Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Муҳтарам Раис,

Ба Шумо шаҳрванд Муқаддас Маҳкамова, нафаре менависад, ки аз навиштани мактуб, аз кӯфтани дари идораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  сарсон ва  ноумед гаштаааст. Ноумедӣ ва сарсонии ман бештар аз он аст, ки дар қазияи мазкур бевосита кормандони алоҳидаи Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст доранд. Аз ин сабаб, гоҳе ба ин хулоса меоям, ки худи корманди сохтори қудратӣ тарҳи ҷиноятро мекашад, шояд ислоҳи он номумкин мегардад. Бо вуҷуди ин, дар дилам шӯълае фурӯзон аст, ки мушкилу сарсонии мо ҳоло то мақомоту идораҳои зарурӣ нарасидааст, аз ин хотир ин “зӯрҳо” ҳоло “давр” меронанд. Сабаби дар ниҳоят ба Шумо мактуб навиштанам ҳамин аст. Ҷомеаи Тоҷикистон ба Шумо эътимод дорад. Ман ҳам умед дорам, ки дар ҳолати ошно шуданатон бо қазияи мазкур на танҳо ба он расидагӣ менамоед, балки бо амалкарди намояндагони бархе мақомот шинос шуда, ҷомеаро аз чунинҳо поккорӣ менамоед.

Хоҳиш мекунам, ки ба қазияи ман бетараф набошед.

Ман дар шаҳри Москави Федератсияи Русия аз автосалон бо қарзи бонкӣ (ипотека) мошин харидорӣ кардам ва хостам таксопарк кушоям. Ба ман шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Пӯлодов, истиқоматкунандаи шаҳри Хучанд, кӯчаи Вансети 34 муроҷиат намуд ва ба бовариам даромада, ба қаллобӣ даст зад. Ман ҳамсари ӯро мешинохтам ва дар бораи оилаашон ягон сухани бад нашунида будам, аз ин рӯ, бовар кардам. Хулоса, ин шахс мошинро гирифта, бо ваколатномаи қалбакӣ онро ба Тоҷикистон ворид сохт. Баъдан маълум шуд, ки ду ваколатномаи қалбакӣ сохтааст ва ба ӯ барои иҷрои расмиёти гумрукӣ корманди ин ниҳод Носиров Азиз Азамович мусоидат намудааст. Ин корманди гумрук медонист, ки мошин ПТС (паспорт технического состояния ) надорад ва ваколатнома шубҳанок аст. Бо вуҷуди ин ҳуҷҷат таҳия карда, ба БДА барои гирифтани шиносномаи техникӣ ва рақами давлатӣ мефиристад. Кормандони БДА низ ҳуҷҷатҳоро дида, ба шубха меафтанд. Вале чун аз онҳо “илтимос” шуда буд, барои гирифтани ҳуҷҷат мусоидат мекунанд.

Аз ҳама аҷибаш ин ки ҳоло мошинро корманди Прокуратураи ноҳияи Қубодиён Анвар Раҳмонзода соҳиб гаштааст. Ҳарчанд ӯ низ медонад, ки мошин бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид ва фурӯхта шудааст. Ҳуҷҷат дар бораи қалбакӣ будани ваколатномаҳоро ман пешниҳод кардаам. Лекин касе ҷуръат намекунад, ки  мошинро аз прокурор гирифта, ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ биёрад. Зимнан, Фарҳод Пӯлодов бо сабаби қаллобиҳои дигараш ҳоло боздошт шудааст ва муроҷиати ман танҳо ба он парвандаи ҷиноӣ замима асту халос. То ҳанӯз расман айб аз рӯйи муроҷиати ман ба Фарҳод Пӯлодов эълон нагаштааст. Ин дар ҳолест, ки ман ҳар моҳ қарзи бонкии худро, ки барои хариди ин мошин гирифтаам, супорида истодаам. Аммо дар ин бора касе фикр намекунад.

Муҳтарам Раис!

Ба андешаи ман, ин қазия ба он хотир пурпечутоб ва давомдор мешавад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст доранд. Маҳз бо дастгирии чунинҳо метавонад шаҳрвандони зиёд ба доми қаллобон афтанд ва азоби зиёди равониву молӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гуна масъулият ҳис накунанд.

Бовар дорам, ки пас аз ошноии Шумо бо ин мактуб равиши ҳолат дар қазияи мазкур дигар шуда, ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Қаблан ба Шумо миннадории худ ва аҳли оилаамонро мерасонам.

Бо эҳтиром

Маҳкамова Муқаддас Абдулҳаевна

сокини ш.Хуҷанд кӯчаи

Фирдавсӣ, бинои-107 (б) ҳуҷраи 35

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь