(Ё бино ва замини мактаби ношунавоёнро кӣ забт кардааст?)

 Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ,

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён,

Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ

Муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ! Ман дигар ҷойи муроҷиат надорам ба ҷуз Шумо. Борҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам, аммо нисбат ба ин беадолатии ба сарам омада чораҷӯйӣ нашуд. Бо камоли эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман бо ду бародарам аз соли 1998 то соли 2021 дар Федератсияи Русия дар муҳоҷират қарор доштем ва бародаронам то ҳанӯз муҳоҷиранд. Тӯли ин солҳо бо азобу машаққати зиёд ба корҳои вазнини борбардорӣ, аробакашӣ ва сохтмон машғул будем. Вазъи муҳоҷирон дар Ватани бегона ба ҳамагон маълум аст. Ҳанӯз 14-сола будам, ки аз падар маҳрум шудем ва масъулияти тарбияи мо-11 фарзанди хурду бузург (як бародарам маъюб аст) ба ӯҳдаи модар афтод. Бо фазли Худованд мушкилиҳое, ки аз надоштани такягоҳ ва ҳамроз дар овони наврасӣ ба сарамон омад, паси сар шуданд. Ҳоло ман оиладор ва соҳиби чор фарзанд ҳастам.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ! Модарам, ки аллакай солманданд ва зану фарзандонам дар Ватан қарор доранд, лозим надонистам оилаамро ба Русия барам. Бо маслиҳати бародарон ба зодгоҳ баргашта, тасмим гирифтам, ки бо шукргузорӣ ва сиёсати оқилона ва роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои тинҷу ороми кишвар, аз маблағҳои бо азоб дар муҳоҷират бо бародарон коркардаам ба тиҷорат машғул шавам ва зиндагии минбаъдаро дар назди модар ва зану фарзандон пеш барам.

Бо тавсияи раиси вақти ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Бобиев М., ки гуфт “…дар маркази ноҳия таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав вуҷуд надорад ва тамбашавии нақлиёт дар маркази ноҳия зиёд аст”, хостам як таваққуфгоҳ бунёд кунам. Ҳамин тавр, дар асоси муроҷиату даводавҳои зиёд ва гирифтани як қатор хулосаву қарору санадҳо, дар болои канали обпартои “Бачамазор”, воқеъ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ барои автомашинаҳои сабукрав таваққуфгоҳ бунёд кардам ва бо қарори раиси вақти ноҳияи Рӯдакӣ ба истифода дода шуд.

Ҳанӯз аз лаҳзаи корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони таваққуфгоҳ, яъне аз соли 2014, аз ҷониби шарҳванд Ҳаитов С. барои бунёди иншоот монеагиҳо пеш оварда шуданд. Аз соли 2015 инҷониб баҳс дар мақомоти судӣ ва прокуратура мавриди баррасӣ қарор дорад.

Раиси муҳтарам, ман аз соли 2014 инҷониб пушти дари ташкилоту муассисаҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Мақомотҳои судӣ ва Прокуратура сарсону саргардонам. Сабаби сарсониву саргардониям шаҳрванд Ҳаитов Санг ва якчанд кормандону масъулони давлатӣ, аз ҷумла, Отахонов Н. (аз сохтори кумитаи идораи замин), муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д., судяҳои Суди Олии кишвар, сардори Идораи ҳуқуқи КВД “Амонатбонк” Маҷидиён Шоира (бо киноя мегӯяд, ки “давида мегардӣ, аз дастат ҳич кор намеояд”) мебошанд. Дар хусуси ҷой доштани аломати ҷиноят дар кирдори ин ашхос, пинҳон кардани ҷиноят аз ҷониби шахсони масъул мехостам ба маълумоти Шумо расонам.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ин хусус ба сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, Суди Олӣ, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (чанд маротиба) ва КДАМ муроҷиат кардам, аммо мутаассифона, муроҷиатҳоям тибқи талаботи Қонун мавриди санҷиш қарор дода нашуданд. Аз ин рӯ, ҳоло умеди ягонаам Шумо ҳастед ва бовар дорам, ки танҳо Шумо метавонед ҳақро ба ҳақдор расонед. Гап сари сохтакории ҳуҷҷатҳо меравад ва тибқи қонун, бояд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонун ахбор, ариза ва муроҷиатро санҷида, бояд дар ин хусус оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё аз оғоз рад кардани он қарор қабул намояд. Бояд гуфт, ки то ҳанӯз аз натиҷаи муроҷиатҳоям ба суроғаи ман чунин қароре наомадааст. Яъне ҷиноятҳо рӯйпӯш ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ман поймол шуда истодааст.

