Ба таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёт ва ниҳодҳои зиддахл!

Таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ, меҳмонеро барои гусел кардан ба терминали мусофирбари шаҳри Панҷакент овардем. Чун аз мошин берун шудем,  рафтори ронандаҳои таксиҳои мусофирбари Панҷакент, Хуҷанду Душанбе, моро дар ҳайрат гузошт.

Аз назди мошин қадаме намонда даҳ нафар ҷавонони ҳузарб сӯи мо давидаву дод мезаданд: “Биё ака мебаремут, як нафар Хуҷанд, як нафар Душанбе, арзон кадем ака ба 150 мебарем, биё, биё рафтем ва хулоса  боз чандин ҳарфу садоҳои дигару таҳқири ҳамдигариашон.

Чун фаҳмидем, ки инҳо ронандаҳои таксиҳои шахсӣ будаанду аз рӯи гуфтаи ҳолдонҳо худашон шоҳу табъашон вазир будааст. Зеро онҳо ҳар нархе, ки мехостаанд ҳамаруза гузоштаву аз рӯи он амал мекардаанд. Ба хусус дар ҳоле, ки автобусҳои мусофирбари хатсайри Душанбе-Панҷакент, Панҷакент – Душанбеи мутааллиқ ба ширкати Asian Express агар субҳи барвақт аз мусофирон пур шудаву ба сӯи Душанбе ба роҳ медаромадаанд. Ана баъд ронандаҳои ин таксиҳо ба қавли худашон “тӯй” доштаанду ба гуфтаи халқ “буҷулашон олчӣ” мехестааст. Зеро чун автобусҳо, ки қиммати роҳкирояшон 70 сомонӣ будааст, ҷониби шаҳри Душанбе роҳ пеш мегирифтаанд, ва дигар ягон хатсайр бо чунин нарх ба шаҳри Душанбе ҳаракат намекардааст. Ва ин таксистҳои аз худ рафта ҳатто ронандаҳои мошинҳои иттифоқан ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе мерафтаро низ, ки як ду мусофирро бо нархи арзон мабодо бурданӣ мешаванд, (аз рӯи мушоҳидаҳоямон), на танҳо ба ин кор роҳ намедиҳанд, балки “клиенти моро чаро ту мебарӣ?!”,- гӯён ин гуна ронандаҳоро дашному таҳқир мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол аз рӯи гуфтаи мусофирон автобусҳои мусофирбари Asian Express низ тибқи реҷаи қатъӣ рафтуомад намекардаанд. Ин ҳолат низ бар манфиати таксистҳои қалобу ҳаннот мешудааст, ки зуд нархи роҳкироро баланд бардоранд.

Агарчӣ реҷаи равуои ин автобусҳо дар рекломашон аз ҷониби Панҷакент ба сӯи Душанбе соати 8-00 ва 14-00 нишон дода шудааст. Вале дар ин соатҳо умуман ин автобусҳоро дар дохили ин терминал надидем.

Дар ин асно муйсафедеро  вохурдем, ки бобои Абдурашид ном доштаасту барои  набераҳояшро ба хонаи  писараш бурда мондан, ба  шаҳри Душанбе равона будааст. Вай низ ин ҳолату рафтори таксистҳо ва қимматии роҳкироро, ки таксистҳо беш аз 150 сомонӣ барои ҳар нафар мегуфтанду ки ин нишони беинсофиашон низ буд, дидаву шунида гуфт: “ҳай атанге, афсӯс, ки давраи ҷавониам рафт, вагарна ба даҳони ингуна таксиситҳои беинсоф мушти обдоре зада, то ба назди калонҳо мебурдаму мегуфтам ин чӣ расвоист, ин чӣ бедодиву бетартибӣ, магар шумо калонҳои шаҳр наметавонед ба ин гунаҳо нӯхтаи адолат занеду инҳоро ба инсоф кашед?! Меҳмонҳои ба шаҳрамон омада, ин рафтору ҳолати автовакзалро, ки имрӯз терминалаш мегуфтаанд, дида чӣ мегуфта бошанд?!

Нафақаи ман буду шуд 230 сомонист ман бо ин нафақа ҳамроҳи ду набераам, ки ҳатман имрӯз бурданам даркор ва аз ин нархи қиммати ин таксиҳо арзамро ба ки гӯям ки шунавад, гӯён оҳи пурдарде кашид. Баъд сарашро хам карда андаке пас, ёфтам, ёфтам,-гӯён афзуд, ки ин аҳволро дидаму нарху навояшро фаҳмидам, танҳо ҳамина мондаст,ки ин ҷо истода, як дод зада гӯям, ки вой, аз дасти ин гуна таксичиҳои беинсоф, эй, мусофир, гурез, ки таксистҳои ноинсофу қаллоб  ба сарат меоянд!”

Дар ҳамин рӯз хостем бо муттасадиёни ин терминал вохурему аз ин ҳолат пурсон шавем, аммо касеро ба ҷуз як нафаре, ки худашро “Стоянщик” номид каси дигареро пайдо накардем. Дари ҳуҷраи ба қавле танзимгар низ қулф буду равзанааш боз.  Аксҳое, ки дар зер мегузорем бозгӯи ин гуфтаҳоянд.

Шоҳин Облоқулзода,

махсус барои Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь