ё чаро шаҳрвандон бояд барои аз гузаргоҳи Ҷартеппа ба Русия рафтан аз Вазорати корҳои хориҷа мактуби расмӣ биёранд?

“Мо раҳми шумора мехӯрем, набошад ай боло фармонай, ки ҳеҷ каса намонам ба тарафи Ӯзбекистон гузарад!!! Фаҳмидӣ! Ин мактуби Вазорати корҳои хориҷӣ аст. Так что, 100 сомонӣ биёру гузар ё бра аз Вазорати хориҷа мактуб биёр!!!”

Ин суханони марзбонони мо аст, ки зимни убури гузаргоҳи марзӣ аз Ҷартеппа ба самти Самарқанд ҳиллаи наверо барои пулкоркунӣ ба кор бурдаанд.

Айни замон бо сабаби гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе аксари сокинон сафарро бо ширкатҳои ҳавонавардии Ӯзбекистони ба мо дӯсту ҳамсоя интихоб мекунанд. Ба ҳолати 11 –уми феврали соли 2022 нархи чипта аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ба самти Русия аз 4 то 5 ҳазор сомониро ташкил медод. Тавассути ширкатҳои ҳавонавардии Ӯзбекистон арзиши чипта аз 2600 то 3000 сомонӣ аст. Фарқиятро дидед?

Дар асл марзбонони тоҷик як схемаи нави пулкоркунӣ сохта, дар ин гузаргоҳ мардумро гӯл задан доранд.

Як мактуберо аз номи кадом ниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба се нафар шаҳрвандон барои убури марз дар замони пандемия бо воситаи нақлиёташон иҷозат дода шудааст, дар шишаи пеши утоқи “паспортный контроль” насб кардаанду ба муҳоҷирон мегӯянд, ҳеҷ касе наметавонад бидуни чунин мактуби расмӣ аз Душанбе ба Русия сафар намояд.

-Хайр, мо ку раҳмхӯр ҳастем, касе 100 сомонӣ дод, мегузарад, вагарна ба хонаҳоятон баргардед!!

Барои ин ҳанӯз аз дарвозаи аввал мардумро соатҳо нигоҳ медоранд ва дар зарфи тақрибан 20 дақиқа 2-3 нафарро ба дохил роҳ медиҳанд. Мардум аз интизории дароз асабонӣ мешавад ва аллакай барои порадиҳӣ рӯҳан омода мегардад.

Замони дохил шуданам ба утоқе, ки ба шиноснома мӯҳри убур аз марз зада мешавад, рафтори дағалонаи афсари марзбон, ки дар ин утоқ худашро шояд шоҳаншоҳи ҷаҳон медонист, маро ба худ овард, афсар бо дӯғу пӯписа мегуфт:

-Касе, ки ҳамин гуна мактуб аз Душанбе надорад, бигзор, ба хонааш равад, ба ӯ иҷозати убур дода намешавад, хайр мо ку ҳамин “раҳмхӯр”-и шумоем , 100 сомонӣ дар дохили шиноснома гузоред, иҷозат метам, худум бе Душанбе. Э бача, ҳамааш қонуниай охир)))) Фармон а болоай, пул ҳам ба боло меравад”.

Нафари дигари воридшуда шояд синнаш ба даъватшавандагон шомил мешуд, ки боз овози ҳамон афсар баланд шуд: ” – А бача, издеватся дорӣ мора, призивникӣ охир, аққаллан 400 сомонӣ гузор!!!”

Одамон шумораашон зиёдтар мешуд. Бозори афсарон гарм буд. Навбати ман расид. Шиносномаро дароз кардам.

-Ака, ина ҳамин мактуба хондӣ? Ина ҳамин хел мактуб меорӣ, ё 100 сомонӣ мара бтеву бигзар. Бахудо, раҳматона хурдестем ака! То Душанбе мерен, Вазорати хориҷа медароен, ин билетатон месузад)))

Ман хандидаму хандидам ва гуфтам, ин мактуб ба номи 3 нафари муайян навишта шудааст. Дар ин ҷо гуфта нашудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони ба муҳоҷират равоншуда бояд аз вазорат иҷозат бигиранд. Агар воқеан чунин амру фармоне ҳаст, ҳамон қарор ё фармонро ин ҷо насб кун ва ё бароям нишон бидеҳ. Табассуми нарми ман оташи хашми афсарро бештар мекард

“-Э ака, бовар надорӣ, бахудо намегузарӣ, бра любой ҷо жалоб кун.!.”

