Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ё соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров бо кадом мақсад Президенти кишварро фиреб дод?

Барои сохтмони маркази тиҷоратии “Суғдиён” ва ташкили мағозаи фурӯши китоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби бинои ҶС “Китоб” ба Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров 1 гектор замин вобаста карда шудааст. Иншооти мазкур аз рӯи таъйиноташ ҳамчун маркази фурӯши китоб истифода бурда нашуда, баръакс дар он бозори фурӯши матоъ ташкил шуд. Бо ин вуҷуд ҳам тибқи омори пешниҳоднамудаи соҳибкор дар ин иншоот, ки барои ифтитоҳаш Сарвари давлатро даъват намуда буданд, шумораи коргарон ба таври қобили мулоҳиза назаррас нестд.

Аз замони расман ифтитоҳ шудани маркази хизматрасонии “Суғдиён“ беш аз як сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳанӯз аз ҷониби соҳибкор на мағозаи фурӯши китоб ва на ҷойи корӣ, ки мақсади асосии сохтмони маркази тиҷоратии”Суғдиён” гуфта мешуд, амалан коре ба иҷро расонида нашудааст.

Як сол муқаддам, санаи 15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Дар рӯзи якуми сафари корӣ Президенти кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдо ва хизматрасонии “Суғдиён”- ро, ки он воқеан бо тарҳи зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар замони ба истифодадиҳии он ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли  2020 ба анҷом расонида шудааст.

Бинои Маркази хизматрасонии “Суғдиён” аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли ватании ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ташкил карда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхона ҳоло шумораи коргарон наздик ба 1000 нафар расонида шудааст. Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар саросари кишвар мағозаҳои фурӯши қолин таъсис диҳанд.  Дар ин ҷо соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров ба Сарвари давлат дурнамо, воридоти технологияи муосир ва нақшаҳои ояндаи Маркази тиҷоратии “Суғдиён” – ро оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муаррифӣ кард.

Мирзобаҳодуров М. дар ҳузури меҳмонони олимақоми кишвар иттилоъ дод, ки дар ошёнаи сеюми бинои “Суғдиён” коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст, ки дар он 100 нафар духтарону занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ва инчунин, баъди васеъ намудани самти фаъолият дар оянда имкон аст, ки то 500 нафари дигар дар ин маркази савдо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шаванд.

Президенти кишвар дар навбати худ барои бунёди чунин як маркази савдо ва хизматрасонии хуштарҳ, дар шафати роҳи асосии Хуҷанд – Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, ба роҳбари коргоҳ ва масъулин ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани самти фаъолияти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хабари кушодашавии Маркази хизматрасонии “Суғдиён” як сол пеш дар ҳама рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои давлатии кишвар  нашру пахш гардид.

Аммо бо гузашти як сол аз он замон маълум мешавад, ки соҳибкор ба назарфиребӣ машғул шуда дар бораи таъсиси ҷойҳои корӣ омори бардурӯғ пешниҳод намудааст.

Омори бардурӯғ: дар “Суғдиён” ба ҷойи 1000 кас, 5 нафар кор мекунад

Ҳоло мушоҳида мешавад дар Маркази тиҷоратии “Суғдиён” на 1000 нафар, балки шумори коргарон 1% -и ин рақамро ҳам ташкил намедиҳад. Ҳатто ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи сеюми бино барои 100 нафар бонувону занони маҳаллӣ ҳам дурӯғи маҳзи соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров будааст.

Тавре дида мешавад, айни замон дар ошёнаи 1 ва 2 Маркази савдо ва хизматрасонии “Суғдиён” – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 5 нафар ба фурӯши қолин машғуланд. Ошёнаи сеюми бино бо гузашти беш аз як сол аз замони ифтитоҳаш холӣ буда, то кунун ҳеҷ гуна таҷҳизоти дӯзандагӣ ворид нашудаасту як нафар ҳам ҳатто ба ҷойи кору маоши хуб таъмин нашудааст.

Ҳол он ки дар замони ба истифодадиҳии Маркази хизматрасонии “Суғдиён” соҳибкор Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр 100 нафар занону бонувонро ҷамъ намуда, иттилоъ дода буд, ки ин гурӯҳи бонувон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Аммо баъд аз рафтани Президенти кишвар занҳо ба хонаҳои худ баргаштанд ва то ҳол аз тарафи соҳибкор барои занҳо на ҷойи корӣ ва на таҷҳизоти дузандагӣ ворид карда нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки соҳибкор Мирзобаҳодуров М. ба иншооти ман, ки дар он ҳоло 300 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, рӯзии худро аз роҳи савдо пайдо мекунанд, чашм ало намудааст.

Мирзобаҳодуров М. ба фаъолияти гузаргоҳи зеризаминӣ, ки ману бародарам аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ бо арақи ҷабин меҳнат карда, пул кор карда, се сол қабл бунёд карда будем, монеъ шуда, мехоҳад ғайриқонунӣ ва бо роҳи ғасби рейдерӣ онро азони  худ намояд.

Дар ин кору амали муғризонаи соҳибкор баъзе судяҳо ва шахсан раиси Суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода низ манфиятдор аст, ки қаблан бо нашри ду мақола: “Ғасби рейдерии судӣ, ё чӣ гуна Бахтиёр Оқилзода ва судяҳои Суғд барои Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров шуда қонунро эътироф намекунанд?!” дар шумораи 45 аз 3 ноябри соли 2021 ва “Суғд: Ғасби рейдерӣ – 2, ё чӣ гуна Бахтиёр Оқилзода аз ваколати мансабиаш сӯйиистифода мекунад?!” дар шумораи 46 аз 10 ноябри соли 2021 тариқи ҳафтаномаи “Фараж” огоҳ намуда будам.

Аз ҳолати кор баръало маълум мегардад, ки Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд дидаву дониста бо амалкарди ғайриқонунии худ ҳуқуқу манфиатҳои моро дар суд поймол намуд. Ба маҳзи дахолати ӯ, аз соли 2019 ба ин тараф се ҳалномаи дурусту қонунии судӣ бекор карда шуд, ки мақсади ғаразноки онҳоро собит менамояд.

Раиси Суди вилояти Суғд ва соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров,  барои он ки баҳси судӣ ғайриқонунӣ ба нафъи онҳо ҳал шавад, аслан кори қонунии идораҳои давлатии дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷудбударо ба инобат намегиранд. Ва чунин муносибати муғризонаи онҳо бидуни тардид ғасби рейдерии судӣ аст.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ!

Мо дар бораи сохтмони чанд корхонаҳои нав, ки дар ҳоли фаъолсозии онҳо ҷойҳои нави кории дигар фароҳам шуда, аз ин ҳисоб ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳм гузоштан имконпазир аст, имкон ва лоиҳа дорем. Аммо  ҳуҷумҳои ғайриқонунӣ, ки аз сӯи Мирзобаҳодоров М., ба амволи мо шурӯъ шудааст, ҳар лаҳза фикри моро ҷиҳати сохтмони коргоҳҳои нав дар кишвар парешон мекунад.

Ман ва бародарам шаш сол мешавад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорем. Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров, ки ҳоло 300 нафар дар он ба шуғл фаро гирифта шудааст, аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷират бунёд намудем.

Имрӯз Мирзобаҳодуров М. бо ҳар баҳона монеи фаъолияти ин иншооти мо гардида, мехоҳад онро азони худ намояд.

Ин дар ҳолест, ки ин соҳибкор то ҳанӯз мувофиқи ваъдааш то ба ҳол барои бо ҷои кор таъмин намудани сокинон дар Маркази хизматрасонии “Суғдиён” – аш амалан кореро ба иҷро нарасонидааст. Аммо боз ҳам ӯро ба таври ғайриқонунӣ мансабдорони Ҳукумати вилоят ва раиси Суди Суғд пуштибонӣ мекунанд.

Дар бораи ин ки соҳибкор Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр чӣ гуна бо роҳи ғайриқонунӣ ба хусусигардонии бинои ҶС “Китоб”, иншооти соҳаи маориф даст ёфтааст, дар шумораҳои ояндаи ҳафтанома маълумот ҳоҳем дод.

Бо арҷу эҳтиром,

Каримов Далерҷон Раҳматҷонович – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳайдар Усмон, кӯчаи Фахрӣ 93.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. https://www.ozodi.org/a/31497114.html

    Баъд аз рафтани президент… Чаро корхонаҳо пас аз кушодашавии бодабдаба аз кор мемонанд? ВИДЕО

    Расонаҳои давлатӣ ва мансабдорони Тоҷикистон пайваста аз ташкили корхонаҳо ва ҳазорҳо ҷойи кории нав хабар медиҳанд. Бештари корхонаҳоро ҳангоми сафари президент ба шаҳру ноҳияҳо боз мекунанд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот кард, ки на ҳама корхонаву иншоот фаъол ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистонро барои чунин саҳнасозиҳо дар гузашта бисёр танқид кардаанд, аммо ба гуфтаи коршиносон, муҳимтар аз ҳама дар инҷо назарфиребӣ ва омори бардурӯғ дар бораи таъсиси ҷойҳои корӣ аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь