №243 ному насаби падари аъзои хоҷагӣ Каримов Мелибой бо рӯйхати аҳли оилааш: Бобоалиева Гулнисо ва дигар фарзандонаш қайд ёфта, ҷойи кори ман “колхозчӣ” навишта шудааст.
Ман Бобоалиева Гулнисо аъзои ҳамин оила ҳастам. Бинобар сабаби дар аввал ақди никоҳи расмӣ надоштани падарам Каримов Мелибой бо модарам Бобоалиева Холмоҳ дар шаҳодатномаи таваллудам дар сатри “падар” насаби модарамро, яъне “Бобоалиева” навишта буданд. Пасон ман соли 1991 насабамро ба “Каримова” гузаронидам, чунки модарам соли 1991 аз дунё гузашт.
Дар парвандаи танзими замин дар бораи илова ҷудо намудани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи И.Меликмуродов ба масоҳати 3,04 га. аз соли 2011 дар рӯйхати саҳмдорон таҳти №8 “Каримова А.” қайд ёфта, ном ба пуррагӣ навишта нашудааст.
Тибқи Қарори Раиси ноҳияи Шаҳринав, таҳти №152 аз 12.03.2011 дар бораи илова ҷудо намудани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи И.Меликмуродов, ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” сертификати истифодабарии замин дода шуда, рӯйхати саҳмдорон дар он қайд ёфтааст ва таҳти №7 насаби Каримова А. навишта шудааст.
Ҳамин ҳуҷҷатҳои расмии Китоби баҳисобгирии ҳоҷагӣ, парвандаи танзими замин оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии И. Меликмуродов ҳудуди деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав аз соли 2006, парвандаи танзими замин дар бораи илова ҷудо намудани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи И.Меликмуродов ба масоҳати 3,04 га. аз соли 2011 бо Қарорҳои қабулнамудаи Раиси ноҳияи Шаҳринав, ному насаби ман аз рӯйхати саҳмдорони хоҷагӣ гум шудааст ва масъулини хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” гуфта наметавонад, ки “Каримова А.” кист.
Барои ҷудо намудани саҳми замини худ санаи 09.01.23 ба унвони Раиси ноҳияи Шаҳринав аризаи муроҷиатӣ навиштам, ки таҳти №21 қайд шудааст. Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2023 ва 8-уми апрели соли 2023 низ ба қабули Раиси ноҳия даромада, тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудам. Санаи 02.03.23 аз рӯйи муроҷиати шифоҳии ман ба Раиси ноҳия аз тарафи Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Холов Ф., муовини Раиси Кумитаи замини ноҳия Ҳасанзода А., муовини раиси ҷамоати деҳоти “А.Ҳасанов” Холов Ф. санҷиш гузаронида шуда, санад тартиб дода шуд. Раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” Ҳазратқулова Дилором қайд намуд, ки ман умуман дар хоҷагии деҳқонии мазкур саҳми замин надоштам ва надорам ва оиди кӣ будани саҳмдораш бо насаби “Каримова А.” чизе гуфта натавониста, ягон ҳуҷҷате низ пешниҳод накард.
Санаи 05.06.23 тибқи муроҷиати шифоҳии ман ба Раиси ноҳия, аз тарафи заминсози ҷамоати “Акрам Ҳасанов”-и ноҳияи Шаҳринав – Холов Ф., котиби ҷамоат Шайхов Т. санҷиш гузаронида шуд. Раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” Ҳазратқулова Дилором боз ҳам қайд намуд, ки ман умуман дар хоҷагии деҳқонии мазкур саҳми замин надоштам ва надорам ва оиди кӣ будани саҳмдораш бо насаби “Каримова А.” чизе гуфта натавониста, ягон ҳуҷҷате низ пешниҳод накард ва намехоҳад, ки саҳми замини ман ва падарамро ҷудо карда диҳад, гарчанде падарам дар рӯйхати саҳмдорони хоҷагӣ гузашта буд.
Бояд қайд намуд, ки ному насаби падарам Каримов Мелибой дар парвандаи танзими замин дар бораи илова ҷудо намудани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи И.Меликмуродов ба масоҳати 3,04 га. аз соли 2011, дар маълумотнома оиди саҳми замини аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош”, ки Раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳринав М. Ғайратова тартиб додааст, “Каримова Меликой” қайд шудааст.
Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав дар ҷавоб ба аризаҳои ман санаи 14.04.2023 таҳти №1\4-380 (4.16) як ҷавоби подарҳавои бемаънии дурӯғине навишта, дар он қайд намуд, ки “…Шумо иброз намудед, ки дар мӯҳлати муайнгардида муроҷиати шифоҳии ман бебаррасӣ монда, пас аз пешниҳод намуданам маълумотнома аз бойгонии институти лоиҳакашии “Тоҷик Гипразем” пас аз он баррасӣ карда мешавад”. Ман чунин нагуфтаам ва гуфта ҳам наметавонам, чунки дар Институти номбурда рӯйхати саҳмдорон қайд намеёбад. Ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро вобаста ба хоҷагиии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош” аз бойгонии БММҒ-и ноҳияи Шаҳринав вобаста ба андозаи музди меҳнатам аз Бойгонии байниидоравӣ оид ба ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ноҳияи Шаҳринав ҷамъоварӣ намудаам, вале на масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав ва на роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юлдош”-и ноҳияи Шаҳринав – Ҳазратқулова Дилором тамоман инро фаҳмидан намехоҳанд.
Тибқи маълумотномаи Бойгонии байниидоравӣ ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ноҳияи Шаҳринав, таҳти №11 аз 25.12.2023 “Бобоева Орзигул, Меликова Фирӯз, Сафарова Сафарбӣ дар китобҳои музди меҳнати бр-1, 2 аз соли 2000 то соли 2006 дарҷ нашудаанд”. “Саҳмдор”-и дигар Бекова Хайринисо бошад, соли 2002 дар қайди музди меҳнат меистад, вале пас аз соли 2002 умуман ба рӯйхат нагузашт, ки инро маълумотнома дар бораи музди меҳнат (барои таъмини нафақа), таҳти №11\5 аз 25.12.23 тасдиқ мекунад. Номбурда соли 2023 аз дунё гузашт. Агар ки дарҷ нашуда бошад, онҳо чӣ тавр соҳиби саҳми замин гаштанд?
Чаро “Каримова А.” дар рӯйхати саҳмдорони хоҷагии “Ҳоҷӣ Юлдош”-и ноҳияи Шаҳринав бе ном гузашта истодааст ва оё ин ман нестам? Чаро ному насаби падарам “Каримов Мелибой” ба “Каримова Меликой” табдил ёфтааст?
Каримова ГУЛНИСО