Гуфтам, агар гузаштан намемонӣ,  лутфан ягон протокол ё акт тартиб бидеҳу сабабашро бинавис, то асос шаваду аққалан маблағи чиптаро бозпас бигирам?

Афсар : “Э ака! Ина, ҳамон мактуб барои ту протоколай!”

Гуфтам, набошад биё ман онро, акс бигирам ва сипас ба Вазорати корҳои хориҷӣ занг бизанам, то бидонем, ки ин мактуб кай ва барои кӣ навишта шудааст.

Ҳамин ҷо афсари дуввум ба баҳс ҳамроҳ шуд ва зуд мактубро аз оинаи пешаш барканда куҷое пинҳон кард .

Дар мактуб воқеан бланкаи Вазорати корҳои хориҷӣ вуҷуд дошт, аммо барои се нафари муайян навишта шуда буд. Ман танҳо фурсат пайдо кардам, рақами телефонро барчинам, ки чунин буд: ‪55 155 5360.

Гуфтам, биё набошад, занг бизанам ба ҳамин рақам, то асли мақсадро бифаҳмем, ки воқеан чунин мактуб вуҷуд дорад ва ё не?

Аммо асаби афсарон вайрон шудан дошту ман ҳамоне табассум мекардам. Бигуфтанд, агар бахудо, занг бизанӣ, умуман гузаштанӣ намемонем.

Қафотар истодаму дигаронро роҳ додам ва телефон дар дастам буду амали онҳоро назорат доштам. Афсарон шояд гумон доштанд, ки онҳоро наворбардорӣ дорам. Яке аз онҳо гуфт:

“- Э ака, бахудо ин номардиай, охир!! Чӣ съемкамон дорӣ! Меомадӣ, мегуфтӣ, проблемата охир, ҳалуш мекардем. Мо ҳам мардакем, охир. Мегуфтӣ, ки сум надорам, мемондумта, охир!”

Гуфтам, ман проблема надорам, пул дорам, аммо барои Шумо намедиҳам!

Нафари дуюм ин навбат бо эҳтиром ва акаву Шумо гӯён маро ба каноре бурду бидуни навбат ва пардохти ҳақи боло (100 сомонӣ) гусел кард. Ва узр ҳам пурсид. Баъд аз ман танҳо 2 нафар ҷуръат пайдо карданд, ки маблағи 100 сомониро насупоранд ва марзро гузаштанд ҳам.

Ҳарчанд дигарон маро бовар кунониданӣ мешуданд, ки воқеан бояд барои гузаштан 100 сомонӣ бисупорам ва ҳама месупоранд, вале ман ҳамоно якравӣ доштам.

Баҳси ман бо афсарон ҳамагӣ 5-6 дақиқа давом дошту ман бидуни навбат ва пардохти ин маблағ марзро гузар кардам, аммо мақсади навиштани ин аст, ки чаро то ин ҳад беэҳтиромӣ нисбати шаҳрвандон дар кишвар сурат мегирад? Бо ҳар баҳона аз ҳар муҳоҷири омада ҳар нафар мақомдор маблағе ситониданӣ мешавад. Оё ин зулм нест? Бовар дорам, ки вазъият дар дигар гузаргоҳҳои марзӣ аз ин бадтар ҳасту хуб не!

Мақсади навиштан ин аст, ки шояд дӯстоне, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти корӣ доранд, ба ин масъала равшанӣ меандозанд, ки то кадом андоза ин масъала асоси қонунӣ дорад, ки ҳар нафари ба Русия сафардошта аз вазорат мактуби расмӣ биёрад?

Дар ҳамин ҳол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ғайр аз суоли бонуе, ки дар “паспортный контроль” менишаст ва он ҳам бо шеваи ширини самарқандӣ ” -Ба куҷо сафар доред?” гӯён пурсон шуд, дигар ягон нафаре маро нороҳат накардааст. Ҳол он ки муддати як шабонарӯз аз шаҳри Самарқанд то шаҳри Навоӣ танҳо сайругашт доштам.

Нурмуҳаммад Раҳимӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь