Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

Ва ё чаро Идораи замин дар ноҳияи Айнӣ ба сокинон сертификати замин додаву худи заминро надодааст!?

– Бале, дақиқан 10 сол мешавад, ки дар даст Серификати истифодаи замини назди ҳавлиро дорем, вале замин надорем, аввалҳо мегуфтанд, ки пас аз ба истифода додани роҳи Айнӣ – Панҷакент ҳатман заминҳоро ба соҳибонашон бармегардонем, вале аз ин ваъда ҳам 7 сол сипарӣ шуд, гуфт Нодиров Ф.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2010 аз ҷониба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор таҳти № 519 баромада буд, ки тибқи он дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ барои оилаҳои ниёзманд 255 га замин барои сохтмони хона ҷудо гардида буд. Вале то кунун бархе аз оилаҳои ниёзманд соҳиби замин нашудаанд, гарчанде дар даст сартификати истифодаи заминро доранд. Бештар аз 186 нафар сокинони деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, ки бо қарори раиси ноҳия ҳамон вақт таҳти №416 замин дода буд. Замине, ки бо қарори собиқ раиси ноҳия Раҳматзода Рустам таҳти №416 ба мардум ҷудо гардида буд, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Вота-Ёвон” буд. Ҳоло замине, ки мардум дар орзуяш ҳастанд, дар дасти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Вота-Ёвон“ аст, ки барои кишти ҷаву гандуми лалмӣ истифода мебаранд, аммо андози заминро сертификатдорони безамин медиҳанд.

Бино ба гуфти раиси идораи Кумитаи замини ноҳияи Айнӣ Махсумзода Мизроб: – Дар ҳақиқат, мардум дар дасти худ сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро доранд, вале дар харитае, ки дар сертификат нишон дода шудааст, замин корами лалмист, бинобар ин, мо наметавонем ба сокинон заминро бидиҳем. То кунун роҳи ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ дорем. Замоне ки ба мардум замин ҷудо мекарданд, ман роҳбар набудам, аз ин сабаб дарки ин масъала бароям душвор аст!

Тавре сокинон иброз медоранд, 7 сол мешавад, ки ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намудаанд, аммо бенатиҷа аст.

Тавре дар суҳбат ба мо Некрӯрз Ҳафизов мегӯяд, чандин маротиба, ҳатто ба ҳукумати ноҳия муроҷаат намудам, вале намедонам, чаро то кунун замине, ки дорем, гирифта наметавонем. Ҳамчунин, ба аризаи дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода ҷавоб гардонида менависад: “Қитъаи талабкардаи шумо (сокинон) дар тарҳи 89 ҷойгир буда, мувофиқи харитаи заминистифодабарии собиқ колхози Ӯзбекистон (Тоҷикгипрозем, 1987) ба гурӯҳи заминҳои корами лалмӣ шомил мебошад, ки ҷудо кардани онҳо ба мақсади қиъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриимкон аст.”

Суоле ба миён меояд, ки агар замин ба гурӯҳи корами лалмӣ дохил аст, пас чигуна Кумитаи замини ноҳия ва Мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон сертификати истифодабарии заминро додааст? Гуфтан ба маврид аст, ки собиқ раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Ахмедов Фозил зимни сафари кории раиси ноҳия Муродзода Муқим ба деҳаи Ревад масъалаи мазкурро ба миён гузошт. Раиси ноҳия ба роҳбари идораи кумитаи замини ноҳия супориш дода буд, ки масъаларо дида барояд, вале то кунун аз ҷониби Махсумзода Мизроб роҳбари идораи замини ноҳияи Айнӣ ҷавоби қонеъкунандае ба соҳибони сертификат, ки соли 2012 бо нархи 315 сомонӣ соҳиби сертификат шуда буданд, надодааст!

Қайд кардан зарур аст, ки замони соҳиби сертифакат шудани сокинон, аниқтараш ҳамон 186 нафар дар ҷамъ 58590 сомонӣ сарф кардаанд, ки ин зарари иқтисодӣ ба ҳар як оилаи сертификат гирифта аст. Дар асоси беасосӣ мехоҳанд, қарори Ҳукумати кишварро, ки ба ниёзмандон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешуд, аммо ба ҷуз сертификат чизе нагирифтанд, ҳамон сертификатро ҳам бекор кунанд. Бино ба гуфти яке аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Айнӣ, ки нахост номашро зикр намоем, замоне ки қарори Ҳукумати кишвар таҳти №519 баромад, кормандони бахши замини ноҳия пас аз тақсими замин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд, ки аз рӯйи қарори зикргардида ба оилаҳои ниёзманд ба миқдори 0,06 га замин дода шуд. Ҳамчунин, дар асоси қарори №519 бештар аз 400 нафар соҳиби замин шуданд, гуфта ҳисобот доданд!

Чунон ба назар мерасад, ки масъулин нисбати қазияи мазкур хунукназарона рафтор намуда истода, шикояти сокинонро нодида мегиранд.

Комрони АСЛОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь