Ё чӣ гуна даъвогар ба ҷавобгар бадал шуд, мисле, ки “дузди зур соҳиби говро баст”.
Таърихи ин моҷарои судӣ чунин аст:
14 майи соли 2009 бо илтимоси Каримов Маҳмадраҳим, собиқ директори генералии “Тоҷиксемент” байни ман – Шарипов Ғоиб ва ҶДММ “Тоҷикистон”, дар шахси молики он Каримов Маҳмадраҳим, созишнома баста шуд, ки дар асоси он бо мақсади ба итмом расонидани сохтмони заводи сементбарорӣ дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ман ба сифати қарз ба Каримов М. маблағи калонро бо 15%-и солона супоридам. Лекин Каримов М., баъди ба кор даромадани завод ваъдахилофӣ намуда, бозгашти қарзро таъмин накарда, ҳама вақт ваъда медод, ки “тоқат кунам, пулдор, ки шуд, пардохт мекунад”, гарчанд ҳамеша имконияти молиявӣ дошт. Ман маҷбур шудам, ки моҳи ноябри соли 2020, мутобиқи тобеияти судӣ ба ҷойи қайди ҷавобгар – суди ноҳияи Варзоб муроҷиат намуда, ҷуброни қарзро талаб намоям.
Баъди гузаронидани чанд мурофиа дар суди ноҳияи Варзоб, парвандаи мазкур дар асоси ариза ва бозиҳои пасипардагии Каримов М. моҳи декабри с.2020 аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии ҶТ аз суди ноҳияи Варзоб гирифта ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои моҳиятан баррасӣ намудан, супорида шуд.
Сабаби парвандаро аз ноҳияи Варзоб ба ноҳияи Сино гузаронидани Каримов М. дар он буд, ки раиси Суди ноҳияи Сино Рушанзода Суҳроб, бародари калонии домоди ҷавобгар Каримов М. – Қадриддин Султон аст. Қадриддин Султон бошад, дар Дастгоҳи иҷроияи Президент дар вазифаи сардори бахш кор мекунад ва туфайли заҳмати ин ду шахси қудратманд парвандаи мазкур дар як мижжа задан, хилофи талаботи қонун бошад ҳам, аз Суди ноҳияи Варзоб ба ноҳияи Сино гузаронида шуд, то ки баҳси мазкур бо истифода аз вазифаи хизматии раиси суд ба манфиати қудои ӯ – Каримов М. ҳал карда шавад.
Каримов тӯли даҳ сол бо роҳи додани як миқдор масолеҳи сохтмонӣ ва амвол тахмин 10%-и қарзро пардохт намуда, боқимондаашро то лаҳзаи ба суд муроҷиат намудани ман бо ваъдаи дурӯғ, ки “ҳатман бармегардонад ва ман бояд тоқат кунам”, надод. Баъди аз Суди ноҳияи Варзоб ба ноҳияи Сино гузаронидани парванда, Каримов ба лақабаш “Артист” мувофиқ амал намуда, бо алами он, ки ман ба суд муроҷиат намудаам, ба Суди ноҳияи Сино аризаи бардурӯғи муқобили даъво пешниҳод карда, арз намуд, ки гӯё қарзро ба маблағи 862 707 доллари ИМА барзиёд иҷро кардааст ва рӯёнидани ин маблағро аз ман талаб намуд.
Дар рафти мурофиаи судӣ бо дархости ман экспертизаи муҳосибӣ аз ҷониби муассисаи Вазорати адлияи ҶТ гузаронида шуд ва экспертиза аниқ кард, ки бақияи қарзи Каримов бо фоизаш дар назди ман, бо тарҳи амволи ба ман додааш зиёда аз як миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Баррасикунандаи баҳси мазкур судяи Суди ноҳияи Сино Искандарзод А. мурофиаро ошкоро ғаразнок ва яктарафа мебурд. Ӯ иҷрои дархостҳои даъвогар ва ҳатто, даъвати шоҳидонро беасос рад мекард. Дар асл ин мурофиа масхарабозие буд нисбати даъвогар аз ҷониби суде, ки зери фишори муносибати хешутабории раиси суд бо ҷавобгар қарор дошт.
Бо инобати ин ҳолат ва хешутабор будани раиси суд бо ҷавобгар ман ба ин суд раддия пешниҳод намуда, хоҳиш кардам, ки парванда барои холисона баррасӣ намудан ба суди дигар гузаронида шавад. Лекин Суди ноҳияи Сино ин дархостро барқасдона рад намуда, баррасии парвандаро тез ҷамъбаст кард.
Дар натиҷа ин Суд бо ҳалномаи худ аз 17 декабри с.2021 ҳатто хулосаи экспертизаи судиро бе ягон асосноккунӣ ба инобат нагирифта, аризаи даъвогии маро рад намуд ва аризаи даъвогии муқобили даъвои Каримовро, ки дар асл маънои ҳарзагӯиро дорад, қонеъ карда, қарор намуд, ки баръакс аз ман ба фоидаи Каримов М. 862707 доллари ИМА рӯёнида шавад, яъне болои сӯхта намакоб кард. Ҳамин тавр Каримов бо роҳи сӯиистифода аз муносибати хешутаборӣ бо раиси Суди ноҳияи Сино дастболо шуда, масали халқӣ – “Дузди зӯр соҳиби говро бастааст”-ро дар амал татбиқ намуд.
Чунин қарор аз ҷониби суд дар ҳоле қабул карда шудааст, ки Каримов М. барои тасдиқи даъвои муқобили даъво пешниҳод кардааш, ягон ҳуҷҷат пешниҳод накардааст ва қарори суд бо дағалона вайрон намудани меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ қабул шудааст.
Чунин анҷом ёфтани оқибати баррасии баҳси мазкур ғайричашмдошт набуд. Зеро парванда бо маслиҳати пешакӣ ба ин суд оварда шудааст. Вагарна барои баррасӣ намудани ин парванда дар Суди ноҳияи Варзоб ягон монеа вуҷуд надошт.
Ба андешаи судяҳои собиқадор, баррасии парванда аз тарафи суде, ки раисаш бо ҷавобгар хешу табор аст ва даъвогарро пурра ба ҷавобгар табдил додан, дар таҷрибаи судии Тоҷикистон ҳолати гӯшношунид аст ва танҳо дар мувофиқа бо марҳилаи “боло” мумкин аст. Лекин гумон аст, ки мансабдорони боло аз ҳақиқати ҳол бохабар бошанду то ин дараҷа беинсофона амал кунанд.
Суд фақат дар асоси туҳмати Каримов “қарзро барзиёд, ба маблағи осмонии 862707 доллари ИМА бозгашт намудааст”, гуфта маро гунаҳгор баровардааст, ки одами солимақл дар чунин ҳолат ба суд муроҷиат намекунад. Ман бошам, арз дорам, ки барзиёд ҷуброн намудани қарз он тараф истад, агар Каримов 60-70%-и қарзро ҷуброн мекард, ман шарм мекардам, ки ба суд муроҷиат кунам. Агар суд экспертизаи тиббӣ гузаронида, хулоса медод, ки даъвогар, яъне ман, руҳан солим нест ва инро асос карда чунин қарор қабул мекард, мантиқан дуруст мешуд. Лекин қабули ин ҳалнома баръакси ҳол шудааст.
Дар асл, мутобиқи талаботи қонун мавриди бо баҳонаи бардурӯғ, яъне бо роҳи фиреб ва сӯйиистифода аз боварӣ гурехтан аз пардохти қарз, таркиби ҷинояти қаллобиро ташкил медиҳад ва воқеъан дар кирдори Каримов таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қ. 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (қаллобӣ, яъне тасарруф ва ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр ба маблағи махсусан калон бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварӣ) пурра мавчуд аст. Суд бояд, ки маводро ба Прокуратура барои татбиқи чораи ҷиноятӣ равон мекард. Суд бошад, баръакс амал намуда, ҷинояткорро сафед ва даъвогарро ҷавобгар намуд.
Пешвои муаззам, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати зуҳуроти сӯйиистифода аз вазифаи хизматӣ, роҳ додан ба камбудиҳо, ки боиси норозигӣ ва муроҷиати шаҳрвандон мегардад, изҳори нигаронӣ карда таъкид намуда буданд, ки судяҳо бо дасту дилу нияти пок кор кунанд. Ҳалномаи Суди ноҳияи Сино аз 17.12.2021с. мисоли равшани акси ҳол ва нописандӣ нисбати нигаронии Ҷаноби олӣ мебошад.
Мо нисбати ҳалномаи номбурда ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардем. Гарчанде шубҳа доштем, ки шикоят одилона ҳал шавад, зеро ба қавли собиқ судяҳо, ҳалномаи ошкоро ғайриқонунӣ пеш аз қабул шуданаш ҳатман бо суди болоӣ мувофиқа карда мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. 15 феврали соли равон Коллегияи Суди шаҳри Душанбе ба дархости ман дар бораи мавқуф гузоштани баррасии шикояти кассатсионӣ бо сабаби бистарӣ шудани адвокати ман эътибор надода, дар ғоиби мо шикоятро дар муддати чанд дақиқа баррасӣ намуда, ҳалномаи мутлақо ғайриқонуниро бетағйир мононд.
Барои Каримов баринҳо дурӯғ гуфтан, бо макру ҳилла соҳиби моликият шудан, амали муқаррарӣ будааст ва бо истифода аз маҳорати баланди артистӣ даъвогарро ба ҷавобгар табдил додан мушкилие надоштааст. Номбурда дар муддати ҳашт соли дар вазифаи директори Иттиҳодияи “Тоҷиксемент” кор карданаш панҷ объекти азим ва ёрирасони ин завод, аз ҷумла, РСУ, “Строймаш”, “Гравзавод”, заводи истеҳсоли хишт ва лагери пионерии Харангонро, ки масоҳати замини онҳо дар маҷмуъ аз 12 гектар зиёд аст, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, ғайриқонунӣ ва бо нархи ночиз хусусӣ гардонидан ва азони худ карданаш кам будааст, ки боз бо роҳи истифода аз мансаби қудои худ ба ҷойи баргардонидани қарз, баръакс, даъвогари кредиторро ба ҷавобгар табдил дод. Натиҷаи баррасии баҳси мазкур исбот намуд, ки Каримов ба туфайли домодаш қудратманд шудааст. Ору номус барои ин табақа мардум мафҳуми номатлуб будааст. Вагарна на ҳар кас қодир аст, ки бо дипломи харида худро номзади соҳаи архитектура муаррифӣ кунад.
Ҳалномаи номбурдаи Суди ноҳияи Сино мудҳиштарин санади беқонунӣ, таҳқир ва поймол намудани адолати судӣ, волояти конун, обу рӯ ва эътибори давлат мебошад. Маҳз чунин қарори ошкоро ғайриқонунии суд боварии мардумро нисбати адолати судӣ, ки пояи давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад, коста мегардонад.
Умед бар он дорем, ки роҳбари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ ва мири шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, муҳтарам Озода Раҳмон ба ин қарори нисбати қонун таҳқиромези Суди ноҳияи Сино таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои барқарор намудани адолати судӣ чора меандешанд.
Аз редаксия: Дар системаи сохтори давлатӣ суд пояи он мебошад ва дар ҳолати риоя нашудани адолати судӣ ин поя иллат пайдо мекунад. Бадтарин иллат ин коста шудани боварии мардум ба адолати судӣ ва дар натиҷа нисбати сиёсати давлат аст.
Ғ. Шарипов,
даъвогари ҷавобгаршуда