Муҳтарам Раиси ММ МО ҶТ, ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба қазияи ба сарам овардаи соҳибкор Ҳаитов С. ва пуштибонҳои ӯ аз Мақомоти суд ва Прокуратура ҷалб намоям. Муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Диловар бо дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои мурофиавӣ, дидаю дониста қарорҳои ғайриқонунӣ бароварда истодааст, ки натанҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ман, балки ҳатто ҳуқуқ ва манфиатҳои бошандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакиро низ поймол карда истодааст. Гап сари ин ки Ҳаитов С. дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш аз 3-юми декабри соли 2003 соҳибмулки бинои амборхона ва сехи коркарди тунука мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини ҳарду бино 725,5 метри мураббаъ, қитъаи замини амборхона 675,0 мм ва сехи истеҳсоли тунука бошад, 52,5 мм мебошад. Бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 24-уми декабри соли 2003 таҳти № 920, барои сохтмони маркази савдо, воқеъ дар шаҳраки Сомониён, кӯчаи Сомониён дар бинои собиқ амборхона ва сехи коркарди тунука иҷозат дода шудааст ва замини зери бино, ки 717 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба ӯ вобаста карда шудааст. Ҳаитов С. гӯё бинои маркази савдоро бо масоҳати 2006,3 мм бо арзиши 1800000 сомонӣ бо масоҳати умумии қитъаи замин, ки 1888,78 мм ба амволи ғайриманқул вобаста аст, қонунӣ гардонида, қарор ва шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк, аз 16 декабри соли 2008, таҳти № 1800 гирифтааст. Яку якбора масоҳати 1163,38 мм қитъаи замини ба иншооти харидаи ӯ дар қарор ва шаҳодатномаи қонунигардонӣ зиёд шудааст, яъне аз 717мм ба 1888,87 мм мубаддал гардидааст. Дар ҳоле ки дар банди 1.6 бланкаи шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк сатри алоҳида бо номи “масоҳати умумии қитъаи замине, ки ба амволи ғайриманқул вобаста аст”, нишон дода шудааст. Яъне, комиссия молу мулке, ки дар қитъаи замини ба амволи ғайриманқул вобаста карда шудааст, қонунӣ мегардонад. Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ ҳуқуқи ба масоҳати 1163,38 мм қитъаи замини иловагӣ додан ба Ҳаитов С. – ро надорад. Аммо Ҳаитов С. даъво дорад, ки масоҳати қитъаи замини ӯ 1888,87 мм мебошад ва таваққуфгоҳи автомашинаҳои сабукрави сохтаи ман дар замини зери бинои Маркази савдои ӯ воқеъ аст. Ҳаитов С. аз Маркази савдо бо масоҳати 717мм қитъаи замин қонеъ нашуда, худсарона, ба масоҳати 0,07 га заминҳои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакиро забт кардааст, ки ин ҳолатро мактуби Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, аз 20 июни соли 2023, таҳти №1/2-02-4139 тасдиқ мекунад. Ғайр аз ин, дар Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А, №007135, таҳти қайди 592 дида мешавад, ки ба истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин дар масоҳати 888,78 метри мураббаъ ба соҳибкор Раҳимов Ғайрат, дар асоси қарори Ҳукумати ноҳияи Ленин аз 08 июни соли 2000, таҳти №308 дода шудааст. Яъне масоҳати қитъаи замин дар яке аз қарорҳо ба андозаи 888,78 метри мураббаъ ва дигар масоҳати зери биноро дар ҳаҷми 717 мм дарбар мегирад. Ин ба он маъно аст, ки дигар қарори вобастакунии қитъаи замин бо масоҳати 1888,78 мм то санаи гирифтани қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 декабри соли 2008, таҳти №1800 вуҷуд надорад. Аммо Ҳаитов С. моҳирона Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008, таҳти №1800-ро сохтакорӣ намуда, масоҳати 888,78 мм-ро ба 1888,78 мм иваз мекунад, яъне рақами 1-ро пеш аз 888,78 менависад, ки дар натиҷа масоҳати қитъаи замин 1888,78 метри мураббаъ мешавад. Дар Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А № 007135, таҳти қайди 592 истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин дар масоҳати 888,78 мм нишон дода шудааст, аммо пас аз санаи 16 декабри соли 2008 дар Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи А № 0419505, аз 19 декабри соли 2013, таҳти №30073, ба Ҳаитов С., дар асоси қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008, таҳти № 1800, ба истифодаи бемӯҳлат, ҳамагӣ ба амволи ғайриманқул, дар масоҳати 1888,78 мм ба қайд гирифта шудааст, ки ин бараъло сохтакорӣ мебошад. Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳам нишон медиҳанд, ки мувофиқи қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008 таҳти № 1800, масоҳати қитъаи замини ба Ҳаитов С. вобастакардашуда 888,78 мм-ро ташкил медиҳад. Инчунин, Бойгонӣ нусхаи тасдиқшудаи қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008, таҳти № 1800-ро, ки масоҳати замини иншооти қонунигардонидашуда 888,78 мм-ро ташкил медиҳад, ба суд пешниҳод намудааст. Аз ин бармеояд, ки дар кирдори Ҳаитов С. аломати ҷиноятӣ дар моддаи 340 КҶ ҶТ муайяншуда ҷой дорад. Баъдан Ҳаитов С. бо истифодаи шаҳодатномаи сохтакоришуда аз сари нав дар хусуси вобаста намудани қитъаҳои замини гирду атрофи иншооташ муроҷиат мекунад ва бо қарори Раиси ноҳия №1252, аз 27 ноябри соли 2013, ба Ҳаитов С. қитъаи замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашуда дар масоҳати 1888,87 вобаста карда мешавад. Аз ин лаҳза аллакай шарикон дар паҳлӯи Ҳаитов С. гурӯҳи ҷиноятиро ташкил мекунанд ва то ҳол мутаассифона, аз амалҳои содиркардаашон пушаймон нестанд ва вайрон кардани қонунро давом дода истодаанд. Тавре зикр кардам, Ҳаитов С. дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, аз 3 декабри соли 2003, соҳибмулки бинои амборхона ва сехи коркарди тунука мебошад, ки масоҳати умумии қатъаи замини ҳарду бино 725,5 мм, қитъаи замини амборхона 675,0 мм ва сехи истеҳсоли тунука 52,5 мм мебошад. Қарори Раиси ноҳия № 1252, аз 27 ноябри соли 2013 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашуда ба шаҳрванд Ҳаитов С.” ном дорад, яъне замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашудаи Ҳаитов С. ҳамагӣ 725,50 мм мебошад. Аммо чӣ тавр он яку якбора 1888,87 метри мураббаъ шуд, муаммо аст.

Раиси муҳтарам, дар таҳия ва ба тасвиб расонидани Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, № 1252 аз 27 ноябри соли 2013, аломати якчанд ҷиноят ниҳон аст. Суоли матраҳ ин аст, ки чӣ тавр насанҷида, бо вайрон кардани қоидаҳои ҷудо кардани замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба Ҳаитов С. яку якбора ба масоҳати 1888,87 мм замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашуда вобаста карда шудааст? Дар ин ҳолат дар кирдори масъулони мақомоти ноҳия аломати ҷинояти “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ва “ғайриқонунӣ додани қитъаи замин” мавҷуд мебошад. Соҳибкор Ҳаитов С. бо истифода аз қарор ва шаҳодатномаи Комиссияи қонунигардонии молу мулк ва қарори ғайриқонунии раиси ноҳия, аз 27 ноябри соли 2013, қитъаи замини Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан аз ҷониби собиқ раиси ноҳия Машрабов Х. ба директори собиқи он ҷудо карда дода шуда буд, аз худ кардан мехоҳад. Яъне Ҳаитов С. моҳирона қитъаи замини Мактаб-интернати мазкурро дар масоҳати 0,07 га ва як бинои масоҳаташ 100,28 мм (21.80х4.60), ки қаблан ғасб намуда буд, мехоҳад қонунӣ кунад. Бояд гуфт, ки қаблан нисбат ба қарори қитъаи замини мазкур, ки ғайриқонунӣ, аз 1 ноябри соли 2006, ба директори собиқи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои н. Рӯдакӣ ҷудо карда дода шуда буд, аз ҷониби мақомоти Прокуратура эътироз оварда шуда, он бо қарори дигари раиси ноҳия, аз 30 январи соли 2007, бекор карда шуда буд. Инчунин, вобаста ба баргардонидани қитъаи замини аз ҷониби Ҳаитов С. ғасбгардидаи Мактаб-интернати мазкур мактуби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Прокуратура ворид гардида буд. Ҳатто и.в.раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар хусуси беэътибор донистани қарор ва шаҳодатномаи Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008, таҳти № 1800 ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин ба мақомоти судӣ муроҷиат намуда буд, аммо мутаассифона, натиҷае надод. Аз ин бармеояд, ки дар атрофи Ҳаитов С. нафароне ҳамчун Маҷидзода Ш., Раҷабиён, Сафарзода Д. ва дигарон ҳастанд, ки метавонанд қонунро поймол, ҷиноятро рӯйпӯш ва одамро саросону саргардону моликияташро гирифта, ба дигар кас диҳанд. Мутаассифона, аллакай то ҷое муваффақ ҳам шудаанд.

Нафари дигар мутахассиси Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Отахонов Назаралӣ аст, ки дидаву дониста хулосаи бардурӯғ додааст. Аз рӯи талаботи моддаи 2 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, канали обпартои «Бачамазор», ки аз маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи И.Сомонӣ мегузарад, ҳамчун иншооти хоҷагии об маҳсуб меёбад, аммо Отахонов Н. хулосаи бардурӯғ додааст, ки гӯё иншооти сохтаи ман ба заминҳои зер ва атрофи Ҳаитов С. дохил мешавад. Ин дар ҳолест, ки таваққуфгоҳи бунёдкардаи ман бо масоҳати 560 метри мураббаъ, дар болои канали обпартои “Бачамазор” аст ва қитъаи заминро дарбар намегирад. Зеро дар хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, аз 4.05.2016, таҳти №67/15/9191 қайд гардидааст, ки сохтмони иншооти тавақуфгоҳи мошинҳо мувофиқи Нақшаи генералӣ ҳамчун пул пешбинӣ карда шудааст. Отахонов Н. бошад, таваққуфгоҳи мошинҳои сабукравро, ки дар болои канали обпарто сохта шудааст, ҳамчун замини гирду атрофи Маркази савдо бо хулосаи ташхис эътироф кардааст. Ин кирдори Отахонов Н. ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Доир ба қитъаи замини мавриди баҳси судӣ қарордошта, соли 2015 аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Зоир, хулосаи асоснок дода шудааст. Аммо хулосаи сармутахассиси ин Сарраёсат Отахонов Назаралӣ ба хулосаи сармутахассиси дигари ҳамин Сарраёсат мухолифат дорад. Ҳол он ки Отахонов Н. дар мурофиаи судӣ, барои додани нишондоди бардурӯғ бо моддаи 351-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ карда шудааст. Аммо масъулини Кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ, корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Отахонов Н., муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. ин ҷинояти содиркардаи Ҳаитов С.Б.-ро натанҳо пинҳон карданд, балки дидаю дониста ба сохтакории хизматӣ даст зада, бо баровардани ҳалномаи ғайриқонунӣ, ки мутобиқи моддаи 349 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, бо додани хулосаи бардурӯғ, ки мутобиқи моддаҳои 351-352 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, замини канали мутааллиқ ба Хоҷагии об, қисми бино ва замини Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун моликияти Ҳаитов С. эътироф намуда, мехоҳанд ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба “Амонатбонк” супоранд. Ин нафарон гуё мехоҳанд ба “Амонатбонк” кӯмак расонанд, аммо баръакс, ҷинояти содиркардаи Ҳаитов С.-ро пинҳон ва онро ҷонибдорӣ намуда истодаанд.

Муҳтарам Раиси ММ МО ҶТ, ҳоло мехоҳам ба таърихи сохтмони тавақуфгоҳи мошинҳои сабукрав дар болои канали обпартои “Бачамазор”, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ диққати Шуморо ҷалб созам. Бо қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 21.09.2016 таҳти №2154, дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида ва хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ аз 4.05.2015, таҳти №67/15/9191, бе ҳуқуқи гирифтани сертификати истифодаи замин ба ман Сайфуллоев К. дар масоҳати 560 метри мураббаъ қитъаи замин вобаста карда шудааст. Бо қарори дигари раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 4.09.2017, таҳти №2746, санади Комиссияи давлатӣ оид ба истифода қабул намудани иншооти сохтмонаш ба анҷомрасида, яъне таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Сомониён дар болои канали обпартои “Бачамазор”, дар масоҳати 560 мм, ба маблағи 568 798 сомонӣ барои истифодабарӣ қабул карда шудааст. Аз соли 2017 инҷониб таваққуфгоҳи мазкур, ба ронандагони мошинҳои сабукрав, ки машғули мусофиркашонӣ мебошанд, хизмат расонида истодааст. Аммо дар асоси муроҷиати Ҳаитов С., ки қисми заминҳои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияро забт кардааст (дар поён факту далели раднашаванда бо исботаш оварда мешавад), аз ҷониби мақомоти Прокуратура ба қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 21.09.2016, таҳти №2154 эътироз оварда шуда, дар натиҷа аз ҷониби Раиси ноҳия қарори қаблӣ бекор карда шуд. Ман ба эътирози прокурор ва қарори охирони раиси ноҳия розӣ нашуда, ба суди ноҳияи Рӯдакӣ барои барқарор кардани ҳуқуқҳои конститутсиониам бо ариза муроҷиат кардам ва дар натиҷа аз ҷониби суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаам қонеъ ва бо ҳалномаи суд ҳуқуқҳоям барқарор карда шуд. Яъне бо ҳалномаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ, аз 02 апрели соли 2019, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 28 январи соли 2019, таҳти № 272 “Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 21 сентябри соли 2016, таҳти №2154, бинобар беасос ва хилофи қонун буданаш, аз рӯи даъвои ман беэътибор дониста шуд. Ҳамин тавр, 17 сентябри соли 2015, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти №1252, аз 27.11.2013, «Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашуда ба шаҳрванд Ҳаитов Санг» ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, аз 19 декабри соли 2013, таҳти №30073, дараҷаи А №0419505 ба номи шаҳрванд Ҳаитов Санг, қисман дар масоҳати 434 метри мураббаъ вобаста намудани қитъаи замин дар болои канали обпартои «Бачамазор», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, бекор карда шуд. Илова бар ин, бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 январи соли 2016, ҳалномаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ, аз 17 сентябри соли 2015, бе тағйир мононда шудааст. Аммо чаро ин  маротиба муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. бо ҳалномаи ғайриқонунӣ, аз 11 апрели соли 2022, қарорҳои  раиси ноҳияи Рӯдакӣ, аз 21.09.2016, таҳти №2154, аз 4.09.2017, таҳти №2746, санади Комиссияи давлатӣ оид ба истифода қабул намудани иншооти сохтмонаш ба анҷомрасида, яъне таваққуфгоҳи мошинҳои сабукравро, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Сомониён, ки дар масоҳати 560 метри мураббаъ, бо маблағи 568 798 сомонӣ бунёд гардидааст, беэътибор донист? Магар ин ҷо нимкосае зери коса нест? Ғайр аз ин, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. маротибаи дуюм аризаи шикоятии БДА “Амонатбонк” нисбат ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакиро ба баррасии худ гирифта, бо ҳалномаи дигари ғайриқонуниаш Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакиро ӯҳдадор намудааст, ки БДА “Амонатбонк” Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба масоҳати 1888,7 метри мураббаъ таъмин намоянд. Маротибаи дуюм маҳз аз ҷониби муовини раиси суд ба манфиати “Амонатбонк” ҳал шудани баҳс шубҳаовар нест?

Ин дар ҳолест, ки муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. хуб огоҳ буд, ки қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти №1252, аз 27.11.2013 «Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини зер ва атрофи иншооти хусусигардонидашуда ба шаҳрванд Ҳаитов Санг» ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, аз 19 декабри соли 2013, таҳти №30073, дараҷаи А №0419505 ба номи шаҳрванд Ҳаитов Санг, қисман дар масоҳати 434 мм вобаста намудани қитъаи замин дар болои канали обпартои «Бачамазор» бо ҳалномаи дар боло зикршуда бекор карда шудааст ва бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 январи соли 2016, ҳалномаи мазкур бе тағйир мононда шудааст. Пас барои чӣ ин ду санади судиро муовини раиси суди н. Рӯдакӣ Сафарзода Д. ҳамчун далел ба эътибор нагирифт? Ҷавоб ба ин суол мисли моҳ дар шаби тор равшан аст. Чунки агар Сафарзода Д. ҳалномаи эътибори қонунидоштаи суди ноҳияи Рӯдакӣ, аз 17 сентябри соли 2015-ро ба эътибор мегирифт, масоҳати қитъаи замини гирду атрофи Маркази савдо на дар масоҳати 1888,78 мм, балки 1454,78 метри мураббаъ мешуд. Сафарзода Д. бараъло медонист, ки дар паси ин қарорҳо ҳуқуқу манфиат ва заҳмату меҳнату хароҷоти зиёди молиявӣ ҷой дорад ва дидаву дониста бо ин қарори ғайриқонуниаш ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии манро поймол намуда, дар хусуси ҷуброн ё талофии зарар, ки мувофиқи қарори раиси ноҳия, аз 4.09.2017, таҳти № 2746 дар бораи санади Комиссияи давлатӣ оид ба истифода қабул намудани иншооти сохтмонаш ба анҷомрасида ягон ҳарф ва тавзеҳ надодааст. Илова бар ин, Сафарзода Д. хуб огоҳ буд, ки бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 июни соли 2022, Қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Рӯдакӣ, аз 16 декабри соли 2008, таҳти №1800 ва Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк, аз 16 декабри соли 2008, таҳти №1800, ба номи Ҳаитов Санг Бобомуродович дар қисмати масоҳати 434 мм қонунӣ гардонидани қитъаи замини болои канали обпартои «Бачамазор», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи И.Сомонӣ бекор карда шудааст ва ин санади судӣ бетағйир мононда шуда, эътиборӣ қонунӣ дорад.

Муҳтарам Раис, бояд зикр кунам, ки таваққуфгоҳи бунёдкардаи ман дар болои канали обгузар тибқи қонунгузорӣ, замини Хоҷагии об буда, ба ягон нафар вобаста ё ба он сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ё шаҳодатномаи бақайдгирии замин дода намешавад. Аммо аз ҷониби муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. ҳамчун замини гирду атрофи Маркази савдо эътироф карда шуда, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғариманқул” дар ноҳияи Рӯдакиро уҳдадор кардааст, ки ҳамчун замини гирду атрофи Маркази савдо ба БДА “Амонатбонк”, дар масоҳати 1888,78 метри квадратӣ, шаҳдатномаи бақайдгирии замин диҳад.

Мутаассифона, шикоятҳои пай дар пайи ман ба Суди Олӣ ягон натиҷа надоданд ва ҳалномаҳои ғайриқонунии Сафарзода Д. аз ҷониби Суди Олӣ бетағйир гузошта шуданд. То лаҳзаи қонунигардонии молу мулки ғайриманқул ягон қарор дар хусуси 1888,8 метри мураббаъ масоҳат доштани Маркази савдои Ҳаитов С. вуҷуд надошт.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори ҶДММ “Баҳор-13” Ҳаитов С. дар тӯли ин солҳо тавонист, ки бо ҳуҷҷати қалбакӣ қарор дар бораи вобаста кардани замин гирад, ки оқибат қарори заминаш қисман бекор карда шуд. Ҳамчунин, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сохта маблағи калон гирифта, ба манфиаташ бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ, аз 7 апрели соли 2021 боз аз бонк маблағи 2879856 (ду миллиону ҳаштсаду ҳафтоду нуҳ ҳазору ҳаштсаду панҷову шаш) сомонӣ қариб баробар ба 300000 сесад ҳазор доллар рӯёнида шудааст. Агар мақсади Сафарзода Д. ва масъулини “Амонатбонк” баргардонидани маблағи қарзи бонкӣ бошад, бигузор бинои маркази савдоро фурӯхта, маблағи Бонк баргардонида шавад. Ман аз Бонк қарз нагирифтаам, аз директори ҶДММ “Баҳор 13” низ қарздор нестам.

Раиси муҳтарами ММ МО ҶТ Рустами Эмомалӣ, ман 9 сол дар ба дари судҳо сарсону саргардон гашта ҳуқукҳоямро барқарор кардам, аммо дар охир муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д. тамоми меҳнату заҳматам барбод дод. Чаро? Фикр мекунам агар гурӯҳи босалоҳияти тафтишотӣ ташкил гардаду зери назорати Шумо амал намояд, ба ин суол ва суолҳои дигар низ посухи мушаххас пайдо хоҳад гашт. Бо қарори Раёсати БДА “Амонатбонк” № 13, аз 11 марти соли 2020, амволи гарави қарздор ҶДММ “Баҳор-13”, яъне Маркази савдо ба тавозуни бонк қабул карда шудааст. Бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ “Баҳор-13”дар назди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 1670876 сомонӣ қарздор мебошад ва мувофиқи ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”дар назди ҶДММ “Баҳор-13” 2879856 (ду миллиону ҳаштсаду ҳафтоду нӯҳ ҳазору ҳаштсаду панҷову шаш) сомонӣ қарздор мебошад. Лекин аз чи сабаб бошад, ки онҳо байни худ ҳисобашонро баробар накарда, мехоҳанд дар якҷоягӣ бо мусоидати судя иншооти сохтаи ман ва қисме аз бино ва заминҳои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакиро кашида гиранд.

Муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, шумо хуб медонед, ки мутобиқи Конститутсияи ҶТ судя ҳуқуқи хато кардан надорад ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯриву мулоқотҳояшон бо кормандони мақомоти судӣ борҳо таъкид намудаанд. Аз ин рӯ, аз Шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати санҷиши аризаи шикоятии ман аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва инчунин, аз натиҷаи санҷиш қабул кардани қарорҳои дахлдори мурофиавӣ мусоидат намоед.

Бо эҳтиром, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Сайфуллоев КАРОМАТУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь