Лутфан ба муфаттиш Чиллазода “Беҳтарин муфаттиши соли 2023”диҳед!
Ба таваҷҷӯҳи Додситони кулли кишвар, муҳтарам Юсуф Аҳмадзод Раҳмон!
Нахуст, намехостам, ки ба ҳеч ваҷҳ ин рухдод расонаӣ шавад, вале…
Дуввум, номаи ба прокурори вилояти Хатлон фиристодаи Шумо ва посухи он тарафро айнан меоварам:
“26.10.2023 №13/27-4841
Ба прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Раҳимзода А. А.
Нусха ба шаҳрванд Мирраҳим М. М…
Ба Шумо аризаи шаҳрванд Мирраҳим М. М. вобаста ба садамаи нақлиётӣ дар санаи 04.10.2023 дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои баррасӣ ирсол карда мешавад.
Хоҳишмандам, аз натиҷаи баррасӣ ва чораҳои андешидашуда ба муаллиф хабар дода, ба Прократураи генералӣ то 07 ноябри соли 2023 ахбороти муфассал ирсол шавад.
Замима: ариза дар ҳаҷми 3 варақ.
Бо эҳтиром, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Ю.А.Раҳмон” (поёни иқтибос).
Тасҳеҳ: Дар аризаи писари ман, ки ба номи Шумо дар санаи 23.10.2023 ирсол шудааст, як адад фитаи СД бо аксҳо аз ҷойи ҳодиса сабт буд. Мутаассифона, дар номаи фиристодаи Шумо ба прокурори вилояти Хатлон аз он СД хабаре нест!
“07.11.2023 №13/674-ш-23
Ба шаҳрванд Мирраҳим М. М.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб муроҷиати Шуморо вобаста ба садамаи нақлиётии санаи 04 октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рухдода мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба ҳолати мазкур санаи 07.11.2023 аз тарафи ШТ ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Тиллоев Муродалӣ Мирзошарифович бо моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар рафти тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Иҷрокунандаи вазифаи муовини прокурори вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 1 Достизода Қ.А.
Иҷрочӣ: Давлатзода М.Ш. (поёни иқтибос).
Тасҳеҳ: дар номаи Прокуратураи генералӣ бо хати пурранг таъкид шудааст, ки: “то 07 ноябри соли 2023 ахбороти муфассал ирсол шавад”, аммо дар посухи Прокуратураи вилояти Хатлон санаи 07.11.2023 оғози бозкушоии парвандаи ҷиноятӣ навишта шудааст. Маълум мешавад, ки то ирсоли номаи Прокурори генералӣ ба вилояти Хатлон касе дар фикри боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. М. Тиллоев набудааст.
Саввум, таваҷҷуҳ дошта бошед, ки санаи посухи Прокуратураи вилояти Хатлон рӯзи 07.11.2023 ва дақиқан парванда ҳамон рӯз оғоз шуда, дар ҳоле ки бояд рӯзи 07.11.2023 ҷавоби комил дар мавриди анҷоми кор ба Шумо ирсол мешуд.
Чаҳорум, муфаттиши парвандаи ҳодисаи нохуш мӯҳтарам Мустафо Чилазода (Чиллазода) маҳз рӯзи 07.11.2023 барои гирифтани баёнот ба шаҳри Душанбе, ба манзили ҷабрдида Наргис Шафиева ташриф меоварад.
Панҷум, аммо аз таърихи 04.10.2023 сар карда муфаттиш Мустафо Чилазода аз ду ҷабрдидаи дигар – Назирмад Шафиев ва Миртоҷиконшоҳи Мирраҳим баёнот нагирифта, ҳатто онҳоро барои додани баёнот даъват накардааст. Гӯё онҳо аслан дар ин қазия шомил нестанд ва баёноти онҳо барои баррасии парванда ва судури ҳукми одилона дар суд муҳим нест.
Шашум, ба назар чунин мерасад, ки муфаттиш дар баррасии ин парванда барои ба нафъи ронандаи мошини сиёҳи тамғаи “Тойота Вокси” бо шумораи бақайдгирии давлатии “1986 FC РТ 01” Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев ҳал кардани масъала тарафдор буда, ба таври “қонунӣ” мехоҳад гумонбарро аз ин варта берун оварад. Чаро муфаттиш маҳз аз шахси дар ҳолати назъ (марг) қарордошта баёнот мегирад ва аз зиндаҳое, ки комилан дар ҳуш ҳастанд, суол намекунад ва назари онҳоро намепурсад, то ҳолати садамаи нақлиётӣ ба таври айнӣ (объективӣ) дақиқ мушаххас шавад?!
Ҳафтум, рӯзи 20.11.2023 ронандаи мошини сиёҳранги тамғаи “Тойота Вокси” М. М. Тиллоев, ки аз 04.10.2023 дар озодии комил умр ба сар мебурд, ҳамроҳ бо писархолааш ба шаҳри Душанбе омада, дар мавриди бегуноҳ будани хеш ва дар “бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ бо аҷали табиӣ” аз дунё гузаштани Лола Ҷалолова дар баробари бисту панҷ ҳазор сомонӣ хушнудии (ризоияти) Наргис Шафиеваро ба даст меоварад (падараш Назирмад Шафиев аз ин рухдод огоҳ гардида, бисёр нороҳат ва дубора шадидан рӯҳуфтода мешавад).
Ин кори М. М. Тиллоев барои он аст, то дар додгоҳ нисбаташ ҳукми сабуктар содир шавад (ҳоло метавон аз истилоҳи “ҷиноят” истифода кард, зеро хариди назари як ҷабрдида бе ҳукми суд ё додгоҳи ҳакамӣ худ ҷинояти ахлоқӣ ба шумор меравад). Нишонӣ ва ҷойи зисти Н. Шафиева аз куҷо ба дасти М. М. Тиллоев ва писархолааш бар армуғон омадааст?! Суол: Ин кор бо роҳнамоии кӣ (ё киҳо) сурат гирифтааст?!
Ҳаштум, хоҳишмандам ҳамаи муколимаи шумораҳои телефони ҳамроҳи ронанда М. М. Тиллоев ва муфаттиш М. Чилазода аз лаҳазоти вуқӯъи садама, дақиқан, пас аз соати 15:00 таърихи 04.10.2023 то имрӯз, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад, то раванди иртиботи онон ва аҷала дар баёнотгирии М. Чиллазода аз Л. Ҷалолова дар ин парванда мушаххас шавад.
Нӯҳум, ҷолиб аст, ки М. Чилазода рӯзи 04.10.2023 танҳо аз Л. Ҷалолова “Баёнот” гирифта, парвандаро “баста” ба минтақаи Кӯлоб фиристодааст. Ба таъкиди пизишкони Бемористони маркази ноҳияи Ҳамадонӣ дар мавриди он ки “дар ҳуҷраи ҳамсоя духтари ин зан низ маҷрӯҳ хобидааст ва дар ошёнаи якум, ки Шумо аз он гузашта, ба ошёнаи дуввум баромадед, боз ду нафари дигар низ дар ҳолати вазнин қарор доранд” як зарра эътибор надодааст. Суол ин ҷост, ки чаро М. Чилазода аз се нафар маҷрӯҳ – Н. Шафиев, Н. Шафиева ва М. Мирраҳим дар ҳамон ҷой ва сари вақт баёнот нагирифт?! Шояд “зери коса нимкосае” ҳаст, ки муфаттиш онро пинҳон медорад ва ё нияташ маҳз он буда бошад, ки аз ҳазароти Мункару Накир пешдастӣ карда, дафтари аъмоли шаҳиди бегуноҳ – Л. Ҷалоловаро ба бойгонӣ бифиристад?!
Даҳум, чунонки дар боло хотиррасон шуд, ман аз расонаӣ шудани ин қазия хушнуд нестам, аммо барои огоҳии судяи ояндаи парванда ҳамаи аксҳо аз ҷойи ҳодиса, ки ашхоси ношинос бароям фиристодаанд ва дар онҳо кӣ ҷинояткор аст, ба таври тамоман рӯшан сабт шудааст, дар ихтиёри расонаҳои катбӣ ва маҷозӣ мегузорам.
Ёздаҳум, муфаттиш бояд аз мусофирони бар мошини сиёҳи “Тойота Вокси” саворбуда бо шумораи бақайдгирии давлатии “1986 FC РТ 01” Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев низ баёнот ва назари онҳоро дар мавриди ин садамаи нақлиётӣ дарёфт мекард. Лозим буд ва комилан қонунӣ мешуд, агар тазаккури мусофирон ба ронанда М. М. Тиллоев: “оҳиста ронандагӣ кун, мо зану бача дорем” дар парванда ҷойгоҳи хешро пайдо мекард, зеро Тиллоев як зарра ҳам ба суханони онҳо эътино накарда, автомашинаро бо суръати зиёда аз 110-120 км рондааст.
Дувоздаҳум, ҳақиқатро аз боби ҳодисаи нохуши рӯзи 04.10.2023 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки аз матни аризаи писарам, ки ба унвони Шумо аз 23.10.2023 навишта шудааст, иқтибос меоварам: “Рӯзи чаҳоршанбе, санаи 04.10.2023 байни соатҳои 15:00 ва 16:00-и пас аз нисфирӯзӣ чаҳор нафар: писари ман, Миртоҷиконшоҳи Мирбобо Мирраҳим, хусураш Назирмад Шафиев, модарзанаш Лолагул Ҷалолова ва хоҳарзанаш Наргис Шафиева пас аз адои маросими фотиҳа ба яке аз хешовандони наздик дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дори фониро тарк карда буд, ба тарафи шаҳри Душанбе бармегаштаанд. Ронандаи таксӣ, шаҳрванди ҶТ Шаҳбоз Машарифович Муродов (шумораи плоки саворӣ “1702 ОС 01 TJ”, Тойота Филдер), ки ба мусофирон ҳеч рабти хешовандӣ надорад ва ҳатто шиноси наздик ҳам нест, дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар хати худ бо суръати 70-80 км ҳаракат мекард. Банохост ронандаи мошини сиёҳи тамғаи “Тойота Вокси” бо шумораи плоки давлатии “1986 FC РТ 01” Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев бо суръати хеле баланд, шояд беш аз 110-120 км ҳаракат карда, аз хати ҳаракати худ берун баромада, дар муқобили таксие, онҳо савор будаанд, рӯбарӯи мошини онҳо мезанад. Дар ин садама гумонбари асосӣ ҳамин Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев мебошад.
Дар натиҷаи ин садамаи маргбор хушдомани писарам Лолагул Ҷалолова дар сару гардан ҷароҳати сахт бардошта, бар асари хунрезӣ дар мағзи сар пас аз соате дар бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ аз дунё чашм пӯшид. Хусураш Назирмад Шафиев чанд ҷароҳати вазнин бардошт, ду пой, даст ва китфи хоҳарзани писарам Наргис Шафиева шикаста, як ҳафта пас аз ин рухдод ӯро аз бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ ба “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”-и шаҳри Душанбе интиқол доданд ва ҳолати вазнин дошт ва то имрӯз чанд амали ҷарроҳиро аз сар гузаронид. Пойи чапи писари ман аз зону ба пойин ва устухони тарафи чапи рӯяш шикастааст ва чашми чапаш низ осеб дидааст. Дар бахши шикастабандӣ ва осебҳои омехтаи бинои (корпуси) 4 Бемористони Қарияи Боло ду амали ҷарроҳӣ – дар пойи чап ва устухони рӯйро аз сар гузаронид ва дар даҳаи дуввуми моҳи октябр аз бемористон мураххас шуд. Ронандаи таксӣ Ш. М. Муродов (шумораи плоки саворӣ “1702 ОС 01 TJ”, тамғаи “Тойота Филдер”) низ дар ин садама сахт маҷрӯҳ шуд ва муддате дар бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ таҳти табобат қарор дошт.
Ронандаи мошини тамғаи “Тойота Вокси” Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев, ки гумонбари асосӣ дар ин садамаи нақлиётӣ буда, ин ҳодиса бо айби ӯ рух додааст, худро бегуноҳ медонад. Ҳарчанд суратҳое, ки одамони бетараф аз ҷойи вуқӯъи ҳодиса ва дар замони рухдоди мазкур сабт кардаанд, акси даъвои ӯро нишон медиҳад. (аксҳо аз ҷойи ҳодиса дар як адад фитаи СД ба Додситонии кулл ирсол шудааст). То ҷойе, ки хабар дорем, нисбат ба гумонбар – ронандаи мошини “Тойота Вокси” чораи пешгирӣ татбиқ нашуда, номбурда дар озодӣ умр ба сар мебарад. Бар замми он ягон бор ҳам аз ҷабрдидагон ва хонаводаи марҳум – Лолагул Ҷалолова ҳолпурсӣ ва узрхоҳӣ накардаанд.
Бо гузашти муддати зиёд аз он садамаи маргбор то рӯзи 23-юми октябри соли 2023 ҳеч кас ба суроғи писари ман ва дигар ҷабрдидагон наомад ва напурсид, ки бар сари ин одамон чӣ гузашт. Рӯзи чаҳоршанбе – 18-уми октябри соли равон намояндаи писари ман бо аризаи даъвогӣ (аз номи се нафар ҷабрдида) ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат кард. Мутаассифона, аризаҳои ҷабрдидагонро барои баррасӣ ва боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба гумонбар напазируфта, баръакс, гуфтаанд, ки “парванда ба Кӯлоб фиристода шудааст ва муфаттиш дар сафари хидматӣ мебошад. Ҳар гоҳ муфаттиш аз сафар баргардад, он замон аризаи шумоёнро қабул мекунад”. Маълум нест, ки нозирони роҳ ва муфаттиш аз ин садама чӣ хулосае баровардаанд ва чӣ нақшае дар сар доранд ва пушти ин моҷаро чӣ касе истодааст. Писари ман духтур аст ва ду фарзанди ноболиғ дорад, ки фарзанди кӯчакаш якунимсола ва дигаре шашунимсола мебошад. Дар ин муддат аз кору бор ва зиндагӣ низ монд, барои табобат харҷи зиёде шуд (беш аз даҳҳо ҳазор сомонӣ).
Писари ман дар номаҳои ҷудогона аз Шумо, муҳтарам Юсуф Аҳмадзод ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазони Раҳимзода бо камоли эҳтиром хост, ки ҳодисаи фоҷеъабори рухдода дар санаи 04.10.2023-ро дар доираи қонунҳои расмии кишвари азизамон мавриди баррасӣ қарор дода, сабабгори ин садамаи нақлиётиро бо далелҳо муайян ва мушаххас карда, гунаҳкори асосиро ба маҳкама муаррифӣ намоед.
Ин қиссаи бисёр талх дақиқан наздик ба се моҳ аст, ки маро сахт нороҳат кардааст ва мекунад. Лаҳзае, ки пас аз як шабонарӯзи садама писарамро аз наздик дидам, наздик буд аз худ бехуд шавам. Касе намепурсад, ки чӣ бар сари инсонҳо гузашт ва чӣ андоза харҷи миёншикан барои табобат сарф шуд. Як нафарро куштанд ва чаҳор нафар маҷрӯҳ. Ин кам буд, ки ҳамчунин хабар расид, ки дар мавриди ин садама ба касе ва ҷойе ҳарф баланд нашавад ва мабод он рӯз, ки расонаӣ гардад.
Ашкҳои ҳамсари писарам аз гиря хушк шудааст ва худ лоғару ғамзада: модарашро аз даст дод, шавҳараш рӯйи хона бо пойи шикаста ва сурати варамкарда пас аз ҷарроҳӣ хобидааст. Хоҳари бузургаш Наргис дар “Истиқлол” чанд амали ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Набераам духтарчаи дӯстрӯи якунимсола дар тӯли ин рӯзҳои сахт гӯё чанд сол бузург шуд: дигар ғам намедиҳад ва ашкҳои моро дида хомӯш мешавад ва гоҳе моро дар оғӯш мекашад ва сарашро рӯйи китфам гузошта, наҷво мекунад. Намедонам чӣ мегӯяд, вале эҳсос менамоям, ки маро дарк мекунад.
Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба гунаҳкори асосӣ – ронандаи мошини сиёҳи тамғаи “Тойота Вокси” Муродалӣ Мирзошарифович Тиллоев дар ин садамаи нақлиётӣ танҳо замоне боз шуд, ки шикояти писари ман ба Додситонии кулли кишвар дар таърихи 23.10.2023 ворид гардид. То он замон шикояти моро дар ШКД ва Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳар баҳона (“муфаттиш дар сафар аст”, “муфаттиш сари кор нест, баъдан биёед” ва ғайра) напазируфтанд. Охирин муроҷиати намояндаи мо дар таърихи 18.10.2023 буд ва тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ (моддаи 145 КМҶ ҶТ) масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ бояд дар тӯли се ё даҳ шабонарӯз ҳаллу фасл мегардид (муфассал нигаред ба моддаи 145 Кодекси Мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Аз он ҷо, ки мувофиқи қонунҳои расмии кишвар бо сар задани ҳодисаи марги як инсон дар садамаи нақлиётӣ парвандаи ҷиноятӣ бо таври фаврӣ боз мешавад, аммо ин кор сари вақт анҷом нашудааст, ҳол он ки пас аз гузашти беш аз дуюним моҳ равшан кардани асли рухдод гӯиё имконпазир нест.
Муфаттиш гӯиё пеш аз марг аз Лолагул Ҷалолова баёнот гирифтааст (айнан):
“Доир ба саволҳои додашуда чунин посух медиҳам, ки дар суроғаи дар боло зикргардида зиндагонӣ менамоям. Оиди моҳияти кор ҳаминро мегӯям, ки санаи 04.10.2023 соатҳои 16:20 дақиқа ман бо ҳамроҳии шавҳарам Шафиев Назирмад ва Шафиева Наргис аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Душанбе равон шудем. Мо ба як таксии тамғаи “тойота-филдер” савор шуда ба Душанбе равон шудем, ҳангоми расидан дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Гулобод дар роҳи шаҳр ногаҳон автомашинае, ки мо савор будем, ба як автомашинаи “тамғаи опел зефира” бархӯрд ва мо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштем ва ман аз ҳуш рафтам. Ҳангоми ба ҳуш омадам худамро дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидам. Пасон фаҳмидам, ки духтарам ва шавҳарам зарари ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баёнот аз суханони ман навишта шуда, дуруст мебошад ва бо овози баланд хонда дода шуд” (Баёнотро пурра ва бе ислоҳия, айнан овардем).
Муфаттиш барои рӯйпӯш кардани асли рухдод дар ин баёнот чанд маврид нукоти муҳими ҳуқуқиро ворид кардааст: 1. Дар “Баёнот” соли таваллуди марҳума Лолагул Ҷалилова 1955 зикр шудааст, ки ин нодуруст аст. Соли таваллуди марҳума 1954 аст. 2. Дар куҷо ва соати чанди рӯз ё шаб муфаттиш ин “Баёнот”-ро навиштааст, дар ин “ҳуҷҷат” нест. 3. Дар навиштаҳои муфаттиш номи Миртоҷиконшоҳи Мирраҳим ҳамчун ҷабрдида зикр нашудааст, то дар оянда аз парванда тамоман ҳазф шавад. 4. “Баёнот”-навис ба таври малмус ронандаи таксии “Тойота Филдер”-ро “муттаҳам” кардааст (таваҷҷуҳ фармоед ба ин нукта: “ҳангоми расидан ба ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Гулобод дар роҳи шаҳр ногаҳон автомашинае, ки мо савор будем, ба як автомашинаи “тамғаи опел зефира” бархӯрд”). 5. Барои ба гумроҳӣ бурдани ояндагон (чӣ додситон-айбдоркунандаи давлатӣ ва чӣ қозӣ-судяи ояндаи парванда ва таърих) дар “Баёнот”-и Л. Ҷалолова “ногаҳон” ба ҷойи автомашинаи “Тойота Вокси”-и сиёҳ як автомашинаи “тамғаи опел зефира” пайдо мешавад. 6. “Баёнот”-навис барои сабук кардани масъулияти ҷинояткор назди қонун аз истилоҳи нарми “зарари ҷисмонӣ” нисбат ба шавҳар ва духтари Л. Ҷалолова истифода бурдааст. 7. Имзои баёнотдиҳанда дар ин санади таърихӣ – “Баёнот” мавҷуд нест. Кай, дар куҷо ва таърихи навишта шудани он низ.
Бо таваҷҷуҳ ба далелҳое, ки дар боло овардем, “пешниҳод” мешавад, ки дар остонаи Соли Нави 2024 ба муфаттиши муҳтарам М. Чилазода баҳри талошҳояш дар “обулой” кардани парвандаи садамаи нақлиётӣ дар 04.10.2023 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон унвони ғайринавбатии “генерал-майори милитсия” ва Ҷоизаи “Беҳтарин муфаттиши соли 2023” дода шавад, то “намуна”-и ибрат ба дигарон гардад.
Мирбобои МИРРАҲИМ