Ба намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҶТ,
Нусха ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон,
Нусха ба Шӯрои ВАО ҶТ,
Нусха ба Итифоқи журналистони Тоҷикистон
Сохторҳои СММ дар кишвари мо ба саҳнаи фасоди идорӣ табдил шуда, барои кормандонашон ифодаҳои “ҳуқуқи инсон”, “демократия”, “шаффофият”, “озодии баён” мазмун ва арзиш надорад. Баъзе кормандони ин созмонҳо ба андозае мағрур шудаанд, ки рӯйирост қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалиро поймол мекунанд ва аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо хабарнигорон сарпечӣ мекунанд.
Имсол дафтари Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар ҳамкорӣ бо RCVC (Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд”) дар ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд барои паноҳҷӯёни Афғонистон маросиме бо номи ҷашни Наврӯз баргузор карданд. Бархе аз паноҳандагон мо гурӯҳи хабарнигоронро, ба ин маросим даъват карданд. Ман – Шаҳнози Комилзода, хабарнигори телевизиони Афғонистон Интернешнал аз раиси вилояти Суғд барои пӯшиши хабарӣ иҷозати расмӣ гирифтам. Дар ҳоле ки ин чорабинӣ дар Қасри фарҳангу фароғати ноҳия озодона баргузор мешуд ва барои иштирок дар он ҳеч гуна иҷозати расмӣ лозим набуд.
Мо – шаш нафар хабарнигорон: Шаҳноз Комилзода – хабарнигори телевизиони Афғонистон Интернешнал, Фарзон Машарифов – хабарнигори радиои “Озодӣ”, Неъматулло Мирсаидов – хабарнигори озод дар вилояти Суғд, Озод Ҳошимӣ – хабарнигори озод дар вилояти Суғд, Қамар Аҳрор – хабаргузории “Спутник” дар Тоҷикистон ба қасри фарҳанги ноҳия омадем.
Ҳангоми шурӯъи наворбардорӣ се нафар зан, бидуни муаррифӣ фаъолияти моро манъ карданд. Онҳо бо лаҳни хушунатбор, ба таҷҳизоти хабанигорон даст зада, беадабона моро аз толори консерт тела дода, берун карданд. Дар беруни толор баҳсу ҳақталошии мо идома кард. Онҳо аввал аз мо иҷозати ҳукуматро талаб карданд. Мо ба онҳо иҷозати раиси вилоят ва шаҳодатномаи расмӣ (акредитатсия)-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додем. Пас аз ин талаб карданд, ки барои онҳо иҷозатномаи раиси СММ-ро биёрем. Мо аз онҳо асос хостем, онҳо ин амали худро “ба хотири амнияти муҳоҷирон” ном бурданд. Албатта, амнияти муҳоҷирон дар ин кишвар таъмин аст, бинобар ин онҳо далели дигар намеёфтанд. Аз тарафи дигар, ин одамон – муҳоҷирон борҳову борҳо дар расонаҳо аз мушкилоти худ суҳбат мекунанд.
Мо муайян кардем, ки ин занҳо намояндагони расмии UNHCR ва RCVC (Шаҳло Қурбанова, Нигина Юрматова ва як тани дигар, ки аксҳояш дар сомонаи расмии UNHCR мавҷуд аст (аммо номашро мушаххас карда натавонистем), мебошанд.
Чун дидем, ки ин занҳо ба хушунат гузаштанд, мо ба хотири халал ворид накардан ба ҷашн, ба пушти бинои қаср гузаштем. Дар ин ҷо дар се дег хӯрок мепухтанд. Мо аз ночорӣ хостем ҷараёни пухтани “оши афғонӣ”-ро ба навор бигирем, зеро барои пӯшиши ин маросим мо 400 км роҳро тай карда будем. Ошпазҳо бо камоли хушнудӣ иҷозати наворбардорӣ доданд. Ҳамин вақт ҳамон корманди UNHCR, ки номаш мушаххас нест, дар ин ҷо ҳозир шуд ва ба наворбардории мо монеъ шуд. Вақте мо ба ӯ гуфтем, ки муҳоҷирон барои наворбардории мо розӣ ҳастанд, ин хонум бо истифода аз мансаб ба таҳдиди онҳо гузашт ва ошпазҳоро маҷбур мекард, ки камзулҳои дорои нишони UNHCR-ро аз танашон берун кунанд ва аз ин ҷо дур бираванд. Ошпазҳо аз чунин ранг гирифтани муомила ва таҳдид хел тарсида буданд ва таҳти фишори равонӣ қарор гирифтанд. Мо ба хотири бештар озурда нашудани муҳоҷирон аз майдон дуртар рафтем.
Хонуми намоянда моро дунбола мекард ва таҳдид кард, ки ҳоло мақомоти давлат ва интизомиро ба ин ҷо даъват мекунад. Пас аз чанд лаҳза намояндагони ҳукумати ноҳия, шуъбаи фарҳанг ва мақомоти интизомӣ омаданд. Мо ба ин намояндагон ҳуҷҷату номаҳоро нишон додем. Чун онҳо диданд, ки фаъолияти мо дар доираи қонун сурат гирифтааст, дахолат накарданд. Аммо ин зан ором намегирифт ва моро тела карда, аз назди бинои қаср берун карданӣ мешуд. Мо ба ӯ чандин бор фаҳмондем, ин амали онҳо мухолифи моддаи 162, Кодекси ҷиноии ҶТ “Монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист” мебошад, аммо маълум буд, дар айни ҳол Қонуни давлати Тоҷикистон барои ӯ арзиш надорад.
Мо, ки аз пойтахти кишвар барои наворбардории ҷашн ба ин ноҳия омада будем, ночор аз наворҳои нопурраи худ гузориши камранге таҳия кардем. Ду расонаи байнулмилалӣ: Телевизиони Афғонистон Интернешнал ва радиои “Озодӣ” аз ин қоншиканӣ ва нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар расонаҳояшон гузориш доданд.
Бояд таъкид кард, ки ҳамаи рафтору гуфтори ин се намояндаи созмонҳои номбурда дар наворҳои мо сабт шудааст ва дар бойгониамон маҳфуз аст.
Пас аз нашри гузоришҳои хабарнигорон бархе аз муҳиҷорон ин гузоришҳоро дар саҳифаҳояшон бознашр карданд. Вале муҳоҷирон ба мо хабар доданд, ки Шаҳло Қурбонова – корманди RCVC ҳамаи онҳоро таҳдид карда ва маҷбур сохтааст, ки бознашрҳоро аз саҳифаҳояшон ҳазф кунанд.
Ҳамчунин яке аз муҳоҷирон дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ин созмонҳо пешакӣ хабар доданд, ки барои 400 нафар дастурхони ҷашнӣ меороянд. Аммо дар охир хонумҳои созмонҳо дегҳои ошро бо мошин ба куҷое бурданд ва мардуми муҳоҷир бо шиками гурусна ба хонаҳояшон баргаштанд. Сипас муҳоҷир пас аз таҳдид ин навиштаро ҳазф кард, вале скриншоти ин навишта дар бойгонии мо маҳфуз аст.
Давлати Тоҷикистон барои паноҳандагони Афғонистон шароити мусоид фароҳам овардаст ва ҳуқуқҳои онҳоро дар кишвар ҳимоя мекунад. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар муддати чанд соли ахир онҳоро таҳти фишор ва таҳдид қарор додаанд. Чунин рафтори намояндагони созмоҳои муқими Тоҷикистон дар афкору андешаи муҳоҷирин ҳисси беэътиноӣ ва беэҳтиромиро ба давлату миллати тоҷик ба вуҷуд меорад ва ба обрӯю эътибори давлати мо дар сатҳи ҷаҳон латма ворид мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола чанде аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро барои нуқсон дар риояти озодии баён ва нақди ҳуқуқи хабарнигорон мавриди танқид қарор медиҳад. Ин дар ҳолест, ки худи сохторҳои СММ дар кишвари мо ба саҳнаи фасоди идорӣ табдил шуда, барои кормандонашон ифодаҳои “ҳуқуқи инсон”, “демократия”, “шаффофият”, “озодии баён” мазмун ва арзиш надорад. Баъзе кормандони ин созмонҳо ба андозае мағрур шудаанд, ки рӯйирост қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалиро поймол мекунанд ва аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо хабарнигорон сарпечӣ мекунанд. Мо пештар борҳо шоҳиди чунин рафтори кормандони ин ниҳоди муътабари байнулмилалӣ мешудем, вале акнун ин бор шоҳиди таҳдиду зӯргӯйии кормандонаш қарор гирифтем, ки мехоҳем ҷомеаи ҷаҳон аз чунин рафтор огоҳ шавад.
Ҳанӯз аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) ба фаъолият оғоз кард ва дар соли соли 1996 RCVC (Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд”)-ро шарики стратегии худ қабул кард ва бештарин лоиҳаҳои худро барои ёрӣ ба паноҳандагони афғонистонии муқими Тоҷикистон ба воситаи ин ташкилот амалӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳури он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ташкили давлат барои паноҳҷӯёни ин кишвар дари худро боз кард ва дар амри интиқоли онҳо ба кишварҳои дигар ҳаматарафа кӯмак кардааст ва мекунад.
Ба ҳамин асос, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор хонаводаҳои мазлуми Афғонистонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Ҷ. Расулов ва каму беш дар шаҳрҳои дигари кишвари мо умр ба сар мебаранд.
Мо бовар дорем, ки намояндагии СММ дар Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии ин намояндагони бесалоҳияти созмонҳои байнулмилаии муқими Тоҷикистон тадбирҳо меандешад ва садди роҳи чунин равишҳо мешавад.
Шаҳноз Комилзода – хабарнигори тоҷик