Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Саид
Тоҷикистони азиз давоми 33 соли охир бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои Муаззами Миллат – Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар тамоми самтҳои фаъолияти дохиливу хориҷӣ ба мувафақиятҳои беназир ноил гардида, маҳз пешравиву амнияти кул душманони миллату давлатро басо малулу ғамгин намудааст. Вале афсӯс, нафароне ҳастанд, ки аз ин тинҷиву осоиштагӣ ба манфиати худ кор мебаранд.
Мехоҳам дар бораи воқеае, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишвар, яъне дар деҳаи Ростровути Ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба амал омадааст, қисса кунам. Соли 2011-ум дар ин деҳа муассисаи рақами 24-ро оҷонсии “шарикони рушд” пурра азнавсозӣ намуда барои зиёда аз 1000 хонанда дар якҷоягӣ бо биноҳои пешина бунёд карданд. Вале гирду атрофи муассиса, ки пойдевораш аз сангу сангпораҳо иборат буд, бетаъмир монд. Ин буд, ки пирони барнодили мардуми ин деҳа тасмим гирифтанд, ки гирду атрофи муассисаро бо хиштҳои сементӣ (“сементблок”) деворбандӣ намоянд.
Маҳсулоти сохтмонро аҳли мардуми деҳа харидорӣ намуда, хостанд коргаронро даъват кунанд. Вале директори мактаб Зарипов Шоҳин ва бародараш Зарипов Фатҳулло аз мардум мехоҳанд, ки таъмирро худашон бо ёрии устодони омӯзгор кунанд ва бо мақсади додани музди меҳнати устоҳо 175 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Юнусов Муродбек иброз мекунад, ки ин ду бародарон яъне Фатҳуллову Шоҳин дар гузаштаву имрӯз дар ҷойе сохтмон накардаанд.
Ҳамин тавр, мардум маблағи зикршударо ҷамъ меоваранд ва ҳатто хурду хӯрокӣ устоҳои омӯзгорро мардум таъмин мекунанд.
Гузашта аз ин, аз ҳамаи фарошони мактаб 300 сомонӣ ва аз муаллимон 500 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Бо гирифтани ин ҳама маблағ, девори сохташуда бидуни таҳкурсӣ сохта мешавад, ки ин боиси ба ҳалокат расидани як нафар мегардад. Чи тавре ки Юнусов Муродбек, соқини деҳаи Ростровут мегӯяд, фарзандаш аз ҳисоби бемасъулиятона сохта шудани девори мактаб зери девор монда, ба ҳалокат расидааст.
“Таърихи 13.06.2023 писари ман Юнусов Зиёратулло Муродбекович, ки литсейи касби техникиро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хатм намуда буд ва мақсад дошт, ки тирамоҳи соли 2025 ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваст гардад, дар натиҷаи чаппа шудани 35 метри девори мактаб зери он монда, ба ҳалокат мерасад. Гарчанде, ки ба ҷойи воқеа гуруҳи фаврӣ – тафтишотӣ омада бошад ҳам, то ба ин соат баёнотҳои аҳли оилаи моро нагирифтаанд.”
Юнусов мехоҳад ин қазия боздид карда шавад ва нафароне, ки сабабгори марги фарзандаш ҳастанд, дастгир шаванд.
Ба гуфтаи сокинони деҳа Зарипов Фатҳулло худро корманди сохтори қудратӣ муаррифӣ намуда ба ҳавлии сокинон медаромадааст. Ин то куҷо асоси воқеӣ дорад, маълум нест. Сокинон мегӯянд, ки аз дасти ин нафар ба дод омадаанд.
Бовар дорем, ки гунаҳгорони марги як ҷавони нозанин дар назди қонун посух мегӯянду ҳақ ба ҳақдор мерасад, зеро гунаҳкорон чанд маротиба дар назди қонун ҷавоб додаанду ин бор ҳам посух мегӯянд.
Саиди Ҳайдар, махсус барои “Фараж”